Ба одамон барои «аз хоб бедор» шудан кӯмак кунед
«Шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст» (РУМ. 13:11).
ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?
Чаро ба масеҳиён муҳим аст, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедор монанд?
Чаро воизони ҳушёру бедор бояд дар хизмат дигаронро гӯш кунанд ва мушоҳидакор бошанд?
Меҳрубонӣ ва мулоимӣ дар хизмати мо чӣ нақш мебозанд?
1, 2. Ба кадом маъно бисёриҳо бояд бедор шаванд?
ҲАР СОЛ ҳазорҳо одамон мемиранд, зеро онҳо дар ҳолати хоболудӣ мошин меронанд ё ҳатто дар сари рул хобашон мебарад. Дигарон бошанд, аз кор хориҷ мешаванд, зеро онҳо саривақт аз хоб хеста ба кор намераванд ё ин ки дар ҷои кор хоб мекунанд. Лекин хоболудии рӯҳонӣ оқибатҳои боз ҳам ҷиддӣ дошта метавонад. Дар мавриди ин чизи муҳим Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хушо касе ки ҳушёр аст» (Ваҳй 16:14–16).
2 Дар сурате ки рӯзи бузурги Яҳува наздик шуда истодааст, инсоният дар кулли худ аз ҷиҳати рӯҳонӣ хоб аст. Ҳатто баъзе сарварони динӣ иқрор мешаванд, ки майнаи имондорон сахт дар хоб аст. Хоби рӯҳонӣ чист? Чаро ба масеҳиёни ҳақиқӣ ҳушёру бедор будан муҳим аст? Чӣ тавр мо ба дигарон кӯмак карда метавонем, ки аз чунин хоб бедор шаванд?
ХОБИ РӮҲОНӢ ЧИСТ?
3. Шумо шахси аз ҷиҳати рӯҳонӣ хоббударо чӣ гуна тасвир мекардед?
3 Одатан вақте ки одамон дар хобанд, онҳо ғайрифаъол мебошанд. Баръакси ин, касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ хобанд, хеле серкор буда метавонанд, лекин на аз ҷиҳати рӯҳонӣ. Онҳо шояд бо ташвишҳои ҳаррӯза аз ҳад банд ҳастанд ё аз паи ба даст овардани ҳузуру ҳаловат, обрӯву эътибор ё боигарӣ мебошанд. Бо ин ҳама серкориашон онҳо ба ниёзҳои рӯҳонии худ кам аҳамият медиҳанд. Лекин, шахсони рӯҳан бедор дарк мекунанд, ки «дар рӯзҳои охир» зиндагӣ доранд, аз ин рӯ онҳо иродаи Худоро аз рӯи имкон фаъолона иҷро мекунанд (2 Пет. 3:3, 4; Луқ. 21:34–36).
4. Вақте Павлус гуфт, ки «набояд мисли дигарон дар хоб бошем», ӯ чиро дар назар дошт?
4 (1 Таслӯникиён 5:4–8-ро бихонед.) Ин ҷо Павлуси ҳавворӣ ҳамимононашро даъват карда мегӯяд: «Набояд мисли дигарон дар хоб бошем». Ӯ чиро дар назар дошт? Як роҳе, ки мо мисли дигарон «дар хоб» буда метавонем — ин рад кардани меъёрҳои ахлоқии Яҳува аст. Ҳамчунин мо ба он маъно «дар хоб» буда метавонем, агар наздик будани вақтеро, ки Яҳува ҷаҳони шарирро нест мекунад, рад кунем. Мо набояд гузорем, ки чунин шахсони аз Худо бегона бо тарзи рафтор ва рӯҳияашон ба мо таъсир кунанд.
5. Онҳое, ки дар хоби рӯҳонӣ мебошанд, чӣ гуна фикру ақида доранд?
5 Баъзеҳо гумон доранд, ки Худое, ки аз онҳо ҳисобот мепурсад, вуҷуд надорад (Заб. 52:2). Ба ақидаи дигарон Худо нисбати мо, одамон, бепарво аст ва аз ин рӯ дар бораи Ӯ фикр кардан маъное надорад. Баъзеи дигар фикр мекунанд, ки ба ягон калисо тааллуқ доштан онҳоро дӯсти Худо мегардонад. Ҳамаи ин одамон аз ҷиҳати рӯҳонӣ дар хобанд. Онҳоро бедор кардан лозим аст. Чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем?
МО БОЯД ХУДАМОН БЕДОР МОНЕМ
6. Чаро масеҳиён бояд барои рӯҳан бедор мондан кӯшиш кунанд?
6 Барои дигаронро бедор кардан, мо бояд худамон бедор бошем. Ин чиро дар бар мегирад? Каломи Худо хоби рамзиро ба «аъмоли зулмот» — айшу ишрат, мастигарӣ, шаҳватпарастӣ, фисқу фуҷур, низоъ ва ҳасад монанд мекунад. (Румиён 13:11–14-ро бихонед.) Аз чунин рафтор канорагирӣ кардан душвор буда метавонад. Ҳушёр будан хеле муҳим аст. Ронандае, ки дар ҳолати хоболудӣ мошин ронданро хатарнок намеҳисобад, шояд ҳаёташро зери хатар гузорад. То чӣ андоза муҳим аст, ки масеҳиён аз хоболудии рӯҳонӣ, ки марговар аст, эҳтиёт бошанд!
7. Чӣ рӯй дода метавонад агар мо оиди одамони маҳалламон ақидаи нодуруст дошта бошем?
7 Як ақидае, ки моро дар хизмат бепарво карда метавонад, ин фикри он аст, ки ҳамаи одамони маҳалламон доим хушхабарро рад мекунанд (Мас. 6:10, 11). Мо шояд чунин гӯем: «Агар касе хушхабарро қабул накунад, пас чӣ лозим аст, ки қуввату кӯшишамонро сарф карда дили одамонро ба даст орем ва ба онҳо кӯмак кунем?» Умуман, бисёриҳо шояд ҳоло аз ҷиҳати рӯҳонӣ хоб бошанд, лекин вазъият ва рӯҳияи онҳо дигар шуда метавонад. Баъзеҳо бедор мешаванд ва хушхабарро қабул мекунанд. Ва мо танҳо дар он сурат ба онҳо кӯмак карда метавонем, агар худамон бедор монем. Чӣ тавр? Масалан, бо он ки барои ба таври ҷолиб пешниҳод кардани хабари Салтанат тарзҳои навро истифода барем. Бедор мондан онро дар бар мегирад, ки мо сабаби муҳим будани хизматамонро ба худ хотиррасон мекунем.
ЧӢ ХИЗМАТИ МОРО МУҲИМ МЕГАРДОНАД?
8. Чаро хизмати масеҳии мо ҳаётан муҳим аст?
8 Бояд дар хотир дошт, ки новобаста аз муносибати одамон, кори мавъизаи мо Яҳуваро ҷалол медиҳад ва дар иҷрошавии нияти Ӯ нақш мебозад. Ба қарибӣ касоне, ки ба хушхабар итоат намекунанд, ҳукм хоҳанд шуд. Тарзи муносибати одамон ба мавъизаи мо асос барои доварӣ хоҳад буд (2 Тас. 1:8, 9). Беш аз ин, чунин фикр кардан хато мебуд, ки аз сабаби он ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст», бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кардан муҳим нест (Аъм. 24:15). Мо аз Каломи Худо медонем, ки касоне, ки чун «бузон» ҳукм мешаванд, ба «азоби [«нестии», ТДН] ҷовидонӣ» хоҳанд рафт. Кори мавъизаи мо нишонаи раҳмдилии Худо аст ва он ба одамон имконият медиҳад, ки ислоҳ шаванд ва «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро соҳиб гарданд (Мат. 25:32, 41, 46; Рум. 10:13–15). Агар мо мавъиза накунем, пас чӣ тавр одамон хабареро, ки ҳаёташонро наҷот дода метавонад, шунаванд?
9. Чӣ тавр мавъизаи хушхабар ҳам барои шумо ва ҳам барои дигарон манфиатбахш буда метавонад?
9 Мавъизаи хушхабар ҳамчунин барои худи мо манфиатбахш аст. (1 Тимотиюс 4:16–ро бихонед.) Оё дар бораи Яҳува ва умеди Салтанат гап задан имон ва муҳаббати шуморо ба Худо қавитар намегардонад? Оё он ба шумо дар инкишоф додани хислатҳои масеҳӣ кӯмак намекунад? Оё шумо аз он ки дар хизмат иштирок карда ба Худо садоқатмандиатонро нишон медиҳед, хурсандӣ намегиред? Бисёри онҳое, ки ҳақиқатро ба дигарон таълим медиҳанд, аз дидани он ки бо кӯмаки рӯҳулқудси Худо ҳаёти чунин шахсон дигаргун мегардад, хурсандӣ мегиранд.
МУШОҲИДАКОР БОШЕД
10, 11. а) Чӣ тавр Исо ва Павлус худро ҳушёр ва мушоҳидакор нишон доданд? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр ҳушёр ва мушоҳидакор будан хизмататонро беҳтар карда метавонад.
10 Шавқу рағбати шахсро ба хушхабар бо роҳҳои гуногун бедор кардан мумкин аст. Барои ин, масеҳӣ бояд мушоҳидакор бошад. Исо дар ин ба мо намуна гузоштааст. Чун шахси комил ӯ метавонист норозигии баённакардаи фарисиён, тавбаи самимии зани гунаҳкор ва рӯҳияи фидокоронаи бевазанеро пай барад (Луқ. 7:37–50; 21:1–4). Исо ниёзи рӯҳонии ҳар як шахсро қонеъ карда метавонист. Мо низ новобаста аз нокомилиамон, ниёзҳои одамонро пай бурда метавонем, агар мушоҳидакор бошем. Намунаи Павлуси ҳавворӣ инро нишон медиҳад. Ӯ пешниҳодоташро ба одамони гуногун мувофиқ мегардонд (Аъм. 17:22, 23, 34; 1 Қӯр. 9:19–23).
11 Агар мо кӯшиш намоем, ки мисли Исо ва Павлус ҳушёр ва мушоҳидакор бошем, он гоҳ мо мебинем, ки чӣ тавр бо роҳи беҳтарин шавқи одамонро бедор кунем. Масалан, вақте ки шумо ба одамон наздик мешавед, шумо аломатеро меҷӯед, ки он аз маданият, шавқу рағбат ё вазъи оилавии онҳо дарак медиҳад. Эҳтимол шумо пай баред, ки дар он лаҳза онҳо бо чӣ кор машғуланд ва боадабона аз ин мавзӯъ сӯҳбатро сар кунед.
12. Ҳангоми дар хизмат будан чаро мо бояд дар мавриди сӯҳбатамон эҳтиёткор бошем?
12 Шахси ҳушёру мушоҳидакор намегузорад, ки чизе диққати ӯро парешон кунад. Ҳангоми хизмат сӯҳбат бо ҳамроҳамон метавонад рӯҳбаландкунанда бошад. Бо вуҷуди ин, мо дар хотир доштан мехоҳем, ки мақсади дар хизмат иштирок карданамон — ин ба дигарон мавъиза кардан аст (Воиз 3:1, 7). Пас, мо бояд эҳтиёт шавем, ки сӯҳбатҳои мо ҳангоми аз назди як дар то дари дигар рафтан ба хизматамон халал нарасонад. Муҳокима кардани фикрҳое, ки ба шахсони шавқманд гуфтан мехостем, барои дар хотир нигоҳ доштани мақсади хизматамон имконияти хуб аст. Ғайр аз ин, ҳарчанд телефони мобилӣ баъзан ба мо барои дар хизмат самаранок будан ёрӣ мерасонад, мо бояд чораҳо андешем, то занги телефон сӯҳбати моро бо соҳибхона набурад.
ТАВАҶҶӮҲИ ШАХСӢ ЗОҲИР НАМОЕД
13, 14. а) Чӣ тавр мо фаҳмида метавонем, ки шахс ба чӣ шавқ дорад? б) Барои ба чизҳои рӯҳонӣ бедор кардани шавқи шахс чӣ кор кардан мумкин аст?
13 Воизоне, ки бедору ҳушёранд, бодиққатона одамонро гӯш мекунанд. Шумо барои фаҳмидани фикру ҳиссиёти касе, ки дар маҳаллатон зиндагӣ мекунад, чӣ гуна саволҳоро дода метавонед? Оё ӯро шумораи зиёди динҳо, зӯроварии гирду атроф ё ноӯҳдабароии ҳокимиятҳо ба ташвиш меоранд? Оё шумо метавонед ба вай дар бораи сохти аҷоиби мавҷудоти зинда ё оиди амалӣ будани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас нақл карда бо ин шавқу рағбати ӯро ба чизҳои рӯҳонӣ бедор кунед? Мавзӯи дуо ба одамони қариб ҳама маданиятҳо, ҳатто ба баъзе атеистон шавқовар аст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки оё касе ҳаст, ки дуоҳоро мешунавад. Дигаронро шояд саволи зерин ба ташвиш орад: «Оё Худо ҳамаи дуоҳоро мешунавад? Агар не, мо бояд чӣ кор кунем, то Худо дуоямонро гӯш кунад?»
14 Шояд мо бисёр чизро дар бораи санъати сар кардани сӯҳбат аз воизони ботаҷриба омӯхта метавонем. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр онҳо аз пурсуковкунӣ ва кунҷкобӣ худдорӣ мекунанд. Вақте ки онҳо ба нуқтаи назари соҳибхона таваҷҷӯҳи худро зоҳир мекунанд, ба оҳанги овоз ва чеҳраи онҳо аҳамият диҳед (Мас. 15:13).
МЕҲРУБОНӢ ВА МАҲОРАТ
15. Чаро ҳангоми хизмат мо бояд меҳрубон бошем?
15 Оё ба шумо аз хоби сахт бедор шудан маъқул аст? Ба бисёриҳо сахт мерасад вақте ки онҳоро ба таври ногаҳонӣ бедор карданӣ мешаванд. Одатан, оҳиста ва меҳрубонона бедор кардан беҳтар аст. Ин чиз дар мавриди аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедор кардан низ ҳақ аст. Масалан, дар хизмат агар касе аз ташрифи шумо ба ғазаб ояд, одатан чӣ тавр рафтор кардан хуб мебуд? Бо меҳрубонӣ эҳсосоти ӯро ба назар гирифта барои рӯирост баён кардани фикраш миннатдорӣ баён кунед ва оромона аз он ҷо равед (Мас. 15:1; 17:14; 2 Тим. 2:24). Меҳрубонии шумо метавонад чунин шахсро барангезад, ки ҳангоми ташрифи навбатии Шоҳидон нисбатан хуб муносибат кунад.
16, 17. Чӣ тавр мо дар хизмат мулоҳизакор буда метавонем?
16 Баъзан сӯҳбатро давом додан мумкин аст ҳатто агар шахс гӯяд, ки ин ба ӯ шавқовар нест ё дини вай дигар аст. Баъзеҳо шояд танҳо бо мақсади тез тамом кардани сӯҳбат чунин гӯянд: «Не, раҳмат. Ман эътиқоди худро дорам», ё «Ман ба ин шавқ надорам». Ба ҳар ҳол, агар шумо моҳирона кӯшишатонро давом диҳед ва меҳрубон бошед, шумо шояд бо саволи ҷолибе шавқи соҳибхонаро ба чизҳои рӯҳонӣ бедор карда тавонед. (Қӯлассиён 4:6–ро бихонед.)
17 Баъзан мо бо одамоне вомехӯрем, ки худро хеле банд меҳисобанду барои моро гӯш кардан вақт надоранд. Дар чунин ҳолатҳо хуб мебуд, ки вазъияти онҳоро фаҳмида аз наздашон равем. Лекин, дар баъзе мавридҳо шояд шумо мебинед, ки ба таври кӯтоҳ дар бораи ягон чизи шавқовар гап зада метавонед. Баъзе бародарон дар давоми қариб як дақиқа метавонанд Китоби Муқаддасро кушоянд, оятеро хонанд ва ба соҳибхона саволи кушоде гузоранд. Пешниҳодоти кӯтоҳи онҳо баъзан шавқи соҳибхонаро чунон бедор мекунад, ки ӯ барои сӯҳбати кӯтоҳ вақти худро дареғ намедорад. Чаро мо ҳам вақте ки шароит имконият медиҳад, чунин накунем?
18. Барои он ки шаҳодати ғайрирасмии мо самараноктар гардад, мо чӣ кор карда метавонем?
18 Ҳангоми дар ҳаёти ҳаррӯза вохӯрдани одамон, мо бисёр вақт шавқи онҳоро ба хушхабар бедор карда метавонем, агар барои ғайрирасмӣ шаҳодат додан тайёрӣ бинем. Бисёре аз бародарону хоҳарон баъзе адабиётҳоро дар киса ё сумкаашон ҳамроҳи худ гирифта мегарданд. Онҳо ҳамчунин ягон ояти Китоби Муқаддасро дар хотир нигоҳ медоранд, то дар вақти пайдо шудани имконият онро ба дигарон гӯянд. Шумо метавонед аз нозири хизматӣ ё пешравони ҷамъомадатон маслиҳат пурсед, ки барои ин чӣ тавр пешакӣ тайёрӣ дидан мумкин аст.
НАЗДИКОНАМОНРО БО МУЛОИМӢ БЕДОР МЕКУНЕМ
19. Чаро мо бояд кӯшиши ба хешовандонамон кӯмак карданро бас накунем?
19 Табиист, ки мо ба хешу наздикони худ барои қабул кардани хушхабар кӯмак кардан мехоҳем (Еҳ. 2:13; Аъм. 10:24, 48; 16:31, 32). Агар кӯшишҳои аввалини мо барор нагиранд, ин ғайрати моро барои боз кӯшиш кардан суст гардонда метавонад. Мумкин мо фикр кунем, ки ягон сухан ё кори мо рӯҳияи онҳоро тағйир дода наметавонад. Ба ҳар ҳол, ягон воқеа метавонад зиндагӣ ё нуқтаи назари хешовандонатонро дигар созад. Ё шояд бо гузашти вақт шумо хубтар фаҳмондани ҳақиқатро ёд гиред ва натиҷаҳои дигарро ба даст оред.
20. Чаро ҳангоми бо хешовандон гап задан хушмуомила будан муҳим аст?
20 Мо бояд ҳиссиёти хешовандонамонро ба назар гирем (Рум. 2:4). Оё мо набояд бо онҳо меҳрубонона гап занем, ҳамон тавре ки бо одамон дар кори мавъиза гап мезанем? Мулоим бошед ва онҳоро эҳтиром кунед. Бе он ки ба гӯши онҳо «насиҳат» хонед, ба онҳо маълум созед, ки ҳақиқат ба ҳаёти шумо чӣ гуна таъсири хуб расондааст (Эфс. 4:23, 24). Бигзор онҳо бинанд, ки чӣ тавр Яҳува шуморо ба фоидаи худатон таълим дода, ҳаётатонро бою пурмазмун гардондааст (Иш. 48:17). Бигзор хешовандонатон дар мисоли шумо намунаи ҳаёти масеҳиро бинанд.
21, 22. Воқеаеро нақл кунед, ки он нишон медиҳад, ки барои ба хешовандон расонидани кӯмаки рӯҳонӣ кӯшишҳои исроркорона муҳиманд.
21 Ба наздикӣ хоҳаре навишт: «Ман доимо мекӯшидам, ки бо гуфтор ва рафторам ба 13 додару хоҳарони худ шаҳодат диҳам. Ягон соле набуд, ки ман ба ҳар яки онҳо мактуб нанависам. Вале дар давоми 30 сол, ман дар оилаамон ягона Шоҳид будам».
22 Хоҳар давом дод: «Рӯзе ман ба яке аз апаҳоям, ки садҳо километр дуртар аз ман мезист, занг задам. Вай ба ман гуфт, ки аз як рӯҳонӣ омӯзиши Китоби Муқаддасро хоҳиш намуд, лекин ӯ бо вай омӯзиш накард. Вақте ман гуфтам, ки тайёрам, ки ба вай кӯмак кунам, ӯ гуфт: “Майлаш, лекин ман ба ту чизеро гуфтаниам: ман ҳеҷ гоҳ яке аз Шоҳидони Яҳува намешавам”. Баъди он ки ба ӯ китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас»–ро фиристодам, ман ҳар ду–се рӯз ба ӯ занг мезадам. Вале ӯ то ҳол китобро накушода буд. Оқибат, ман аз вай хоҳиш кардам, ки китобашро кушояд ва мо 15 дақиқа бо телефон баъзе оятҳои овардашударо хонда муҳокима кардем. Баъди якчанд зангҳои дигар, ӯ хост, ки аз 15 дақиқа зиёдтар омӯзиш кунем. Баъд, ӯ барои омӯзиш худаш ба ман занг мезадагӣ шуд, баъзан ҳатто пеш аз он ки саҳар ман аз хоб бедор мешудам ва баъзан дар як рӯз ду маротиба. Соли дигар ӯ таъмид гирифт ва як сол пас хизмати пешравиро сар кард».
23. Чаро мо бояд барои аз хоби рӯҳонӣ бедор кардани одамон ҳамеша кӯшиш кунем?
23 Барои одамонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедор кардан маҳорат ва кӯшишҳои исроркорона дар талаб аст. Лекин то ба ҳол одамони ҳалиме ёфт мешаванд, ки кӯмаки моро қабул мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ беш аз 20 000 одамон чун Шоҳиди Яҳува таъмид мегиранд. Аз ин рӯ, биёед маслиҳатеро, ки Павлус дар асри як ба бародар Архипус дода буд, аз таҳти дил қабул кунем. Ӯ гуфт: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ» (Қӯл. 4:17). Мақолаи навбатӣ ба ҳамаи мо барои фаҳмидани он кӯмак мекунад, ки бо ҳисси таъхирнопазирӣ мавъиза кардан чӣ маъно дорад.
[Чорчӯба дар саҳифаи 6]
ЧӢ ТАВР ШУМО БЕДОР МОНДА МЕТАВОНЕД
▪ Бо иҷрои иродаи Худо банд бошед
▪ Аз корҳои зулмот канорагирӣ намоед
▪ Аз хатари хоболудии рӯҳонӣ эҳтиёт бошед
▪ Ба одамони маҳаллатон назари мусбиро нигоҳ доред
▪ Роҳҳои нави ба дигарон мавъиза карданро бисанҷед
▪ Муҳиммияти хизмататонро дар хотир доред