БОБИ ДУ
Омодагӣ бар издивоҷи муваффақ
1, 2. а) Исо чӣ тавр муҳиммияти аввал ба нақша гирифтанро таъкид намуд? б) Дар кадом соҳаи зиндагӣ банақшагирӣ хусусан муҳим аст?
СОХТАНИ бино тайёрии бо ҷидду ҷаҳдеро талаб мекунад. Пеш аз он ки таҳкурсии он гузошта шавад, аввал қитъаи замин харида, нақшаи хонаро бояд кашид. Чизи дигаре ҳам муҳим аст. Исо–пайғамбар гуфта буд: «Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад» — Луқо 14:28.
2 Сохтани бино дар ҳақиқат ба сохтани оилаи хушбахт монандӣ дорад. Зиёд мешунавем, ки мегӯянд: “Ман оиладор шудан мехоҳам”. Вале чанде аз онҳо душвориҳои ин ҷодаро ба инобат мегиранд? Гарчанде ки Китоби Муқаддас дар хусуси издивоҷ ба хубӣ сухан мегӯяд, он ҳамчунин ба душвориҳое ишора мекунад, ки издивоҷ бо худ меорад (Масалҳо 18:22; 1 Қӯринтиён 7:28). Аз ин рӯ, онҳое ки нияти хонадоршавӣ доранд, бояд назари воқеие бар баракатҳову душвориҳои зиндагии ҳамсарӣ дошта бошанд.
3. Чаро Китоби Муқаддас кӯмаки пурбаҳоест барои онҳое, ки нияти оилабарпокунӣ доранд ва он ба ҷавоби кадом се савол ёрӣ медиҳад?
3 Дар ин кор Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонад. Панду маслиҳатҳои он аз илҳоми Асосгузори оила — Яҳува Худо мебошанд (Эфсӯсиён 3:14, 15; 2 Тимотиюс 3:16). Бо истифодаи принсипҳое, ки ин китоби қадима, вале ба ҳар сурат ҳидоятгари муосир дар худ дорад, биёед равшан созем, ки 1) чӣ тавр кас муайян карда метавонад, ки ба хонадоршавӣ тайёр аст ё на? 2) Ба кадом хусусиятҳои ҳамсаршаванда аҳамият бояд дод? 3) Чӣ тавр давраи номзадиро ба покӣ мӯҳтарам доштан мумкин аст?
ОЁ ШУМО БАРОИ ИЗДИВОҶ ТАЙЁРЕД?
4. Омили асосӣ дар нигаҳдории издивоҷи муваффақ чист ва чаро?
4 Ба сохтани бино маблағи калоне сарф мегардад, вале барои солҳои дароз дар ҳолати хуб нигоҳ доштани хона чизе бештар аз ин лозим аст. Ҳаёти оилавӣ ҳам мисли сохтани биност. Ба назар мерасад, ки худи издивоҷ ҷидду ҷаҳд металабад, вале муҳиммияти сол то сол нигаҳдории муносибатҳои ҳамсариро низ ба назар бояд гирифт. Ин нигаҳдории муносибат чиро дар бар мегирад? Омили асосӣ аз сидқи дил вафодор будан аст. Ин аст тасвири муносибатҳои ҳамсарӣ дар Китоби Муқаддас: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (Ҳастӣ 2:24). Исо–пайғамбар таъкид намуд: барои талоқе, ки баъди он издивоҷи нав имконпазир аст, танҳо як сабаб раво буда метавонад — «зино», яъне алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷ (Матто 19:9). Агар нияти издивоҷ кардан дошта бошед, ин меъёрҳои Китоби Муқаддасро ба инобат гиред. Агар ба иҷрои ин аҳди ҷиддии вафодорӣ тайёр набошед, пас шумо ба издивоҷ омода нестед — Такрори Шариат 23:21; Воиз 5:3, 4.
5. Ҳарчанд баъзеҳоро иҷроиши аҳди вафо ба ҳарос меорад, чаро онҳое, ки нияти издивоҷ доранд, бояд ин аҳдро хеле қадр кунанд?
5 Фикри он ки аҳди вафоро иҷро бояд кард, бисёриҳоро ба ҳарос меорад. “Вақте дарк кардам, ки ману ҳамсарам як умр бо ҳам хоҳем буд, худро аз ин фикр чун асири даступобаста ва комилан зиндонӣ эҳсос намудам”,— эътироф кард ҷавонмарде. Аммо агар шумо шахсеро, ки бо вай издивоҷ карданиед, дар ҳақиқат дӯст медошта бошед, иҷроиши аҳди вафо ба назаратон кори мушкил наметобад. Баръакс, шумо ба ин аҳд чун ба манбаи бехатарӣ хоҳед нигарист. Эҳсоси масъулият дар иҷроиши аҳди вафо, дар ҳамсарон хоҳиши бо ҳам буданро бармеангезад, то шодиву ғамро бо ҳам бинанд ва чизе ки рӯй надиҳад, ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Павлуси расул навиштааст, ки муҳаббати ҳақиқӣ «ҳама чизро рӯпӯш мекунад» ва «ба ҳама чиз тоб меоварад» (1 Қӯринтиён 13:4, 7). “Ба туфайли аҳди вафо ман худро аминтар эҳсос мекунам, — мегӯяд зане.— Аз он ки дар назди худу ҳама дар бобати ҳамеша бо ҳам буданамон аҳду паймон бастем, эҳсоси оромие пайдо шуд, ки хеле писандам аст” — Воиз 4:9–12.
6. Чаро дар синни навҷавонӣ ба издивоҷ шитоб накардан беҳтар аст?
6 Барои мутобиқи чунин аҳд зиндагӣ кардан аз инсон камолот дар талаб аст. Аз ин рӯ, мувофиқи маслиҳати Павлус барои ходимони Худо то оне, ки «синни балоғат»–ро паси сар накунанд, — яъне давраеро, ки эҳсосоти ҷинсӣ бар ақл боло меояд ва намегузорад, то дуруст ҳукм намоянд, — беҳтар аст издивоҷ накунанд (1 Қӯринтиён 7:36). Дар давраи расидан ба камолот, навҷавонон босуръат тағйир меёбанд. Бисёре аз касоне, ки хеле ҷавон издивоҷ карданд, чанд солаке пас дарк намуданд, ки ниёзҳо ва хоҳишҳои онҳо ва ҳамсарашон дигар шудаанд. Ҳисобот нишон медиҳад, ки дар байни дар синни навҷавонӣ издивоҷкардагон шахсоне, ки эҳсоси хушбахтӣ надоранд, зиёдтаранд ва онҳо назар ба шахсоне, ки то барпокунии оила каме сабр карданд, бештар талоқ мегиранд. Аз ин рӯ, ба издивоҷкунӣ шитоб накунед. Чанд соли ҷавонӣ, ки чун шахси болиғ дар муҷаррадӣ аз сар мегузаронед, бароятон таҷрибаи бебаҳое хоҳад буд барои баркамолу ҳамсари арзандае шудан. Мавқуф гузоштани издивоҷ ҳамчунин шуморо кӯмак хоҳад кард, ки хештанро хубтар фаҳмед,— ин омили муҳимест барои дар оила инкишоф додани муносибатҳои хуб.
АВВАЛАН ХУДРО БИШИНОСЕД
7. Чаро онҳое, ки издивоҷ кардан мехоҳанд, бояд аввалан хештанро шиносанд?
7 Оё хусусиятҳоеро, ки дар ҳамсари худ дидан мехостед, ба осонӣ номбар мекунед? Барои аксарият ин кор мушкил нест. Вале дар бораи хусусиятҳои шумо чӣ метавон гуфт? Кадом сифатҳои шумо ба хушбахтии оила мусоидат хоҳанд кард? Чӣ гуна шавҳар ё зане хоҳед буд? Масалан, оё хатоҳоятонро ба осонӣ эътироф намуда, маслиҳатро қабул медоред, ё ҳангоме ки шуморо ислоҳ мекунанд, ҳамеша худро дифоъ менамоед? Умуман чӣ гуна инсонед: зиндадилу боумед ё зиқу одатан норозӣ? (Масалҳо 8:33; 15:15). Дар ёд доред, ки издивоҷ шахсияти шуморо тағйир нахоҳад дод. Агар шумо дар муҷаррадиятон мағрур, зудранҷ бошед, ё бароятон афтодарӯҳӣ хос аст, баъд аз хонадоршавӣ ҳам чунин хоҳед буд. Азбаски ба худ холисона нигаристан мушкил аст, чаро аз волидон ё дӯстони боэътимод хоҳиш накунем, ки мулоҳиза ва маслиҳатҳои худро иброз доранд? Агар фаҳмидед, ки метавонед чизеро дар худ тағйир диҳед, пеш аз ин ки бар издивоҷ қарор қабул намоед, оиди он кор кунед.
8–10. Китоби Муқаддас кадом пандҳоеро медиҳад, ки ба шахс барои омодагӣ ба издивоҷ кӯмак мекунанд?
8 Китоби Муқаддас моро ташвиқ менамояд, ки бигузорем, то рӯҳулқудси Худо дар мо амал кунад, ки он бороварандаи хусусиятҳое мисли «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» мебошад. Он ҳамчунин ба мо мегӯяд, ки «хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед» (Ғалотиён 5:22, 23; Эфсӯсиён 4:23, 24). Ҳанӯз ки издивоҷ накардаед, ба кор бурдани ин панд мисли ба бонк гузоштани пул аст; дар оянда, ҳангоми издивоҷ намуданатон он хеле пурарзиш хоҳад буд.
9 Масалан, барои зан лозим аст, ки аз ороиши зоҳирӣ бештар ба «одамияти ботинии самимӣ» аҳамият диҳад (1 Петрус 3:3, 4). Хоксориву оқилӣ ба зан кӯмак хоҳад кард, то хирад ба даст орад, ки дар ҳақиқат «тоҷи латофат» аст (Масалҳо 4:9; 31:10, 30; 1 Тимотиюс 2:9, 10). Мард бояд бо занҳо боэҳтиромонаву меҳрубонона муносибат карданро ёд гирад (1 Тимотиюс 5:1, 2). Қабули қарорҳо ва ба худ гирифтани масъулиятро омӯхта, мард ҳамчунин бояд хоксору фурӯтан буданро ҳам омӯзад. Худбологириҳо ба мушкилиҳои оилавӣ меоварад — Масалҳо 29:23; Мико 6:8; Эфсӯсиён 5:28, 29.
10 Гарчанде ки дар ин соҳаҳо тағйир додани нуктаи назар осон нест, ин корест, ки ҳамаи ходимони Худо бояд бикунанд. Ва он бароятон кӯмак хоҳад кард, то ҳамсари хубе шавед.
ҲАНГОМИ ИНТИХОБИ ҲАМСАР БА ЧӢ АҲАМИЯТ БОЯД ДОД
11, 12. Аз куҷо духтару ҷавон фаҳмида метавонанд, ки ба ҳам мувофиқанд, ё на?
11 Оё мувофиқи таомули маҳалли шумо, худи шахс ҳамсарашро интихоб мекунад? Агар ин тавр бошад, дар мавриде, ки касе аз ҷинси муқобил бароятон писанд афтад, шумо бояд чӣ гуна амал кунед? Аввалан, аз худ бипурсед, ки “оё дар ҳақиқат издивоҷ карданиям?” Бо эҳсосоти дигарон бозӣ карда, дар онҳо ба вуҷуд овардани умеду интизориҳои беҳудаву дурӯғ кори сангдилона аст (Масалҳо 13:12). Баъд ба худ савол диҳед, ки “оё метавонам издивоҷ кунам?” Агар ҷавоби ҳарду савол мусбист, қадамҳои минбаъдаатон аз расму оинҳои маҳаллӣ вобаста хоҳанд буд. Дар баъзе кишварҳо пас аз муддати мушоҳида шумо метавонед ба назди он шахс рафта, хоҳиши хубтар ошно шуданро баён намоед. Агар ҷавоби рад гиред, исрору хирагӣ накунед, ки ношояму нофорам аст. Ба назар гиред, ки шахси дигар ҳам дар ин ҳолат ҳуқуқи интихоб карданро дорад. Вале агар интихобкардаи шумо ҷавоби мусбӣ диҳад, метавонед боҳамгузаронии вақтро дар фаъолиятҳои муфиде, яъне мулоқотҳо ташкил кунед. Ин бароятон имконият хоҳад дод, то бубинед, ки оё бо шахси мазкур барпо кардани оила оқилона хоҳад буд, ё наa. Дар ин гуна мавридҳо ба чӣ бояд аҳамият диҳед?
12 Барои ҷавоби ин суол ду асбоби мусиқиеро тасаввур намоед, масалан чангу рубоб. Агар онҳо дуруст ҷӯр шуда бошанд, бо ҳар яке дар алоҳидагӣ навои хубе навохтан мумкин аст. Вале агар бо ҳардуи онҳо навохтани як мусиқӣ лозим ояд–чӣ? Акнун онҳо бояд ба ҳамдигар ҷӯр шаванд. Ҳолати ба ин монанде байни шумову ҳамсари ояндаатон аст. Ҳар яке аз шумо шояд ҷаҳди зиёде намудед барои “ҷӯр кардани” хусусиятҳои шахсии худ. Аммо суол ин аст, ки оё ба ҳам ҷӯр ҳастед? Ё ба таври дигар гӯем, ба ҳам мувофиқед?
13. Чаро бо шахсе, ки ҳамимони шумо нест, хонадор шудан кори хеле бехирадона аст?
13 Муҳим аст, ки ҳардуи шумо эътиқоду принсипҳои якхела дошта бошед. Павлуси расул навиштааст: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед» (2 Қӯринтиён 6:14; 1 Қӯринтиён 7:39). Издивоҷ бо шахсе, ки ҳамимони шумо нест, эҳтимоли зиёд аст, ки носозгориҳои сахте бо худ хоҳад овард. Аз ҷониби дигар, агар шумо ҳарду ба Яҳува Худо содиқ бошед, ин қавитарин асос бар ягонагии шумо хоҳад буд. Яҳува хоҳон аст, ки шумо хушбахт бошеду наздиктарин пайвандҳо бо ҳамсари худ дошта бошед. Худо мехоҳад, ки шуморо бо ҳамдигар ва бо Ӯ «риштаи сеқабата»–и муҳаббат пайванд кунад — Воиз 4:12.
14, 15. Оё ҳамимон будан ягона омил аст дар нигоҳ доштани муттаҳидӣ дар издивоҷ? Шарҳ диҳед.
14 Бо ҳам ибодат кардани Худо муҳимтарин омил барои ягонагист, вале барои издивоҷ чизи бештар аз он дар талаб аст. Барои ҳамоҳанг будан бо якдигар, лозим аст, ки шумову ҳамсаршавандаатон мақсадҳои якхела дошта бошед. Мақсадҳои шумо чиянд? Масалан, назари ҳар дуи шумо ба фарзанддор шудан чӣ гуна аст? Чизи аввалдараҷа дар ҳаёти шумо чист?b (Матто 6:33). Дар издивоҷе, ки ҳақиқатан хушбахт аст, зану шавҳар дӯстони наздиканд ва аз муоширати ҳамдигар лаззат мебаранд (Масалҳо 17:17). Барои ин, онҳо бояд майлу рағбатҳои муштарак дошта бошанд. Агар инҳоро надошта бошанд, на ин ки издивоҷ, ҳатто дӯстии наздикро нигаҳ доштан мушкил аст. Вале агар ҳамсаршавандаатон машғулиятҳои муайяне, масалан пиёдагардиро дӯст дорад, вале шумо ба он шавқ надошта бошед, оё ин чунин маъно дорад, ки набояд бо ҳам издивоҷ намоед? На ҳамеша. Шояд шавқу рағбатҳои дигар ва муҳимтари шумо ба ҳам муштарак бошанд. Ғайр аз ин, шумо метавонистед, ки дар баъзе шуғлҳои муфид ба хотири шод кардани ҳамсаратон ширкат варзед — Аъмол 20:35.
15 Аслан, ба ҳам мувофиқат кардани шумо бештар аз мос омадани шумо ба ҳамдигар вобаста аст, на аз дараҷаи монандиатон. Ба ҷои он ки бипурсед: “Оё дар мавриди ҳама чиз ба ҳам розием?”, беҳтар аст суол кунед, ки “ҳангоми мухолиф будани фикрҳоямон чӣ рӯй медиҳад? Оё метавонем оромона, боиззату эҳтиром мушкилиро муҳокима намоем? Ё муҳокимаҳои мо одатан ба баҳсу мунозираҳои шадид мубаддал мегарданд?” (Эфсӯсиён 4:29, 31). Агар хоҳиши издивоҷ доред, аз онҳое, ки хеле мағруру якраванд, ҳеҷ гоҳ гузашт намекунанд ва ҳамеша чизеро талаб менамоянду мехоҳанд ҳар кор мувофиқи иродаи онҳо шавад, эҳтиёт бошед.
ПЕШАКӢ ОГОҲ ШАВЕД
16, 17. Марду зани муҷаррад ҳангоми интихоби ҳамсар бояд ба чӣ аҳамият диҳанд?
16 Дар ҷамоатҳои ходимони Худо онҳое, ки иҷрои масъулияте барояшон эътимод мешавад, бояд «аввал озмуда шаванд» (1 Тимотиюс 3:10). Шумо ҳам ин принсипро ба кор бурда метавонед. Масалан, зани муҷаррад метавонад бипурсад, ки “Ин мард чӣ гуна обрӯ дорад? Дӯстонаш киҳоянд? Оё худдорӣ карда метавонад? Муносибаташ ба солхӯрдагон чӣ тавр аст? Аз чӣ гуна оила аст? Бо аҳли оилааш чӣ тарз муносибат мекунад? Чӣ нигоҳе ба пул дорад? Аз нӯшокиҳои спиртӣ сӯиистифода намекунад? Феълу хӯяш тез, ё ҳатто бераҳмона нест? Чӣ масъулиятҳое дар ҷамоат дорад ва чӣ гуна аз ӯҳдаи онҳо мебарояд? Оё метавонам эҳтироми амиқе бар ӯ дошта бошам?” — Ибодат 19:32; Масалҳо 22:29; 31:23; Эфсӯсиён 5:3–5, 33; 1 Тимотиюс 5:8; 6:10; Титус 2:6, 7.
17 Марди муҷаррад метавонад суол кунад: “Оё ин зан ба Худо муҳаббату эҳтиром зоҳир менамояд? Оё аз ӯҳдаи корҳои хоҷагӣ мебарояд? Аҳли хонаводааш аз мо чиро интизор хоҳанд буд? Оё худи ӯ оқила, меҳнатдӯст ва сариштакор аст? Одатан дар бораи чӣ ҳарф мезанад? Оё ба дигарон ғамхории самимӣ зоҳир мекунад ё фақат дар фикри худаш аст, ё аз ҳад зиёд ба корҳои дигарон рағбат дорад? Оё сазовори боварист? Тайёр аст мутеи сарваре бошад, ё ки якрав ва ҳатто саркаш аст?” — Масалҳо 31:10–31; Луқо 6:45; Эфсӯсиён 5:22, 23; 1 Тимотиюс 5:13; 1 Петрус 4:15.
18. Агар дар давраи мулоқоту номзадӣ камбудиҳои кӯчак ба чашм расанд, чиро дар хотир бояд дошт?
18 Фаромӯш накунед, ки интихобкардаи шумо — аз насли нокомили Одам аст, на ягон қаҳрамони роману новелла. Ҳар инсон камбудиҳо дорад ва баъзеи онҳоро, хоҳ аз шумо бошанд, хоҳ аз ҳамсаршавандаатон, нодида бояд гирифт (Румиён 3:23; Яъқуб 3:2). Ғайр аз ин, камбудиҳое, ки шахс эътироф мекунад, имконияти дигареанд барои рушди рӯҳонии вай. Фарз мекунем, ки дар давраи мулоқот ё номзадӣ шумо бо ҳам баҳс кардед. Андеша кунед; охир ҳатто шахсоне, ки ҳамдигарро дӯст медоранду ҳурмат мекунанд, баъзан фикрҳояшон мухолифат менамояд (қиёс кунед бо Ҳастӣ 30:2; Аъмол 15:39). Шояд лозим бошад, ки ҳардуи шумо каме бештар «бар рӯҳи худ ҳоким» шавед ва оромтар ҳал кардани мушкилиҳоро ёд гиред? (Масалҳо 25:28). Оё ҳамсаршавандаатон хоҳиши ислоҳ шудан дорад? Шумо–чӣ? Метавонед, ки зудранҷ набошед ва камта́р қаҳр кунед? (Воиз 7:9). Ҳал кардани мушкилиҳоро ёд гирифта, шумо як намунаи муоширати ошкоро месозед, ки ҳангоми издивоҷ карданатон хеле пураҳамият хоҳад буд — Қӯлассиён 3:13.
19. Агар дар вақти мулоқотҳо норасоиҳои ҷиддӣ зоҳир гарданд, чӣ гуна рафтор оқилона мебуд?
19 Вале агар норасоии ҷиддиеро бинед, ки шуморо ба изтироб меорад? Оиди ин гуна шубҳаҳо бодиққат мулоҳиза бояд кард. Гарчанде худро ошиқ эҳсос кунед, ё хоҳиши сахти издивоҷ дошта бошед ҳам, аз норасоиҳои ҷиддӣ чашм напӯшед (Масалҳо 22:3; Воиз 2:14). Агар бо касе робита дошта бошед, ки дар хусусаш шубҳаҳои ҷиддӣ доред, оқилона мебуд, ки ба ин робита поён диҳед ва бо аҳди ҷовидона худро бо ӯ пайваст насозед.
ДАВРАИ МУЛОҚОТУ НОМЗАДИРО МӮҲТАРАМ НИГАҲ ДОРЕД
20. Ҷуфт чӣ гуна дар давраи номзадӣ покии ахлоқашонро беайб нигаҳ дошта метавонанд?
20 Чӣ гуна давраи номзадиро мӯҳтарам нигаҳ доштан мумкин аст? Аввалан, дар хусуси беайбии ахлоқи худ итминон ҳосил намоед. Оё дар маҳалле, ки шумо зиндагӣ мекунед, даст ба даст доштан, ҳамдигарро бӯса ва оғӯш кардани ҷуфти издивоҷнакарда шоиста аст? Ҳатто агар чунин изҳороти муҳаббат дар ҷои шумо шоиста бошад ҳам, он танҳо вақте равост, ки ҷуфт қарори аниқи издивоҷ кард. Эҳтиёт бошед, ки ин гуна изҳороти муҳаббат бо рафтори нопок ё ҳатто зино наанҷомад (Эфсӯсиён 4:18, 19; қиёс кунед Суруди сурудҳо 1:2; 2:6; 8:5, 9, 10–ро). Азбаски дил маккор аст, хирадмандона мебуд, ки ҳардуятон дар хона, ҳавлӣ, мошини истода, ё дилхоҳ ҷои дигаре, ки барои рафтори нодуруст имконият ба вуҷуд меорад, танҳо намонед (Ирмиё 17:9). Ахлоқан пок нигаҳ доштани давраи номзадиатон далеле хоҳад буд бар он ки шумо соҳиби худдорӣ ҳастед ва ғамхории холисона нисбати беҳбудии каси дигарро аз хоҳишҳои худ боло мегузоред. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки покии давраи номзадӣ ба Яҳува Худо хуш меояд, ки Ӯ ба ходимонаш аз нопокиву зино парҳез намуданро фармудааст — Ғалотиён 5:19–21.
21. Барои мӯҳтарам доштани муносибат ҳангоми номзадӣ чӣ гуна муоширати ошкоро лозим аст?
21 Дуввуман, мӯҳтарам доштани давраи номзадӣ ҳамчунин муоширати ошкороро дар бар мегирад. Агар номзадии шумо ҷониби издивоҷ пеш меравад, баъзе масъалаҳоро муҳокима бояд намуд. Дар куҷо зиндагӣ хоҳед кард? Ҳардуи шумо ба кори ҷамъиятӣ машғул мешавед? Хоҳиши фарзанддор шудан доред? Ҳамчунин, адолат талаб мекунад, ки шахс дар хусуси рӯйдодҳои гузаштае, ки метавонанд ба издивоҷ таъсир намоянд, нақл кунад. Ба ин қарзҳои калон, масъулиятҳо, ҳолати саломатӣ, масалан бемории ҷиддие, ки доред, дохил мешаванд. Азбаски дар аксарияти одамони мубталои СПИД нишонаҳои беморӣ фавран пайдо намегарданд, хуб мешуд, ки волидони ғамхор ё худи шахс аз ҳамсаршавандае, ки дар гузашта ба бадахлоқии ҷинсӣ ё нашъамандӣ машғул буд, талаби санҷиши хун оиди СПИД намоянд. Дар сурати мусбӣ будани натиҷаи санҷиш, шахси бемор набояд барои давом додани муносибат исрор намояд, агар интихобкардааш қатъи робитаро хоҳон бошад. Дарвоқеъ, ҳар касе ки тарзи ҳаёти гузаштааш эҳтимолияти доштани СПИД–ро зиёд кардааст, дуруст мешуд, ки пеш аз номзадӣ довталабона хуни худро оиди ин беморӣ бисанҷад.
ДАР БОРАИ ДАВРАИ БАЪД АЗ ТӮИ АРӮСӢ БИАНДЕШЕД
22, 23. а) Чӣ тавр ҳангоми тайёрӣ ба тӯй гум шудани эътидол мумкин аст? б) Кадом нуктаи назари боэътидолро ҳангоми мулоҳиза дар хусуси тӯи арӯсӣ ва издивоҷ дар фикр бояд дошт?
22 Дар моҳҳои охири пеш аз арӯсӣ, шумо ҳарду эҳтимолан бо тайёриҳо ба тӯй банд хоҳед буд. Шиддату фишорҳоро бо тамкину эътидол кам кардан мумкин аст. Тӯи бошукӯҳ шояд ба хешону ҳаммаҳаллиён хуш ояд, вале навхонадорон ва аҳли оилаашонро метавонад хеле хаста ва аз ҷиҳати иқтисодӣ касод кунад. Қайди баъзе расму оинҳои маҳаллӣ то ҳадде қобили қабул аст, аммо агар ғуломашон шавед, ё эшонро аз рӯи рақобату ҳарифӣ анҷом диҳед, онҳо метавонанд мафҳуми ин маросимро дар назар хира созанд ва шодиеро, ки бояд дар ин маврид дошта бошед, бидузданд. Ҳарчанд ки эҳсосоти дигаронро ба назар гирифтан лозим аст, ба қабули қарорҳо дар тӯй пеш аз ҳама домод масъул мебошад — Юҳанно 2:9.
23 Дар хотир дошта бошед, ки тӯи арӯсии шумо фақат як рӯз аст, вале издивоҷатон як умр давом мекунад. Ҷидду ҷаҳдатон дар гузаронидани тӯй беш аз ҳад набошад. Ба ҷои ин ҳидояти Яҳуваро ҷӯён шавед ва дар хусуси ҳаёти ояндаи оилавиатон биандешед. Он гоҳ шумо бар издивоҷи муваффақ тайёр хоҳед буд.
a Ин дар кишварҳое мавриди қабул аст, ки мулоқоти ҷавону духтар кори ношоиста ҳисоб намеёбад.
b Ҳатто дар ҷамоатҳои ходимони Худо метавонанд онҳое бошанд, ки дар корҳои ҷамъомад қариб иштирок намекунанд. Ба ҷои он ки аз дилу ҷон ба Худо хидмат намоянд, онҳо шояд зери таъсири афкору кирдори дунё қарор гирифтаанд — Юҳанно 17:16; Яъқуб 4:4.