Меҳмоннавозӣ хурсандибахш ва хеле муҳим аст!
«Бе шикваю шикоят якдигарро меҳмоннавозӣ кунед» (1 ПЕТ. 4:9).
1. Масеҳиёни асри як дар кадом вазъият қарор доштанд?
ПЕТРУСИ расул тақрибан байни солҳои 62 ва 64-уми милодӣ ба сокинони муваққатие, ки «дар Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд», нома менависад (1 Пет. 1:1). Ҷамъомадҳое, ки дар ин шаҳрҳои Осиёи Хурд буданд, миллату маданияти гуногун доштанд. Он масеҳиён мӯҳтоҷи рӯҳбаландӣ ва роҳнамоӣ буданд, зеро бо «озмоишҳои сахт» дучор мешуданд. Онҳоро таъқиб мекарданд ва дар ҳаққашон суханони таҳқиромез мегуфтанд. Ҳамчунин замона хеле ноором буд. «Охири ҳама чиз наздик аст»,— навишт Петрус. Бале, охири даҳшатноки тартиботи яҳудӣ фаро мерасид ва ба ин аз даҳ сол камтар вақт монда буд. Чӣ ба ҳамаи масеҳиён кӯмак карда метавонист, ки ин рӯзҳои сахтро паси сар кунанд? (1 Пет. 4:4, 7, 12).
2, 3. Чаро Петрус ҳамимононро ба меҳмоннавоз будан барангехт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
2 Яке аз маслиҳатҳое, ки Петрус ба бародарон дод, чунин буд: «Якдигарро меҳмоннавозӣ кунед» (1 Пет. 4:9). Калимаи юноние, ки ин ҷо чун «меҳмоннавозӣ» тарҷума шудааст, маънои «муҳаббат ва меҳрубонӣ ба бегонагон»-ро дорад. Вале аҳамият диҳед, ки Петрус бародарону хоҳаронро барангехт, ки нисбати якдигар меҳмоннавоз бошанд, ҳарчанд онҳо аллакай ҳамдигарро мешинохтанду муошират мекарданд. Чӣ тавр меҳмоннавозӣ ба онҳо ёрдам карда метавонист?
3 Ин онҳоро бо ҳам наздик мекард. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте касе шуморо ба меҳмонӣ таклиф карда буд, оё шумо хурсанд нашудед? Магар аз он меҳмонӣ дар шумо хотираҳои нек боқӣ намонданд? Ё ба ёд оред, ки худи шумо ба ягон ҳамимон дари хонаи худро боз карда будед. Оё ин дӯстии шуморо мустаҳкам накард? Имконияти хуби бо бародарону хоҳарон аз наздик шинос шудан ин якдигарро ба меҳмонӣ таклиф кардан аст. Дар рӯзҳои Петрус вазъият торафт бадтар мешуд, барои ҳамин ба масеҳиён лозим буд, ки боз ҳам наздиктар шаванд. Азбаски мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем, ин барои мо низ муҳим аст (2 Тим. 3:1).
4. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?
4 Мо дар ин мақола ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Барои «якдигарро меҳмоннавозӣ» кардан чӣ гуна имкониятҳо ҳастанд? Ба меҳмоннавоз будан чӣ халал расонда метавонад ва чӣ тавр монеаҳоро бартараф кунем? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки меҳмонони хуб бошем?
ИМКОНИЯТҲОИ ЗОҲИР КАРДАНИ МЕҲМОННАВОЗӢ
5. Дар вохӯриҳои ҷамъомад шумо чӣ гуна меҳмоннавоз буда метавонед?
5 Дар вохӯриҳо. Яҳува ва ташкилоташ ҳамаи моро ба вохӯриҳои ҷамъомад таклиф мекунанд. Мо мехоҳем касонеро, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад меоянд, бо хурсандӣ қабул кунем, чунки онҳо низ мисли мо дар зиёфати рӯҳонӣ меҳмон мебошанд (Рум. 15:7). Вақте ки шахс нав ба ҷамъомад меояд, мо чун соҳиби хона мешавем ва бо ӯ новобаста аз сару либос ва намуди зоҳириаш бояд хуб муомила кунем (Яъқ. 2:1–4). Агар бинед, ки ӯ танҳо истодааст, метавонед якҷоя нишастанро пешниҳод кунед. Агар шумо барои фаҳмондани рафти барнома ва ёфтани оятҳои даркорӣ ба ӯ кӯмак кунед, вай аз шумо шояд хеле миннатдор шавад. Ҳамин тавр рафтор карда, шумо одоби меҳмоннавозиро ба ҷо меоред (Рум. 12:13).
6. Асосан киро мо бояд ба меҳмонӣ таклиф кунем?
6 Ба як пиёла чой ё хӯрок хӯрдан таклиф кунед. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас одатан меҳмоннавозӣ дар он зоҳир мешуд, ки касеро барои хӯрок хӯрдан ба хона даъват мекарданд (Ҳас. 18:1–8; Дов. 13:15; Луқ. 24:28–30). Вақте шахс касеро ба якҷоя хӯрок хӯрдан таклиф мекард, вай нишон медод, ки бо ӯ дӯст шудан ва дар сулҳ будан мехоҳад. Асосан киро мо бояд ба меҳмонӣ таклиф кунем? Ҳамон шахсонеро, ки мисли мо ба Яҳува хизмат мекунанд, яъне бародарону хоҳарони ҷамъомадамонро. Вақте рӯзҳои сахт фаро мерасанд, мо ба якдигар мӯҳтоҷ мешавем. Барои ҳамин мо бояд бо ҳамаи онҳо дар сулҳ бошем ва дӯстони бовафо гардем. Соли 2011 Ҳайати роҳбарикунанда дар Байт-Или Амрико вақти омӯзиши оилавии «Бурҷи дидбонӣ»-ро аз соати 18:45 ба соати 18:15 гузаронд. Чаро? Дар эълон қайд шуда буд, ки агар вохӯрӣ барвақттар тамом шавад, аъзоёни Байт-Ил метавонанд якдигарро ба меҳмонӣ таклиф кунанд ё ба меҳмонӣ раванд. Дигар филиалҳо низ ба ин пайравӣ карданд. Ин дигаргунӣ аъзоёни Байт-Илро ба якдигар боз ҳам наздиктар кард.
7, 8. Чӣ тавр мо нисбати намояндагони ташкилоти Яҳува меҳмоннавозӣ зоҳир карда метавонем?
7 Баъзан бародарон аз ҷамъомадҳои дигар бо нутқи оммавӣ меоянд ё нозири ноҳиявӣ ва ягон намояндаи филиал ба ҷамъомади мо ташриф меорад. Дар чунин мавридҳо мо имконияти хуб дорем, ки нисбати онҳо меҳмоннавозӣ зоҳир кунем. (3 Юҳанно 5–8-ро хонед.) Мо метавонем онҳоро ба як пиёла чой ё қаҳва ё барои якҷоя хӯрок хӯрдан таклиф кунем. Оё шумо саҳми худро дар ин кор гузошта метавонед?
8 Хоҳаре аз Иёлоти Муттаҳида ба хотир меорад: «Дар давоми солҳо ману шавҳарам имконият доштем, ки ба хонаамон бисёр бародарони нотиқ ва ҳамсаронашонро қабул кунем. Ҳар яки он мавридҳо бароямон хурсандиовар буданд. Мо бисёр хандаю шӯхӣ мекардем ва аз ҳама муҳимаш муошират бо онҳо имонамонро мустаҳкам мекард. Мо аз ин пушаймон нестем».
9, 10. а) Ба киҳо лозим меояд, ки муддати дарозтар меҳмон шаванд? б) Оё онҳое, ки шароити он қадар хуб надоранд, меҳмон қабул карда метавонанд? Мисол оред.
9 Меҳмононе, ки муддати дарозтар меистанд. Дар замонҳои қадим ба меҳмонони боваринок ҷойи хоб пешкаш карда мешуд (Айюб 31:32; Филем. 22). Дар рӯзҳои мо низ баъзан чунин эҳтиёҷот ба миён меояд. Масалан, вақте ки нозирони ноҳиявӣ ба ҷамъомадҳо ташриф меоранд, аксар вақт ба онҳо ҷойи хоб лозим аст. Ҳамчунин ба ихтиёриёне, ки дар сохтмонҳо иштирок мекунанд ва онҳое, ки дар мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта мехонанд, ҷойи зист даркор мешавад. Аз сабаби офатҳои табиӣ баъзе оилаҳо бехона мемонанд ва то барқарор кардани манзилашон ба сарпаноҳ мӯҳтоҷ мешаванд. Мо набояд фикр кунем, ки дар чунин мавридҳо танҳо касоне, ки хонаҳои хеле бароҳат доранд, кӯмак карда метавонанд. Онҳо шояд аллакай бисёр вақт дасти ёрӣ дароз кардаанд. Ҳатто агар дар хонаатон шароити хуб набошад ҳам, оё метавонед ба чунин бародарону хоҳарон ҷойи хоб пешкаш кунед?
10 Бародаре аз Кореяи ҷанубӣ ба ёд меорад, ки чӣ тавр ӯ ба донишҷӯёни мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта ҷойи хоб пешкаш мекард. Ӯ менависад: «Ман пеш барои таклиф кардани меҳмонон дудила будам, чунки мо нав оиладор шуда будем ва дар хонаи майда зиндагӣ мекардем. Вале дар хонаамон зиндагӣ кардани донишҷӯён барои мо дар ҳақиқат хурсандии зиёд меовард. Чун навхонадорон мо дар мисоли онҳо медидем, ки, вақте ҳамсарон якҷоя ба Яҳува хизмат карда, сӯйи мақсадҳои рӯҳонӣ ҳаракат мекунанд, то чӣ андоза хушбахтанд».
11. Чаро онҳое, ки ба ҷамъомади мо нав кӯчида меоянд, ба меҳмоннавозӣ ниёз доранд?
11 Бародарон ва хоҳароне, ки ба маҳалли мо кӯчидаанд. Шояд ягон шахс ё оила бо сабабҳои гуногун аз дигар ҷамъомад кӯчида меоянд. Масалан, баъзеҳо барои он омадаанд, ки дар ҷойи мо ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад. Баъзан пешравонро барои кӯмак ба ҷамъомади мо мефиристанд. Ҳамаи онҳо шояд аз сабаби ҷой ё ҷамъомади нав ё ҳатто дигар будани забону маданияти мо дар аввал худро каме бегона ҳис кунанд. Агар шумо онҳоро ба як пиёла чой, якҷоя хӯрок хӯрдан ё сайругашт таклиф кунед, ба онҳо кӯмак мекунед, ки дӯстони нав пайдо намоянд ва ба вазъияти нав одат кунанд.
12. Кадом воқеа нишон медиҳад, ки барои меҳмоннавозӣ ташвиши зиёд лозим нест?
12 Барои меҳмоннавозӣ аз ҳад зиёд ташвиш кашидан шарт нест. (Луқо 10:41, 42-ро хонед.) Як бародар аввалин рӯзҳои хизмати миссионериашро ба хотир оварда, мегӯяд: «Мо ҷавону бетаҷриба будем ва хонаамонро ёд мекардем. Як бегоҳ занам хонаро сахт ёд карда зиқ шуд ва ман ҳар қадар кӯшиш накунам ҳам, вайро ором карда натавонистам. Баъд тақрибан соати ҳафту ними бегоҳ дари хонаамон тақ-тақ шуд. Он ҷо омӯзандае се афлесун дар даст меистод. Ин зан барои бо миссионерони нав шинос шудан омада буд. Мо ӯро ба хона таклиф карда, барояш як стакан об овардем. Баъд мо чой дам кардем ва шоколади гарм пухтем. Мо забони суаҳилиро ҳоло намедонистем, вай бошад, забони англисиро. Вале он воқеа моро хеле рӯҳбаланд кард ва ба дӯстии бардавоми мо ва бародарони маҳаллӣ асос гузошт».
БАРТАРАФ КАРДАНИ МОНЕАҲО
13. Меҳмоннавозӣ чӣ манфиат меорад?
13 Оё ягон вақт шуморо аз меҳмоннавозӣ чизе бозмедошт? Агар ҳа, пас, шояд шумо муоширати хурсандибахш ва имконияти барпо кардани дӯстии мустаҳкамро аз даст додед. Меҳмоннавозӣ дармони беҳтарини танҳоӣ аст. Лекин чӣ ба баъзеҳо барои меҳмоннавоз будан халал мерасонад? Биёед якчанд сабабро дида бароем.
14. Агар ба меҳмондорӣ ва меҳмонӣ рафтан вақту қувватамон нарасад, мо чӣ кор карда метавонем?
14 Вақт ва қувват. Ходимони Яҳува хеле серкоранд ва вазифаҳои бисёр доранд. Баъзеҳо мехоҳанд меҳмоннавоз бошанд, лекин фикр мекунанд, ки барои ин вақту қувват надоранд. Агар шумо низ чунин ҳис кунед, шояд ба шумо лозим аст, ки реҷаи корҳоятонро дида бароед. Оё шумо метавонед ба он дигаргунӣ дароред, то барои ба меҳмонӣ рафтан ё қабул кардани дигарон вақту қувват ёбед? Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки меҳмоннавоз бошем (Ибр. 13:2). Вақти худро ба ин кор сарф кардан хато нест, баръакс, ин дуруст аст. Албатта барои ин шояд ба шумо лозим аст, ки аз баъзе корҳои на он қадар муҳим даст кашед.
15. Баъзеҳоро аз меҳмоннавозӣ чӣ бозмедорад?
15 Ҳиссиёти шахс. Оё шумо боре худро чунин ҳис кардаед, ки аз ӯҳдаи меҳмондорӣ намебароед? Баъзеҳо шармгинанд ва гапдон нестанд, барои ҳамин метарсанд, ки ҳангоми сӯҳбат вақти меҳмононро хуш карда наметавонанд. Дигарон даромади кам доранд ва фикр мекунанд, ки мисли дигар бародарону хоҳарон меҳмондорӣ карда наметавонанд ва хонаашон он қадар зебо нест. Лекин дар ёд доред, ки чизи муҳим ин хонаи фасон не, балки хонаи тозаю озода ва меҳмондӯстии шумо аст.
16, 17. Агар оиди таклиф кардани меҳмон чизе шуморо ба ташвиш орад, чӣ ба шумо сабукӣ мебахшад?
16 Агар шумо хавотиред, ки меҳмондорӣ карда наметавонед, шумо танҳо нестед. Як пири ҷамъомад аз Бритониё мегӯяд: «Барои қабули меҳмон тайёрӣ дида шахс шояд ба андозае ташвиш кашад. Лекин меҳмоннавозӣ низ мисли дигар корҳо дар хизмати Яҳува чунон қаноатмандӣ ва манфиат меорад, ки ҳамаи ташвишҳоро рӯпӯш мекунад. Бо меҳмонон қаҳва нӯшидан ва сӯҳбат кардан, аллакай ба ман ҳаловат мебахшад». Дар хотир доред, ки ба меҳмонон зоҳир кардани шавқи самимӣ ҳамеша хуб аст (Флп. 2:4). Бисёриҳо дар бораи воқеаҳои ҳаёти худ нақл карданро дӯст медоранд. Яке аз имконияти беҳтарин барои шунидани воқеаҳои ҳаёти дӯстонамон ин якҷоя бо онҳо ҷамъ шудан аст. Пири дигаре менависад: «Вақте ки дӯстон аз ҷамъомад дар хонаи мо меҳмон мешаванд, ин кӯмак мекунад, ки бо онҳо наздиктар шинос шавам, онҳоро хубтар фаҳмам ва аз онҳо пурсам, ки чӣ тавр ба ҳақиқат омаданд». Аз муҳаббат ба дигарон таваҷҷӯҳ зоҳир кардан, ҳам ба худи шумо ва ҳам ба онҳо хурсандӣ мебахшад.
17 Хоҳари пешраве, ки ба хонааш донишҷӯёни мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфтаро қабул мекард, мегӯяд: «Пештар ман аз сабаби хонаи хеле одӣ ва мебелҳои кӯҳна доштанам изо мекашидам. Лекин баъди сӯҳбат бо зани яке аз муаллимони он мактаб худро сабук ҳис кардам. Вай гуфт, ки вақте шавҳараш чун нозири сайёр хизмат мекард, ҳафтаҳои беҳтарини хизматашон ҳамоне буданд, ки онҳо дар хонаҳои одӣ меистоданд, ки соҳиби он чизу чораи бисёр надошт, вале мисли мо мехост ба Яҳува хизмат кунад ва ҳаёти одӣ барад. Ин ба ман суханони модарамро ба хотир овард, ки ӯ мегуфт: “Дар ҷое, ки муҳаббат аст, таоми сабзавот беҳтар аст”» (Мас. 15:17). Бигзор муҳаббат шуморо ба меҳмоннавозӣ барангезад ва оиди дигар чизҳо ғам нахӯред.
18, 19. Меҳмоннавозӣ чӣ тавр барои бартараф кардани ҳиссиёти манфӣ кӯмак карда метавонад?
18 Ҳиссиёти шумо нисбати дигарон. Шояд касе аз ҷамъомадатон шуморо асабӣ мекунад ва бо ӯ муошират кардан ба шумо маъқул нест. Одамон аз якдигар фарқ мекунанд ва ин шуморо аз зоҳир кардани меҳмоннавозӣ боздошта метавонад. Ё касе пеш шуморо хафа карда буд ва ба шумо бахшидани ӯ шояд душвор аст. Агар чорае наандешед, ҳиссиёти манфӣ нисбати дигарон дурудароз боқӣ мемонад.
19 Барои беҳтар кардани муносибат бо дигарон, ҳатто бо душманон, Китоби Муқаддас меҳмоннавоз буданро маслиҳат медиҳад. (Масалҳо 25:21, 22-ро хонед.) Зоҳир кардани меҳмоннавозӣ метавонад дили ранҷидаро шифо бахшад ва ҳиссиёти манфиро бартараф кунад. Агар мо ҳамимонамонро ба меҳмонӣ таклиф карда, бо ӯ аз наздик шинос шавем, хислатҳои хуби ӯро, ки Яҳува ҳангоми ба ҳақиқат ҷалб карданаш дида буд, пай мебарем (Юҳ. 6:44). Вақте мо аз муҳаббат касеро, ки интизор набуд, ба меҳмонӣ таклиф мекунем, ин метавонад ба муносибатҳои дӯстона оғоз бахшад. Агар хоҳем, ки маҳз муҳаббат моро ба меҳмоннавозӣ барангезад, мо бояд маслиҳати Филиппиён 2:3-ро ба кор барем. Дар он гуфта шудааст: «Бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед». Вақте мо мебинем, ки бародарон ё хоҳарон аз ягон ҷиҳат, масалан дар имон, истодагарӣ, далерӣ ё дигар хислатҳои масеҳӣ аз мо боло мебошанд, муҳаббати мо ба онҳо зиёдтар мешавад ва ин моро бармеангезад, ки аз сидқи дил онҳоро ба меҳмонӣ таклиф кунем.
МЕҲМОНИ ХУБ БОШЕД
20. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки таклифи касеро қадр мекунем ва чаро ин муҳим аст?
20 Довуди забурнавис пурсид: «Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд?» (Заб. 14:1). Баъд Довуд хислатҳоеро муҳокима кард, ки Худо дар меҳмонони худ дидан мехоҳад. Яке аз хислатҳо ин ба гапи худ истодан аст. Довуд навишт: «Қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағйир надиҳад» (Заб. 14:4). Агар мо таклифи касеро қабул кардем, набояд онро бо ягон баҳонаи ночиз бекор кунем. Соҳибхона шояд барои тайёрӣ бисёр вақт сарф кардааст ва агар мо наравем, тамоми кӯшишҳои ӯ барбод мераванд (Мат. 5:37). Баъзеҳо баъди шунидани таклифи каси дигар, ки ба назарашон беҳтар метобад, таклифи пештараро рад мекунанд. Оё ин аз рӯйи муҳаббат ва эҳтиром аст? Албатта не. Мо бояд бо миннатдорӣ меҳмоннавозиро қабул кунем, новобаста аз он ки соҳибхона ба мо чӣ пешкаш мекунад (Луқ. 10:7). Агар барои рад кардани меҳмонӣ ягон сабаби дар ҳақиқат ҷиддие ба миён ояд, аз рӯйи муҳаббат ва одоб мебуд, ки мо ҳар чи пештар ба соҳибхона хабар диҳем.
21. Чӣ тавр эҳтиром кардани урфу одатҳои маҳаллӣ ба мо кӯмак мекунад, ки меҳмонони хуб бошем?
21 Ҳамчунин ҳурмат кардани урфу одатҳои маҳаллӣ муҳим аст. Дар баъзе маданиятҳо аз омадани меҳмонони ногаҳонӣ хурсанд мешаванд, дар дигар ҷойҳо бошад, бо соҳибхона пешакӣ гапзанон кардан беҳтар аст. Дар баъзе ҷойҳо соҳибхона беҳтарин хӯроки доштаашро ба пеши меҳмон мегузорад, дар дигар ҷойҳо бошад, ҳам меҳмонон ва ҳам аъзои оила баробар хӯрок мехӯранд. Дар баъзе маҳаллҳо меҳмонон одатан бо худ ягон хӯрдание меоранд, дар дигар ҷойҳо бошад, соҳибхона бисёртар хурсанд мешавад агар меҳмонон худро ба овардани чизе ӯҳдадор ҳис накунанд. Ва мувофиқи маданияти баъзе ҷойҳо рад кардани таклифи якум ё дуюм аз рӯйи одоб аст, дар дигар ҷойҳо бошад, рад кардани таклиф нишонаи беҳурматист. Биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то касе, ки моро таклиф кардааст, аз меҳмондорӣ кардани мо хурсанд шавад.
22. Чаро «якдигарро меҳмоннавозӣ» кардан муҳим аст?
22 Имрӯз аз ҳарвақта дида «охири ҳама чиз наздик» аст (1 Пет. 4:7). Мо бо бузургтарин мусибате, ки ҷаҳон ягон бор надидааст, дучор мешавем. Азбаски фишори ин ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд, мо бояд муҳаббатамонро бо бародарону хоҳарон мустаҳкамтар кунем. Аз ин рӯ мо бояд маслиҳати Петрусро, ки «якдигарро меҳмоннавозӣ кунед» гуфта буд, боз ҳам бештар ба кор барем (1 Пет. 4:9). Бале, меҳмоннавозӣ то абад қисми хурсандибахш ва муҳими ҳаёти мо хоҳад буд!