Аз чизҳои рӯҳонӣ тароват гиред
«Юғи Маро ба гардани худ гиред ... ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (МАТ. 11:29).
1. Назди кӯҳи Сино Худо чӣ амре дод ва чаро?
ЯКЕ аз амрҳои Қонун, ки назди кӯҳи Сино дода шуд,— ин ҳар ҳафта риоя кардани рӯзи шанбе буд. Ба воситаи намояндаи Худ, Мусо, Яҳува ба халқи Исроил амр дод: «Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари канизат ва ғариб истироҳат кунанд» (Хур. 23:12). Ҳамин тавр Яҳува ба касоне, ки зери Қонун қарор дошта буданд, ғамхорӣ зоҳир намуд ва ба онҳо барои «истироҳат» рӯзе ҷудо кард.
2. Риояи рӯзи шанбе чӣ тавр ба манфиати исроилиён хидмат мекард?
2 Оё шанбе фақат рӯзи истироҳат буд? Не, он қисми муҳими ибодати исроилиён буд. Ба туфайли риояи рӯзи шанбе сарварони оила метавонистанд аъзоёни оилаашонро таълим диҳанд, то онҳо «роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд» (Ҳас. 18:19). Он ҳамчунин имконият медод, ки аъзоёни оила ва дӯстон бо ҳам ҷамъ оянд, дар бораи корҳои Яҳува мулоҳиза кунанд ва аз муоширати ҳамдигар баҳра баранд (Иш. 58:13, 14). Беш аз ҳама, шанбе тимсоли вақте буд, ки дар он ҳокимияти ҳазорсолаи Масеҳ ба одамон таровати ҳақиқӣ меорад (Рум. 8:21). Аммо дар бораи замони мо чӣ гуфтан мумкин аст? Масеҳиёни ҳақиқӣ, ки дар бораи роҳҳои Яҳува мулоҳиза мекунанд, аз куҷо ва чӣ тавр чунин тароват гирифта метавонанд?
Аз муошират бо ҳамимонон тароват гиред
3. Масеҳиёни асри як чӣ тавр якдигарро дастгирӣ мекарданд ва ин чӣ натиҷа меовард?
3 Павлуси расул ҷамъомади масеҳиро «рукн ва бунёди ростӣ» номид (1 Тим. 3:15). Масеҳиёни нахустин якдигарро дар муҳаббат рӯҳбаланд ва обод мекарданд ва бо ин роҳ ҳамдигарро дастгирӣ менамуданд (Эфс. 4:11, 12, 16). Ҳангоми дар Эфсӯс буданаш Павлус аз вохӯрӣ бо аъзоёни ҷамъомади Қӯринт, ки наздаш омада буданд, сахт хурсанд шуд. Ӯ гуфт, ки аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Оҳойқӯс хурсанд аст, зеро онҳо рӯҳи ӯро «ором карданд» (1 Қӯр. 16:17, 18). Ҳамчунин, баъд аз он ки Титус ба Қӯринт рафта омад, Павлус ба он ҷамъомад навишт: «Ҳамаатон рӯҳи ӯро ором кардаед» (2 Қӯр. 7:13). Мисли ин, Шоҳидони Яҳува аз муоширати рӯҳбаландкунанда бо ҳамимонон таровати ҳақиқӣ мегиранд.
4. Чӣ тавр вохӯриҳои ҷамъомад ба мо тароват мебахшанд?
4 Шумо аз таҷрибаи худ медонед, ки вохӯриҳои ҷамъомад манбаи хурсандии зиёд мебошанд. Он ҷо мо «аз имони умумиамон ... тасаллӣ» меёбем (Рум. 1:12). Бародарону хоҳарони масеҳӣ барои мо мисли шиносоне нестанд, ки мо бо онҳо гоҳ–гоҳ вомехӯрему рӯ–рӯякӣ муошират мекунем. Онҳо дӯстони ҳақиқианд, ки мо онҳоро дӯст медорем ва эҳтиром менамоем. Мо дар вохӯриҳои масеҳӣ бо онҳо мунтазам муошират карда, аз ин тасаллӣ ва хурсандии зиёд мегирем (Филем. 7).
5. Чӣ тавр мо дар анҷуманҳо ба якдигар тароват бахшида метавонем?
5 Манбаи дигари тароват — ин анҷуманҳои ҳарсола мебошанд. Ғайр аз он ки дар ин вохӯриҳои калон ба мо оби ҳаётбахши ҳақиқат аз Каломи Худо, Китоби Муқаддас, пешкаш карда мешавад, дар онҳо мо ҳамчунин имконият дорем, ки доираи муоширатамонро васеътар гардонем (2 Қӯр. 6:12, 13). Аммо чӣ бояд кард, агар ба касе аз сабаби шармгинӣ бо дигарон шинос шудан душвор бошад? Яке аз роҳҳои шиносшавӣ бо бародарону хоҳарон — ин иштирок дар корҳои шӯъбаҳои гуногуни анҷуман аст. Масалан, хоҳаре, ки дар анҷумани байналхалқӣ кӯмак карда буд, мегӯяд: «Ғайр аз аъзоёни оила ва якчанд дӯстонам ман касеро намешинохтам. Лекин ҳангоми рӯбучин ман бо бародарону хоҳарони зиёде шинос шудам. Ин ба ман як ҷаҳон хурсандӣ бахшид!».
6. Яке аз имкониятҳои дар рухсатӣ аз он тароват гирифтан кадом аст?
6 Исроилиён ҳар сол се маротиба барои ҷашни идҳои бо ибодат алоқаманд ба Ерусалим мерафтанд (Хур. 34:23). Барои ин одатан онҳо замин ва дӯконҳои худро мегузоштанд ва чанд рӯз пиёда бо роҳҳои пурчангу хок мерафтанд. Ба ҳар ҳол, вақте ки онҳо ба маъбад омада медиданд, ки ҳозирон «Худовандро мадҳ мекарданд», онҳо «шодмонии азим» эҳсос менамуданд (2 Вақ. 30:21). Имрӯз низ бисёри ходимони Яҳува аз он ки ҳамроҳи оилаашон ба Байт–Или наздиктарин, яке аз филиалҳои Шоҳидони Яҳува, ташриф меоранд, чунин хурсандӣ эҳсос мекунанд. Оё шумо метавонед ҳамроҳи оилаатон ба Байт–Ил рафтанро ба нақша гиред?
7. а) Вохӯриҳои дӯстона чаро муфиданд? б) Барои он ки ин вохӯриҳо рӯҳбаландкунанда бошанд ва аз онҳо хотираи нек боқӣ бимонад, чӣ кор карда метавонем?
7 Муошират бо аъзоёни оила ва дӯстон низ хурсандии зиёд оварда метавонад. Шоҳи хирадманд Сулаймон гуфт: «Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад» (Воиз 2:24). Вохӯриҳои дӯстона на танҳо ба ҷони мо тароват мебахшанд, балки ҳамчунин пайвандҳои муҳаббатро нисбати ҳамимонон мустаҳкамтар мегардонанд, зеро мо дар онҳо бо ҳамдигар хубтар шинос мешавем. То ин ки чунин вохӯриҳо рӯҳбаландкунанда бошанд ва аз онҳо хотираи нек боқӣ бимонад, беҳтараш одамони бисёрро таклиф накунед ва хуб назорат намоед, хусусан агар ба меҳмонон нӯшокиҳои спиртӣ пешкаш карданӣ бошед.
Хидмати масеҳӣ тароват мебахшад
8, 9. а) Хабаре, ки Исо мерасонд, аз қоидаҳои фарисиёну китобдонон бо чӣ фарқ мекард? б) Ба дигарон расондани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас чаро муфид аст?
8 Исо бо ҷидду ҷаҳд хидмат мекард ва пайравонашро бармеангехт, ки чунин бикунанд. Инро суханони зерини ӯ нишон медиҳанд: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:37, 38). Хабаре, ки Исо мерасонд, дар ҳақиқат ба дигарон тароват мебахшид, зеро ин «Инҷил», яъне хушхабар буд (Мат. 4:23; 24:14). Он аз қоидаҳое, ки фарисиён ба одамон бор мекарданд, сахт фарқ менамуд. (Матто 23:4, 23, 24–ро бихонед.)
9 Вақте ки мо хушхабари Салтанатро ба дигарон мерасонем, мо ба онҳо таровати рӯҳонӣ мебахшем ва ҳамзамон ҳақиқатҳои пурарзиши Китоби Муқаддасро дар дилу ақли худ хубтар ҷойгир мекунонем. Забурнавис барҳақ гуфт: «Ҳалелуёҳ. Зеро ки некӯст Худои моро сароидан; зеро ки ин дилпазир аст: ҳамду санои шоиста аст» (Заб. 146:1). Оё шумо хурсандии худро аз он ки ба дигарон мавъиза мекунеду бо ин Яҳуваро ҳамду сано мегӯед, зиёд карда метавонед?
10. Оё муваффақияти мо дар хидмат аз он ки чӣ қадар одамон хушхабарро қабул мекунанд, вобаста аст? Шарҳ диҳед.
10 Рост аст, ки дар баъзе ҷойҳо хушхабарро одамони бештар қабул мекунанду дар баъзе ҷойҳо — не. (Аъмол 18:1, 5–8-ро бихонед.) Агар шумо дар ҷое зиндагӣ кунед, ки он ҷо одамони кам ба хабари Салтанат рағбат зоҳир мекунанд, таваҷҷӯҳи худро ба чизи неки дар хидмат мекардаатон равона намоед. Дар хотир доред, ки кӯшишҳои шумо дар мавъиза кардани номи Яҳува бар абас нестанд (1 Қӯр. 15:58). Беш аз ин, муваффақияти мо бо он ки чӣ қадар одамон хушхабарро қабул мекунанд, чен карда намешавад. Мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува ғамхорӣ хоҳад кард, то одамони самимӣ имконияти қабул кардани хушхабари Салтанатро дошта бошанд (Юҳ. 6:44).
Ибодати оилавӣ тароват мебахшад
11. Яҳува ба волидон чӣ масъулияте додааст ва дар иҷрои ин ба онҳо чӣ кӯмак мекунад?
11 Волидони худотарс масъулият доранд, ки ба фарзандони худ дар бораи Яҳува ва роҳҳои Ӯ дониш диҳанд (Такр. Ш. 11:18, 19). Агар шумо волид бошед, оё вақт ҷудо мекунед, то ба фарзандонатон дар бораи Падари пурмеҳри осмониамон дониш диҳед? Барои кӯмак дар иҷрои ин масъулияти муҳим ва қонеъ кардани ниёзҳои оилаатон Яҳува ба таври фаровон ғизои хуби рӯҳонӣ — китобҳо, маҷаллаҳо, видеофилмҳо ва сабтҳо пешкаш мекунад.
12, 13. а) Шоми ибодати оилавӣ чӣ тавр ба манфиати аъзоёни оила хидмат мекунад? б) Чӣ тавр волидон ибодати оилавиро манбаи тароват гардонда метавонанд?
12 Ғайр аз ин, синфи ғуломи мӯътамад ва доно ғамхорӣ намуд, то барои ибодати оилавӣ шоме ҷудо карда шавад. Ин шомест, ки дар он аъзоёни оила ҳар ҳафта якҷоя Китоби Муқаддас меомӯзанд. Бисёриҳо қайд мекунанд, ки ба туфайли ибодати оилавӣ меҳру муҳаббати онҳо ба якдигар афзуд ва муносибатҳояшон бо Яҳува қавитар гаштанд. Аммо волидон чӣ кор карда метавонанд, то ибодати оилавиро манбаи таровати рӯҳонӣ гардонанд?
13 Ибодати оилавӣ набояд дилгиркунанда бошад ва ба таври аз ҳад ҷиддӣ гузарад. Охир мо ба «Худои хушбахт» ибодат мекунем ва Ӯ мехоҳад, ки мо ин корро бо хурсандӣ кунем (1 Тим. 1:11, ТДН; Фил. 4:4). Шоми иловагӣ барои муҳокимаи ганҷҳои рӯҳонии Китоби Муқаддас дар ҳақиқат баракат аст. Волидон метавонанд тасаввурот ва ақлу заковаташонро ба кор баранд ва бо назардошти қобилияту маҳорати фарзандонашон усулҳои гуногуни таълимдиҳиро истифода кунанд. Масалан, дар як оила волидон ба писари даҳсолаи худ, Брендон, вазифа доданд, ки ӯ дар мавзӯи «Чаро Яҳува Шайтонро мор номид?» маълумот ҷамъ оварда, онро пешкаш кунад. Ин савол Брендонро ором намегузошт, зеро ба вай морҳо маъқул буданд ва ӯро ғамгин мекард, ки онҳо бо Шайтон алоқаманд карда мешаванд. Бархе оилаҳо баъзан бо нақшҳо порчаи Китоби Муқаддасро мехонанд ё дар асоси он саҳначаҳо тайёр мекунанд. Ин усулҳои таълимдиҳӣ на фақат омӯзишро шавқовар гардонда метавонанд, балки онҳо мусоидат мекунад, ки принсипҳои Китоби Муқаддас ба дили бачаҳо роҳ ёбандa.
Аз чизҳое, ки хаста мекунанд, дурӣ ҷӯед
14, 15. а) Чаро дар ин рӯзҳои охир одамон торафт бештар аз ҳар тараф фишор эҳсос мекунанд ва торафт камтар — эҳсоси бехатарӣ? б) Бо кадом мушкилиҳои иловагӣ мо рӯ ба рӯ шуда метавонем?
14 Дар рӯзҳои охири ин тартиботи шарир одамон торафт бештар аз ҳар тараф фишор эҳсос мекунанд ва торафт камтар — эҳсоси бехатарӣ. Набудани ҷои кор ва дигар мушкилиҳои иқтисодӣ ба миллионҳо одамон таъсир мекунанд. Ҳатто онҳое, ки ҷои кор доранд, одатан ҳис мекунанд, ки гӯё киссае, ки ба он пули кор кардаашонро мемонанд, пури шикофиҳо аст ва то расидан ба хона аз он қариб ҳеҷ чиз намемонад. (Бо Ҳаҷҷай 1:4–6 муқоиса кунед.) Сиёсатмадорону сарварони дигар аз ӯҳдаи бартараф намудани терроризм ва дигар бадиҳо, аз афташ, намебароянд. Бисёри одамонро хатогиҳои содиркардаашон ором намегузоранд (Заб. 37:4).
15 Масеҳиёни ҳақиқӣ аз мушкилиҳо ва фишорҳои ҷаҳони Шайтон эмин нестанд (1 Юҳ. 5:19). Дар баъзе мавридҳо, пайравони Масеҳ барои ба Яҳува содиқ мондан шояд бо мушкилиҳои иловагӣ рӯ ба рӯ шаванд. «Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард»,— гуфт Исо (Юҳ. 15:20). Аммо ҳатто агар «гирифтори таъқибот» бошем ҳам, мо «партофта нашудаем» (2 Қӯр. 4:9). Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст?
16. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки хурсанд бимонем?
16 Исо гуфт: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Мат. 11:28). Вақте ки ба қурбонии фидияи Масеҳ имони қавӣ зоҳир мекунем, мо ба маъное худро ба дастони Яҳува месупорем. Дар натиҷа мо «бартарии қувват» эҳсос менамоем (2 Қӯр. 4:7). Рӯҳулқудси Худо ба мо кӯмак хоҳад кард ва имони моро қавӣ хоҳад гардонд, то мо тавонем на танҳо дар озмоишҳо ва фалокатҳои дучоршудаамон истодагарӣ кунем, балки ҳамчунин хурсанд бимонем (Яъқ. 1:2–4).
17, 18. а) Аз таъсироти кадом рӯҳия мо бояд худро нигоҳ дорем? б) Аз паи ҳузуру ҳаловати ин ҷаҳон шудан чӣ натиҷа оварда метавонад?
17 Масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз бояд эҳтиёт кунанд, то худро аз таъсироти рӯҳияи ин ҷаҳони ба айшу ишрат додашуда нигоҳ доранд. (Эфсӯсиён 2:2–5-ро бихонед.) Дар акси ҳол мо метавонем ба доми «шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ» афтем (1 Юҳ. 2:16). Ё шояд мо нодуруст хулоса кунем, ки қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм тароват мебахшад (Рум. 8:6). Масалан, баъзе одамон барои кайфу сафо нашъа мекашанд, аз машруботи спиртӣ сӯиистеъмол менамоянд, порнография тамошо мекунанд, бо намудҳои хатарноки варзиш ё ҳар гуна корҳои ношоям машғул мешаванд. Ба воситаи «дасисаҳо»–яш Шайтон ба одамон таровати дурӯғин пешкаш карда, мекӯшад онҳоро гумроҳ кунад (Эфс. 6:11).
18 Ҳақиқатан ҳам, дар хӯрдан, нӯшидан ва ба таври шоиста вақтхушӣ кардан нодурустие нест, агар он ба меъёр бошад. Ба ҳар ҳол, мо набояд гузорем, ки чунин чизҳо дар ҳаётамон ҷои аввалро ишғол намоянд. Ба мо оқилӣ ва худдорӣ зоҳир намудан лозим аст, хусусан бо назардошти замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Дунболагирӣ кардани чизҳои дар боло зикршуда моро чунон хаста карда метавонанд, ки мо дар дониши дақиқ оиди «Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар» хоҳем гашт (2 Пет. 1:8).
19, 20. Чӣ тавр мо таровати ҳақиқӣ ёфта метавонем?
19 Вақте ки мо тарзи фикрронии худро ба қонунҳои Яҳува ҳамоҳанг месозем, мо мефаҳмем, ки ҳар гуна кайфу сафое, ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, муваққатӣ аст. Мусо инро мефаҳмид ва мо низ инро мефаҳмем (Ибр. 11:25). Таровати ҳақиқиро, ки хурсандӣ ва қаноатмандии амиқу бардавом меорад, мо аз иҷро кардани иродаи Падари осмонӣ эҳсос мекунем (Мат. 5:6).
20 Биёед минбаъд низ аз чизҳои рӯҳонӣ тароват гирем. Ба туфайли ин мо «маъсият ва шаҳавоти дунёро рад намуда ... мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ» мешавем (Тит. 2:12, 13). Биёед бо азми қавӣ зери юғи Исо бимонем ва ба ҳокимияту роҳнамоии ӯ итоат кунем. Ҳамин тавр мо хушбахтиву таровати ҳақиқӣ хоҳем ёфт!
[Эзоҳ]
a Барои шавқовар ва пурмазмун гардонидани омӯзиши оилавӣ ба маълумоти иловагӣ, ки дар «Хидмат ба Салтанати Худо», марти соли 1991, саҳ. 1 (рус.) оварда шудааст, нигаред.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Имрӯз халқи Яҳува аз чӣ тароват мегирад?
• Чӣ тавр хидмати масеҳӣ ҳам ба мо ва ҳам ба касоне, ки бо онҳо сӯҳбат мекунем, тароват мебахшад?
• Сарварони оила чӣ кор карда метавонанд, то ки ибодати оилавиашон тароватбахш бошад?
• Чӣ моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ хаста карда метавонад?