Рӯъёҳои Закарё чӣ маъно доранд?
«Сӯйи Ман баргардед... ва Ман сӯйи шумо хоҳам баргашт» (ЗАК. 1:3).
1–3. а) Вақте Закарё хизмати худро сар кард, халқи Худо дар кадом ҳолат буд? б) Чаро Яҳува ба халқаш гуфт, ки ба назди Ӯ баргардад?
МАНЗАРАИ аҷоиберо тасаввур кунед. Дар миёни замину осмон тӯмор, яъне номаи лӯлапече мепарад, зане дар даруни сабад нишастааст ва ду зани дигаре, ки болҳояшон мисли болҳои лайлак аст, парвоз мекунанд. Ин манзараи аҷоиб дар китоби Закарё тасвир шудааст (Зак. 5:1, 7–9). Чаро Яҳува ба пайғамбар ин гуна рӯъёҳои ҳайратоварро нишон дод? Он вақт дар Исроил вазъият чӣ гуна буд? Ин рӯъёҳо чиро ошкор мекунанд? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.
2 Соли 537-и то милод барои халқи Худо соли фаромӯшнашаванда буд. Пас аз 70 соли асирӣ онҳо аз дасти Бобил халос шуданд. Акнун онҳо мехостанд мисли пештара ибодати покро дар Ерусалим барқарор кунанд. Соли 536-и то милод таҳкурсии маъбади Худованд гузошта шуд. Он вақт халқ аз шодӣ «бағоят баланд нидо мекарданд, ва овозашон аз дур шунида мешуд» (Эзро 3:10–13). Дере нагузашта душманонашон ба кори сохтмон зиддияти сахт нишон доданд. Исроилиён ба тарсу ҳарос дода шуда сохтмонро бас карданд. Онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд ва аз пайи кори саҳро шуданд. Ҳамин тавр тӯли 16 сол кори сохтмон хобонда шуд. Ба халқи Худо ёдрас кардан даркор буд, ки корҳои худро як тараф монда ба назди Яҳува баргарданд. Чунки Яҳува мехост, ки онҳо тарсу ҳаросро аз худ дур кунанд ва аз таҳти дил Ӯро ибодат намоянд.
3 Барои ҳамин соли 520-и то милод Яҳува ба назди исроилиён пайғамбар Закарёро фиристод, то ба онҳо хотиррасон кунад, ки барои чӣ Ӯ халқашро аз Бобил озод кард. Маънои номи Закарё «Яҳува ба ёд овард» мебошад. Ин нишон медиҳад, ки ҳарчанд яҳудиён некиҳои Яҳуваро фаромӯш карда бошанд ҳам, Ӯ ҳамеша дар фикри халқаш буд. (Закарё 1:3, 4-ро хонед.) Яҳува меҳрубонона онҳоро боварӣ бахшид, ки барои барқарор кардани ибодати пок кӯмак мерасонад. Вале ҳамзамон огоҳ кард, ки агар ибодати онҳо аз таҳти дил набошад, Ӯ онро қабул намекунад. Биёед бинем, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи ду рӯъё халқашро ба амал водор кард ва мо аз ин чӣ дарс мегирем.
ҶАЗОИ ХУДО БАРОИ ДУЗДӢ
4. Закарё дар рӯъёи шашум чиро дид? Чаро ҳарду тарафи тӯмор навиштаҷот дошт? (Ба расми 1-уми аввали мақола нигаред.)
4 Боби 5-уми китоби Закарё бо рӯъёи ғайриоддие сар мешавад. (Закарё 5:1, 2-ро хонед.) Пайғамбар дар осмон тӯмореро мебинад, ки дарозияш қариб 9 метр ва бараш 4,5 метр аст. Дар ин тӯмори кушода ҳукми Худо навишта шуда буд (Зак. 5:3). Одатан дар давраҳои қадим як тарафи тӯморро барои навиштан истифода мебурданд. Аммо ин тӯмор дар ҳарду тарафаш навиштаҷот дошт. Аз ин маълум мешавад, ки хабари он хеле муҳим ва ҷиддӣ аст.
5, 6. Яҳува ба ҳар намуди дуздӣ чӣ тавр нигоҳ мекунад?
5 Закарё 5:3, 4-ро хонед. Ҳамаи одамон дар пеши Худо барои рафторашон ҷавобгаранд. Аммо халқи Яҳува ҷавобгарии бештар дорад, чунки бо номи Ӯ хонда шудааст. Онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва медонанд, ки агар дуздӣ кунанд «исми Худои худро беҳурмат» месозанд (Мас. 30:8, 9). Баъзе одамон шояд фикр кунанд, ки агар бо нияти хуб дуздӣ кунӣ ҳеҷ бадие надорад. Вале бо кадом сабабе, ки шахс дуздӣ накунад, вай нафсашро аз Худо ва номи Ӯ боло гузошта қонуни Худоро поймол мекунад. Барои ҳамин ӯ худашро сафед карда наметавонад.
6 Ба суханоне, ки дар Закарё 5:3, 4 оварда шудааст аҳамият додед? Он ҷо гуфта шудааст, ки лаънат «ба хонаи дузд... дохил хоҳад шуд, ва... сабаби хонавайронӣ хоҳад гардид». Ин маънои онро дорад, ки Яҳува гунаҳкоронро мебинад ва ҷазо медиҳад. Дузд метавонад гуноҳашро аз милиса, сардори корхона, пирони ҷамъомад, падару модар пинҳон кунад, аммо аз чашми Худо пинҳон карда наметавонад. Чунки Яҳува ҳар намуди дуздиро ошкор мекунад (Ибр. 4:13). Мо хушбахтем, зеро дар байни халқе зиндагӣ мекунем, ки дар ҳама чиз ростқавланд (Ибр. 13:18).
7. Чӣ кор кунем, ки ба ҳукми Яҳува гирифтор нашавем?
7 Ҳар намуди дуздӣ Яҳуваро хафа мекунад. Лекин мо Ӯро хафа карда номашро доғдор кардан намехоҳем. Аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Яҳува зиндагӣ кардан шараф аст. Агар мо дидаю дониста қонуни Худоро вайрон кунем, ба ҳукми Ӯ гирифтор мешавем.
БА ВАЪДААТОН ВАФО КУНЕД
8–10. а) Кадом вақт одамон қасам мехӯранд? б) Шоҳ Сидқиё кадом ваъдаашро иҷро накард?
8 Ҳукми дигаре, ки дар тӯмор навишта шуда буд, ба касе дахл дорад, ки ба номи Худо «қасами дурӯғ мехӯрад» (Зак. 5:4). Кадом вақт одамон қасам мехӯранд? Вақте ҳақ будани суханашонро исбот карданӣ мешаванд, иҷро кардани ягон корро ваъда медиҳанд ва ё дар ин ё он кор айбдор набуданашонро исбот кардан мехоҳанд.
9 Ба номи Яҳува қасам хӯрдан кори шӯхӣ нест. Инро мо аз намунаи шоҳ Сидқиё фаҳмида метавонем. Ӯ охирон шоҳе буд, ки дар Ерусалим ҳукмронӣ мекард. Сидқиё ба номи Яҳува қасам хӯрд, ки ба подшоҳи Бобил итоат мекунад, лекин ба ваъдааш вафо накард. Барои ҳамин Яҳува ба ӯ чунин ҳукм баровард: «Ба ҳаёти Худам қасам ки...[Сидқиё] дар макони ҳамон подшоҳе, ки ӯро подшоҳ таъин кардааст ва ӯ қасами варо хор дида, аҳди варо поймол намудааст, назди вай андаруни Бобил хоҳад мурд» (Ҳиз. 17:16).
10 Шоҳ Сидқиё ба номи Худо қасам хӯрд, аз ин рӯ Яҳува интизор буд, ки вай ба ваъдаи худ вафо мекунад (2 Вақ. 36:13). Лекин Сидқиё ба гапаш наистод ва аз подшоҳи Миср хоҳиш кард, ки барои аз дасти Бобил озод шудан ба ӯ кӯмак расонад (Ҳиз. 17:11–15, 17, 18).
11, 12. а) Ваъдаи аз ҳама муҳими мо ба Яҳува кадом аст? б) Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки худро ба Худо бахшидаем?
11 Яҳува ҳама ваъдаҳои моро низ мешунавад ва ба он ҷиддӣ муносибат мекунад. Агар хоҳем, ки ба Худо писанд оем, бояд ваъдаҳоямонро иҷро кунем (Заб. 75:12). Вақте мо худро ба Худо бахшидем, мо қасам хӯрдем, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Ӯ хизмат мекунем. Ин яке аз муҳимтарин ваъдаест, ки мо ба Яҳува додем.
12 Чӣ тавр мо ба ин ваъдаамон вафо карда метавонем? Мо ҳар рӯз бо озмоишҳои гуногун дучор мешавем, вале, агар ба ин озмоишҳо тоб орем, нишон медиҳем, ки ба Яҳува ваъдаи дурӯғ надодаем (Заб. 60:9). Масалан, вақте дар ҷойи кор ё мактаб касе ба шумо ҳиссиёти ошиқона зоҳир кунад, чӣ кор мекунед? Оё шумо дуруст рафтор карда ба Яҳува итоаткор буданатонро нишон медиҳед? (Мас. 23:26). Агар дар оилаатон танҳо шумо ба Яҳува хизмат кунед, оё аз Худо барои дар роҳи ҳақиқат устувор мондан, ёрдам мепурсед? Оё ба вазъиятатон нигоҳ накарда барои муҳаббат ва роҳнамоии Яҳува миннатдорӣ баён мекунед? Оё барои хондани Китоби Муқаддас ҳар рӯз вақт ҷудо мекунед? Вақте мо худро ба Яҳува бахшидем, ваъда додем, ки ҳамаи ин корҳоро мекунем. Агар ҳамавақт гапи Яҳуваро гӯш кунем ва чизи беҳтаринамонро ба Ӯ бахшем, нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем ва ба Ӯ хизмат кардан мехоҳем. Мо ба Худо на рӯякӣ, балки аз таҳти дил хизмат мекунем, зеро ба Яҳува ва ваъдаҳои Ӯ имон дорем (Такр. Ш. 10:12, 13).
13. Аз рӯъёи шашуми Закарё мо чӣ дарс мегирем?
13 Аз рӯъёи шашуми Закарё мо фаҳмидем, ки агар Худоро дӯст дорем ҳеҷ гоҳ дуздӣ намекунем ва қасами дурӯғ намехӯрем. Мо фаҳмидем, ки ба хатогиҳои исроилиён нигоҳ накарда Яҳува ваъдаи Худро иҷро кард ва нагузошт, ки халқаш нобуд шавад. Ӯ вазъияти халқашро мефаҳмид ва медид, ки чӣ хел душманон аз ҳар тараф онҳоро ба танг меоварданд. Яҳува мехоҳад, ки мо мисли Ӯ ба ваъдаи худ ҷиддӣ муносибат кунем. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба мо барои иҷро кардани ваъдаамон кӯмак мерасонад. Ӯ моро боварӣ мебахшад, ки ба қарибӣ бадиро аз рӯйи замин нест мекунад. Дар ин бора мо аз рӯъёи ҳафтуми Закарё фаҳмида метавонем.
ЯҲУВА БАДИРО НЕСТ МЕКУНАД
14, 15. а) Дар рӯъёи ҳафтум Закарё чиро дид? (Ба расми 2-юми аввали мақола нигаред.) б) Зане, ки дар даруни сабад аст, чиро тасвир мекунад ва чаро ӯ баромада наметавонад?
14 Фаришта ба Закарё рӯъёи ҳафтумро нишон дода гуфт: «Чашмонатро боло карда, бубин». Закарё ба осмон нигариста сабадеро дид. (Закарё 5:5–8-ро хонед.) Даҳони ин сабад бо санги кулӯла пӯшида шуда буд. Вақте он кушода шуд, Закарё дид, ки «як зан андаруни сабад нишастааст». Фаришта ба Закарё фаҳмонд, ки ин зан «шарорат», яъне бадӣ аст. Вай ҳаракат мекард, ки аз даруни сабад берун барояд. Закарё инро дида ба тарсу воҳима афтод. Фаришта зуд занро гашта ба даруни сабад андохт ва даҳони онро бо санги вазнин пӯшонд. Ин рӯъё чӣ маъно дорад?
15 Он нишон медиҳад, ки дар байни халқи Яҳува барои бадӣ ҷой нест. Агар Яҳува бадиро бинад, барои нест кардани он зуд амал мекунад (1 Қӯр. 5:13). Мо инро аз амали фаришта фаҳмида метавонем. Вақте зан аз даруни сабад баромаданӣ шуд, ӯ дарҳол болои онро бо санг пӯшонд.
16. а) Бо сабад чӣ шуд? (Ба расми 3-юми аввали мақола нигаред.) б) Ду зани болдор сабадро ба куҷо бурданд?
16 Закарё боз як манзараи аҷоиберо дид. Дар осмон ду зане парвоз мекарданд, ки болҳояшон мисли болҳои лайлак бақувват буданд. (Закарё 5:9–11-ро хонед.) Онҳо аз зани дар даруни сабад нишаста тамоман фарқ мекарданд. Ин занон сабадро бардошта бо болҳои бақувваташон парида рафтанд. Онҳо занеро, ки дар сабад буд, куҷо бурданд? Ба «замини Шинъор», яъне Бобил. Чаро «шарорат» ба замини Бобил бурда шуд?
17, 18. а) Чаро Бобил барои бадӣ ҷойи мувофиқ аст? б) Шумо ба чӣ вазифадоред?
17 Исроилиёне, ки дар давраи Закарё-пайғамбар зиндагӣ мекарданд, мефаҳмиданд, ки чаро «шарорат» маҳз ба замини Бобил бурда шуд. Онҳо медонистанд, ки ин шаҳр макони бадӣ, зинокорӣ ва ибодати дурӯғ гашта буд. Закарё ва яҳудиёне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ҳар рӯз мубориза мебурданд, то ба таъсири бади атрофиёнашон дода нашаванд. Ин рӯъё онҳоро боварӣ бахшид, ки Яҳува ибодати покро ҳатман нигоҳ медорад.
18 Ҳамчунин ин рӯъё ба яҳудиён хотиррасон кард, ки онҳо низ барои нигоҳ доштани ибодати пок вазифадоранд. Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар байни халқаш бадӣ ҷой дошта бошад. Имрӯз ҳам дар ташкилоти Ӯ нопокӣ ҷой надорад ва мо дар он ҷо муҳаббати Худо ва бехатариро ҳис мекунем. Ҳар яки мо барои дар ташкилоти Яҳува нигоҳ доштани покӣ ӯҳдадорем. Оё шумо кӯшиш мекунед, ки покиро дар ташкилотамон нигоҳ доред? Ҳеҷ бадие набояд биҳишти рӯҳонии моро нопок созад.
ХАЛҚИ ПОК ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАД
19. Мо аз рӯъёи Закарё барои худ чӣ дарс мегирем?
19 Рӯъёи шашум ва ҳафтуми Закарё барои бадкорон огоҳии ҷиддӣ аст, чунки Яҳува бадиро ҳатман нест мекунад. Барои ҳамин хизматгорони Худо бояд аз бадӣ нафрат кунанд. Ин рӯъё ҳамчунин нишон медиҳад, ки агар мо дили Падари осмониамонро хурсанд кунем, Ӯ моро баракат дода ҳимоя мекунад ва мо ба ҳукми марг гирифтор намешавем. Албатта, дар ин дунёи шарир пок мондан осон нест, аммо бо ёрдами Яҳува мо дар ин кор муваффақ шуда метавонем. Лекин мо аз куҷо медонем, ки ибодати пок аз байн намеравад? Чӣ ба мо боварӣ мебахшад, ки Яҳува ташкилоташро дар мусибати бузург ҳимоя мекунад? Ин саволҳоро дар мақолаи навбатӣ муҳокима мекунем.