ДАРСИ 4
Ҳақиқат дар бораи Худо
Аз қадимулайём одамон бисёр худоёнро парастиш мекарданд. Вале дар Китоби Муқаддас дар бораи Худое гуфта шудааст, ки «аз ҳамаи худоёни дигар бузургтар аст» (2 Воқеанома 2:5). Аз кадом ҷиҳат ӯ аз дигар худоёне, ки одамон мепарастанд, бузургтар аст? Аз ин дарс шумо дар бораи Худои яккаву ягона бештар мефаҳмед.
1. Номи Худо чист ва аз куҷо медонем, ки номи ӯро донистан муҳим аст?
Худо дар Китоби Муқаддас номашро ба мо ошкор кардааст. Ӯ мегӯяд: «Ман Яҳуваам, ин номи ман аст». (Ишаъё 42:5, 8-ро хонед.) «Яҳува» номи ибронӣ буда, маънояш чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Худо мехоҳад мо номи ӯро донем (2 Мӯсо 3:15). Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Яҳува номашро дар Китоби Муқаддас зиёда аз 7000 бор овардаастa. Яҳува онест, ки «дар осмон, дар боло, ва дар замин, дар поён, Худост» (5 Мӯсо 4:39).
2. Дар Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува чӣ гуфта шудааст?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар байни ҳамаи худоёне, ки одамон мепарастанд, Яҳува ягона Худои ҳақиқӣ аст. Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Барои ин якчанд сабаб вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, Яҳува соҳиби қудрати бепоён аст ва танҳо ӯ «бар тамоми замин Худои Таоло» мебошад. (Забур 83:18-ро хонед.) Ӯ «Худои Тавоно» аст ва метавонад тамоми хосташро ба ҷо орад. Яҳува «ҳама чиз», аз ҷумла коинот ва мавҷудоти рӯйи заминро, офаридааст (Ошкорсозӣ 4:8, 11). Танҳо Яҳува ҳама вақт вуҷуд дорад ва то абад вуҷуд хоҳад дошт (Забур 90:2).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чаро Худо танҳо як ном дорад, чӣ тавр ӯ номашро ба мо ошкор кард ва барои чӣ ӯ мехоҳад, ки мо онро донем.
3. Худо сифатҳои зиёд дорад, вале номаш яктост
Магар номи шахсро донистан муҳим аст? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед:
Сифатҳои Худо аз номи ӯ чӣ фарқ доранд?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамон бисёр худоёнро ибодат мекунанд. Забур 136:1–3-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:
«Худои худоён» ва «Худованди худовандон» кист?
4. Яҳува мехоҳад, ки шумо номи ӯро ба забон гиред
Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува мехоҳад шумо номашро донед? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Оё Худо мехоҳад, ки мо номашро донем? Чаро шумо ин хел фикр мекунед?
Яҳува мехоҳад, ки одамон номашро ба забон гиранд. Румиён 10:13-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ба забон гирифтани номи Яҳува то чӣ андоза муҳим аст?
Оё ба шумо маъқул аст, ки дигарон номатонро дар хотир дошта, бо он ба шумо муроҷиат кунанд?
Ба фикратон, вақте шумо номи Худоро ба забон мегиред, ӯ чӣ ҳис мекунад?
5. Яҳува мехоҳад, ки шумо дӯсти ӯ шавед
Зане бо номи Сотен аз давлати Камбоҷа мегӯяд, ки, вақте номи Худоро фаҳмид, дили ӯро хурсандии нотакрор фаро гирифт. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте Сотен номи Худоро фаҳмид, чӣ ҳис кард?
Пеш аз бо касе дӯст шудан шумо одатан аввал номи ӯро мефаҳмед. Қисми аввали Яъқуб 4:8-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:
Яҳува аз шумо чиро интизор аст?
Чӣ тавр номи Худоро донистан ва онро ба забон гирифтан шуморо ба ӯ наздик карда метавонад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Худо 99 ном дорад».
Оё шумо бовар доред, ки номи Худо Яҳува аст?
Чӣ тавр ба дигарон фаҳмонда метавонед, ки Худо мехоҳад номи ӯро ба забон гирем?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Номи Худои яккаву ягона Яҳува аст. Ӯ мехоҳад мо номашро донем ва ба забон гирем, то бо ӯ дӯст шавем.
Такрор
Яҳува аз дигар «худоёне», ки одамон парастиш мекунанд, чӣ фарқ дорад?
Чаро мо бояд номи Худоро ба забон гирем?
Аз чӣ маълум аст, ки Худо мехоҳад шумо дӯсти ӯ шавед?
ДИДА БАРОЕД
Бо панҷ далеле шинос шавед, ки вуҷуд доштани Худоро исбот мекунанд.
Чаро ба вуҷуд доштани Худо бовар кардан аз рӯйи мантиқ аст?
«Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши Худо чӣ мегӯяд?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 августи с. 2014)
Ҳарчанд талаффузи аслии номи Худо номаълум аст, чаро бояд онро истифода барем?
Оё ба Худо бо номаш муроҷиат кардан муҳим аст? Фаҳмед, ки чаро гуфтан мумкин аст, ки Худо танҳо як ном дорад.
a Барои дар бораи номи Худо бештар маълумот гирифтан ва фаҳмидани он ки чаро баъзе тарҷумонон онро аз Китоби Муқаддас партофтаанд, ба Замимаи А4-и «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» нигаред.