Вақте Салтанати Худо меояд, чӣ мешавад?
«Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 ЮҲ. 2:17).
1, 2. а) Ба кадом маъно ин ҷаҳон ба ҷинояткори маҳкумшуда монанд аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Вақте ки ин тартиботи шарир нест мешавад, одамон чӣ кор мекунанд?
«АНА БОЗ ЯК МУРДА!» Бо ин суханон посбонони маҳбас ҷинояткорро аз камера бароварда ба ҷойи ҳукм мебаранд. Ин ҷинояткор зиндаю саломат аст, пас чаро посбонон чунин мегӯянд? Чунки ин шахс маҳкумшуда аст ва ӯро ба ҷойи қатл бурда истодаанд. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки вай аллакай мурда астa.
2 Ҷаҳони имрӯза ба ин шахси маҳкумшуда монанд аст. Ин дунёи шарир барвақт ҳукми худро гирифтааст ва ба қарибӣ ҷазояшро мегирад. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Ҷаҳон... гузарон аст» (1 Юҳ. 2:17). Ин тартибот ҳатман нест мешавад. Дар байни нестшавии ин ҷаҳон ва қатли ҷинояткор фарқияте ҳаст. Вақте ки ҷинояткорро ҳукм мекунанд, кас ба ин ҳукм норозигӣ баён карда, аз рӯи адолат будани онро зери шубҳа гузошта метавонад ё то дақиқаи охирин умед мебандад, ки ӯро қатл намекунанд. Лекин дар мавриди ин ҷаҳон бошад, қарори ҳукмро худи Худо, Ҳокими боадолат, баровардааст (Такр. Ш. 32:4). Барои ҳамин ҳеҷ кас наметавонад, ки нисбати қарори Ӯ норозигӣ баён кунад ва аз рӯи адолат будани онро зери шубҳа гузорад. Вақте ки ҳукми Худо бар ин ҷаҳон иҷро мешавад, ҳамаи офаридаҳои замину осмон ин ҳукмро аз таҳти дил дастгирӣ мекунанд. Он вақт ҳама оҳи сабук мекашанд.
3. Мо чиро дида мебароем?
3 Ибораи ин «ҷаҳон... гузарон аст» чӣ маъно дорад? Бисёр чизҳое, ки ба гумони одамон доимианд, нест мешаванд. Оё ин хабари бад аст? Не, баръакс, он қисми хушхабари Салтанат мебошад (Мат. 24:14). Биёед фаҳмем, ки бо омадани Салтанати Худо чӣ нест мешавад. Мо чор чизро дида мебароем: одамони бад, ташкилотҳои беинсофу порахӯр, корҳои бад ва ҳолатҳои ғамангез. Дар ҳар маврид мо саволҳои зеринро муҳокима мекунем: 1) Чӣ тавр имрӯз ин чизҳо ба ҳаёти мо таъсир мерасонанд? 2) Яҳува бо онҳо чӣ кор мекунад? 3) Ҷойи онҳоро чӣ мегирад?
ОДАМОНИ БАД
4. Чӣ тавр одамони бад ба мо таъсир мерасонанд?
4 Чӣ тавр одамони бад ба мо таъсир мерасонанд? Павлуси ҳавворӣ баъд аз пешгӯйи кардани он ки «дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид», чунин навишт: «Одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар... хоҳанд шуд» (2 Тим. 3:1–5, 13). Оё шумо иҷрошавии ин суханонро дида истодаед? Бисёре аз мо аз таъсири одамони бад, масалан, зӯроварон, пайравони ашаддии дин ва ҷинояткорон азоб мекашем. Баъзеҳо рӯирост ба дигарон зарар мерасонанд, дигарашон фиребгароне мебошанд, ки корҳои бадашонро бо ниқоби одилӣ пинҳон мекунанд. Ҳатто худи мо аз чунин одамон зарар надида бошем ҳам, ба ҳар ҳол онҳо ба мо зарар мерасонанд. Масалан, мо дар бораи ягон кори даҳшатнок фаҳмида сахт зиқ мешавем. Ё зӯроварӣ ба кӯдакон, калонсолон ва дигар одамони бепушту паноҳ дар дили мо тарсу ваҳмро ҷой медиҳад. Одамони бад мисли ҳайвон амал карда рӯҳияи Шайтонро инъикос мекунанд (Яъқ. 3:15). Хушбахтона, дар Каломи Худо хабарҳои нағз навишта шудааст.
5. а) Одамони бад чӣ имконият доранд? б) Бо онҳое ки дигар шудан намехоҳанд, чӣ мешавад?
5 Яҳува бо одамони бад чӣ кор мекунад? Ҳоло Яҳува ба одамони бад имконият медиҳад, ки аз кори бадашон даст кашанд (Иш. 55:7). Чунки ҳоло онҳо ҳукми худро нагирифтаанд. Ин дунё бошад, ҳукми худро аллакай гирифтааст. Вале бо онҳое ки дигар шудан намехоҳанду то мусибати бузург корҳои ин дунёро дастгирӣ мекунанд, чӣ мешавад? Яҳува ваъда дод, ки одамони бадро нест мекунад. (Забур 36:10-ро хонед.) Лекин одамони бад худашонро фиреб карда фикр мекунанд, ки ин ҳукм ба онҳо дахл надорад. Бисёриҳо корҳои бадашонро пинҳон мекунанд ва ҳамин хел метобад, ки онҳо аз адолат гурехта оқибати корашонро намечашанд (Айюб 21:7, 9). Аммо дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Чашмони Ӯ [Худо] бар роҳҳои кас аст, ва ҳамаи қадамҳои варо мебинад. На торикӣ ҳаст ва на зулмот, ки бадкирдорон дар он ҷо тавонанд пинҳон шаванд» (Айюб 34:21, 22). Ҳеҷ кас Яҳуваро фиреб карда ё аз Ӯ пинҳон шуда наметавонад. Ҳамчунин барои дидани сабаби ягон масъала ҳеҷ чиз ба Яҳува монеа шуда наметавонад. Баъди Ҳармиҷидӯн мо ягон одами бадро намебинем, чунки ҳамаи онҳо абадан нест мешаванд! (Заб. 36:12–15).
6. Ҷойи одамони бадро кӣ мегирад ва чаро ин хабари хуш аст?
6 Ҷойи одамони бадро кӣ мегирад? Яҳува ваъдаи дилгармкунанда медиҳад: «Ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Ҳамчунин Ӯ мегӯяд: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:11, 29). «Ҳалимон» ва «одилон» киҳоянд? Ҳалимон онҳое мебошанд, ки таълимот ва роҳнамоии Яҳуваро фурӯтанона қабул мекунанд; одилон бошанд, корҳоеро мекунанд, ки дар назари Яҳува дуруст аст. Дар дунёи имрӯза шумораи одилон аз шумораи бадкорон дида камтар аст. Лекин дар дунёи нав шумораи ҳалимону одилон на кам мешаваду на зиёд: онҳо ягона одамоне мешаванд, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар ҳақиқат, ин гуна одамон заминро ба биҳишт табдил медиҳанд!
ТАШКИЛОТҲОИ БЕИНСОФУ ПОРАХӮР
7. Чӣ тавр имрӯз ташкилотҳои беинсофу порахӯр ба мо таъсир мерасонанд?
7 Чӣ тавр имрӯз ташкилотҳои беинсофу порахӯр ба мо таъсир мерасонанд? Бисёр бадиҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон дида мешавад, на аз тарафи одамон, балки аз тарафи ташкилотҳо мебошад. Масалан, ташкилотҳои диниро мегирем. Онҳо миллионҳо одамонро фиреб карда дар бораи Худо, Китоби Муқаддас, ояндаи замину одамизод ва дигар мавзӯъҳо ҳақиқатро таълим намедиҳанд. Ё ҳукуматҳоеро мегирем, ки ҷангҳоро дастгирӣ карда одамонро ба миллатпарастӣ бармеангезанд. Ин дар навбати худ зулму ситамро нисбати одамони камбағалу бепушту паноҳ зиёд мекунад, ки аз ин ҳокимиятҳо бо порахӯриву шиносбозӣ гул-гул мешукуфанд. Корхонаҳое, ки барои фоидаи худ ба ҳар кор тайёранд, муҳити атрофро ифлос карда захираҳои табииро хароб мекунанд ва аз содадилии одамон истифода бурда худашон бою бадавлат мегарданду дигарон аз камбағалӣ азоб мекашанд. Бешубҳа, ҳамаи азобҳои ҷаҳони имрӯза ба гардани ташкилотҳои беинсофу порахӯр аст.
8. Бо ташкилотҳое, ки имрӯз ба назари одамон боқувват метобанд, чӣ мешавад?
8 Яҳува чӣ кор мекунад? Вақте ки қувваҳои сиёсӣ муқобили динҳои дурӯғ мебароянд, мусибати бузург сар мешавад (Ваҳй 17:1, 2, 16; 18:1–4). Ташкилотҳои динӣ пурра нест карда мешаванд. Вале бо ташкилотҳои беинсофу порахӯр чӣ мешавад? Китоби Муқаддас барои тасвир кардани бисёри ташкилотҳову сохторҳое, ки имрӯз ба назари одамон боқувват метобанд, кӯҳҳову ҷазираҳоро истифода мебарад. (Ваҳй 6:14-ро хонед.) Дар Каломи Худо пешгӯӣ шудааст, ки ҳокимиятҳо ва ҳамаи ташкилотҳои аз он вобаста решакан карда мешаванд. Ҳамаи ҳокимиятҳои ин дунё ва ҳамаи онҳое, ки муқобили Салтанати Худо мебароянд, нест карда мешаванд ва он гоҳ мусибати бузург ба авҷи аъло мерасад (Ирм. 25:31–33). Баъди ин дар рӯи замин дигар ташкилотҳои беинсофу порахӯр нахоҳанд буд!
9. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки дар дунёи нав ҳама чиз бо тартибу низом мешавад?
9 Ҷойи ташкилотҳои беинсофу порахӯрро чӣ мегирад? Оё баъд аз Ҳармиҷидӯн дар замин ягон ташкилоте мешавад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Пет. 3:13). Замин ва осмони пештара, яъне ташкилотҳои беинсофу порахӯр ва ҷамъияти одамоне, ки зери роҳбарии онҳоянд, нест мешаванд. Ҷойи онҳоро чӣ мегирад? Ибораи «осмони нав ва замини нав» маънои онро дорад, ки дар замин ҳокимияти нав ва ҷамъияти нави одамон мешавад. Салтанати Худо зери роҳбарии Масеҳ шахсияти Яҳуваро, ки Худои тартибу низом аст, пурра инъикос мекунад (1 Қӯр. 14:33). Ҳамин тавр «замини нав» ташкил мегардад. Дар он ҷо мардоне хоҳанд буд, ки дар бораи бисёр чизҳо ғамхорӣ мекунанд (Заб. 44:17). Ин мардонро Масеҳ ва 144 000 нафар ҳамроҳонаш роҳнамоӣ хоҳанд кард. Тасаввур кунед, ки вақте ҷойи ташкилотҳои беинсофу порахӯрро ташкилоти муттаҳид ва боинсоф мегирад, чӣ хел ҳаёт зӯр мешавад!
КОРҲОИ БАД
10. Дар маҳалли шумо кадом корҳои бад паҳн гаштаанд ва чӣ тавр ин ба шумо ва оилаатон таъсир мерасонад?
10 Чӣ тавр имрӯз корҳои бад ба мо таъсир мерасонанд? Мо дар дунёе зиндагӣ дорем, ки пур аз корҳои бад ба мисли бадахлоқӣ, беинсофӣ ва зӯроварӣ аст. Инро хусусан волидон ҳис мекунанд, чунки ба онҳо лозим меояд, ки доимо фарзандонашонро аз чунин корҳои бад муҳофизат кунанд. Ба назар чунин метобад, ки вақтхушиҳо аз пештара дида бисёртар корҳои бадро болобардор мекунанд ва меъёрҳои Яҳуваро оиди неку бад паст мезананд (Иш. 5:20). Шоҳидони Яҳува чунин корҳоро дастгирӣ намекунанд. Онҳо нигоҳ накарда ба таъсири бади одамони гирду атроф барои нигоҳ доштани беайбӣ мубориза мебаранд.
11. Мо аз нестшавии Садӯм ва Амӯро чӣ мефаҳмем?
11 Яҳува бо корҳои бад чӣ кор мекунад? Биёед бинем, ки Яҳува бо корҳои баде, ки дар Садӯм ва Амӯро паҳн шуда буд, чӣ кор кард. (2 Петрус 2:6–8-ро хонед.) Лут ва оилааш аз корҳои баде, ки дар гирду атрофашон мешуданд, азоб мекашиданд. Яҳува он шаҳрҳоро нест карда нишон дод, ки дар оянда чӣ кор мекунад. Чи хеле ки Яҳува корҳои бад ва бадахлоқиро он вақт нест кард, ҳамин хел корҳои бади имрӯзаро дар вақти доварии ин ҷаҳон нест мекунад.
12. Дар биҳишт шумо бо кадом кор машғул шудан мехоҳед?
12 Ҷойи корҳои бадро чӣ мегирад? Дар биҳишти рӯйи замин фақат корҳое мешаванд, ки ба кас хурсандӣ мебахшанд. Масалан, мо дар кори бузург иштирок намуда заминро ба биҳишт табдил медиҳем ё барои худамон ва наздиконамон хона месозем. Дар дунёи нав мо миллионҳо мурдагони эҳёшударо пешвоз мегирем ва ба онҳо роҳҳои Яҳуваро таълим дода нақл мекунем, ки чӣ тавр Ӯ пештар бо одамизод муносибат мекард (Иш. 65:21, 22; Аъм. 24:15). Хулоса, дар биҳишт ҳаёти мо пур аз корҳое мешавад, ки ба мо хурсандӣ меоранд ва Яҳуваро ҷалол медиҳанд!
ҲОЛАТҲОИ ҒАМАНГЕЗ
13. Исёни Шайтон, Одам ва Ҳавво имрӯз кадом ҳолатҳои ғамангезро ба амал овард?
13 Чӣ тавр имрӯз ҳолатҳои ғамангез ба мо таъсир мерасонанд? Имрӯз одамони бад, ташкилотҳои беинсофу порахӯр ва корҳои бад ҳаёти моро ғамангез мекунанд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки дар ҷаҳон ҷанг, камбағалӣ, миллатчигӣ ва касаливу марг бошад. Ин ҳолатҳо моро зиқ мекунанд. Ҳамаи ин оқибати исёни се шахсият — Шайтон, Одам ва Ҳавво мебошад. Ва ҳоло ҳеҷ яки мо аз оқибати исёни онҳо гурехта наметавонем.
14. Яҳува бо ҳолатҳои ғамангез чӣ кор мекунад? Мисол оред.
14 Яҳува бо ҳолатҳои ғамангез чӣ кор мекунад? Яҳува ваъда медиҳад, ки ҷангҳоро тамоман нест мекунад. (Забур 45:9, 10-ро хонед.) Касалиҳо чӣ? Худо онҳоро аз байн мебарад (Иш. 33:24). Марг бошад, умуман намешавад (Иш. 25:8). Камбағалӣ хотима меёбад (Заб. 71:12–16). Ва дигар ҳолатҳое, ки имрӯз ҳаётро душвор мегардонанд, нест карда мешаванд. Ӯ ҳамчунин «ҳаво»-и бади ин дунёро тоза мекунад, яъне таъсири Шайтон ва девҳо аз байн меравад (Эфс. 2:2).
15. Баъзе аз чизҳое, ки баъди Ҳармиҷидӯн нест мешаванд, кадомҳоянд?
15 Оё шумо дунёро бе ҷанг, касалӣ ва марг тасаввур карда метавонед? Танҳо фикр кунед, ки дигар қувваҳои мусаллаҳ, яроқу аслиҳа ё хотираҳои бо ҷанг алоқаманд намешаванд. Беморхонаҳо, духтурон, ҳамшираҳо, суғуртаи саломатӣ ва қабристон тамоман намешавад. Ва азбаски ҷиноят нест мешавад, дигар чизҳои муҳофизаткунанда ба монанди сигнализатсия, қулфу калид ва милиса даркор намешавад. Дигар ҳеҷ чиз моро ғамгину парешон намекунад.
16, 17. а) Касоне ки баъд аз Ҳармиҷидӯн зинда мемонанд, чиро ҳис мекунанд? Фаҳмонед. б) Чӣ тавр мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки дар қатори ин дунёи шарир нест намешавем?
16 Вақте ки ҳолатҳои ғамангез бартараф карда мешаванд, ҳаёт чӣ гуна мешавад? Инро тасаввур кардан осон нест. Вақте ки одам дар наздикии роҳи оҳан зиндагӣ мекунад, вай овози баланди қатораро намешунидагӣ мешавад ва ё шахсе ки дар наздикии партовгоҳ зиндагӣ мекунад, метавонад бо гузашти вақт дигар бӯйи бади партовро ҳис накунад. Ба ин монанд, мо дар ин дунёи шарир зиндагӣ карда ба ғаму дарди он одат кардаем. Лекин агар ҳамаи ин ҳолатҳои ғамангез набошанд, одам худро озод ҳис мекунад.
17 Ҷойи ғаму дардро, ки мо имрӯз ҳис мекунем, чӣ мегирад? Дар Забур 36:11 гуфта шудааст, ки одамон «аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Магар ин суханон таъсирбахш нестанд? Яҳува мехоҳад, ки шумо дар чунин шароит зиндагӣ кунед. Пас, ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то дар ин рӯзҳои охир бо Яҳува ва ташкилоташ монед. Умеди худро қадр кунед, дар борааш мулоҳиза ронда онро дар дилу фикратон зинда гардонед ва ба дигарон нақл кунед (1 Тим. 4:15, 16; 1 Пет. 3:15). Агар чунин кунед, боварӣ дошта метавонед, ки бо ин дунёи шарир нест намешавед. Баръакси ин шумо то абад зиндагӣ карда хушбахт мешавед.
a Дар ин сархат вазъияте, ки пештар дар маҳбасҳои баъзе қисмҳои Иёлоти Муттаҳида дида мешуд, фаҳмонда шудааст.