1 Петрус
2 Пас, ҳар бадӣ,+ фиреб, дурӯягӣ, ҳасад ва ҳар гуна бадгӯйиро аз худ дур созед. 2 Чун кӯдакони навзод+ муштоқи шири поки калом бошед, то ба воя расида, наҷот ёбед,+ 3 зеро шумо чашида дидаед, ки Ҳазрати мо меҳрубон аст.
4 Вақте шумо ба ӯ, яъне ба санги зиндае, ки одамон онро рад карданд,+ вале Худо интихоб намуда, пурарзиш меҳисобад,+ наздик меоед, 5 худатон низ мисли сангҳои зинда дар сохтмони хонаи рӯҳонӣ+ ба кор бурда мешавед, то коҳинони* муқаддас гардед ва ба воситаи Исои Масеҳ қурбониҳои рӯҳоние пешкаш кунед,+ ки ба Худо писанданд.+ 6 Дар Навиштаҳо низ гуфта шудааст: «Инак, ман дар Сион санги интихобкардаамро мегузорам, санги гӯшаи бунёди биноро, ки хеле пурарзиш аст. Ҳар кӣ ба он имон орад, ҳаргиз ноумед* намешавад».+
7 Пас, он барои шумо, имондорон, пурарзиш аст, вале барои касоне, ки имон надоранд, сангест, ки бинокорон рад карданд,+ вале он «санги сари гӯшаи бино»+ 8 ва «санги пешпову кӯҳпораи монеа» гашт.+ Ин касон аз пушти беитоатияшон ба калом бар он санг пешпо мехӯранд. Оқибати онҳо ҳамин аст. 9 Вале шумо «қавми интихобшуда ҳастед, коҳиноне, ки чун подшоҳ хизмат мекунанд, халқи муқаддас+ ва ганҷи барчидаед,+ то хислатҳои олиҷаноби Онеро, ки шуморо аз торикӣ ба рӯшноии аҷоиби худ даъват кардааст,+ ба ҳама эълон кунед».+ 10 Шумо як вақте халқ набудед, аммо ҳоло халқи Худо ҳастед;+ шумо як вақте аз раҳм маҳрум будед, вале акнун аз раҳм баҳраваред.+
11 Эй азизон, шуморо даъват мекунам, ки чун ғарибону мусофирон+ аз хоҳишҳои ҷисм,+ ки бо шумо меҷанганд,+ парҳез кунед. 12 Дар байни мардум рафтори хуб дошта бошед,+ то онҳо, вақте шуморо бадкирдор гуфта, айбдор мекунанд, корҳои хубатонро дида+ Худоро, дар рӯзе ки ӯ барои тафтиш биёяд, ҷалол диҳанд.
13 Пас, ба хотири Ҳазратамон ба ҳар ҳокимиятдор фармонбардор бошед:+ ҳам ба подшоҳ,+ ки мартабаи баланд дорад, 14 ва ҳам ба ҳокимон, ки ӯ барои ҷазо додани бадкорон ва таъриф кардани некукорон таъйин кардааст.+ 15 Хости Худо ин аст, ки шумо бо корҳои некатон даҳони одамони бефаҳмро, ки аз нодонӣ гап мезананд, бибандед.+ 16 Ҳамчун одамони озод бошед,+ вале озодии худро на барои рӯпӯш* кардани корҳои нодуруст,+ балки барои хизмати Худо истифода баред.+ 17 Ҳама гуна одамонро эҳтиром намоед,+ ҳамаи бародаронро дӯст доред,+ аз Худо битарсед,+ подшоҳро иззат кунед.+
18 Бигзор хизматгорон ба хӯҷаинони худ бо тамоми эҳтиром фармонбардор бошанд,+ на фақат ба онҳое, ки меҳрубону бомулоҳизаанд*, балки ҳатто ба хӯҷаиноне, ки дилашонро ёфтан душвор аст. 19 Агар касе барои дар назди Худо пок мондани виҷдонаш ба душвориҳо* тоб орад ва ноҳақ азоб кашад, ин дар назари Ӯ писанд аст.+ 20 Охир, чӣ ҷойи таъриф аст, агар шуморо барои гуноҳи кардаатон зананду шумо ба ин тоб оред?+ Вале, агар барои корҳои некатон азоб кашед, ин писанди Худост.+
21 Шумо барои он даъват шудаед, ки ноҳақ азоб кашед, зеро худи Масеҳ бароятон азоб кашид+ ва намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ равона шавед.+ 22 Ӯ гуноҳе накардааст+ ва дар забонаш фиребе набуд.+ 23 Ӯро паст мезаданд,+ вале ӯ дар ҷавоб чунин намекард,+ вақте азоб мекашид,+ таҳдид намекард, балки довариро ба Худои одил месупорид.+ 24 Ӯ гуноҳҳои моро+ дар тани худ ба сутун*+ бардошт, то ки мо барои гуноҳ бимирему* барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Шумо маҳз «бо захмҳои ӯ шифо ёфтед».+ 25 Шумо мисли гӯсфандони роҳгумзада будед,+ лекин ҳоло назди чӯпон+ ва нигаҳбони ҷонҳоятон* баргаштаед.