Исми бузурги Яҳуваро ҷалол диҳед
«Исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод» (ЗАБ. 85:12).
1, 2. Баръакси калисоҳои масеҳӣ муносибати Шоҳидони Яҳува нисбати номи Худо чӣ гуна аст?
КАЛИСОҲОИ масеҳӣ аз истифода бурдани номи Худо дурӣ меҷӯянд. Масалан, дар пешгуфтори яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас қайд карда мешавад: «Истифода бурдани ягон ном нисбати Худои ягона... дар таълимоти динии калисои масеҳӣ тамоман норавост» («Revised Standard Version»).
2 Баръакси онҳо, Шоҳидони Яҳува фахр мекунанд, ки дар худ номи Худоро доранд ва онро ҷалол медиҳанд. (Забур 85:12; Ишаъё 43:10-ро бихонед.) Ғайр аз ин, барои мо шарафи бузург аст, ки ба маънои номи Худо сарфаҳм меравем ва дарк мекунем, ки номи Ӯ бояд муқаддас гардад (Мат. 6:9). Ин имконияти бузургро мо бояд қадр кунем. Вобаста ба ин, биёед, се саволи муҳимро дида бароем: Донистани номи Худо чӣ маъно дорад? Чӣ тавр Яҳува мувофиқи номи худ амал карда, номашро ҷалол медиҳад? Ва чӣ тавр мо ба исми Яҳува равона шуда метавонем?
ДОНИСТАНИ НОМИ ХУДО ЧӢ МАЪНО ДОРАД
3. Донистани номи Худо чӣ маъно дорад?
3 Донистани номи Худо ин на танҳо аз донистани калимаи «Яҳува» иборат аст, балки маънои бештарро дар бар мегирад. Номи Худоро донистан аз қадамҳои зерин иборат аст: дарк кардани бузургии Яҳува, донистани хислату мақсадҳои Ӯ ва дарк намудани тарзи амалҳои Ӯ, ки хусусан дар муносибат бо халқаш аён мегардад. Яҳува бо иҷро кардани мақсадҳояш оҳиста-оҳиста шахсияташро ошкор менамояд (Мас. 4:18). Азбаски Ҳавво баъди таваллуд кардани Қобил исми Худоро ба забон ронд, аз ин маълум мешавад, ки Яҳува номи худро ба ҷуфти аввалин кушода буд (Ҳас. 4:1). Пайғамбарони содиқ, мисли Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб номи Худоро медонистанд. Ғайр аз ин, вақте ки Яҳува онҳоро баракат медод, барояшон ғамхорӣ мекард ва ба онҳо мақсадҳояшро ошкор менамуд, онҳо боз ҳам бештар дар бораи шахсияти Ӯ мефаҳмиданд. Чанде пас, Худо ба Мусо оиди номи худ маълумоти махсус дод.
4. Барои чӣ Мусо аз Худо дар бораи номи Ӯ пурсид ва чаро ташвиши Мусо беасос набуд?
4 Хуруҷ 3:10–15-ро бихонед. Вақте ки Мусо 80-сола буд, Худо ба вай супориши ҷиддие дод: «Қавми Ман — банӣ-Исроилро аз Миср берун оварӣ». Мусо дар ҷавоб эҳтиромона пурсид: «Онҳо ба ман хоҳанд гуфт: “Исми Ӯ чист?” Ба онҳо чӣ гӯям?» Халқи Худо номи Худоро медонистанд, пас чаро Мусо ин саволро дод? Зеро ӯ дар бораи шахсияте, ки дорои чунин ном аст бисёртар донистан мехост, то халқи Худоро бовар кунонад, ки Ӯ дар ҳақиқат онҳоро халос карда метавонад. Ташвиши Мусо беасос набуд, зеро исроилиён муддати дароз дар ғуломӣ қарор доштанд. Онҳо эҳтимол шубҳа доштанд, ки Яҳува, Худои падаронашон, онҳоро халос карда метавонад. Баъзе исроилиён ҳатто худоёни мисриёнро ибодат мекарданд! (Ҳиз. 20:7, 8).
5. Чӣ тавр Яҳува ба Мусо маънои номашро кушод?
5 Яҳува ба саволи Мусо чӣ ҷавоб дод? Ӯ гуфт: «Ба банӣ-Исроил чунин бигӯ: “Воҷибулвуҷуд [«МАН ХОҲАМ ШУД», ТДН] маро назди шумо фиристод”»a. Сипас, Ӯ илова намуд: «[«Яҳува», ТДН] Худои падаронатон... маро назди шумо фиристод». Худо бо ин суханон нишон дод, ки барои иҷрои ваъдаҳояш ба ҳар кор қодир аст ва ҳамин тавр Ӯ ҳамеша суханашро иҷро мекунад. Ана барои чӣ Яҳува суханони зеринро илова кард: «Ин аст исми Ман то абад ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл». Ин суханон дар ҳақиқат ба Мусо таъсири сахт расониданд ва имонашро мустаҳкам гардониданд!
ЯҲУВА МУВОФИҚИ НОМИ ХУД АМАЛ МЕКУНАД
6, 7. Чӣ тавр Яҳува пурра мувофиқи номи бузургаш амал карда буд?
6 Чанде пас аз вазифадор кардани Мусо, Яҳува чун Наҷотдиҳандаи исроилиён амал карда нишон дод, ки мувофиқи номи худ амал мекунад. Ӯ мамлакати Мисрро бо даҳ балои харобкунанда ҷазо дод ва ҳамзамон нотавон будани худоёни мисрӣ, аз он ҷумла фиръавнро фош намуд (Хур. 12:12). Сипас, Яҳува баҳри Сурхро ду тақсим кард, исроилиёнро аз он гузаронд ва фиръавнро бо лашкаронаш ғарқ намуд (Заб. 135:13–15). Яҳува дар «биёбони бузург ва даҳшатангез» халқашро, ки шояд зиёда аз ду–се миллион нафарро ташкил медоданд, бо хӯрок ва об таъмин намуда, исбот кард, ки Ӯ чун Ҳифзкунандаи ҳаёт амал мекунад! Ӯ ҳатто ғамхорӣ кард, то ки либос ва пойафзоли онҳо кӯҳна нашаванд (Такр. Ш. 1:19; 29:5). Бале, Яҳува нисбати номи беҳамтояш бовафо хоҳад монд ва дар ин ҳеҷ чиз садди роҳи Ӯ шуда наметавонад. Баъдтар, Ӯ ба Ишаъё гуфт: «Ман, Ман Худованд [«Яҳува», ТДН] ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест» (Иш. 43:11).
7 Мисли Мусо–пайғамбар, Еҳушаъ корҳои бузургеро мушоҳида намуд, ки Яҳува дар Миср ва дар биёбон карда буд. Аз ин рӯ, дар охири ҳаёташ Еҳушаъ, ки баъд аз Мусо исроилиёнро роҳбарӣ мекард бо дилпурӣ чунин гуфт: «Шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз он зоеъ нарафтааст» (Еҳ. 23:14). Бале, Яҳува ҳамаи ваъдаҳои додаашро иҷро намуд.
8. Чӣ тавр Яҳува дар рӯзҳои мо мувофиқи номаш амал мекунад?
8 Яҳува дар рӯзҳои мо низ ваъдаҳои додаашро иҷро карда истодааст. Ба воситаи Писараш, Ӯ пешгӯӣ карда буд, ки дар айёми охир хушхабари Салтанат «дар тамоми олам» мавъиза хоҳад шуд (Мат. 24:14). Оё ғайр аз Худои Абарқудрат касе метавонист, ки дар бораи коре, ки мо имрӯз шоҳидаш ҳастем, пешгӯӣ кунад ва барои амалӣ гаштани он одамони «нохонда ва оддӣ»-ро истифода барад? (Аъм. 4:13). Аз ин рӯ, вақте ки мо хушхабарро мавъиза мекунем, дар асл барои иҷрошавии ин пешгӯии Китоби Муқаддас саҳми худро мегузорем. Бо ин, мо Падари осмониамонро ҷалол дода, нишон медиҳем, ки иҷрошавии гуфтаҳои зеринро сахт хоҳонем: «Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:9, 10).
ИСМИ Ӯ БУЗУРГ АСТ
9, 10. Аз муносибати Яҳува бо исроилиён боз кадом ҷиҳатҳои шахсияти Ӯро мефаҳмем?
9 Баъдтар, вақте ки исроилиён аз Миср озод шуданд, Яҳува ба онҳо шахсияташро бештар ошкор намуд. Худо бо исроилиён аҳди Қонунро баст ва ваъда дод, ки дар бораашон ғамхорӣ хоҳад кард чуноне, ки шавҳар ба ҳамсараш ғамхорӣ мекунад. Халқи Исроил бошад, ба маънои рамзӣ ҳамсари Ӯ гашт, яъне халқе шуд, ки ба номи Ӯ хонда мешуданд (Иш. 54:5, 6). Вақте ки ин халқ бо омодагӣ ба Яҳува итоат мекарданд ва аҳкомҳояшро иҷро менамуданд, Ӯ бо онҳо мисли шавҳари ғамхор муносибат мекард. Яъне Ӯ онҳоро баракат медод, нигаҳбонӣ менамуд ва осоиштагӣ мебахшид (Ад. 6:22–27). Ҳамин тавр, исми бузурги Яҳува дар байни халқҳо ҷалол ёфта буд. (Такрори Шариат 4:5–8; Забур 85:7–10-ро бихонед.) Дар ҳақиқат, дар тӯли таърихи исроилиён бисёр ғайрияҳудиён ибодати ҳақиқиро қабул карданд. Чизе, ки онҳо фикр мекарданд ва мегуфтанд ба суханони Рути мӯобӣ, ки ба Ноомӣ гуфтааст, монанд буд: «Қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд» (Рут 1:16).
10 Тақрибан дар давоми 1 500 сол, Яҳува нисбати исроилиён ғамхорӣ карда, аз бисёр ҷиҳатҳои нав шахсияташро ошкор намуд. Нигоҳ накарда ба беитоатии халқаш, Яҳува гаштаву баргашта нишон медод, ки Ӯ «Худои раҳим ва... собир», яъне Худои дар хашм оҳиста ва пуртоқат аст (Хур. 34:5–7). Аммо пуртоқатии Яҳува ҳадду ҳудуд дорад. Вақте ки яҳудиён ба Исо имон наоварданд ва ӯро куштанд, халқи Худо номида шудани онҳо дер давом накард (Мат. 23:37, 38). Онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ мисли дарахти хушкшуда буданд (Луқ. 23:31). Баъдтар онҳо нисбати номи Худо чӣ гуна муносибат карданд?
11. Барои чӣ дар дини яҳудӣ номи Худоро дигар истифода намебурданд?
11 Чуноне ки таърих нишон медиҳад, нуқтаи назари яҳудиён нисбати номи Худо бо гузашти вақт тағйир ёфт. Дар байни онҳо чунин фикри нодуруст паҳн шудан гирифт: Ҳеҷ кас набояд номи Худоро истифода барад, зеро он хеле муқаддас аст (Хур. 20:7). Дар натиҷа, оҳиста-оҳиста номи Худоро дар дини яҳудӣ тамоман истифода намебурдагӣ шуданд. Бешубҳа, Яҳува аз дидани он ки нисбати номаш беэҳтиромӣ мекарданд, ғамгин шуд (Заб. 77:40, 41). Номи Яҳува барояш хеле муҳим аст, барои ҳамин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Ӯ нисбати номаш рашк дорад. Азбаски исроилиён нисбати номи Яҳува беҳурматӣ карданд, онҳо дигар барои бар худ доштани номи Ӯ сазовор набуданд. Дар натиҷа Яҳува онҳоро рад кард (Хур. 34:14). Аз ин мо барои худ дарс мегирем, ки бояд нисбати номи Худо эҳтироми зиёд дошта бошем.
ХАЛҚИ НАВЕ, КИ БО НОМИ ХУДО ХОНДА ШУД
12. Чӣ тавр Яҳува халқеро ба вуҷуд овард, ки ба исми Ӯ хонда шудааст?
12 Яҳува ба воситаи Ирмиё ошкор кард, ки бо халқи нав, яъне Исроили рӯҳонӣ «аҳди нав» хоҳад баст. Ирмиё пешгӯӣ кард, ки ҳамаи аъзоёни он халқ, «аз хурд то калон» Яҳуваро хоҳанд шинохт (Ирм. 31:31, 33, 34). Ин пешгӯӣ дар Пантикости соли 33-и эраи мо ба иҷро шудан оғоз намуд. Дар он вақт Яҳува бо «Исроили Худо» аҳди нав баст. Ин халқи нав, ки аз яҳудиён ва ғайрияҳудиён иборат буд, «қавме ба исми [Худо]» гаштанд. Яҳува ҳамчунин дар бораи ин халқ, ки аъзоёнаш аз ҳар миллат буданд, чунин гуфта буд: «Халқҳое, ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад...» (Ғал. 6:16; Аъмол 15:14–17-ро бихонед; Мат. 21:43).
13. a) Оё масеҳиёни асри як номи Худоро истифода мебурданд? Фаҳмонед. б) Ба имконияти истифода бурдани номи Худо дар хизмат шумо чӣ гуна муносибат мекунед?
13 Масеҳиёни асри як, ки аъзои халқи нав буданд, номи Худоро истифода мебурданд. Масалан, онҳо дар вақти аз Навиштаҳои ибронӣ иқтибос овардан, номи Ӯро истифода менамудандb. Аз ин рӯ, Петруси ҳавворӣ дар Пантикости соли 33-и эраи мо, ҳангоми ба яҳудиён ва ғайрияҳудиён муроҷиат карданаш, номи Худоро истифода бурд (Аъм. 2:14, 20, 21, 25, 34, ТДН). Масеҳиёни асри як номи Худоро ҷалол медоданд ва Яҳува кӯшишҳои онҳоро дар кори мавъиза баракат дод. Ба ин монанд, имрӯз низ, вақте ки мо бо сарбаландӣ номи Яҳуваро ба ҳама мерасонем ва онро ба рағбатдорон нишон медиҳем, Яҳува хизмати моро баракат медиҳад. Ҳамин тавр, онҳо бо Худои ҳақиқӣ шинос мешаванд. Чӣ имконияти беҳамтост, ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо! Дар баъзе мавридҳо ба туфайли чунин шиносоӣ одамон метавонанд бо Яҳува муносибати олиҷаноб пайдо кунанд, ки он метавонад рӯз аз рӯз инкишоф ёбад ва ҷовидона вуҷуд дошта бошад.
14, 15. Чӣ тавр Яҳува нигоҳ накарда ба таъсири сахти таълимоти бардурӯғ номашро нигоҳ дошт?
14 Баъдтар, махсусан баъд аз марги ҳаввориён, баъзе касон ҷамъомади масеҳиёни асри якро бо таълимоти бардурӯғ заҳролуд намуданд (2 Тас. 2:3–7). Ин муаллимони бардурӯғ ҳатто ба яҳудиён пайравӣ карда, номи Худоро рад карданд. Аммо оё Яҳува роҳ дод, ки номаш тамоман аз байн равад? Не, албатта! Гарчанд имрӯз талаффузи аниқи номи Худо муайян карда нашудааст, аммо худи ин ном аз байн нарафтааст. Тӯли садсолаҳо номи Худо дар тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддас ва дар навиштаҷотҳои олимоне, ки Китоби Муқаддасро тадқиқ мекарданд, дида мешавад. Масалан, соли 1757 Чарлз Питерз навишт, ки «ба назар чунин метобад, ки барои тасвир кардани шахсияти Худо», калимаи «Яҳува» назар ба бисёр унвонҳои Худо «аз ҳама пурмаънотар аст». Соли 1797 Ҳоптон Ҳайнс дар китоби худ дар бораи ибодати Худо, чунин навишт: «ЯҲУВА ин номи ХУДО аст, ки яҳудиён истифода мебурданд; онҳо мисли Масеҳ ва ҳаввориёнаш танҳо Ӯро ибодат мекарданд». Ҳенри Гру (1781–1862) на танҳо номи Худоро истифода мебурд, ҳамчунин дарк менамуд, ки ин ном бадном карда шудааст ва он бояд муқаддас гардонида шавад. Инчунин Ҷорҷ Сторрз (1796–1879) ва Чарлз Т. Рассел, ки ҳамкори наздик буданд, номи Худоро истифода мебурданд.
15 Соли 1931 хеле хотирмон аст, зеро халқи Худо, ки пеш чун Тадқиқотчиёни байналхалқии Китоби Муқаддас маълум буданд, дар ин сол барои худ номи «Шоҳидони Яҳува»-ро гирифтанд, ки ин мувофиқи Навиштаҳо буд (Иш. 43:10–12). Ҳамин тавр, онҳо ба ҷаҳон эълон карданд, ки ходими Худои ягонаву ҳақиқӣ будан барои онҳо шараф аст ва бо он ки онҳо «қавме ба исми... [Ӯ]» хонда шудаанд, номи Худоро ҷалол медиҳанд (Аъм. 15:14). Ин дастовардҳои нав суханони Яҳуваро аз Малокӣ 1:11 ба хотир меоранд: «Аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст».
БА ИСМИ ЯҲУВА РАВОНА ШАВЕД
16. Чаро мо имконияти ба исми Худо равона шуданро бояд шарафи бузург шуморем?
16 Пайғамбар Мико навишта буд: «Ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд» (Мик. 4:5). Барои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар худ доштани номи Худо на танҳо шарафи бузург, балки бештар аз он буд. Яъне онҳо мефаҳмиданд, ки илтифоти Яҳуваро ба даст овардаанд. (Малокӣ 3:16–18-ро бихонед.) Аммо дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо барои «ба исми Худованд Худои худ то абад равона» шудан, ҳар имкониятро истифода мебаред? Оё шумо медонед, ки ба исми Худо равона шудан чиро дар бар мегирад?
17. Ба исми Худо равона шудан чиро дар бар мегирад?
17 Ба исми Худо равона шудан камаш се қадамро дар бар мегирад. Якум, мо бояд ин номро ба дигарон расонем, зеро медонем, ки «ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Рум. 10:13). Дуюм, ба мо лозим аст, ки дар бораи хислатҳои Яҳува, махсусан оиди муҳаббати Ӯ мулоҳиза ронем. Ва сеюм, мо бояд ба аҳкомҳои одилонаи Худо бо омодагӣ итоат кунем ва ҳамин тавр мо номи Ӯро ҷалол хоҳем дод (1 Юҳ. 4:8; 5:3). Оё шумо барои «ба исми Худованд Худои худ то абад равона» шудан, тайёред?
18. Чаро ҳамаи онҳое, ки исми Яҳуваро ҷалол медиҳанд, метавонанд ба оянда бо дилпурӣ назар кунанд?
18 Ба наздикӣ ҳамаи онҳое, ки Яҳуваро рад мекунанд ё зидди Ӯ мебароянд, маҷбур мешаванд, ки Ӯро эътироф кунанд (Ҳиз. 38:23). Ин шахсонеро дар бар мегирад, ки мисли фиръавн чунин мегӯянд: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш [диҳам]?» Фиръавн маҷбур шуд, ки бузургии Яҳуваро эътироф намояд! (Хур. 5:1, 2; 9:16; 12:29). Аммо мо бошем, Яҳуваро ба таври ихтиёрӣ шинохта истодаем. Мо фахр мекунем, ки халқи итоаткори Яҳува ҳастем ва ба номи Ӯ хонда шудаем. Аз ин рӯ, мо ба оянда бо дилпурӣ назар карда, ваъдаи дар Забур 9:11 омадаро интизор мешавем: «Орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ».
a Номи Худо яке аз шаклҳои феъли ибронист, ки маънояш «шудан» аст. Бинобар ин, номи Худо, «Яҳува», маънои «Ӯ сабаби шудан мегардад»-ро дорад.
b Навиштаҳои ибронӣ, ки масеҳиёни асри як онро истифода мебурданд, номи Худоро дар бар мегирифт, ки он аз чор ҳарфи алифбои ибронӣ (тетраграмматон) иборат аст. Инчунин, эҳтимол дар нусхаҳои аввали Септуагинта (тарҷумаи юнонии Навиштаҳои Ибронӣ) низ номи Яҳува дида мешуд.