Матто
10 Пас аз ин Исо 12 шогирди худро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки аз одамон рӯҳҳои нопокро берун кунанд+ ва ҳар гуна дарду бемориҳоро шифо диҳанд.
2 Номи 12 расули Исо ин аст:+ Шимъӯн, ки Петрус+ номида мешуд, ва бародараш Андриёс,+ Яъқуб ва Юҳанно+ — писарони Забдой, 3 Филиппус ва Барталмо,+ Тумо+ ва Маттои+ ҷамъовари андоз, Яъқуби писари Ҳалфой ва Таддо*, 4 Шимъӯни Қанно* ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба ӯ хиёнат кард.+
5 Исо он 12 нафарро назди одамон фиристода, чунин дастур дод:+ «Ба пеши халқҳои дигар наравед ва ба ягон шаҳри Сомария+ надароед, 6 балки фақат ба назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед+ 7 ва раҳораҳ эълон кунед: “Подшоҳии осмон наздик шудааст”.+ 8 Беморонро шифо диҳед,+ мурдагонро зинда кунед, махавиёнро пок намоед ва девҳоро берун кунед. Муфт ёфтаед, муфт бидиҳед. 9 Ба ҳамёнатон тангаҳои тилло, нуқра ё мисин наандозед+ 10 ва бо худ тӯшаи роҳ, либоси иловагӣ*, пойафзол ё асое нагиред,+ зеро меҳнаткаш сазовор аст, ки ба вай хӯрду хӯрок диҳанд.+
11 Ба кадом шаҳр ё деҳае надароед, онҳоеро ҷӯед, ки ба қабул кардани шумо сазоворанд, ва то рафтанатон дар он ҷо бимонед.+ 12 Вақте ки ба хонае медароед, ба аҳли хонавода салом диҳед. 13 Агар аҳли хона шуморо қабул кунад, бигзор саломи* шумо бар онҳо қарор гирад,+ лекин, агар онҳо шуморо қабул накунанд, бигзор саломатон ба шумо баргардад. 14 Агар касе шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, ҳангоми аз он хона ё шаҳр баромаданатон чанги поятонро афшонед*.+ 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар Рӯзи Доварӣ ҳоли сарзамини Садӯм ва Амӯро аз ҳоли он шаҳр сабуктар мешавад.+
16 Инак, ман шуморо ба назди одамон мефиристам ва шумо чун гӯсфандон дар миёни гургон хоҳед буд, пас, мисли морон эҳтиёткору мисли кабӯтарон беозор бошед.+ 17 Эҳтиёт шавед, зеро одамон шуморо ба додгоҳҳо мекашанд+ ва дар ибодатхонаҳояшон+ қамчинкорӣ мекунанд.+ 18 Онҳо шуморо барои маро пайравӣ карданатон ба назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд,+ то ба онҳо ва ба халқҳо шаҳодат диҳед.+ 19 Лекин, вақте ки шуморо ба додгоҳҳо кашанд, ғам нахӯред, ки чӣ бигӯед ва чӣ тавр сухан ронед, чунки дар он соат ба шумо дода мешавад, ки чӣ гӯед.+ 20 Он вақт на шумо, балки рӯҳи Падаратон ба воситаи шумо сухан мегӯяд.+ 21 Дар он айём бародар бародарро ва падар фарзандашро ба марг месупорад, ҳамчунин фарзандон ба падару модари худ зид баромада, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.+ 22 Ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунад,+ вале ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад.+ 23 Вақте шуморо дар як шаҳр озору азият диҳанд, ба шаҳри дигар гурезед.+ Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз шумо тамоми шаҳрҳои Исроилро нагашта, Фарзанди одам меояд.
24 Шогирд аз устод ва ғулом аз хӯҷаини худ болотар нест.+ 25 Барои шогирд басанда аст, ки чун устодаш шавад, ва барои ғулом — чун хӯҷаинаш.+ Агар соҳиби хонаро Баал-Забул*+ номанд, магар аҳли хонаводаашро низ чунин наменоманд? 26 Барои ҳамин аз онҳо натарсед, зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки маълум нашавад, ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор нагардад.+ 27 Он чӣ ба шумо дар торикӣ мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед ва он чӣ дар гӯшатон гуфта мешавад, аз болои бомҳо эълон кунед.+ 28 Аз кушандагони ҷисм, ки ҷонро кушта наметавонанд*, натарсед,+ балки аз Оне тарсед, ки метавонад ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар водии Ҳиннӯм* несту нобуд кунад.+ 29 Магар ду гунҷишкро ба як тин* намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин, агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад.+ 30 Ҳар як тори мӯйи шумо бошад, шумурда шудааст. 31 Бинобар ин натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред.+
32 Ҳар касе, ки маро дар пеши одамон эътироф кунад,+ ман низ ӯро дар пеши Падари худ, ки дар осмон аст, эътироф мекунам.+ 33 Вале касе дар пеши одамон аз ман рӯ гардонад, ман низ дар пеши Падари худ, ки дар осмон аст, аз ӯ рӯ мегардонам.+ 34 Фикр накунед, ки ман барои ба замин овардани осоиштагӣ омадаам. Не, барои он омадам, ки на осоиштагӣ, балки шамшер орам.+ 35 Ман омадаам, то писарро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам.+ 36 Душмани одам аҳли хонадони ӯ мешаванд. 37 Касе падар ё модари худ, ҳамчунин касе, ки писар ё духтари худро аз ман бисёртар дӯст дорад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад.+ 38 Ҳар касе, ки намехоҳад сутуни азобашро* бардошта, маро пайравӣ кунад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад.+ 39 Касе, ки ҷони худро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман аз даст диҳад, онро ба даст меорад.+
40 Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, маро низ қабул мекунад ва ҳар кӣ маро қабул кунад, Фиристандаи маро низ қабул мекунад.+ 41 Ҳар касе пайғамбарро барои пайғамбар буданаш қабул кунад, мисли пайғамбар мукофот мегирад+ ва ҳар касе росткореро барои росткор буданаш қабул кунад, мисли росткорон мукофот мегирад. 42 Ҳар касе, ки ба яке аз ин хурдон барои шогирди ман буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе мукофот намемонад».+