«Ба хиради худ такя накун»
«Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун» (МАС. 3:5).
1, 2. a) Мо бо кадом вазъиятҳо дучор шуда метавонем? б) Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои душвор, қабули қарорҳои муҳим ё мубориза бурдан бо васвасаҳо, мо бояд ба кӣ такя кунем ва чаро?
САРДОРИ корхонае, ки дар он Тахминаa кор мекунад, аллакай қисми фаъолияти корхонаашро қатъ намуд ва аз ин сабаб якчанд коргарон аз кор хориҷ карда шуданд. Тахмина ҳис мекунад, ки навбати аз кор хориҷ шудани ӯ низ мерасад. Агар ӯ корашро аз даст диҳад, чӣ кор мекарда бошад? Чӣ тавр ӯ рӯзгорашро пеш мебарад? Хоҳар Парвина ба ҷое, ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, рафтан мехоҳад. Аммо ӯ бояд ба чӣ қарор ояд? Ҷавоне бо номи Фарҳод оиди чизи дигаре ташвиш мехӯрад. Вай дар наврасиаш ба тамошои порнография машғул буд. Ҳоло синни вай аз 20 боло аст, лекин дар ӯ хоҳиши сахти ба ин одат баргаштан вуҷуд дорад. Чӣ тавр ӯ бо ин одати бад мубориза бурда метавонад?
2 Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои душвор, қабули қарорҳои муҳим ё мубориза бурдан бо васвасаҳо, шумо ба кӣ такя мекунед? Оё шумо танҳо ба худатон такя мекунед, ё бори дилатонро ба Яҳува мепартоед? (Заб. 54:23). «Чашмони Худованд бар одилон аст,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо» (Заб. 33:16). Аз ин сабаб то чӣ андоза муҳим аст, ки мо бо тамоми дил ба Яҳува такя кунем на ба хиради худ! (Мас. 3:5).
3. а) Такя кардан ба Худо чиро дар бар мегирад? б) Чӣ сабаб шуда метавонад, ки баъзеҳо ба хиради худ такя мекунанд?
3 Бо тамоми дил ба Яҳува такя намудан ин иҷро кардани корҳоеро дар бар мегирад, ки Ӯ аз мо талаб дорад. Дар такя кардан ба Худо муҳим аст, ки дар дуо ба Ӯ мунтазам муроҷиат кунем ва аз таҳти дил роҳбарии Ӯро ҷӯё бошем. Аммо пурра такя кардан ба Яҳува ба бисёриҳо душвор аст. Масалан, хоҳари масеҳӣ бо номи Лин мегӯяд: «Ба Яҳува пурра такя карданро то ҳол ёд гирифта истодаам ва ин барои ман як мубориза аст.— Чаро?— Ман бо падарам муносибати наздик надорам ва модарам дар бораи ниёзҳои эмотсионалӣ ва ҷисмониам ғамхорӣ намекард. Барои ҳамин ман дар муддати хеле кӯтоҳ ҳал кардани душвориҳоямро худам ёд гирифтам». Ҳаёти гузаштаи Лин ба ӯ халал мерасонад, то ба касе пурра такя кунад. Қобилият ва муваффақияти шахсӣ низ касро барангехта метавонад, ки ба худ такя кунад. Масалан, чунин шуда метавонад, ки пири ҷамъомад ҳангоми ҳал кардани масъалаҳои ҷамъомад, бе он ки аввал ба Худо дар дуо муроҷиат кунад, ба таҷрибаи худ такя кардан мегирад.
4. Дар ин мақола чӣ муҳокима карда мешавад?
4 Яҳува аз мо интизор аст, ки мо самимона кӯшиш намоем, то мувофиқи дуоҳоямон рафтор кунем ва аз рӯи иродаи ӯ амал кунем. Барои ҳамин чӣ тавр мо метавонем ҳам бори худро ба Худо партоем ва аз дигар тараф худамон низ дар ҳалли душвориҳоямон кӯшиш ба харҷ диҳем? Ҳангоми қабули қарорҳо чаро бояд эҳтиёткор бошем? Вақте ки мо бо васвасаҳо мубориза мебарем чаро дуо гуфтан муҳим аст? Бо дида баромадани мисолҳо аз Навиштаҳо мо ба ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонем.
Ҳангоми душвориҳо
5, 6. Вақте ки подшоҳи Ашшур ба Ҳизқиё таҳдид кард, Ҳизқиё чӣ тавр рафтор намуд?
5 Дар Китоби Муқаддас дар бораи Подшоҳи Яҳудо, Ҳизқиё, гуфта мешавад: «[Ӯ] ба Худованд часпида, аз пайравии Ӯ дур намешуд, ва аҳкомеро, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, риоя мекард». Бале, «[ӯ] ба Худованд Худои Исроил таваккал менамуд» (4 Подш. 18:5, 6). Вақте ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, намояндагони худро, аз ҷумла Рабшоқеро бо лашкари азим ба Ерусалим фиристонд, Ҳизқиё чӣ тавр амал кард? Лашкари азими ашшуриён аллакай якчанд шаҳрҳои мустаҳками Яҳудоро забт намуд ва акнун Санҳериб Ерусалимро забт карданӣ аст. Ҳизқиё барои мадад ба маъбади Худованд даромад ва дуо гуфт: «Эй Худованд Худои мо, лутфан, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту, эй Худованд, ба танҳоӣ Худо ҳастӣ» (4 Подш. 19:14–19).
6 Ҳизқиё мувофиқи дуояш амал кард. Ҳатто пеш аз он ки ба маъбад омада дуо гӯяд, ӯ ба халқаш гуфт, ки ба тамасхури Рабшоқе ҷавоб надиҳанд. Ҳизқиё ҳамчунин намояндагонашро барои маслиҳат пурсидан назди Ишаъё пайғамбар фиристонд (4 Подш. 18:36; 19:1, 2). Ҳизқиё ҳар кори аз дасташ меомадаро кард. Дар ин вазъият барои ҳал кардани душворӣ ӯ зидди иродаи Яҳува амал намекард ва кӯмакро аз Миср ва ҳамсояхалқҳо намеҷуст. Ҳизқиё ба Яҳува такя мекард на ин ки ба хиради худ. Баъд аз он ки фариштаи Яҳува 185 000 аскарони Санҳерибро ба қатл расонд, Санҳериб ба шаҳри Нинве баргашт (4 Подш. 19:35, 36).
7. Мо аз дуоҳои Ҳанно ва Юнус чӣ тасаллӣ гирифта метавонем?
7 Ҳанно, зани Элқонои левизода низ вақте ки аз сабаби кӯдакдор нашуданаш сахт рӯҳафтода буд, ба Яҳува такя мекард (1 Подш. 1:9–11, 18). Юнус–пайғамбар аз шиками моҳии калон баъди он раҳоӣ ёфт, ки чунин дуо гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам ва Ту овози маро шунидӣ» (Юнус 2:1, 2, 10). Чӣ тасаллибахш аст, донистани он ки дар вазъияти душвортарин мо метавонем ба Яҳува «истиғоса» барем! (Забур 54:2, 17–ро бихонед).
8, 9. Ҳизқиё, Ҳанно ва Юнус ҳангоми дуо гуфтан бештар дар бораи чӣ фикр мекарданд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?
8 Мо аз намунаи Ҳизқиё, Ҳанно ва Юнус дарси муҳимеро низ омӯхта, мефаҳмем, ки ҳангоми дар вазъиятҳои душвор дуо гуфтан чиро набояд фаромӯш кунем. Ҳар сеи ин шахсон дар вазъиятҳои душвор сахт рӯҳафтода шуданд. Лекин дуоҳои онҳо нишон медиҳанд, ки онҳо фақат дар бораи худ ва аз душвориҳояшон раҳо шудан фикр намекарданд. Номи Худо, ибодати ҳақиқӣ ва иҷрои иродаи Ӯ барои онҳо аз ҳама муҳимтар буд. Ҳизқиё аз он ки номи Худоро масхара мекарданд, хеле сахт ғамгин буд. Ҳанно ваъда дод, ки писари деринтизорашро барои дар хонаи Худо хизмат кардан, медиҳад. Юнус низ гуфт: «Он чи назр намудаам, адо хоҳам кард» (Юнус 2:9).
9 Вақте ки мо дар бораи раҳоӣ ёфтан аз вазъиятҳои душвор дуо мегӯем, ниятҳои ботинии худро санҷидан аз рӯи хирад аст. Оё мо фақат оиди раҳоӣ ёфтан аз душвориҳоямон ташвиш мекашем, ё Яҳува ва нияти Ӯро дар хотир нигоҳ медорем? Азобҳои шахсӣ метавонанд ба осонӣ моро ба он тела диҳанд, ки мо ба масъалаҳои рӯҳонӣ хунукназарона муносибат кунем. Барои ҳамин ҳангоми дар дуо кӯмаки Яҳуваро ҷустан, биёед пеш аз ҳама дар бораи муқаддас гардондани номи Яҳува ва исбот гаштани ҳақ будани ҳокимияташ фикр кунем. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки назари мусбиро нигоҳ дорем, ҳатто агар мушкилиҳоямон ҳал нашаванд ҳам. Баъзан Яҳува дар ҷавоби дуоҳои мо шояд ба зудӣ проблемаи моро бартараф накунад, вале ба мо қуввати лозима бахшад, ки мо ба душвориҳо тоб орем. (Ишаъё 12:2; 40:29–ро бихонед.)
Ҳангоми қабули қарорҳо
10, 11. Вақте ки Еҳӯшофот бо душворие рӯ ба рӯ шуд, ки ҳалли онро намедонист, чӣ кор кард?
10 Чӣ тавр шумо қарорҳои муҳимро қабул мекунед? Оё шумо аввал қарор қабул мекунед ва баъд аз Яҳува дар дуо мепурсед, ки қароратонро баракат диҳад? Биёед намунаи Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудоро дида бароем. Вақте ки лашкарони Мӯоб ва Аммӯн ҷамъ шуданд, то ки бо Еҳӯшофот ҷанг кунанд, ӯ чӣ кор кард? Сокинони Яҳудо барои зидди онҳо баромадан қувват надоштанд. Еҳӯшофот бояд чӣ тавр амал мекард?
11 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Еҳӯшофот ба ҳарос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард». Ӯ дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон намуд ва халқи Яҳудоро ҷамъ кард, «то ки аз Худованд мадад пурсанд». Сипас ӯ дар миёни ҷамъомади Яҳудо ва Ерусалим истода дуо гуфт. Ӯ илтиҷо кард: «Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге, ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст». Худои ҳақиқӣ дуои Еҳӯшофотро шунид ва онҳоро ба таври мӯъҷиза раҳо кард (2 Вақ. 20:3–12, 17). Ҳангоми қабули қарорҳо, махсусан қарорҳое, ки ба рӯҳониятамон таъсир расонда метавонанд, мо бояд ба Яҳува такя кунем, на ба хиради худ, ҳамин тавр–не?
12, 13. Шоҳ Довуд дар қабули қарорҳо чӣ намуна гузошт?
12 Мо бояд чӣ тавр рафтор кунем агар бо душворие дучор шавем, ки ҳалли он бароямон осон метобад,— шояд аз сабаби он ки пеш мо бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шуда будем? Як вазъияте, ки бо шоҳ Довуд рӯй дода буд, ба ин масъала равшанӣ меандозад. Вақте ки амолеқиён ба шаҳри Сиқлоҷ ҳуҷум карданд, онҳо занону кӯдакони Довуд ва аз они одамонашро аз он ҷо бурданд. Довуд ба Яҳува муроҷиат карда пурсид, ки оё ӯ аз қафои ин ғоратгарон равад? Яҳува ҷавоби мусбӣ дода гуфт: «Дунболагирӣ намо! Зеро ки ҳатман ба онҳо хоҳӣ расид ва раҳо хоҳӣ кард». Довуд Яҳуваро гӯш карда аз қафои онҳо рафт ва «ҳар чиро, ки амолеқиён гирифта буданд, раҳо кард» (1 Подш. 30:7–9, 18–20).
13 Баъд аз якчанд вақт пас аз ҳуҷуми амолеқиён фалиштиён низ зидди исроилиён баромаданд. Довуд боз ба Яҳува муроҷиат кард ва аз Ӯ ҷавоби аниқро гирифт. Худо гуфт: «Баро, зеро фалиштиёнро ба дастат ҳатман хоҳам супурд» (2 Подш. 5:18, 19). Дере нагузашта фалиштиён бори дигар бо Довуд ҷанг карданӣ буданд. Дар ин маврид ӯ чӣ хел амал мекунад? Вай чунин фикр карда метавонист: «Ман бо вазъияти ба ин монанд аллакай ду бор рӯ ба рӯ шудаам. Ман бар зидди душманони Худо мебароям, чӣ тавре ки пеш баромада будам». Ё ин ки Довуд ҳидояти Яҳуваро ҷӯё шуд? Довуд ба таҷрибаи худ такя намекард. Ӯ боз ба Яҳува муроҷиат кард. То чӣ андоза ӯ хурсанд буд, ки чунин амал кард! Дар ин маврид Яҳува дигар хел ҳидоят кард (2 Подш. 5:22, 23). Ҳангоми бо вазъият ё душвориҳои шинос рӯ ба рӯ шудан, мо бояд ҳушёр бошем, то ки фақат ба таҷрибаи худ такя накунем. (Ирмиё 10:23–ро бихонед.)
14. Аз рафтори Еҳушаъ ва пирони Исроил нисбати ҷибъӯниён, мо чӣ дарс гирифта метавонем?
14 Ба ҳамаи мо чун одамони нокомил, ҳатто ба пирони ботаҷрибаи ҷамъомад зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо аввал ҳидояти Яҳуваро ҷӯё шавем. Биёед рафтори Еҳушаъ Ибни Нун ва пирони Исроилро дида бароем. Вақте ки ҷибъӯниёни зирак ба назди Еҳушаъ ва пирони Исроил омаданд, онҳо либосҳои камбағалонаро дар бар карданд ва дар асл кӣ будани худро пинҳон намуда, гуфтанд, ки аз ҷои дур омадаанд. Бе маслиҳати Яҳува Еҳушаъ ва дигарон саросема шуда бо ҷибъӯниён аҳди сулҳ бастанд. Ин рост аст, ки Яҳува аҳди басташударо рад накард. Лекин Ӯ роҳ дод, ки ин воқеа дар Китоби Муқаддас навишта шавад, то мо донем, ки Еҳушаъ ва пирон барои қабули қарор аз Худо маслиҳат напурсиданд. Мо бояд ҳама вақт пеш аз қабули қарор ҳидояти Яҳуваро ҷӯё бошем (Еҳ. 9:3–6, 14, 15).
Ҳангоми мубориза бо васвасаҳо
15. Фаҳмонед, ки чаро барои мубориза бурдан бо васвасаҳо дуо гуфтан муҳим аст.
15 Азбаски дар ҷисми мо «қонуни гуноҳ» ҳаст, мо бояд бо майли гуноҳ кардан сахт мубориза барем (Рум. 7:21–25). Дар ин мубориза мо ғолиб баромада метавонем. Чӣ тавр? Исо ба пайравонаш гуфт, ки дар мубориза бо васвасаҳо дуо гуфтан хеле муҳим аст. (Луқо 22:40–ро бихонед.) Ҳатто агар хоҳишҳо ва фикрҳои нодуруст баъд аз дуо гуфтан моро тарк накунанд ҳам, мо бояд барои ба ин озмоиш тоб овардан аз Худо хирад пурсиданро давом диҳем. Китоби Муқаддас моро бовар мекунонад, ки Худо онро «ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд» (Яъқ. 1:5). Яъқуб боз чунин навишт: «Оё касе аз шумо [аз ҷиҳати рӯҳонӣ] бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд.— Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод» (Яъқ. 5:14, 15).
16, 17. Вақте ки барои мубориза бурдан бо васвасаҳо кӯмак меҷӯем, дар кадом вақт дуо гуфтан аз ҳама беҳтар аст?
16 Дар мубориза бо васвасаҳо дуо гуфтан муҳим аст, аммо мо бояд донем, ки маҳз дар кадом лаҳза дуо гуфтан лозим аст. Мисоли ҷавонеро аз Масалҳо 7: 6–23 дида мебароем. Ин ҷавон дар ними шаб ба кӯчае меравад, ки он ҷо зани фоҳиша зиндагӣ карданашро вай медонист. Ӯ бо суханони боваркунанда ва нармзабонии фоҳиша гумроҳ карда шуд ва мисли барзагове, ки барои куштан бурда мешавад, аз ақиби вай меравад. Чаро ин ҷавон ба он кӯча рафт? Аз сабаби «беақл», яъне «соддадил» буданаш, эҳтимол хоҳишҳои нодуруст ӯро сахт ба ташвиш меоварданд (Мас. 7:7). Дар кадом лаҳза дуо гуфтан барои ӯ манфиати бештар меовард? Албатта дар вақти бо ин васваса мубориза бурдан, барояш дар ҳар маврид дуо гуфтан муҳим буд. Аммо маҳз ҳамон вақт барои дуо гуфтан мавриди аз ҳама мувофиқ мебуд, вақте ки дар дилаш якум бор хоҳиши ба ин кӯча рафтан пайдо шуд.
17 Имрӯз ягон мард шояд бо тамошои порнография сахт мубориза барад. Аммо фарз мекунем, ки ӯ ба сайтҳои интернетие медарояд, ки дар он чӣ тавре ки ба вай аллакай маълум аст, сурат ва наворҳои шаҳватбедоркунанда ҷой доранд. Оё вазъияти ӯ бо вазъияти ҷавоне, ки дар Масалҳо боби 7 оварда шудааст монанд нест? То чӣ андоза ба ин «кӯча» қадами якумро гузоштан хатарнок аст! Агар дар мо васвасаи тамошои порнография пайдо шавад, мо бояд худро ба даст гирем ва пеш аз даромадан ба сайти интернетӣ, ки хатарнок буданашро медонем, дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем.
18, 19. а) Чаро бо васвасаҳо мубориза бурдан душвор буда метавонад, аммо чӣ тавр мо бо онҳо бомуваффақият муқобилат карда метавонем? б) Шумо чӣ тавр рафтор карданиед?
18 Бо васвасаҳо мубориза бурдан ё одатҳои бадро аз худ дур кардан осон нест. Павлуси ҳавворӣ мегӯяд: «Ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ – хилофи ҷисмро». Барои ҳамин ӯ илова кард: «Шумо он чи мехостед, намекунед» (Ғал. 5:17). Ҳангоми бо чунин душвориҳо дучор шудан, мо бояд ҳамон вақт аз таҳти дил дуо гӯем, ки дар диламон якум бор васвасаҳо ё хоҳишҳои нодуруст пайдо мешаванд ва сипас мувофиқи дуоҳоямон амал кунем. «Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест», барои ҳамин бо кӯмаки Яҳува мо ба Ӯ содиқ монда метавонем (1 Қӯр. 10:13).
19 Дуо атои бебаҳои Яҳува аст, ки он ба мо ҳангоми дучор шудан бо вазъиятҳои душвор, қабул кардани қарорҳои муҳим ва мубориза бурдан бо васвасаҳо кӯмак карда метавонад. Ба воситаи дуо мо нишон медиҳем ки ба Яҳува такя мекунем. Мо ҳамчунин бояд аз Худо пурсидани рӯҳулқудсро давом диҳем, то ки он моро роҳнамоӣ кунад ва қувват бахшад (Луқ. 11:9–13). Пас, биёед на ба хиради худ, балки ба Яҳува таваккал кунем.
[Эзоҳ]
a Номҳо иваз шудаанд.
Оё шумо дар хотир доред?
• Шумо оиди ба Яҳува такя кардан аз Ҳизқиё, Ҳанно ва Юнус чӣ дарс гирифтед?
• Чӣ тавр намунаи Довуд ва Еҳушаъ нишон медиҳад, ки ҳангоми қабули қарорҳо ба мо ҳушёр будан лозим аст?
• Хусусан дар кадом вақт мо бояд оиди васвасаҳо дуо гӯем?
[Tасвир дар саҳифаи 9]
Ҳангоми бо васвасаҳо мубориза бурдан лаҳзаи аз ҳама мувофиқ барои дуо гуфтан кадом аст?