Ба Яҳува — Худои «вақтҳо ва замонҳо» такя кунед
«Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағйир медиҳад, подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд» (ДОН. 2:21).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чӣ тавр офаридаҳо ва пешгӯиҳои иҷрошуда нишон медиҳанд, ки Яҳува «Соҳиби вақт» аст?
Дарк кардани он ки Яҳува Худои «вақтҳо ва замонҳо» аст, моро ба чӣ бармеангезад?
Чаро вақти таъинкардаи Яҳува аз воқеаҳои ҷаҳонӣ ва нақшаҳои инсонӣ вобаста нест?
1, 2. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува чӣ будани вақтро нағз медонад?
ХЕЛЕ пеш аз офаридани одамизод Яҳува Худо дар осмон чизҳоеро офарид, ки вақтро муайян мекарданд. Дар рӯзи чоруми офариниш Худо гуфт, ки дар осмон манбаҳои рӯшноӣ бошанд, «то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд» ва чун аломати «замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо» хизмат кунанд (Ҳас. 1:14, 19, 26). Ва мувофиқи хости Яҳува албатта ҳамин тавр шуд.
2 Лекин олимон то ҳол оиди мавзӯи вақт баҳс мекунанд. «Вақт яке аз асрорҳои бузургтарини дунёст — гуфта мешавад дар як энсиклопедия.— Ҳеҷ кас аниқ гуфта наметавонад, ки он чист». Вале Яҳува чӣ будани вақтро нағз медонад. Охир, Ӯ «афлокро офаридааст... Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст ва сохтааст». Яҳува ҳамчунин «оқибатро аз ибтидо, он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим» баён менамояд (Иш. 45:18; 46:10). Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр офаридаҳои Яҳува ва пешгӯиҳои иҷрошуда нишон медиҳанд, ки Ӯ Соҳиби вақт аст, яъне ҳамеша нияти худро дар вақти муқарраркардааш амалӣ месозад. Бешубҳа, ин имони моро нисбати Яҳува ва Каломи Ӯ мустаҳкам мегардонад.
МУШОҲИДАИ ОФАРИДАҲОИ ЯҲУВА ИМОНИ МОРО МУСТАҲКАМ МЕКУНАД
3. Мисолҳо оред, ки чӣ тавр дар табиати ғайризинда аниқ риоя кардани вақт дида мешавад.
3 Дар табиати ғайризинда ҳам чизҳои майдатарин ва ҳам чизҳои хеле бузург ба таври дақиқ аз рӯи вақт ҳаракат мекунанд. Масалан, атомҳоa бо як суръати муайян ва бетағйир ҳаракат мекунанд. Соатҳои махсусе ҳастанд, ки аз рӯи ҳаракати дақиқи атомҳо кор мекунанд. Онҳо то он андоза вақтро аниқ нишон медиҳанд, ки дар давоми 80 миллион сол ҳам як сония ақиб намемонанд. Ҳаракати сайёраҳову ситораҳо низ хеле дақиқ аст. Бинобар ин, аз рӯи онҳо одамон метавонистанд вақти фаро расидани фаслҳои солро муайян созанд ва ҳангоми саёҳат самти дурусти роҳро ёбанд. Яҳува, ки созандаи чунин «соатҳои» боваринок аст, барои «тавоноии қудрат»–аш дар ҳақиқат сазовори ҳамду санои мо мебошад. (Ишаъё 40:26–ро бихонед.)
4. Дар олами зинда аниқ риоя шудани вақт чӣ тавр хиради Худоро нишон медиҳад?
4 Дар олами зинда низ аниқ риоя кардани вақт дида мешавад. Растаниҳову ҳайвоноти зиёд дар даруни худ гӯё соате доранд, ки аз рӯи он амал мекунанд. Масалан, бисёр паррандаҳо аз рӯи инстинкт медонанд, ки кай бояд ба дигар ҷой парвоз кунанд (Ирм. 8:7). Одамон ҳам гӯё соати дарунӣ доранд. Одатан организми мо ҳис мекунад, ки кай шаб асту кай рӯз. Агар мо бо ҳавопаймо ба гӯшаи дигари дунё, ки вақти он ҷо аз вақти мо фарқи калон дорад, сафар кунем, ба организми мо якчанд рӯз даркор аст, ки ба вақти нав одат кунад. Ҳақиқатан ҳам, бисёр мисолҳо аз офаридаҳои Яҳува нишон медиҳанд, ки Ӯ Худои «вақтҳо ва замонҳо» аст. (Забур 103:24–ро бихонед.) Ва азбаски Яҳува соҳиби хирад ва қуввати беохир аст, мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаҳояш қодир аст!
ПЕШГӮИҲОИ ДАР ВАҚТАШ ИҶРОШУДА ИМОНИ МОРО МУСТАҲКАМ МЕКУНАНД
5. а) Танҳо бо кадом роҳ мо дар бораи ояндаи инсоният фаҳмида метавонем? б) Чаро Яҳува метавонад, ки ба мо чӣ ва кай рӯй доданашро ошкор кунад?
5 Офаридаҳо ба мо дар бораи хусусиятҳои нонамоёни Яҳува бисёр чизро ошкор мекунанд, вале онҳо ба саволҳои муҳим, ба монанди «Ояндаи инсоният чӣ гуна аст?» ҷавоб дода наметавонанд (Рум. 1:20). Барои ба чунин саволҳо ҷавоб ёфтан, мо бояд ба он чизе, ки Худо дар саҳифаҳои Каломи худ, Китоби Муқаддас ошкор мекунад, рӯ орем. Вақте ки мо онро таҳқиқ мекунем, мо бисёр пешгӯиҳоро меёбем, ки ҳамеша аниқ дар вақти таъиншуда иҷро шудаанд! Яҳува метавонад ба мо дар бораи он чизҳое, ки ҳоло рӯй надодаанд гӯяд, чунки Ӯ қодир аст ояндаро пешакӣ бинад. Беш аз ин, он чи ки Навиштаҳо пешгӯӣ карда буданд, дар вақташ иҷро шуданд, зеро Яҳува Худо метавонад ба воқеаҳо тавре роҳбарӣ кунад, ки онҳо мувофиқи иродааш ва вақти таъинкардааш ба амал оянд.
6. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува мехоҳад, ки мо пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро фаҳмем?
6 Яҳува мехоҳад, ки хизматгоронаш пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро фаҳманд ва аз онҳо барои худ манфиат гиранд. Ҳарчанд фаҳмиши Худо оиди вақт аз фаҳмиши мо фарқ мекунад, ҳангоми пешгӯӣ кардани вақти ягон воқеа Ӯ аз калимаҳое, ки мо мефаҳмем истифода мебарад. (Забур 89:4–ро бихонед.) Масалан, дар китоби Ваҳй дар бораи «чор фаришта»–е, ки «барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли муайян тайёр шуда буданд», гуфта шудааст (Ваҳй 9:14, 15). Ин ҷо ҳамаи калимаҳое, ки вақтро нишон медиҳанд, осонфаҳманд. Дидани он ки чӣ тавр пешгӯиҳо дар вақти гуфташуда иҷро шуданд, бояд имони моро ба Худои «вақтҳо ва замонҳо» ва ҳамчунин Каломи Ӯ мустаҳкам кунад. Биёед ҳоло чанд мисолро дида бароем.
7. Чӣ тавр иҷро шудани пешгӯии Ирмиё оиди Ерусалим ва яҳудиён нишон медиҳад, ки Яҳува Худои «вақтҳо ва замонҳо» аст?
7 Дар аввал, биёед ба замони қадим, ба асри ҳафтуми то эраи мо баргардем. «Дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо» Яҳува ба «Ирмиё дар бораи тамоми қавми Яҳудо» сухан ронд (Ирм. 25:1). Яҳува пешгӯӣ кард, ки бобилиён Ерусалимро забт мекунанд ва яҳудиёнро ба асирӣ мебаранд. Он ҷо онҳо бояд «ҳафтод сол ба подшоҳи Бобил» хизмат мекарданд. Соли 607 то эраи мо лашкари бобилиён дар ҳақиқат Ерусалимро нобуд карданд ва яҳудиён ба Бобил бурда шуданд. Вале баъди 70 сол бояд чӣ рӯй медод? Аз китоби Ирмиё мо мехонем: «Худованд чунин мегӯяд: вақте ки ба Бобил ҳафтод сол пур шавад, Ман шуморо тафаққуд хоҳам кард, ва каломи неки Худро дар ҳаққи шумо ба амал хоҳам овард, то ки шуморо ба ин макон баргардонам» (Ирм. 25:11, 12; 29:10). Ин пешгӯӣ аниқ дар вақти гуфташуда — соли 537 то эраи мо иҷро шуд. Дар он вақт подшоҳи давлати Модай ва Форс яҳудиёнро аз Бобил озод кард.
8, 9. Чӣ тавр пешгӯиҳои Дониёл оиди омадани Масеҳ ва барпо шудани Салтанати осмонӣ нишон медиҳанд, ки Яҳува Худои «вақтҳо ва замонҳо» аст?
8 Пешгӯии дигареро, ки ба халқи қадими Худо дахл дошт, дида мебароем. Тахминан ду сол пеш аз он ки яҳудиён Бобилро тарк кунанд, Худо ба воситаи Дониёл–пайғамбар вақти зоҳир шудани Масеҳро пешгӯӣ кард. Дар он пешгӯӣ гуфта мешуд, ки ин баъди 483 соли баромадани фармон оиди аз нав сохтани Ерусалим рӯй медиҳад. Шоҳи давлати Модай ва Форс он фармонро соли 455 то эраи мо баровард. Айнан баъди 483 сол — соли 29 эраи мо Исои Носирӣ вақти таъмид гирифтанаш бо рӯҳулқудс тадҳин шуд ва ҳамин тавр Масеҳ гаштb (Наҳ. 2:1, 5–8; Дон. 9:24, 25; Луқ. 3:1, 2, 21, 22).
9 Акнун мебинем, ки дар Навиштаҳо оиди Салтанат чӣ пешгӯӣ шуда буд. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Масеҳ бояд соли 1914 дар осмон Подшоҳ мешуд. Масалан, Китоби Муқаддас «аломати» ҳузур доштани Исоро бо он вақт алоқаманд кардааст, ки Шайтон аз осмон ронда мешаваду дар натиҷа дар замин ғаму душвориҳо зиёд мегарданд (Мат. 24:3–14; Ваҳй 12:9, 12). Беш аз ин, пешгӯиҳои дигари Китоби Муқаддас мефаҳмонанд, ки кай бояд «даврони ғайрияҳудиён» ба анҷом мерасид ва Салтанати осмонӣ ҳукмрониро сар мекард. Ин соли 1914 рӯй дод (Луқ. 21:24; Дон. 4:10–17)c.
10. Кадом воқеаҳо айнан дар вақти муайяншуда рӯй хоҳанд дод?
10 «Мусибати бузурге», ки Исо пешгӯӣ карда буд, дар пеш аст. Баъди он, Подшоҳии ҳазорсолаи Масеҳ меояд. Шубҳае нест, ки ин воқеаҳо аниқ дар вақти муайянкардаи Яҳува рӯй хоҳанд дод. Вақте ки Исо дар замин буд, Яҳува аллакай «рӯз ва соат»–и ба амал омадани ин корҳоро таъин карда буд (Мат. 24:21, 36; Ваҳй 20:6).
«ФУРСАТРО ҒАНИМАТ ДОНЕД»
11. Донистани он ки мо дар айёми охир зиндагӣ мекунем, ба мо бояд чӣ гуна таъсир кунад?
11 Мо дарк мекунем, ки Масеҳ подшоҳиро дар осмон сар кардааст ва мо ҳоло дар «замони охир» зиндагӣ мекунем. Ин ба мо бояд чӣ тавр таъсир расонад? (Дон. 12:4). Бисёриҳо бо чашмони худ мебинанд, ки вазъияти ҷаҳонӣ торафт бадтар шуда истодааст, вале онҳо эътироф намекунанд, ки бо ин пешгӯиҳои Китоби Муқаддас оиди охирзамон иҷро шуда истодаанд. Баъзеи онҳо фикр мекунанд, ки рафта–рафта ҳолати ин дунё чунон бад хоҳад шуд, ки зиндагӣ дар рӯи замин имконнопазир мегардад. Баъзеи дигарашон боварӣ доранд, ки бо кӯшишҳои инсонӣ «осоиштагӣ ва амният» ба даст хоҳад омад (1 Тас. 5:3). Вале дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо боварӣ дорем, ки анҷоми ин тартибот хеле наздик аст? Агар ҳа, мо вақти боқимондаро барои хизмати Яҳува сарф хоҳем кард ва ба дигарон барои шинохтани Ӯ кӯмак хоҳем намуд (2 Тим. 3:1). Мо бояд «фурсатро ғанимат» донем, яъне вақтамонро оқилона истифода барем. (Эфсӯсиён 5:15–17-ро бихонед.)
12. Мо аз суханони Исо оиди рӯзҳои Нӯҳ чиро меомӯзем?
12 Азбаски бисёр чизҳои ин ҷаҳон ҳуши моро мегирад, вақтро аз рӯи хирад истифода бурдан барои мо осон нест. Исо огоҳ намуд: «Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд». Рӯзҳои Нӯҳ чӣ гуна буданд? Дар бораи ҷаҳони онвақта пешгӯӣ шуда буд, ки он ба охир мерасад. Одамони шарир бояд дар обҳои тӯфон нобуд мешуданд. Нӯҳ чун «воизи адолат» содиқона хабарҳои Худоро ба одамони замонаш эълон мекард (Мат. 24:37; 2 Пет. 2:5). Лекин онҳо «мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард» (Мат. 24:38, 39, 44). Аз ин рӯ, Исо пайравонашро огоҳ намуд: «Тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (Мат. 24:38, 39, 44). Мо бояд ба Нӯҳ монанд бошем, на ин ки ба одамони замони ӯ. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки тайёр бошем?
13, 14. Дар бораи Яҳува чиро мо бояд дар хотир дорем ва ин чӣ тавр ба мо ёрдам мекунад, ки то омадани Писари Одам ба Худо содиқона хизмат кунем?
13 Ҳарчанд Писари Одам дар он вақте меояд, ки мо интизор нестем, мо бояд дар хотир дорем, ки Яҳува ҳамеша нияташро дар вақти муайянкардааш иҷро мекунад. Вақти таъинкардаи Ӯ аз воқеаҳои ҷаҳон ё нақшаҳои одамон вобаста нест. Ӯ вақт ва рӯй додани воқеаҳоро назорат мекунад, то иродаашро иҷро намояд. (Дониёл 2:21–ро бихонед.) Дар Масалҳо 21:1 гуфта шудааст: «Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад».
14 Барои дар вақташ иҷро кардани нияташ Яҳува метавонад ба воқеаҳо таъсир расонад. Дар натиҷаи бисёр дигаргуниҳои муҳими ҷаҳонӣ пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд, хусусан пешгӯӣ оиди дар тамоми замин мавъиза шудани хушхабари Салтанати Худо. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ чӣ рӯй дод. Аксарияти одамон фикр намекарданд, ки чунин тағйироти ғайримуқаррарии сиёсӣ чунин тез ба амал меояд. Вале дар натиҷаи чунин дигаргуниҳо, ҳоло хушхабар дар бисёр давлатҳое, ки пеш фаъолияти мо дар онҳо манъ буд, мавъиза шуда истодааст. Барои ҳамин, биёед фурсатро ғанимат дониста, ба Яҳува, Худои «вақтҳо ва замонҳо» хизмат кунем.
БОВАРӢ ДОШТА БОШЕД, КИ ЯҲУВА ДЕР НАМЕКУНАД
15. Вақте ки дар ташкилоти Яҳува дигаргуниҳо ҷорӣ мешаванд, мо имони худро чӣ тавр зоҳир карда метавонем?
15 Барои он ки мавъиза карданро дар ин рӯзҳои охир давом диҳем, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Яҳува нияташро аниқ дар вақташ иҷро мекунад. Азбаски вазъияти ҷаҳонӣ дигар шуда истодааст, шояд дар тарзи мавъизакунии мо баъзе навигариҳо дароварда шаванд. Ташкилоти мо вақт аз вақт чунин дигаргуниҳоро ҷорӣ мекунад, то ба мо барои самараноктар мавъиза кардани хушхабар ёрдам диҳад. Вақте ки мо чунин дигаргуниҳоро пурра ба кор мебарем ва зери роҳбарии сарвари ҷамъомад, Исои Масеҳ содиқона хизмат мекунем, мо ба Худои «вақтҳо ва замонҳо» имон зоҳир мекунем (Эфс. 5:23).
16. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува «мадади саридарвақт»-ро ба мо мерасонад?
16 Яҳува мехоҳад, ки мо дар кадом вақте ки набошад, ба Ӯ озодона дуо гӯем ва итминони комил дошта бошем, ки Ӯ «мадади саридарвақт»-ро мерасонад (Ибр. 4:16). Ин нишон медиҳад, ки Ӯ то чӣ андоза ба ҳар яки мо ғамхор ва меҳрубон аст (Мат. 6:8; 10:29–31). Мо имонамонро ба Яҳува Худо бо он нишон медиҳем, ки агар мунтазам дуо гуфта аз Ӯ мадад пурсем ва баъд мувофиқи дуоҳои худ ва роҳнамоии Ӯ амал кунем. Ҳамчунин, мо дар ҳаққи бародарону хоҳарон дуо гуфтанро фаромӯш намесозем.
17, 18. а) Ба қарибӣ Яҳува бо душманонаш чӣ кор хоҳад кард? б) Мо бояд аз чӣ эҳтиёт бошем?
17 Ҳоло вақти он нест, ки мо ба «беимонӣ» ва «шубҳа» дода шавем, балки вақти он аст, ки «дар имон устувор» гардем (Рум. 4:20). Душманони Худо — Шайтон ва онҳое, ки зери таъсири вай мебошанд — аз паи онанд, ки моро аз коре, ки Исо ба пайравонаш, аз он ҷумла ба мо дода буд, боздоранд (Мат. 28:19, 20). Қатъи назар аз ҳамлаҳои Шайтон, мо медонем, ки Яҳува чун «Худои Ҳай [зинда]... Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст». Ӯ медонад, ки «чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (1 Тим. 4:10; 2 Пет. 2:9).
18 Ба қарибӣ, Яҳува ин тартиботи шарирро нест хоҳад кард. Ҳарчанд мо аниқ намедонем, ки ин чӣ тавр ва кай рӯй медиҳад, мо медонем, ки Масеҳ аниқ дар вақти таъиншуда душманони Худоро сарнагун хоҳад кард. Он вақт ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот мегардад. Пас, чӣ хатое мебуд фаромӯш кардани аҳамияти «замонҳо ва мӯҳлатҳо»–е, ки мо ҳоло зиндагӣ дорем! Мо набояд ҳеҷ гоҳ ба чунин фикр дода шавем, ки «ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст» (1 Тас. 5:1; 2 Пет. 3:3, 4).
«БА ХУДОИ НАҶОТИ ХУД ТАВАККАЛ» КУНЕД
19, 20. Чаро мо бояд ба Яҳува таваккал кунем?
19 Вақте ки Яҳува инсониятро офарид, Ӯ мехост, ки онҳо абадӣ зиндагӣ кунанду дар бораи Ӯ ва офаридаҳои зебои Ӯ пайваста дониш гиранд. Дар Воиз 3:11 гуфта мешавад: «Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарёбанд».
20 Чӣ қадар мо хурсанд буда метавонем, ки Яҳува нияти нисбати одамон доштаашро ҳеҷ гоҳ дигар намекунад (Мал. 3:6). «Дар Ӯ тағйироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест» (Яъқ. 1:17). Вақт ба Яҳува таъсир намекунад. Ӯ «Подшоҳи ҷовид» аст (1 Тим. 1:17). Аз ин рӯ, биёед аз Худованд интизорӣ кашем ва «ба Худои наҷоти худ таваккал» кунем (Мик. 7:7). Охир, Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад: «Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд, эй ҳамаи умедворони Худованд!» (Заб. 30:25).
[Эзоҳҳо]
a Атомҳо зарраҳои хеле хурданд, ки тамоми чизҳои дар олам буда аз онҳо иборатанд. Агар атомҳоро дар як қатор ба тартиб мегузоштем, ҳамагӣ дар 1 см 100 миллион атом ҷойгир мешуд.
b Ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ба замимаи саҳифаи 197–199 нигаред.
c Ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ба замимаи саҳифаи 215–218 нигаред.
[Тасвир дар саҳифаи 15]
Дониёл ба иҷрошавии пешгӯиҳои Худо имон дошт
[Тасвир дар саҳифаи 17]
Оё шумо барои иҷро кардани иродаи Яҳува вақтро дуруст истифода мебаред?