МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 34
Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро хубтар омӯзед
«Соҳибфаҳмон сарфаҳм мераванд» (ДОН. 12:10).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
ПЕШГУФТОРa
1. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки аз омӯхтани пешгӯйиҳо хурсандӣ гирем?
БЕН ном бародари ҷавоне мегӯяд: «Ба ман омӯхтани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас хеле маъқул аст». Оё шумо бо ӯ розиед? Ё омӯхтани пешгӯйиҳо бароятон душвор ё ҳатто дилгиркунанда аст? Лекин, вақте шумо мефаҳмед, ки чаро Яҳува дар Каломаш пешгӯйиҳоро ҷо додааст, фикратон дигар мешавад.
2. Дар ин мақола гап дар бораи чӣ меравад?
2 Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро мо бояд пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро омӯзем ва дар ин кор чӣ ба мо кумак мекунад. Ҳамчунин ду пешгӯйии Дониёл баррасӣ мешавад ва мебинем, ки фаҳмидани онҳо ба мо чӣ кумак мекунад.
ЧАРО МО БОЯД ПЕШГӮЙИҲОРО ОМӮЗЕМ?
3. Барои фаҳмидани пешгӯйиҳо мо бояд чӣ кор кунем?
3 Пешгӯйиҳоро бе ёрдам фаҳмида намешавад. Мисоле меорем. Тасаввур кунед шумо ба ҷое рафтед, ки бароятон ношинос аст, лекин ҳамсафаратон он ҷойҳоро хеле хуб медонад. Ӯ медонад, ки ҳар як роҳ ба куҷо мебараду шумо ҳозир дар куҷо қарор доред. Бешубҳа, шумо хурсанд шуда мегӯед, ки «ҳарчи ҳамин дӯстам бо ман омад». Мисли ҳамин дӯст Яҳува медонад, ки мо дар кадом замон қарор дорем ва оянда моро чӣ интизор аст. Аз ин рӯ барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас мо бояд хоксорона аз Яҳува кумак пурсем (Дон. 2:28; 2 Пет. 1:19, 20).
4. Чаро Яҳува пешгӯйиҳоро дар Каломаш ҷо додааст? (Ирмиё 29:11). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Мисли ҳар волиди хуб Яҳува мехоҳад фарзандонаш ояндаи хушбахт дошта бошанд. (Ирмиё 29:11-ро хонед.) Лекин Яҳува аз волидони инсонӣ бо он фарқ мекунад, ки ояндаро нуқта ба нуқта пешгӯйӣ карда метавонад. Ӯ пешгӯйиҳоро дар Каломаш ҷо додааст, барои ҳамин мо воқеаҳои муҳимро пеш аз рӯй доданашон фаҳмида метавонем (Иш. 46:10). Бале, пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро туҳфаи беҳтарини Падари осмониямон гуфтан мумкин. Лекин аз куҷо медонем, ки пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас дар ҳақиқат амалӣ мегарданд?
5. Ҷавонон аз мисоли Макс чӣ меомӯзанд?
5 Ҷавонони мо дар мактаб бисёр вақт бо касоне рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба Китоби Муқаддас бовару эҳтиром надоранд. Гапу кори онҳо дар фикру дили воизони ҷавонамон шояд тухми шубҳа коранд. Мисоли Макс ном бародареро мебинем. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман талаба будам, дилам аз Китоби Муқаддас дур рафт. Мегуфтам, ки “оё он чӣ падару модарам ба ман таълим медиҳанд, рост аст”». Волидони Макс чӣ кор карданд? Ӯ мегӯяд: «Маълум буд, ки падару модарам хавотиранд, аммо онҳо маро ҷанг накарда, оромона гап заданд». Волидонаш ба саволҳои ӯ аз Китоби Муқаддас ҷавоб доданд. Худи Макс ҳам аз ин сарчашма ҷавоб мекофт. Ӯ мегӯяд: «Ман худам пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро омӯхтам ва чизҳои фаҳмидаамро ба ҷавонони ҷамоат нақл мекардам». Ин чӣ натиҷа овард? Макс мегӯяд: «Баъди ин боварӣ ба Каломи Худо дар ҷонам реша давонд».
6. Агар дар дилатон шубҳа пайдо шавад, шумо бояд чӣ кор кунед ва барои чӣ?
6 Агар шумо ҳам мисли Макс ба сухани Худо будани Китоби Муқаддас шубҳа кунед, худро гунаҳкор наҳисобед. Лекин дарҳол пеши роҳи инро гиред, чунки шакку нобоварӣ зангест, ки имони қиматбаҳоятонро мехӯрад. Барои имонатонро аз «занги» шубҳа тоза кардан аз худ пурсед: «Оё ман ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда бовар мекунам?» Агар не, шумо пешгӯйиҳоеро, ки аллакай иҷро шудаанд, омӯхта метавонед. Чӣ тавр ин корро кардан мумкин?
ЧӢ ТАВР ПЕШГӮЙИҲОРО ОМӮЗЕМ?
7. Дониёл дар мавриди омӯзиши пешгӯйиҳо ба мо чӣ намуна гузошт? (Дониёл 12:10). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Дар омӯхтани пешгӯйиҳо Дониёл намунаи хуб гузоштааст. Ӯ бо нияти дуруст, барои фаҳмидани ростӣ, ин корро мекард. Дониёл ҳамчунин одами хоксор буд. Ӯ медонист, ки, агар одам Яҳуваро шиносаду аз рӯйи меъёрҳои поки ӯ зиндагӣ кунад, Яҳува ба ӯ дарку фаҳм мебахшад. (Дон. 2:27, 28; Дониёл 12:10-ро хонед.) Дониёл аз Яҳува ёрдам пурсида, нишон дод, ки шахси хоксор аст (Дон. 2:18). Ӯ ҳамчунин дақиқкор буд ва Навиштаҳоеро, ки он замон дастрас буданд, таҳқиқ мекард (Ирм. 25:11, 12; Дон. 9:2). Мо чӣ тавр ба Дониёл пайравӣ карда метавонем?
8. Баъзеҳо бо кадом ният пешгӯйиҳоро меомӯзанд, лекин мо бояд чӣ кор кунем?
8 Ниятҳои худро санҷед. Оё шумо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро бо нияти фаҳмидани ҳақиқат меомӯзед? Агар ҳа, Яҳува дар ин кор ба шумо ёрдам мекунад (Юҳ. 4:23, 24; 14:16, 17). Аммо баъзе одамон бо мақсади нодуруст пешгӯйиҳоро меомӯзанд. Масалан, онҳо мехоҳанд дар Китоби Муқаддас ягон камбудӣ ёфта, исбот кунанд, ки он аз ҷониби Худо нест. Бо ин роҳ онҳо рафтори худро сафед карда, чи хеле хоҳанд, ҳамон хел зиндагӣ мекунанд. Лекин мо бояд нияти дуруст дошта бошем. Барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ба мо боз як хислати муҳим даркор аст.
9. Барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ба мо кадом хислат даркор аст? Фаҳмонед.
9 Хоксор бошед. Яҳува ваъда медиҳад, ки ба одамони хоксор кумак мекунад (Яъқ. 4:6). Аз ин рӯ мо бояд барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас аз ӯ ёрӣ пурсем. Агар мо хоксор бошем, роҳнамоии ғуломи бовариноку боандешаро қабул мекунем, зеро Яҳува ба ин восита ба мо хӯроки саривақтӣ медиҳад (Луқ. 12:42). Азбаски Яҳува тартибу низомро дӯст медорад, аз рӯйи мантиқ аст, ки ӯ барои фаҳмондани ҳақиқатҳои Каломаш танҳо як сарчашмаро истифода мебарад (1 Қӯр. 14:33; Эфс. 4:4–6).
10. Шумо аз Эстер чӣ меомӯзед?
10 Дақиқкор бошед. Дар аввал пешгӯйии бароятон шавқоварро интихоб карда, онро омӯзед. Эстер ном хоҳар маҳз чунин кард. Ӯ дар бораи пешгӯйиҳое, ки омадани Масеҳро исбот мекарданд, бисёртар фаҳмидан мехост. Эстер мегӯяд: «Вақте 15-сола будам, таҳқиқ кардам, ки оё ин пешгӯйиҳо дар ҳақиқат пеш аз омадани Исо гуфта шудаанд». Дар бораи дастхатҳои баҳри Мурда маълумот гирифта имонаш қавӣ шуд. Ӯ илова мекунад: «Баъзеи ин дастхатҳо пеш аз замони Масеҳ навишта шудаанд. Барои ҳамин пешгӯйиҳое, ки дар онҳо омадаанд, аз ҷониби Худоянд. Барои сарфаҳм рафтан ба онҳо ман баъзе маълумотро гаштаю баргашта мехондам». Ӯ хурсанд аст, ки чунин кард. Баъди бодиққат хондани якчанд пешгӯйиҳо ӯ мегӯяд: «Ман бо чашмони худ дидам, ки Китоби Муқаддас ростист».
11. Вақте исбот мекунем, ки Китоби Муқаддас ҳақиқат аст, чӣ манфиат мегирем?
11 Вақте мо мебинем, ки баъзе пешгӯйиҳои Каломи Худо аллакай иҷро шудаанд, бовариямон ба Яҳува ва роҳнамоии ӯ қавитар мегардад. Ғайр аз ин, пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро омӯхта умедамон ба оянда мисли қалъа устувор мегардаду ягон озмоиш онро шикаста наметавонад. Биёед кӯтоҳак бинем, ки кадом ду пешгӯйии Дониёл имрӯз иҷро шуда истодааст. Агар ба онҳо дуруст сарфаҳм равем, қарорҳои пухта мебарорем.
ПЕШГӮЙӢ ДАР БОРАИ ПОЙҲОИ ОҲАНИНУ ГИЛИН БА ШУМО ЧӢ ДАХЛ ДОРАД?
12. Пойҳое, ки аз оҳан ва «гили мулоим» иборатанд, чиро тасвир мекунанд?
12 Дониёл 2:41–43-ро хонед. Дар хобе, ки Набукаднесар дида буд, пойҳои ҳайкал бо оҳан ва «гили мулоим» омехта буд. Ин пешгӯйиро бо дигар пешгӯйиҳои китоби Дониёл ва Ошкорсозӣ муқоиса карда, ба хулоса меоем, ки пойҳо иттиҳоди Бритониёву Амрикоро тасвир мекунад, ки имрӯз империяи ҷаҳонӣ мебошад. Дар бораи ин подшоҳӣ Дониёл гуфт, ки он «қисман қавӣ ва қисман суст мешавад». Чаро? Зеро одамони одӣ, ки дар ин ҷо чун гили мулоим тасвир ёфтаанд, қуввати оҳанини ин империяро суст мегардонандb.
13. Мо аз ин пешгӯйӣ кадом ҳақиқатҳои муҳимро мефаҳмем?
13 Мо аз ҳайкале, ки Набукаднесар дар хоб дида буд, махсусан аз пойҳои он, якчанд дарсҳои муҳимро мефаҳмем. Якум, империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрико қудрати худро аз баъзе ҷиҳат нишон медиҳад. Масалан, он барои ғалаба дар Ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон нақши асосӣ бозид. Лекин ин империя суст гардид ва аз сабаби муноқишаи дохилии шаҳрвандонаш минбаъд низ суст мегардад. Дуюм, вақте Подшоҳии Худо ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро нест мекунад, ин иттиҳод охирин империяи ҷаҳонӣ мешавад. Ҳарчанд дигар халқҳо баъзан зидди Бритониёву Амрико мебароянд, онҳо ҷойи ин империяро намегиранд. Охир, «санге», ки Подшоҳии Худоро тасвир мекунад, пойҳои ҳайкалро гард-гард мекунад, ки иттиҳоди Бритониёву Амрико мебошад (Дон. 2:34, 35, 44, 45).
14. Чӣ тавр фаҳмидани пешгӯйӣ дар бораи пойҳо ба мо кумак мекунад, ки қарорҳои бохирадона барорем?
14 Оё шумо бовар мекунед, ки пешгӯйии Дониёл дар бораи пойҳо ҳақиқат аст? Агар ҳа, ин ба тарзи ҳаёти шумо таъсир мекунад. Шумо дар ин ҷаҳон ҳеҷ гоҳ чизу чораи бисёр ҷамъ намекунед, зеро медонед, ки он ба наздикӣ несту нобуд мешавад (Луқ. 12:16–21; 1 Юҳ. 2:15–17). Фаҳмидани ин пешгӯйӣ ҳамчунин ба шумо кумак мекунад, ки дар кори муҳими мавъиза боғайратона иштирок кунед (Мат. 6:33; 28:18–20). Баъди омӯхтани ин пешгӯйӣ аз худ пурсида метавонед: «Оё ман бовар дорам, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро нест мекунад? Оё ман инро бо қарорҳоям нишон медиҳам?»
ПОДШОҲИ ШИМОЛУ ҶАНУБ КИРО ТАСВИР МЕКУНАД?
15. Имрӯз «подшоҳи шимол» ва «подшоҳи ҷануб» киро тасвир мекунад? (Дониёл 11:40).
15 Дониёл 11:40-ро хонед. Дар боби 11-уми китоби Дониёл гап дар бораи ду подшоҳ ё қувваҳои сиёсие меравад, ки бо якдигар мубориза мебаранд. Ин пешгӯйиро бо пешгӯйиҳои дигари Китоби Муқаддас муқоиса карда, мефаҳмем, ки «подшоҳи шимол» Русия ва ҳамаҳдонашро тасвир мекунад, «подшоҳи ҷануб» бошад, империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрикороc.
16. Касоне, ки зери ҳукмронии «подшоҳи шимол» зиндагӣ мекунанд, бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
16 Он парастандагони Худо, ки дар қаламрави «подшоҳи шимол» зиндагӣ доранд, аз тарафи ин шоҳ озору азият мебинанд. Баъзе Шоҳидонро барои имонашон латукӯб мекунанд, дигаронро ба ҳабс мегиранд. Ин амали «подшоҳи шимол» ҳамдинони моро ба ваҳму воҳима намеандозад, балки имонашонро қавӣ месозад. Онҳо медонанд, ки ин иҷро гаштани пешгӯйист — озору азияти халқи Худо дар китоби Дониёл пешгӯйӣ шуда будd (Дон. 11:41). Инро дониста мо умедамонро қавӣ нигоҳ медорему ба Яҳува вафодор мемонем.
17. Касоне, ки зери ҳукмронии «подшоҳи ҷануб» зиндагӣ доранд, бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
17 Дар гузашта «подшоҳи ҷануб» низ халқи Худоро озор медод. Масалан, дар давоми Ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон бисёр бародару хоҳаронро барои бетарафии сиёсияшон ба ҳабс гирифтанд ва баъзе кӯдакони Шоҳидони Яҳуваро аз мактаб хориҷ карданд. Даҳсолаҳои охир садоқатмандии хизматгорони Яҳува, ки зери ҳукмронии «подшоҳи ҷануб» зиндагӣ доранд, бо дигар роҳҳо санҷида мешавад. Ҳангоми маъракаҳои овоздиҳӣ, шояд, дар дили масеҳӣ васваса пайдо шавад, ки ягон ҳизби сиёсиро дастгирӣ кунад ё як намояндаро аз дигараш беҳтар ҳисобад. Ҳарчанд ӯ дар интихобот иштирок намекунад, дар фикру дилаш ягон тарафро ҷонибдорӣ карданаш мумкин. Муҳим аст, ки дар масъалаи сиёсат бетарафиро на танҳо бо амалҳоямон, балки дар дилу фикрамон нигоҳ дорем (Юҳ. 15:18, 19; 18:36).
18. Мо ба муборизаи «подшоҳи шимол» ва «подшоҳи ҷануб» чӣ тавр муносибат мекунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
18 Онҳое, ки ба пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас бовар надоранд, шохзании «подшоҳи шимол» ва «подшоҳи ҷануб»-ро дида, шояд, ба воҳима афтанд (Дон. 11:40). Ҳар дуи ин подшоҳ бомбаҳои атомие доранд, ки тамоми заминро несту нобуд карда метавонад. Лекин мо медонем, ки Яҳува ба ин роҳ намедиҳад (Иш. 45:18). Пас, биёед аз муборизаи «подшоҳи ҷануб» ва «подшоҳи шимол» ба ташвиш наоему имонамонро қавӣ созем. Охир, ин воқеаҳо исботи он аст, ки охири ин замона наздик аст.
МИНБАЪД НИЗ БА ПЕШГӮЙИҲО ДИҚҚАТ ДИҲЕД
19. Дар бораи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас мо бояд чиро донем?
19 Мо намедонем, ки баъзе пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас чӣ хел иҷро мешаванд. Ҳатто пайғамбар Дониёл ба ҳамаи чизҳои навиштааш сарфаҳм намерафт (Дон. 12:8, 9). Лекин ҳамаҷониба надонистани тарзи иҷрошавии пешгӯйиҳо маънои онро надорад, ки онҳо ба амал намеоянд. Яҳува дар гузашта ба халқаш кумак мекард, ки дар вақти зарурӣ чизҳои даркориро фаҳманд. Аз ин рӯ дилпурем, ки бо мо низ чунин амал мекунад (Омӯс 3:7).
20. Ба наздикӣ кадом пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас амалӣ мешаванд ва мо бояд чӣ кор кунем?
20 Дар ояндаи наздик «тинҷию амонӣ» эълон карда мешавад (1 Тас. 5:3). Қувваҳои сиёсии ҷаҳон бар зидди дини дурӯғ баромада, онро несту нобуд мекунанд (Ошкор. 17:16, 17). Сипас онҳо ба халқи Худо ҳамла меоранд (Ҳиз. 38:18, 19). Баъди ин воқеаҳо дарҳол ҷанги Ҳармаҷиддӯн сар мезанад (Ошкор. 16:14, 16). Мо дилпурем, ки ҳамаи ин воқеаҳо ба наздикӣ мешаванд. То сар задани онҳо, биёед ба пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас диққат дода, миннатдориямонро ба Яҳува нишон диҳем ва ба дигарон низ кумак кунем, ки ҳамин хел амал кунанд.
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Вазъияти ҷаҳон чӣ қадар бад нашавад, мо дилпурем, ки ояндаи хушу хуррам моро дар пеш аст. Мо ин бовариро дар натиҷаи омӯхтани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас пайдо кардем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чаро мо бояд пешгӯйиҳои Каломро омӯзем. Ҳамчунин мо ду пешгӯйии китоби Дониёлро кӯтоҳак дида мебароем ва мебинем, ки аз фаҳмидани онҳо ҳар яки мо чӣ манфиат мегирем.
b Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июни с. 2012, сарх. 7–9 мақолаи «Яҳува ошкор мекунад, ки “ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд”» нигаред.
c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи майи с. 2020, сарх. 3, 4 ба мақолаи «Кӣ имрӯз “подшоҳи Шимол” аст?» нигаред.