Дониёл
2 Дар соли дуюми подшоҳии худ Набукаднесар якчанд хоб дид ва ӯ* чунон беқарор гардид,+ ки хобаш парид. 2 Он гоҳ подшоҳ фармон дод, то коҳинони ҷодугар, афсунгарон, ҷодугарон ва калдониёнро* ҷамъ биёранд, то хобҳои подшоҳро бигӯянд. Онҳо назди подшоҳ омаданд+ 3 ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Ман хобе дидам ва беқарор гаштаам*, зеро мехоҳам бифаҳмам чӣ хобе дидаам». 4 Калдониён ба подшоҳ бо забони арамӣ*+ ҷавоб доданд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Хобро ба бандагонат бигӯ, то мо онро таъбир кунем».
5 Подшоҳ ба калдониён ҷавоб дод: «Сухани охирини ман чунин аст: агар хобро ба ман нагӯед ва таъбири онро ба ман маълум насозед, шуморо пора-пора мекунанд ва хонаатонро ҳоҷатхонаи мардум* месозанд. 6 Аммо, агар хобро ба ман бигӯед ва таъбирашро баён кунед, шуморо соҳиби туҳфа, мукофот ва шарафи бузурге мегардонам.+ Пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед».
7 Онҳо бори дуюм ҷавоб доданд: «Бигзор подшоҳ хобро ба бандагонаш бигӯяд ва мо таъбири онро баён месозем».
8 Подшоҳ дар ҷавоб гуфт: «Ман хуб медонам, ки шумо вақтро кашол медиҳед, зеро сухани охирини маро шунидаед. 9 Агар хобро ба ман маълум насозед, барои ҳамаи шумо як ҷазо аст. Аммо шумо забон як кардаед, ки то дигар шудани вазъият маро фанду фиреб диҳед. Аз ин рӯ хобро ба ман бигӯед ва ман мефаҳмам, ки шумо метавонед таъбири онро низ баён кунед».
10 Калдониён ба подшоҳ ҷавоб доданд: «Дар рӯйи замин ҳеҷ одаме нест, ки ин гуфтаи подшоҳро ба амал оварда тавонад, зеро ҳеҷ подшоҳи бузург ё ҳокиме чунин чизро аз коҳини ҷодугаре, афсунгаре ё калдоние талаб накардааст. 11 Подшоҳ чизи душвореро талаб мекунад ва ҳеҷ касе нест, ки ин кор аз дасташ биёяд, ба ҷуз худоён, ки бо одамони миранда* ҳамзист нестанд».
12 Аз ин хашму ғазаби подшоҳ ҷӯш зад ва ӯ фармон дод, ки ҳама донишмандони Бобилро нест кунанд.+ 13 Вақте фармон бароварда шуд ва донишмандон бояд кушта мешуданд, Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ карданд, то онҳоро низ бикушанд.
14 Он гоҳ Дониёл ақлу фаросатро кор фармуда, бо эҳтиёт бо Арюки сардори посбонони подшоҳ, ки барои куштани донишмандони Бобил фиристода шуд, гап зад. 15 Ӯ аз Арюк, ки хизматгори дарбори подшоҳ буд, пурсид: «Сабабаш чӣ бошад, ки подшоҳ чунин фармони сахт баровардааст?» Арюк буду шуди воқеаро ба Дониёл нақл кард.+ 16 Он гоҳ Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба вай вақт диҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд.
17 Сипас Дониёл ба хонаи худ рафт ва ба рафиқони худ Ҳананё, Мишоил ва Азарё инро хабар дод. 18 Ӯ аз онҳо хоҳиш намуд, то онҳо ба Худои осмон дуо гӯянд, ки бар онҳо раҳм намояд ва ин сирро ба онҳо ошкор кунад ва Дониёлу рафиқонаш ҳамроҳи дигар донишмандони Бобил нест нашаванд.
19 Он шаб сир дар рӯъё ба Дониёл ошкор шуд.+ Дониёл Худои осмонро васфу ситоиш карда, 20 чунин гуфт:
«Номи Худо аз азал то абад муборак бод,
Зеро хирад ва қудрат аз они ӯст.+
21 Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағйир медиҳад,+
Подшоҳонро сарнагун мекунад ва таъйин месозад,+
Ба хирадмандон хирад ва ба оқилон дониш медиҳад.+
23 Туро, эй Худои бобоёнам, шукр ва ситоиш мекунам,
Зеро ту ба ман хираду қудрат ато кардаӣ.
Ҳоло ту ба ман он чиро, ки аз ту хоҳиш карда будем, ошкор намудӣ,
Ту ба мо масъалаи подшоҳро маълум кардӣ».+
24 Сипас Дониёл назди Арюк, ки подшоҳ ба вай куштани ҳама донишмандони Бобилро фармуда буд, рафт+ ва ба вай гуфт: «Аз донишмандони Бобил ҳеҷ касро нобуд насоз. Маро пеши подшоҳ бибар ва ман таъбири хобро ба подшоҳ мегӯям».
25 Арюк дарҳол Дониёлро пеши подшоҳ бурд ва гуфт: «Ман аз миёни асирони яҳудӣ шахсеро ёфтам,+ ки хоби подшоҳро таъбир карда метавонад». 26 Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар+ ном дошт, гуфт: «Оё метавонӣ хоберо, ки дидам, бигӯӣ ва онро таъбир намоӣ?»+ 27 Дониёл ба подшоҳ ҷавоб дод: «Ҳеҷ як донишманд, афсунгар, коҳини ҷодугар ё толеъбин* наметавонад ба подшоҳ сирреро, ки ӯ мепурсад, ошкор кунад.+ 28 Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост.+ Ӯ ба подшоҳ Набукаднесар маълум кардааст, ки дар рӯзҳои охир чӣ рӯй медиҳад. Ин аст хоби ту ва инҳоянд рӯъёҳое, ки ту бар бистарат дидӣ.
29 Эй подшоҳ, вақте дар бистарат хоб будӣ, ту дар бораи чизҳое, ки дар оянда бояд рӯй диҳанд, фикру хаёл кардӣ ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чизҳое, ки бояд рӯй диҳанд, хабардор кард. 30 Ба ман ин роз на аз сабаби он ошкор шудааст, ки назар ба ҳамаи зиндаҳо хиради бештар дорам, балки, барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад ва ӯ фикру хаёли дилашро бидонад.+
31 Ту, эй подшоҳ, ҳайкали бузургеро дидӣ. Ин ҳайкал, ки хеле бузург ва дурахшон буд, дар рӯ ба рӯйи ту меистод ва намудаш даҳшатовар буд. 32 Сари ҳайкал аз тиллои тоза,+ сина ва бозуҳояш аз нуқра,+ шикам ва ронҳояш аз мис+ буд, 33 соқҳояш аз оҳан,+ пойҳояш бошад, қисман аз оҳану қисман аз гил+ буд. 34 Ту то даме нигоҳ кардӣ, ки санге, бе он ки дасти одамӣ расида бошад, аз кӯҳ канда шуд, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зада, пора-пора кард.+ 35 Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло, якбора гард-гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо намонд. Аммо санге, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи калоне табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.
36 Чунин аст хоб ва ҳозир таъбирашро ба подшоҳ баён мекунем. 37 Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту подшоҳӣ, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст.+ 38 Ӯ ба дасти ту тамоми одамизодро, дар куҷое ки онҳо зиндагӣ накунанд, додааст ва ба дасти ту ҷонварони саҳро ва мурғони ҳаворо супурдааст. Ӯ бар тамоми ҷонзод туро ҳоким таъйин кардааст+ — он сари тилло туӣ.+
39 Аммо баъди ту подшоҳии дигаре ба миён меояд,+ ки аз подшоҳии ту пасттар мешавад, баъд дигаре, подшоҳии сеюм, ки аз мис мешавад ва бар тамоми замин ҳукм меронад.+
40 Подшоҳии чорум мисли оҳан+ қавӣ мешавад, зеро, чи тавре ки оҳан ҳама чизро пора-пора ва гард-гард месозад, ҳамон тавр он подшоҳӣ ҳамаи он подшоҳиҳоро шикаста, майда-майда мекунад.+
41 Ту пойҳо ва ангуштонро дидӣ, ки қисман аз гили кӯзагар ва қисман аз оҳан буданд — ин подшоҳии тақсимшудаест, ки як андоза қуввати оҳан дар он хоҳад буд, зеро ту оҳани бо гили мулоим омехтаро дидӣ. 42 Азбаски ин ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буданд, ин подшоҳӣ қисман қавӣ ва қисман суст мешавад. 43 Он ки ту оҳани бо гили мулоим омехтаро дидӣ, маънои онро дорад, ки оҳанаш бо насли одамизод омехта мешавад, лекин ба ҳамдигар намечаспанд, ҳамон тавре ки оҳан бо гил омехта намешавад.
44 Дар замони он подшоҳон Худои осмон подшоҳие барпо мекунад,+ ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад.+ Ин подшоҳӣ ба халқи дигаре дода намешавад.+ Он ҳамаи ин подшоҳиҳоро несту нобуд месозад ва аз байн мебарад,+ худаш бошад, то абад мемонад,+ 45 зеро ту дидӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасти одамизоде ба он расида бошад, ва оҳан, мис, гил, нуқра ва тиллоро гард-гард кард.+ Худои Бузург подшоҳро аз он чӣ дар оянда рӯй медиҳад, огоҳ кардааст.+ Ин хоб дуруст ва таъбири он ҳаққ асту рост».
46 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар дар пеши Дониёл рӯй ба замин ниҳода таъзим кард ва амр дод, ки барои ӯ туҳфа ва бухур оранд. 47 Подшоҳ ба Дониёл гуфт: «Дар ҳақиқат, Худои шумо — Худои худоён, Ҳукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳост, зеро ту ин сирро ошкор карда тавонистӣ».+ 48 Подшоҳ Дониёлро сарафроз кард ва ба ӯ туҳфаҳои қиматбаҳои зиёде дод, ӯро ҳокими тамоми вилояти Бобил ва сардори ҳамаи донишмандони Бобил таъйин кард.+ 49 Бо хоҳиши Дониёл подшоҳ назорати корҳои вилояти Бобилро ба Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу+ супурд. Дониёл бошад, дар дарбори подшоҳ хизмат мекард.