Боби даҳ
Салтанате, ки «то абад барҳам нахоҳад хӯрд»
1. Рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, ки дар тӯли таърихи инсоният ба амал омадаанд, чиро исбот намуданд?
РӮЗ аз рӯз рӯйдодҳои ҷаҳонӣ исбот мекунанд, ки одамон бо рад намудани ҳокимияти Яҳува ва бо кӯшиши мустақилона роҳбарӣ карданашон ба хушбахтӣ ноил гардида наметавонанд. Ягон шакли ҳукмронии одамӣ ба инсоният манфиатҳои бардавом наовард. Гарчанде ки одамон дар соҳаи илм хеле пеш рафтаанд, онҳо бар бемориҳо ғолиб набаромаданд ва ба касе ҳаёти бепоён набахшиданд. Инчунин ҳукмронии инсонӣ ба ҷанг, зулм, ҷиноят, ришвахӯрӣ ва қашшоқӣ хотима нагузошт. То ҳол дар бисёр давлатҳо мардум зери дасти ҳокимони золиманд (Воиз 8:9). Сӯистифода аз тараққиёти технологӣ, ҳарисӣ ва ҷаҳолати одамон боиси ифлосшавии замин, об ва ҳаво мегардад. Аксарият аз рӯи бепарвоиву беаҳамиятии шахсони мансабдор ҳатто эҳтиёҷоти барои ҳаёт зарурии худро бо душворӣ қонеъ мегардонанд. Ҳазорсолаҳо ҳукмронӣ кардани инсон исбот намуд, ки «роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирмиё 10:23).
2. Ягона роҳи ҳалли мушкилиҳои одамизод кадом аст?
2 Пас, чӣ метавонад роҳи ҳалли ин мушкилот гардад? Салтанати Худо. Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки дар бораи он чунин дуо гӯянд: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:9, 10). Салтанати осмонии Худо дар 2 Петрус 3:13 ҳамчун «осмони нав» тасвир шудааст, ки бар «замини нав», яъне бар ҷамъияти одилонаи инсонӣ ҳукмронӣ хоҳад кард. Салтанати осмонии Худо аҳамияти чунон муҳим дорад, ки Исо онро мавзӯи асосии мавъизаи худ гардонд (Матто 4:17). Ӯ фаҳмонд, ки чӣ мавқееро он бояд дар зиндагии мо ишғол намояд: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед» (Матто 6:33).
3. Чаро имрӯз дар бораи Салтанати Худо дониш гирифтан бениҳоят муҳим аст?
3 Ҳоло дар бораи Салтанати Худо дониш гирифтан бениҳоят муҳим аст, зеро он ба қарибӣ тарзи бар замин ҳукмронӣ намуданро абадан тағйир медиҳад. Дар Дониёл 2:44 пешгӯӣ карда шудааст: «Дар айёми он подшоҳон [ҳукуматҳои ҳозира] Худои осмон салтанате [дар осмон] барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд [одамон дигар ҳаргиз бар замин ҳукмронӣ нахоҳанд кард]: он ҳамаи ин салтанатҳоро [ҳукуматҳои ҳозираро] гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод». Ҳамин тариқ Салтанати Худо ин тартиботи шариронаро пурра барҳам дода, ба охирзамон хотима мебахшад. Ҳуқуқи бар замин ҳукмронӣ намудани Салтанати осмонӣ дигар мавриди баҳс қарор нахоҳад гирифт. То чӣ андоза мо бояд барои раҳоие, ки он бо худ дар ояндаи хеле наздик меорад, сипосгузор бошем!
4. Соли 1914 дар осмон чӣ воқеа рӯй дод ва чаро ин барои мо аҳамияти муҳим дорад?
4 Соли 1914 Исои Масеҳ Подшоҳ таъин гардид ва ба вай қудрати «дар миёни душманони Худ ҳукмронӣ» намудан дода шуд (Забур 109:1, 2). Инчунин аз ҳамон сол «айёми охир»-и тартиботи шариронаи ҳозира оғоз ёфт (2 Тимотиюс 3:1–5, 13). Дар баробари ин дар осмон рӯйдодҳое, ки Дониёл дар рӯъёи нубувват дида буд, ба амал омаданд. «Атиқулайём», яъне Яҳува Худо ба Писари одам — Исои Масеҳ «салтанат ва ҷалол ва малакут» бидод, «то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо» ба ӯ хидмат намоянд. Сипас Дониёл идома медиҳад: «Салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт, ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд» (Дониёл 7:13, 14). Худо маҳз ба воситаи ҳамин Салтанати осмонӣ, ки дар дасти Исои Масеҳ мебошад, неъматҳои беҳисоберо ба дӯстдорони адолат ато хоҳад кард — он неъматҳоеро, ки аз вақти дар биҳишт маскун кардани нахустволидайни мо барои инсоният пешбинӣ намуда буд.
5. Кадом тафсилотро дар бораи Салтанат ба мо бештар фаҳмидан лозим аст ва чаро?
5 Оё шумо яке аз тобеони вафодори ин Салтанат будан мехоҳед? Агар ин тавр бошад, ба шумо дар бораи сохт ва фаъолияти ин ҳукумати осмонӣ бештар фаҳмидан лозим аст. Шумо албатта донистан мехоҳед, ки он ҳоло ва дар оянда чӣ корҳоро ба амал меоварад ва ба шумо аз тарафи худ чӣ кор кардан зарур аст. Дар баробари бо ин Салтанат аз наздик шинос шуданатон, миннатдории шумо барои он афзун хоҳад гашт. Агар роҳбарии Салтанати Худоро бипазиред, шумо барои сӯҳбат намудан бо дигарон дар бораи баракатҳое, ки он ба одамони итоаткор меорад, беҳтар омода мегардед (Забур 47:12, 13).
Ҳукмронони Салтанати Худо
6. a) Мувофиқи Навиштаҳо ҳокимияти кӣ тавассути Салтанати Масеҳӣ зоҳир гардидааст? б) Дониши дар бораи Салтанат гирифтаамон бояд ба мо чӣ тавр таъсир расонад?
6 Ҳангоми чунин шиносоӣ аввалан мо мефаҳмем, ки ба воситаи Салтанати Масеҳӣ ҳокимияти худи Яҳува зоҳир мегардад. Маҳз Яҳува ба Писараш «салтанат ва ҷалол ва малакут»-ро додааст. Пас аз он ки Писари Худо ҳамчун Подшоҳ ҳукмрониро сар кард, овозҳои баланд дар осмон эълон намуданд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо [Яҳува Худо] ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ [Яҳува] то абад салтанат хоҳад ронд» (Ваҳй 11:15). Ҳамин тавр, дониш дар бораи ин Салтанат ва ҳар он чизе ки он ба ҷо меорад, моро ба худи Яҳува наздиктар месозад. Ҳамчунин дониши гирифтаамон бояд дар мо хоҳиши то абад ба ҳокимияти Яҳува итоат намуданро пайдо кунонад.
7. Чаро Намояндаи асосии Яҳува будани Исои Масеҳ барои мо аҳамияти махсус дорад?
7 Инчунин бояд ба назар гирифт, ки Яҳува Исои Масеҳро ҳамчун Намояндаи асосии худ бар тахт нишондааст. Азбаски Худо Исоро дар офариниши замин ва одамон ҳамчун Меъмори моҳир истифода бурдааст, ӯ, яъне Исо ниёзҳои моро назар ба мо беҳтар медонад. Ғайр аз ин, аз ибтидои таърихи инсоният Исо муҳаббати худро нисбати банӣ–одам зоҳир менамуд (Масалҳо 8:30, 31; Қӯлассиён 1:15–17). Муҳаббати ӯ нисбати одамизод чунон зиёд буд, ки ӯ шахсан ба замин омад ва ҳаёти худро барои мо қурбон кард (Юҳанно 3:16). Ҳамин тавр ӯ моро аз гуноҳ ва марг раҳо намуда, ҳаёти ҷовидониро барои мо имконпазир сохт (Матто 20:28).
8. a) Чаро ҳукумати Худо баръакси роҳбарияти инсонӣ пойдор хоҳад монд? б) «Ғуломи мӯътамад ва доно» бо ҳукумати осмонӣ чӣ алоқамандие дорад?
8 Салтанати Худо ҳукумати устувор ва пойдор аст. Кафолати пойдории ин ҳукумат дар он мебошад, ки Яҳува худ мутеи марг нест (1 Тимотиюс 1:17). Исои Масеҳ, Подшоҳи таъинкардаи Худо низ баръакси подшоҳони одамӣ ғайрифонист (Румиён 6:9; 1 Тимотиюс 6:15, 16). Ҳамроҳи Масеҳ 144 000 нафари дигар, ки ходимони содиқи Худо мебошанд ва «аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила» баромадаанд, бар тахтҳои осмонӣ хоҳанд нишаст. Ба онҳо низ бефаноӣ ато карда мешавад (Ваҳй 5:9, 10; 14:1–4; 1 Қӯринтиён 15:42–44, 53). Аксарияти онҳо аллакай дар осмон мебошанд, боқимондаашон бошад ҳоло дар рӯи заминанд ва дар замони мо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро ташкил дода, содиқона кори Салтанатро дар ин ҷо, яъне дар рӯи замин пеш мебаранд (Матто 24:45–47).
9, 10. a) Салтанат кадом таъсироти ҷудоиовар ва фосидкунандаро бартараф хоҳад сохт? б) Агар мо дар қатори душманони Салтанати Худо будан нахоҳем, ба мо аз чӣ канорагирӣ намудан зарур аст?
9 Ба қарибӣ Яҳува дар вақти муқарраркардаи худ ба лашкарҳои осмониаш амр медиҳад, ки ҳукмҳои Ӯро ба ҷо оваранд, яъне заминро пок созанд. Онҳо одамонеро, ки дидаву дониста ҳокимияти Яҳуваро рад мекунанд ва нисбати ҳар он чизе ки Ӯ бо муҳаббат тавассути Исои Масеҳ фароҳам овардааст, беэътиноӣ зоҳир менамоянд, абадан нест хоҳанд кард. (2 Таслӯникиён 1:6–9). Он рӯз рӯзи Яҳува хоҳад буд, рӯзе ки дар он ниҳоят Ҳокими Олам будани Ӯ исбот мегардад. «Инак рӯзи Худованд меояд, ки рӯзи бераҳм ва пур аз шиддати хашм ва ғазаб аст, то ки... гунаҳкорони онро [заминро] маҳв намояд» (Ишаъё 13:9). «Он рӯз рӯзи ғазаб аст, рӯзи тангӣ ва мусибат, рӯзи вайронӣ ва харобӣ, рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ» (Сафанё 1:15).
10 Тамоми динҳои козиб ва ҳукуматҳои инсонӣ якҷоя бо сипоҳҳояшон, ки зери дасти роҳбари шариру нонамоёни ин ҷаҳон мебошанд, абадан несту нобуд карда мешаванд. Ҳамаи онҳое ки бо ин ҷаҳон дӯстӣ пайдо карда, тарзи зиндагии худбинона, риёкорона ва бадахлоқонаро пеш мебаранд, маҳв хоҳанд гашт. Шайтон ва девҳояш ба сокинони замин таъсир нахоҳанд расонд, чунки ба муддати ҳазор сол дар варта нигоҳ дошта мешаванд. Сипас Салтанати Худо бар замин пурра ҳукмронӣ хоҳад кард. Ин барои ҳамаи дӯстдорони адолат чӣ сабукие хоҳад овард! (Ваҳй 18:21, 24; 19:11–16, 19–21; 20:1, 2).
Мақсадҳои Салтанат ва иҷрошавии онҳо
11. a) Чӣ гуна Салтанати Масеҳӣ нияти Яҳуваро нисбати замин амалӣ месозад? б) Ҳукмронии Салтанат барои сокинони замин чӣ хоҳад овард?
11 Салтанати Масеҳӣ нияти аввалаи Худоро оиди замин пурра амалӣ месозад (Ҳастӣ 1:28; 2:8, 9, 15). Одамизод то ҳол ба иҷрошавии ин ният мусоидат накардааст. Вале дар оянда замин ва сокинони он ба Писари одам, яъне Исои Масеҳ мутеъ хоҳанд гашт. Ҳамаи онҳое ки ҳангоми ин тартиботи фарсударо доварӣ намудани Яҳува наҷот меёбанд, хурсандона дар ягонагӣ таҳти роҳбарии Масеҳи Подшоҳ меҳнат хоҳанд кард ва тамоми заминро ба биҳишт табдил хоҳанд дод (Ибриён 2:5–9). Дар он замон инсоният аз амали дастҳояш ва аз ҳосилоти фаровони замин пурра ҳаловат хоҳад бурд (Забур 71:1, 7, 8, 16–19; Ишаъё 65:21, 22).
12. Чӣ тавр тобеони Салтанат соҳиби ақлу тани комил хоҳанд гашт?
12 Худо Одам ва Ҳавворо комил офарида, ният дошт, ки онҳо насли аз ҷиҳати ақлу тан комилро ба дунё оранд ва тамоми заминро пур кунанд. Ин нияти Яҳува таҳти ҳукмронии Салтанат бо шукӯҳмандӣ ба иҷро мерасад. Азбаски тамоми таъсироти гуноҳро бартараф кардан зарур аст, Масеҳ на танҳо ҳамчун Подшоҳ, балки ҳамчун Саркоҳин низ хидмат хоҳад кард. Исо ҳаёти инсониашро барои бахшиши гуноҳҳои одамони итоаткор қурбон кард ва босаброна ба онҳо кӯмак хоҳад расонд, то ки аз он қурбонӣ баҳраманд шаванд.
13. Таҳти роҳбарии Салтанат одамон дар худ чӣ гуна беҳбудии ҷисмониро мушоҳида хоҳанд кард?
13 Таҳти ҳукмронии Салтанат сокинони замин дар худ беҳбудии ҷисмониро эҳсос хоҳанд кард. «Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд. Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард ва забони гунг тараннум хоҳад намуд» (Ишаъё 35:5, 6). Бадани аз пирӣ ё беморӣ иллатноку фарсудашудаи одамон аз ҷисми кӯдак ҳам ботароваттар хоҳад гашт. Бемориҳои шифонопазир дигар нахоҳанд буд ва ҳама дорои саломатии комил хоҳанд шуд. «Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт» (Айюб 33:25). Рӯзе фаро мерасад, ки ҳеҷ кас нахоҳад гуфт: «Ман бемор ҳастам». Чаро? Чунки одамони худотарс аз банди гуноҳ ва оқибатҳои даҳшатноки он озод карда мешаванд (Ишаъё 33:24; Луқо 13:11–13). Бале, Худо «ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).
14. Одами комил будан чӣ маъно дорад?
14 Комил гаштан маънои танҳо соҳиби ақлу тани солим буданро надорад. Одами комил бояд ба қадри лозима хислатҳои Яҳуваро дар худ инъикос намояд, чунки инсон ба сурат ва шабоҳати Худо офарида шудааст (Ҳастӣ 1:26). Вале барои зоҳир карда тавонистани хислатҳои Яҳува дониши кофӣ зарур аст. Дар дунёи нав «адолат сокин хоҳад буд». Чӣ тавре ки Ишаъё пешгӯӣ карда буд, «сокинони дунё инсофро [адолатро] таълим хоҳанд гирифт» (2 Петрус 3:13; Ишаъё 26:9). Чунин хислате ба мисли адолат ба сулҳу осоиштагӣ миёни нажодҳои гуногун, миёни дӯстон, дар оила ва аз ҳама муҳим байни мову Худо мусоидат хоҳад кард (Забур 84:11–14; Ишаъё 32:17). Онҳое ки адолатро таълим мегиранд, бо мурури замон дар бораи иродаи Яҳува нисбати худ зиёдтар хоҳанд фаҳмид. Ҳангоме ки муҳаббат ба Яҳува дар дили онҳо боз ҳам афзунтар мегардад, онҳо дар ҳар соҳаи зиндагиашон аз рӯи меъёрҳои Ӯ амал хоҳанд кард. Он гоҳ онҳо мисли Исо чунин гуфта метавонанд: «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро [Падарро] ба ҷо меоварам» (Юҳанно 8:29). Вақте ки ҳамаи ин бар тамоми инсоният иҷро мешавад, то чӣ дараҷа ҳаёт хушу гуворо хоҳад буд!
Комёбиҳое, ки аллакай аёнанд
15. Бо ёрии саволҳои ин сатр дар бораи комёбиҳои Салтанат нақл кунед ва нишон диҳед, ки мо имрӯз бояд чӣ вазифаеро ба ҷо орем.
15 Комёбиҳои барҷастаи Салтанати Худо ва тобеони он аллакай аёнанд. Саволҳо ва оятҳои зерин ба шумо баъзе аз ин комёбиҳо ва инчунин ҳар он чизеро ки тобеони Салтанат метавонанд ва бояд иҷро намоянд, хотиррасон хоҳанд кард.
Салтанат аввалан бар зидди кӣ амал намуд ва бо чӣ натиҷа? (Ваҳй 12:7–10, 12).
Аз замони бар тахт нишастани Масеҳ, ба ҷамъоварии боқимондагони кадом гурӯҳ диққати махсус дода мешавад? (Ваҳй 14:1–3).
Исо мувофиқи пешгӯиаш, ки дар Матто 25:31–33 навишта шудааст, чӣ кореро баъд аз сар задани мусибати бузург ба ҷо хоҳад овард?
Чӣ гуна кор имрӯзҳо гузаронида шуда истодааст ва киҳо дар он иштирок мекунанд? (Забур 109:3; Матто 24:14; Ваҳй 14:6, 7).
Чаро мухолифони сиёсӣ ва динӣ қудрати манъ кардани кори мавъизаро надоранд? (Закарё 4:6; Аъмол 5:38, 39).
Дар ҳаёти онҳое ки ба роҳбарии Салтанат итоат мекунанд, чӣ гуна дигаргуниҳо ба амал меоянд? (Ишаъё 2:4; 1 Қӯринтиён 6:9–11).
Салтанати Ҳазорсола
16. a) Ҳукмронии Масеҳ чӣ қадар вақт давом меёбад? б) Чӣ гуна корҳои аҷиб дар тӯли Ҳазорсола ва баъд аз он ба амал оварда мешаванд?
16 Баъд аз он ки Шайтон ва девҳояш дар варта ҳабс карда мешаванд, Исои Масеҳ ва 144 000 ҳамворисони ӯ ҳамчун подшоҳон ва коҳинон ҳазор сол ҳукмронӣ хоҳанд кард (Ваҳй 20:6). Дар тӯли ин вақт онҳо гуноҳ ва марги аз Одам меросгирифтаро абадан нест карда, одамизодро ба комилият мерасонанд. Дар охири роҳбарии Ҳазорсола Исо ҳамчун Подшоҳ ва Коҳини Масеҳӣ вазифаи худро бомуваффақият ба ҷо оварда, Малакутро ба Падари худ месупорад, «то ки Худо кулл дар кулл бошад», яъне бар ҳама ҳукмронӣ намояд (1 Қӯринтиён 15:24–28). Он гоҳ Шайтон ба муддати кӯтоҳ озод карда мешавад, то ки ба ҳокимияти оламгири Яҳува содиқ будани инсонияти аз гуноҳ озодгардида санҷида шавад. Яҳува баъд аз итмоми санҷиши охирин Шайтон ва исёнгарони ба ӯ ҳамроҳшударо нест хоҳад кард (Ваҳй 20:7–10). Онҳое ки ҳокимияти Яҳува, яъне ҳуқуқи ҳукмрон будани Ӯро дастгирӣ мекунанд, садоқати комили худро нисбати Ӯ нишон хоҳанд дод. Дар натиҷа онҳо бо Яҳува муносибатҳои наздик пайдо хоҳанд кард: Ӯ онҳоро ҳамчун писарон ва духтарони худ қабул намуда, лоиқи ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад донист (Румиён 8:21).
17. a) Дар поёни ҳазор сол бо Салтанат чӣ рӯй хоҳад дод? б) Чаро метавон гуфт, ки Салтанат «то абад барҳам нахоҳад хӯрд»?
17 Ҳамин тавр, нақши Исо ва 144 000 нафар ҳамроҳони ӯ нисбати замин тағйир хоҳад ёфт. Вазифаи онҳо дар оянда чӣ гуна хоҳад буд? Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст, вале агар мо ҳокимияти Яҳуваро содиқона дастгирӣ намоем, дар поёни ҳукмронии Ҳазорсола зинда монда, хоҳем фаҳмид, ки нияти Яҳува нисбати онҳо ва ҳамчунин нисбати олами ба таври ҳайратангез офаридааш чӣ гуна мебошад. Ба ҳар ҳол, ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ «ҷовидонист» ва Салтанати ӯ «нест нахоҳад шуд» (Дониёл 7:14). Ин чӣ маъно дорад? Аввал ин ки роҳбарият ба онҳое ки мақсадҳои дигар доранд, дода намешавад, зеро худи Яҳува Роҳбар хоҳад буд. Инчунин Салтанат «то абад барҳам нахоҳад хӯрд», чунки комёбиҳои он ҷовидона боқӣ хоҳанд монд (Дониёл 2:44). Подшоҳ ва Коҳини Масеҳӣ ҳамроҳи 144 000 подшоҳон ва коҳинони дигар бошад, барои содиқона ба Яҳува хидмат карданашон абадан сазовори иззат хоҳанд гардид.
Саволҳо барои такрор
• Чаро Салтанати Худо барои инсоният ягона роҳи ҳалли мушкилиҳо мебошад? Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмронии худро кай оғоз кард?
• Ба шумо дар мавриди Салтанати Худо ва он чизе ки он ба анҷом хоҳад расонд, хусусан чӣ маъқул аст?
• Кадом комёбиҳои Салтанат аллакай аёнанд ва мо шахсан дар онҳо чӣ нақше мебозем?
[Tасвир дар саҳифаҳои 92,93]
Таҳти Салтанати Худо ҳамаи одамон адолатро таълим хоҳанд гирифт.