Чӣ тавр фидия моро наҷот медиҳад
«Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад» (ЮҲ. 3:36).
1, 2. Яке аз сабабҳои нашр шудани маҷаллаи «Бурҷи дидбонии Сион» кадом буд?
СОЛИ 1879 дар шумораи чоруми маҷаллаи «Бурҷи дидбонии Сион», мақолае нашр гардид, ки дар он гуфта мешуд: «Китоби Муқаддас ба марги Масеҳ аҳамияти бузург медиҳад, ки ин ба ягон омӯзандаи бодиққати он таъсир накарда наметавонад». Он мақола бо даъвати зерин ба охир мерасад: «Биёед аз ҳар чизе ки аҳамияти марги Масеҳро чун қурбонӣ ва кафорат барои гуноҳ кам мекунад ё онро рад менамояд, канорагирӣ намоем». (1 Юҳанно 2:1, 2–ро бихонед.)
2 Яке аз сабабҳои нашр шудани «Бурҷи дидбонии Сион», ки шумораи аввалаш моҳи июли соли 1879 баромад,— ин ҳимоя кардани таълимоти Китоби Муқаддас оиди фидия буд. Маводе, ки дар саҳифаҳои он чоп мешуд, ғизои саривақтӣ буд, зеро дар нимаи дуюми асри XIX шумораи бештари шахсони ба ном масеҳӣ дар он ки марги Исо гуноҳҳои моро кафорат карда метавонад, шубҳа пайдо карданд (Мат. 24:45). Ҳамзамон, бисёриҳо зери таъсири назарияи эволютсия қарор мегирифтанд. Ин назария ба он ки инсон комилиятро аз даст додааст, муқобилат мекунад. Эволютсионистон таълим медиҳанд, ки инсон худашро такмил дода метавонад ва ба фидия ниёз надорад. Дар алоқамандӣ бо ин маслиҳати зерини ба Тимотиюс додаи Павлуси расул хусусан бамаврид мебошад: «Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон, ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд» (1 Тим. 6:20, 21).
3. Кадом саволҳоро мо ҳоло дида мебароем?
3 Бешубҳа, мо иродаи қавӣ дорем, ки аз имон барнагардем. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки саволҳои зеринро дида бароем: Чаро ман ба фидия ниёз дорам? Оё ба Яҳува ва Исо фароҳам овардани фидия осон буд? Чӣ кор кунам, то аз ин атои бебаҳо, ки метавонад маро аз ғазаби Худо наҷот диҳад, баҳра барам?
Мо метавонем аз ғазаби Худо эмин бошем
4, 5. Аз чӣ маълум аст, ки тартиботи имрӯзаи шарир то ҳол дар худ ғазаби Худоро эҳсос мекунад?
4 Китоби Муқаддас ва далелҳои раднопазири таърихӣ нишон медиҳанд, ки аз замони гуноҳ кардани Одам инсоният то ҳол дар худ ғазаби Худоро эҳсос мекунад (Юҳ. 3:36). Ин аз он аён аст, ки ягон инсон аз дасти марг раҳо шуда наметавонад. Ҳокимияти Шайтон наметавонад инсониятро аз мусибату бадбахтиҳои доимӣ комилан наҷот диҳад ва то ин дам ягон ҳокимияти инсонӣ натавонист ниёзҳои асосии тамоми тобеонашро қонеъ намояд (1 Юҳ. 5:19). Аз ин рӯ, инсоният то ба ҳол аз ҷангҳо, ҷинояткорӣ ва камбағалӣ азоб мекашад.
5 Пас равшан аст, ки Яҳува тартиботи шариронаи имрӯзаро баракат намедиҳад. Павлус гуфт, ки ба ҳар гуна шарорат «ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад» (Рум. 1:18–20). Аз ин рӯ, онҳое, ки тарзи ҳаёташон ба Худо номақбул асту тавба намекунанд, аз оқибати чунин рафторашон гурехта наметавонанд. Имрӯз ғазаби Худо аз хабарҳои маҳкумкунандае, ки чун бало ба ҷаҳони Шайтон рехта истодаанд, маълум мегардад. Ва чунин маълумот дар бисёри адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаи мо чоп мешаванд (Ваҳй 16:1).
6, 7. Кадом корро масеҳиёни тадҳиншуда роҳбарӣ мекунанд ва барои онҳое, ки қисми ҷаҳони Шайтон мебошанд, то ҳол чӣ гуна имконият вуҷуд дорад?
6 Оё ин маънои онро дорад, ки одамон дигар наметавонанд аз зери ҳукмронии Шайтон раҳо гашта, илтифоти Худоро ба даст оранд? Не, зеро ки бо Яҳува оштӣ шудан то ҳол имконпазир аст. Масеҳиёни тадҳиншуда, ки «элчиёни Масеҳ» ҳастанд, бар кори мавъиза роҳбарӣ мекунанд, ки тавассути он ба ҳамаи халқҳо даъвати зерин расонида мешавад: «Бо Худо мусолиҳа намоед» (2 Қӯр. 5:20, 21).
7 Павлуси расул гуфт, ки Исо «моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад» (1 Тас. 1:10). Дар он зуҳуроти охирини ғазаби Худо гунаҳкорони тавбанакарда абадӣ нобуд карда мешаванд (2 Тас. 1:6–9). Кӣ наҷот меёбад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад» (Юҳ. 3:36). Бале, ҳар шахсе, ки ҳангоми ба поён расидани ин тартибот зиндагӣ мекунаду ба Исо ва фидияи ӯ имон дорад, дар рӯзи охирини ғазаби Худо наҷот хоҳад ёфт.
Фидия чӣ тавр амал мекунад
8. а) Чӣ ояндаи олиҷанобе Одаму Ҳавворо интизор буд? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува Худои адолати комил аст?
8 Одаму Ҳавво комил офарида шуда буданд. Агар онҳо ба Худо итоаткор мемонданд, ҳоло замин аз насли хушбахти онҳо пур мешуд ва онҳо якҷоя дар Биҳишт зиндагӣ мекарданд. Лекин мутаассифона, нахустволидони мо дидаву дониста ба амри Худо итоат накарданд. Дар натиҷа, Худо онҳоро ба марги абадӣ маҳкум кард ва аз Биҳишт ронд. Вақте ки Одаму Ҳавво фарзанддор шуданд, гуноҳ аллакай ба инсоният таъсир мекард ва зану марди нахустин пир шуда, оқибат мурданд. Ин нишон медиҳад, ки суханони Яҳува ҳаққанд. Беш аз ин, Ӯ Худои адолати комил аст. Яҳува Одамро огоҳ карда буд, ки агар ӯ аз меваи манъшуда хӯрад, мемирад — ва ҳамин тавр ҳам шуд.
9, 10. а) Чаро насли Одам мемиранд? б) Чӣ тавр мо аз марги абадӣ раҳо шуда метавонем?
9 Чун фарзандони Одам мо ҷисми нокомилро мерос гирифтем, ки он ба гуноҳ моил аст ва оқибат мемирад. Вақте ки Одам гуноҳ кард, мо ҳам гунаҳкор шудем, ҳарчанд чун насли ӯ ҳоло ба дунё наомада будем. Аз ин рӯ, мо низ ба марг маҳкум шудаем. Агар Яҳува бе пардохти фидия моро аз марг озод мекард, он гоҳ Ӯ ба суханони худ содиқ намемонд. Павлус дар асл ҳамаи моро дар назар дошта, гуфт: «Мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам. Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?» (Рум. 7:14, 24).
10 Танҳо Яҳува Худо метавонист асоси қонунӣ фароҳам орад, то тавассути он гуноҳҳоямонро бахшад ва моро аз ҷазои марги абадӣ озод кунад. Ӯ чӣ кор кард? Яҳува Писари маҳбубашро аз осмон фиристод, то чун инсони комил таваллуд шавад ва ҳаёташро чун фидия барои мо диҳад. Баръакси Одам, Исо комил монд. Дар ҳақиқат, вай «гуноҳе накардааст» (1 Пет. 2:22). Ба туфайли ин Исо имконият дошт, ки падари насли комили инсоният гардад. Вале ба ҷои ин, вай гузошт, ки душманони Худо ӯро бикушанд, то ӯ насли гунаҳкори Одамро ба фарзандӣ қабул карда тавонад ва ба касоне, ки ба ӯ имон меоранд, ҳаёти ҷовидониро имконпазир гардонад. Навиштаҳои Муқаддас мефаҳмонанд: «Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод» (1 Тим. 2:5, 6).
11. а) Баҳои фидияро бо кадом мисол нишон додан мумкин аст? б) Фидия бар манфиати киҳо хизмат мекунад?
11 Чӣ тавр амал кардани фидияро бо мисоле мефаҳмонем. Тасаввур кунед, ки сарвари оила ҷинояте содир менамояд ва ӯро ба марг маҳкум мекунанд. Дар натиҷа, фарзандони ӯ бе як бурда нон мемонанд. Ғайр аз ин, аз сабаби ҷинояти падарашон онҳо ба қарз меғӯтанд. Дар ин маврид бобои меҳрубонашон ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунад. Ӯ писари дигарашро, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунад, назди наберагонаш мефиристад. Вай бошад, онҳоро аз қарз халос мекунад. Ҳамин тавр, бобо ба набераҳояш имконият медиҳад, зиндагии навро оғоз намоянд. Ба ин монанд, Яҳува Худо ба воситаи Писари маҳбубаш ба насли Одам дасти ёрӣ дароз кард ва «қарзи» онҳо, яъне гуноҳҳояшонро дар асоси хуни рехтаи Исо бахшид. Бо ин роҳ ба насли Одам имконияти ҷовидона зистан аз нав дода шуд. Аз ин рӯ, Яҳёи Таъмиддиҳанда дар бораи Исо гуфта метавонист: «Инак, Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (Юҳ. 1:29). Ба ҷаҳон ё инсонияте, ки Исо гуноҳашро бардоштааст, на танҳо одамони зинда, балки мурдагон низ дохил мешаванд.
Оё фароҳам овардани фидия осон буд?
12, 13. Он ки Иброҳим дар қурбонӣ намудани Исҳоқ омодагӣ зоҳир кард, ба мо чиро ошкор мекунад?
12 Мо то ба охир фаҳмида наметавонем, ки барои Падари осмониамон ва Писари маҳбуби Ӯ пешкаш кардани фидия то чӣ андоза душвор буд. Лекин воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда кӯмак мекунанд, ки дар ин бора мулоҳиза намоем. Масалан, тасаввур кунед, ки Иброҳим ҳангоми ба амри Худо итоат намуда, тӯли се рӯз сӯи Мӯриё рафтанаш чӣ эҳсос мекард. Яҳува ба ӯ гуфта буд: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор» (Ҳас. 22:2–4).
13 Иброҳим ба ҷои таъиншуда омад. Эҳтимол чӣ қадар душвор буд ба Иброҳим бастани дасту пои Исҳоқ ва ба қурбонгоҳи бо дастони худ сохтааш хобондани вай. Ва чӣ дардеро эҳсос кард ӯ, вақте ки кордро бардошта, писарашро куштанӣ шуд! Инчунин эҳсосоти Исҳоқро тасаввур кунед: ӯ рӯи қурбонгоҳ хобидааст ва дарди ҷонгудозеро, ки баъд аз он мемирад, интизор аст. Маҳз дар ҳамин лаҳза фариштаи Худо Иброҳимро бозмедорад. Ин воқеа кӯмак мекунад, ки эҳсосоти Яҳуваро фаҳмем. Бешубҳа, чӣ қадар душвор буд ба Ӯ роҳ додани он ки Писараш аз дасти пайравони Шайтон кушта шавад. Рафтори итоаткоронаи Исҳоқ нишон медиҳад, ки Исо бо омодагӣ баҳри мо азоб кашида, ҳаёташро қурбон кард (Ибр. 11:17–19).
14. Кадом воқеаи ҳаёти Яъқуб барои бештар қадр кардани фидия ба мо кӯмак мекунад?
14 Барои бештар қадр кардани фидия ҳамчунин воқеае аз ҳаёти Яъқуб ба мо кӯмак мекунад. Аз байни ҳамаи писаронаш Яъқуб бештар Юсуфро дӯст медошт. Мутаассифона, бародаронаш ба Юсуф ҳасад мебурданд ва аз ӯ нафрат мекарданд. Лекин, Юсуф тайёр буд, ки бо хоҳиши падар назди бародаронаш биравад ва аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирад. Он вақт онҳо рамаи падарашон Яъқубро дар шимоли Ҳебрӯн, тақрибан дар масофаи 100 километр дуртар аз хонаашон, мечаронданд. Тасаввур кунед, ки чӣ эҳсос кард Яъқуб, вақте ки писаронаш бо либоси хунолуди Юсуф баргашта, онро ба падар нишон доданд! «Куртаи писари ман аст! — хитоб кард ӯ.— Ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст! Яқинан Юсуф дарида шудааст!» Ин барои Яъқуб зарбаи сахт буд ва ӯ рӯзҳои бисёр барои Юсуф мотам гирифт (Ҳас. 37:33, 34). Яҳува ба ин ё он воқеа мисли одамони нокомил муносибат намекунад. Лекин мулоҳиза оиди ин воқеаи ҳаёти Яъқуб ба мо кӯмак мекунад, то ба андозае фаҳмем, ки Худо, вақте Писари маҳбуби Ӯро мазоҳу масхара намуда, оқибат бераҳмона куштанд, чӣ эҳсос мекард.
Фидия чӣ тавр ба манфиати мо хидмат мекунад
15, 16. а) Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки фидияро қабул кард? б) Чӣ тавр фидия ба манфиати шумо хидмат мекунад?
15 Яҳува Худо Писари содиқашро чун офаридаи рӯҳии пурҷалол эҳё кард (1 Пет. 3:18). Дар давоми 40 рӯз Исои эҳёшуда назди шогирдонаш зоҳир шуда, имони онҳоро қавӣ мекард ва онҳоро ба кори бузурги мавъиза, ки дар пеш буд, тайёр менамуд. Сипас вай ба осмон сууд кард. Он ҷо ӯ баҳои хуни рехтаашро ба Худо пешкаш намуд, то ки он ба манфиати пайравони ҳақиқиаш, ки ба баҳои қурбонии фидияи ӯ имон доранд, хидмат кунад. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки Ӯ фидияи Масеҳро қабул кард? — Ӯ Исоро таъин намуд, ки аз осмон бар шогирдонаш, ки рӯзи Пантикости соли 33 эраи мо дар Ерусалим ҷамъ омада буданд, рӯҳулқудс бирезад (Аъм. 2:33).
16 Ин пайравони тадҳиншудаи Масеҳ фавран ба даъват кардани дигар одамон шурӯъ намуданд, то онҳо барои бахшиши гуноҳҳояшон ба номи Исои Масеҳ таъмид гирифта, аз ғазаби Худо эмин бошанд. (Аъмол 2:38–40-ро бихонед.) Аз он рӯзи таърихӣ инҷониб миллионҳо одамони халқу миллаташон гуногун дар асоси имон ба қурбонии фидияи Исо ба Худо наздик мешаванд (Юҳ. 6:44). Дар алоқамандӣ бо ин боз ду саволро бояд дида бароем: Оё касе аз мо умеди ҳаёти ҷовидониро танҳо ба туфайли корҳои некаш ба даст овардааст? Оё ин умеди олиҷанобро боре ба даст оварда, онро аз даст додан мумкин аст?
17. Ба имтиёзи олиҷаноби дӯсти Худо будан мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?
17 Ҳеҷ кас ба туфайли корҳои некаш арзандаи фидия шуда наметавонад. Лекин, ба он имон зоҳир намуда, имрӯз миллионҳо одамон дӯсти Худо шуданд ва барои дар биҳишти рӯи замин ҷовидона зистан умед пайдо намуданд. Аммо ин кафолати он нест, ки мо ҳамеша дӯсти Яҳува хоҳем монд. Барои аз рӯзи ғазаби Худо эмин мондан мо бояд минбаъд низ барои «кафорате ки дар Исои Масеҳ аст», миннатдории чуқур зоҳир намоем (Рум. 3:24; Филиппиён 2:12–ро бихонед).
Минбаъд низ ба фидия имон зоҳир кунед
18. Имон ба фидия чиро дар бар мегирад?
18 Ояти асосии ин мақола, Юҳанно 3:36, нишон медиҳад, ки имон ба Исои Масеҳ муҳим аст ва он дар итоаткорӣ ба ӯ зоҳир мегардад. Миннатдорӣ барои фидия бояд моро барангезад, ки мувофиқи таълимоти Исо, аз он ҷумла мувофиқи он чизе ки ӯ дар бобати ахлоқ таълим медод, зиндагӣ кунем (Марқ. 7:21–23). Бар ҳамаи онҳое, ки зино мекунанд, ҳазлу шӯхиҳои бешармонаро дӯст медоранд ва ба «ҳар гуна нопокӣ», аз он ҷумла тамошои порнография, даст мезананд ва аз ин рафтори худ тавба намекунанд, «ғазаби Худо зоҳир мешавад» (Эфс. 5:3–6).
19. Ба фидия имон доштани мо дар чӣ зоҳир мегардад?
19 Ҳисси миннатдорӣ барои фидия моро бармеангезад, ки ҳамеша бо корҳое, ки аз «садоқатмандӣ ба Худо» шаҳодат медиҳанд, машғул бошем (2 Пет. 3:11, ТДН). Биёед вақти кофӣ ҷудо намуда, мунтазам ва самимона ба Худо дуо гӯем, омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ва ибодати оилавӣ гузаронем, ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф орем ва дар кори мавъизаи Салтанат фаъолона иштирок кунем. Ҳамчунин биёед некӯкорӣ ва саховатро аз хотир набарорем, «зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд» (Ибр. 13:15, 16).
20. Онҳоеро, ки ба фидия имон зоҳир мекунанд, чӣ ояндае интизор аст?
20 Вақте ки ғазаби Худо бар ин ҷаҳони шарир фурӯ мерезад, чӣ хушбахтӣ эҳсос хоҳем кард мо аз он ки ба фидия имон зоҳир кардем ва барои он пайваста миннатдорӣ нишон додем! Ва дар дунёи нави Худо мо барои ин атои олиҷаноб, ки моро аз ғазаби Ӯ наҷот додааст, ҷовидона миннатдор хоҳем буд. (Юҳанно 3:16; Ваҳй 7:9, 10, 13, 14–ро бихонед.)
Шумо чӣ гуна ҷавоб медодед?
• Чаро мо ба фидия ниёз дорем?
• Оё фароҳам овардани фидия ба Яҳува ва Исои Масеҳ осон буд? Шарҳ диҳед.
• Фидия чӣ тавр ба манфиати мо хизмат мекунад?
• Ба қурбонии фидияи Исо имон доштани мо дар чӣ зоҳир мегардад?