Боби ёздаҳ
Аввал Малакути Худоро биҷӯед
1. a) Чаро Исо ба шунавандагонаш гуфт, ки онҳо аввал Салтанатро биҷӯянд? б) Чӣ саволеро мо бояд ба худ бидиҳем?
ЗИЁДА аз 1900 сол пеш Исо дар Ҷалил ба шунавандагонаш муроҷиат намуда, чунин гуфт: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед». Чаро аллакай дар он замон бетаъхир амал намудан лозим буд? Магар Масеҳ набояд асрҳо пас қудрати подшоҳиро қабул мекард? Бале, аммо маҳз тавассути Салтанати Масеҳӣ Яҳува бояд ҳуқуқи Ҳоким будани худро исбот менамуд ва нияти бузургашро оиди замин ба иҷро мерасонд. Ҳар касе ки дар ҳақиқат муҳимияти инро дарк менамуд, бояд дар зиндагии худ Салтанатро дар ҷои аввал мегузошт. Агар дар асри як ҷустани Малакути Худо ин қадар муҳим буд, пас то чӣ андоза ин имрӯз, вақте ки Масеҳ бар тахти подшоҳӣ нишастааст, муҳимтар мебошад! Аз ин рӯ мо бояд аз худ бипурсем: оё тарзи зиндагии ман нишон медиҳад, ки аввал Салтанати Худоро ҷӯё ҳастам? (Матто 6:33).
2. Аксарияти одамон дар паи чӣ мебошанд?
2 Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон ҳақиқатан ҳам аввал Салтанатро меҷӯянд. Онҳо ҳукмронии ин Салтанатро бо он дастгирӣ менамоянд, ки худро ба Яҳува бахшида, иҷрои иродаи Ӯро мақсади асосии зиндагии худ месозанд. Аз тарафи дигар бошад, аксарияти одамон дар паи чизҳои беарзиши дунё ҳастанд. Мақсади онҳо ёфтани пул ва ба вақтхушию молу мулк сарф намудани он аст. Ё ин ки онҳо тамоми қуввати худро барои дар мансаб боло рафтанашон мебахшанд. Тарзи ҳаёти чунин одамон нишон медиҳад, ки онҳо беш аз ҳад машғули худ мебошанд ва дар бораи чизҳои моддӣ ва вақтхушӣ барзиёд фикр мекунанд. Ин гуна одамон ба мавҷудияти Худо боварӣ надоранд ё агар боварӣ дошта бошанд ҳам, Ӯ дар ҳаёти онҳо дар ҷои дуввум аст (Матто 6:31, 32).
3. a) Исо шогирдони худро ба ҷустани чӣ гуна ганҷҳо ташвиқ намуд ва чаро? б) Чаро оиди эҳтиёҷоти моддӣ барзиёд ғам хӯрдан лозим нест?
3 Исо ба шогирдони худ чунин насиҳат дод: «Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед», зеро ки ин навъ дороӣ абадӣ нахоҳад буд, балки ба Яҳува хидмат намуда, «барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед». Исо пайравони худро ба он барангехт, ки чашми худро «солим» нигоҳ дошта, диққату қувваташонро ба иҷрои иродаи Яҳува равона созанд. Ӯ гуфт: «Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно [сарват] хизмат кунед». Дар бораи эҳтиёҷоти моддӣ, яъне хӯрок, пӯшок ва манзил бошад, чӣ метавон гуфт? «Барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед»,— маслиҳат дод Исо. Ӯ таваҷҷӯҳи пайравонашро ба паррандагон равона намуда гуфт, ки Худо ба онҳо рӯзӣ медиҳад. Ҳамчунин Исо гуфт, ки аз гулҳо таълим гиранд, ки чӣ тавр Худо онҳоро либос мепӯшонад. Оё ходимони Яҳува, ки махлуқони соҳибақл мебошанд, аз гулҳову паррандагон боарзиштар нестанд? «Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед,— гуфт Исо,— ва ҳамаи ин чизҳо [чизҳои зарурӣ] ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:19–34). Оё ба суханони Исо боварӣ доштанатонро дар амал нишон медиҳед?
Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки ҳақиқати Салтанатро дар шумо пахш намояд
4. Агар одам ба чизҳои моддӣ аз ҳад зиёд аҳамият диҳад, ин ба чӣ оқибат меорад?
4 Дар бобати эҳтиёҷоти моддии худ ва оилаи худ ғамхорӣ намудан дуруст аст, вале агар кас дар ин бора беш аз ҳад ташвиш кашад, оқибаташ метавонад фоҷианок бошад. Чунин шахс метавонад ҳатто изҳор намояд, ки ба Салтанат боварӣ дорад, вале агар дар дили ӯ чизҳои дигаре мавқеи асосиро ишғол намуда бошанд, ҳақиқат оиди Салтанат дар ӯ пахш хоҳад шуд (Матто 13:18–22). Масалан, боре як ҳокими ҷавони сарватманд аз Исо пурсид: «Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» Ин ҷавон зиндагии ахлоқан пок ба сар мебурд ва ба дигарон хуб муносибат мекард, аммо ба сарват ва боигарии худ дилбастагии зиёде дошт, бинобар ин натавонист аз он даст кашида, яке аз пайравони Масеҳ гардад. Аз ин сабаб ӯ имконияти бо Масеҳ дар Салтанати осмонӣ буданро аз даст дод. Барои ҳамин Исо гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!» (Марқӯс 10:17–23).
5. a) Павлус Тимотиюсро ташвиқ мекард, ки ӯ бо чӣ чизҳо қонеъ бошад ва чаро? б) Чӣ тавр Шайтон зарпарастиро ҳамчун доми ҳалокатовар истифода мебарад?
5 Солҳо пас Павлуси расул ба Тимотиюс, ки он вақт дар Эфсӯс — шаҳри равнақёфтаи тиҷоратие мезист, нома навишт. Павлус ба ӯ хотиррасон намуд: «Мо ба дунё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем. Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд». Барои бо «хӯрок ва либос» таъмин намудани худ ва оилаи худ меҳнат кардан дуруст аст. Вале Павлус огоҳ намуда гуфт: «Онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд». Шайтон хеле маккор аст. Аввал ӯ метавонад одамро дар чизи андак фиреб диҳад, сипас фишори ӯ шояд бештар мегардад: мумкин аст шахс имконияти дар вазифа боло рафтанро пайдо кунад, ё ба ӯ ҷои кореро пешниҳод кунанд, ки даромадаш зиёдтар аст, аммо вақтеро талаб мекунад, ки пеш сарфи корҳои рӯҳонӣ мешуд. Агар мо боэҳтиёт набошем, зарпарастӣ метавонад дар дили мо реша давонда, дигар барои чизҳои муҳими бо Салтанат алоқамандбуда ҷое боқӣ нагузорад. Павлус дар ин бора иброз намуд: «Баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд» (1 Тимотиюс 6:7–10).
6. a) Барои он ки ба доми зарпарастӣ наафтем, ба мо чӣ кор кардан зарур аст? б) Ба вазъияти имрӯзаи иқтисодии ҷаҳон нигоҳ накарда, мо чӣ итминоне дошта метавонем?
6 Павлус бо муҳаббати самимӣ ба бародари масеҳии худ Тимотиюс гуфт: «Аз ин ҳазар намо ва... дар роҳи имон ба таври нек талош намо» (1 Тимотиюс 6:11, 12). Агар мо аз тарафи худ бо ҷиддият кӯшиш накунем, оҳиста–оҳиста зери таъсири тарзи зиндагонии зарпарастонаи ин дунё хоҳем афтод. Вале агар мо тамоми қувватамонро ба харҷ дода, мувофиқи имонамон зиндагӣ кунем, Яҳува ҳеҷ гоҳ моро тарк нахоҳад кард. Ба нархҳои баланд ва бекории дар ҷомеаи инсонӣ паҳншуда нигоҳ накарда, Ӯ моро итминон медиҳад, ки эҳтиёҷоти заруриамонро қонеъ хоҳад гардонд. Павлус навишта буд: «Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ [Худо] гуфтааст: “Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт”, бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: “Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?”» (Ибриён 13:5, 6). Подшоҳ Довуд низ гуфта буд: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Забур 36:25).
Намунаи шогирдони асри як
7. Исо ба шогирдонаш доир ба мавъиза чӣ дастуре дод ва чаро ин дастурот бамаврид буд?
7 Пас аз он ки Исо ба расулони худ таълими лозимӣ бидод, ӯ онҳоро ба Исроил барои мавъизаи хушхабар фиристод, то эълон намоянд: «Малакути Осмон наздик аст». Ин чӣ хабари рӯҳбаландкунандае буд! Дар он вақт Исои Масеҳ, Подшоҳи Малакут, дар байни онҳо буд. Азбаски расулон худро ба хидмати Худо бахшида буданд, Исо онҳоро ба он барангехт, ки ба ғамхории Худо боварӣ дошта бошанд. Ӯ гуфт: «Барои роҳ ҳеҷ чизе нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед; ва ба ҳар хона, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед» (Матто 10:5–10; Луқо 9:1–6). Яҳува медонист, ки эҳтиёҷоти онҳо ба воситаи ҳамватанони исроилиашон қонеъ мегарданд, зеро исроилиён одати меҳмоннавозӣ доштанд.
8. a) Чаро Исо андаке пеш аз марги худ дар хусуси мавъиза дастури дигаре дод? б) Дар ҳаёти пайравони Исо чӣ бояд ҷои аввалро ишғол менамуд?
8 Баъдтар, аниқтараш пеш аз марги худ, Исо расулонашро огоҳ намуд, ки онҳо дар оянда дар шароитҳои дигар мавъиза хоҳанд намуд. Дар натиҷаи мухолифати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти онҳо, эҳтимолан, дар Исроил онҳоро чандон меҳмоннавозӣ нахоҳанд кард. Ғайр аз ин дар ояндаи наздик онҳо бояд хабари Салтанатро дар сарзаминҳои бегона мавъиза мекарданд. Акнун онҳо бояд бо худ «ҳамён» ва «тӯрба»-и хӯрокро мегирифтанд. Бо вуҷуди ин, онҳо бояд аввал Салтанати Яҳува ва адолати Ӯро меҷустанд ва итминон медоштанд, ки Худо кӯшиши онҳоро дар ёфтани хӯрок ва либос баракат медиҳад (Луқо 22:35–37).
9. Гарчанде ки Павлус эҳтиёҷоти моддиашро худаш қонеъ менамуд, чӣ гуна ӯ Салтанатро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал мегузошт ва дар ин бобат ба масеҳиён чӣ насиҳат дод?
9 Павлуси расул яке аз он шахсонест, ки намунаи хуби ба насиҳати Исо пайравӣ намуданро гузоштааст. Хидмат ба Худо дар зиндагии ӯ ҷои асосиро ишғол менамуд (Аъмол 20:24, 25). Ҳангоме ки Павлус барои мавъиза ба ҷое сафар мекард, эҳтиёҷоти моддиашро худаш қонеъ мегардонд ва барои ин ҳатто бо хаймадӯзӣ машғул мешуд. Ӯ нигарони он набуд, ки дигарон ӯро таъмин намоянд (Аъмол 18:1–4; 1 Таслӯникиён 2:9). Вале вақте ки дигарон муҳаббати худро бо меҳмоннавозӣ ва ҳадяҳо изҳор менамуданд, ӯ бо миннатдорӣ қабул мекард (Аъмол 16:15, 34; Филиппиён 4:15–17). Павлус ба масеҳиён гуфта буд, ки бо кори мавъиза машғул гашта, нисбати вазифаи оилавии худ бепарвоӣ накунанд, балки дар иҷрои ин масъулиятҳои гуногун боэътидол бошанд. Ӯ ба онҳо маслиҳат дода буд, ки меҳнат кунанд, оилаи худро дӯст доранд ва дигаронро дар эҳтиёҷоташон дастгирӣ намоянд (Эфсӯсиён 4:28; 2 Таслӯникиён 3:7–12). Инчунин ӯ онҳоро ба он барангехт, ки на ба дороии худ, балки ба Худо таваккал кунанд ва бо рафторашон нишон диҳанд, ки дар ҳақиқат маънои суханони Исоро мефаҳманд, ки гуфта буд: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед» (Филиппиён 1:9–11).
Салтанатро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал гузоред
10. Аввал ҷӯёи Малакут будан чӣ маъно дорад?
10 То чӣ ҳад мо шахсан дар мавъизаи хушхабари Салтанат иштирок мекунем? Ин қисман аз шароити шахсӣ ва миннатдории самимиамон вобаста аст. Дар хотир нигоҳ доред, ки Исо нагуфта буд: «Малакутро ҳангоми бекор монданатон биҷӯед». Балки ӯ муҳимияти Салтанатро дарк намуда, иродаи Падарашро чунин изҳор намуд: «Малакути Худоро биталабед» (Луқо 12:31). Бо вуҷуди он ки ба аксари мо барои таъмин намудани худ ва аҳли оилаамон кор кардан зарур аст, агар шахсони имондор бошем, дар ҳаётамон мавқеи асосиро ба кори Салтанат, ки Худо ба мо супурдааст, медиҳем. Ҳамзамон мо вазифаҳои оилавиамонро низ ба ҷо хоҳем овард (1 Тимотиюс 5:8).
11. a) Чӣ тавр Исо бо мисол нишон дод, ки на ҳама метавонанд ба як андоза дар паҳн намудани хабари Салтанат иштирок кунанд? б) Андозаи хидмати шахс аз кадом омилҳо вобаста аст?
11 Баъзеи мо метавонанд назар ба дигарон барои мавъизаи хушхабари Салтанат бештар вақт ҷудо кунанд. Вале Исо дар масали худ оиди навъҳои гуногуни хок нишон дод, ки ҳамаи онҳое, ки дилашон мисли хоки нағз мебошад, самар хоҳанд овард. То чӣ андоза? Вазъу шароити ҳама гуногун мебошад. Он аз синну сол, саломатӣ, ӯҳдадорӣ дар оила ва дигар омилҳо вобаста аст. Вале агар шахс барои хушхабар аз самими дил миннатдор бошад, ӯ дар хидмат саҳми калон гузошта метавонад (Матто 13:23).
12. Оиди кадом мақсади рӯҳонӣ хусусан ба ҷавонон андеша намудан хуб мебуд?
12 Хеле хуб мебуд, агар мо барои худ мақсадҳо мегузоштем, зеро онҳо ба мо кӯмак мерасонанд, то дар мавъизаи Салтанат бештар иштирок кунем. Ҷавонон бояд ба таври ҷиддӣ дар бораи намунаи олиҷаноби Тимотиюс, масеҳии ҷавони ғаюр, андеша намоянд (Филиппиён 2:19–22). Чӣ метавонад беҳтар аз он бошад, ки фарди ҷавон пас аз гирифтани маълумоти мактабӣ ходими пурравақт шавад? Шахсони калонсолтар низ метавонанд оқилона барои худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоранд.
13. a) Дар мавъизаи Салтанат чӣ қадар саҳм гузошта тавонистани ҳар яки моро кӣ муайян месозад? б) Агар мо ҳақиқатан аввал Салтанатро ҷӯё бошем, чиро собит хоҳем кард?
13 Ба ҷои танқиди онҳое, ки ба назари мо ба андозаи кофӣ хидмат намекунанд, имонамон бояд моро ба он барангезад, ки худро такмил диҳем ва то ҳадде ки шароити шахсиамон имкон медиҳад, хидмати Худоро ба ҷо орем (Румиён 14:10–12; Ғалотиён 6:4, 5). Чуноне ки аз саргузашти Айюб бармеояд, Шайтон изҳор намуд, ки одамон аслан толиби роҳату некӯаҳволии шахсӣ ва манфиати моддии худ мебошанд ва аз рӯи худхоҳӣ ба Худо хидмат мекунанд. Аммо агар мо ҳақиқатан Салтанатро ҷӯё бошем, он гоҳ исбот хоҳем кард, ки изҳороти Шайтон дурӯғи маҳз аст ва нишон хоҳем дод, ки хидмат ба Худо дар зиндагиамон ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳамин тавр мо дар сухан ва дар амал собит хоҳем кард, ки нисбати Яҳува муҳаббати амиқ дорем, ҳокимияти Ӯро содиқона тарафдорӣ менамоем ва атрофиёнамонро дӯст медорем (Айюб 1:9–11; 2:4, 5; Масалҳо 27:11).
14. a) Чӣ тавр банақшагирӣ дар хидмати мавъиза ба мо кӯмак мекунад? б) Шумораи зиёди Шоҳидони Яҳува то кадом ҳад дар хидмати мавъиза иштирок мекунанд?
14 Банақшагирӣ ба мо кӯмак мерасонад, то дар хидмат бештар иштирок намоем. Ҳатто Яҳува «мӯҳлате муайян намуда», нияташро ба иҷро мерасонад (Хуруҷ 9:5; Марқӯс 1:15). Хуб мебуд, ки мо низ ба қадри имкон ҳар ҳафта як ё якчанд бор вақт муайян карда, дар мавъиза ширкат намоем. Дар тамоми ҷаҳон садҳо ҳазор Шоҳидони Яҳува пешравони ёвар шуда ҳар рӯз тақрибан ду соат хушхабарро мавъиза мекунанд. Садҳо ҳазорони дигар бошад чун пешравони доимӣ дар як рӯз қариб дуву ним соат дар бораи Салтанат башорат медиҳанд. Пешравони махсус ва миссионерон вақти боз ҳам бештареро сарфи хидмат мекунанд. Мо низ метавонем имконият ҷуста, ғайрирасман бо ҳар касе, ки гӯш медиҳад, дар бораи умеди Салтанат ҳамсӯҳбат шавем (Юҳанно 4:7–15). Хоҳиши мо бояд ин бошад, ки ҳар чӣ бештар, то ҳадде ки шароитамон имкон медиҳад, дар кори мавъиза иштирок намоем, зеро Исо пешгӯӣ кард: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:14; Эфсӯсиён 5:15–17).
15. Ба назари шумо чаро панди дар 1 Қӯринтиён 15:58 навишташуда дар мавриди хидматамон айни муддаост?
15 Шоҳидони Яҳува дар саросари ҷаҳон, новобаста аз он ки дар кадом мамлакат зиндагӣ мекунанд, имтиёзи муттаҳидона дар ин хидмат иштирок карданро доранд. Онҳо панди илоҳии Каломро дар ҳаёт ба кор мебаранд, ки мегӯяд: «Матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест» (1 Қӯринтиён 15:58).
Саволҳо барои такрор
• Агар мувофиқи гуфтаи Исо аввал ҷӯёи Салтанат бошем, пас чиро мо бояд дар ҷои дуюм гузорем?
• Нуқтаи назари мо нисбати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти моддии худ ва оилаи худ бояд чӣ гуна бошад? Худо ба мо дар ин чӣ тавр кӯмак хоҳад кард?
• Чӣ гуна мо метавонем дар пешрафти кори Салтанат иштирок намоем?
[Тасвири саҳифаи 107]
Имрӯз, пеш аз фаро расидани интиҳо, Шоҳидони Яҳува дар тамоми мамлакатҳо хушхабарро мавъиза менамоянд.