Ба Худо итоат кунед ва аз ваъдаҳои Ӯ манфиат гиред
«Азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард» (ИБР. 6:13).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки ниятҳои Худо ҳатман иҷро мешаванд?
Баъди гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Худо чиро ваъда дод?
Чӣ тавр мо аз ваъдаи махсуси ба Иброҳим додаи Худо манфиат мегирем?
1. Чӣ тавр ваъдаҳои Худо аз ваъдаҳои одамони нокомил фарқ мекунанд?
ЯҲУВА «Худои ростӣ» аст (Заб. 30:6). Одамон бошанд, нокомиланд, аз ин рӯ мо ба гуфтаҳояшон на ҳамеша бовар карда метавонем. Лекин «дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ибр. 6:18; Ададҳо 23:19–ро бихонед.) Ҳар он мақсаде, ки Ӯ нисбати одамон дорад, ҳама вақт иҷро мешавад. Масалан, суханоне, ки Худо дар аввали ҳар як давраи офариниш ба забон оварда буд, амалӣ гаштанд. Ҳамин тавр, дар охири рӯзи шашуми офариниш «Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб» буд (Ҳас. 1:6, 7, 30, 31).
2. Рӯзи оромии Худо чист ва чаро Ӯ «онро тақдис намуд»?
2 Баъди аз назар гузаронидани тамоми офаридаҳояш Худо оғози рӯзи ҳафтумро эълон кард. Ин рӯзи оромии Худо на аз 24 соат иборат аст, балки он давраи тӯлоние мебошад, ки дар давомаш Худо аз офаридани чизҳои заминӣ ором гирифт (Ҳас. 2:2). Ин рӯзи оромии Худо то ҳол давом ёфта истодааст (Ибр. 4:9, 10). Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта намешавад, ки он рӯз кай сар шуд. Лекин мо медонем, ки ин давра чанде пас аз офарида шудани зани Одам — Ҳавво, тақрибан 6 000 сол пеш, оғоз ёфт. Дар оянда моро Ҳукмронии ҳазорсолаи Исои Масеҳ интизор аст, ки дар давоми он нияти Худо оиди дар Биҳишти рӯи замин ҷовидона зистани одамони комил пурра иҷро мешавад (Ҳас. 1:27, 28; Ваҳй 20:6). Оё шумо эътимоди қавӣ дошта метавонед, ки чунин ояндаи хушбахтона шуморо интизор аст? Бале, зеро «Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд». Ин кафолати он буд, ки новобаста аз душвориҳое, ки пайдо шуда метавонистанд, нияти Худо ҳатман дар охири рӯзи оромии Ӯ иҷро мешавад (Ҳас. 2:3).
3. а) Баъди сар шудани рӯзи оромии Худо чӣ рӯй дод? б) Яҳува оиди бартараф кардани исён чӣ гуфт?
3 Аммо баъд аз сар шудани рӯзи оромии Худо ҳодисаи нохуше сар зад. Шайтон, яке аз фариштагони Худо ба ҳасад дода шуда ба мавқеи Яҳува дастдарозӣ кард. Вай дурӯғи аввалинро ба забон оварда Ҳавворо фиреб кард ва дар натиҷа ин зан ба Худо беитоатӣ намуд (1 Тим. 2:14). Ҳавво дар навбати худ шавҳарашро ба исён барангехт (Ҳас. 3:1–6). Ин исён амали бадтарине дар олам буд. Лекин ҳатто дар ин маврид, вақте ки Шайтон Худоро дар беадолатӣ айбдор намуд, Яҳува фикр накард, ки барои тасдиқ намудани нияти нисбати замин доштааш қасам хӯрдан лозим аст. Баръакс, Ӯ оиди он ки дар оянда ин душворӣ чӣ тавр ҳал мешавад, та́нҳо суханони зеринро гуфт: «Дар миёни ту [Шайтон] ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай [Насли ваъдашуда] сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳас. 3:15; Ваҳй 12:9). Маънои ин суханон бояд дар вақти муқарраршудаи Худо ошкор мегаштанд.
ҚАСАМЁДКУНӢ — ВОСИТАИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ ТАСДИҚ КАРДАНИ ВАЪДА
4, 5. Ҳангоми ваъда доданаш Иброҳим аз кадом воситаи ҳуқуқӣ истифода мебурд?
4 Дар давраи аввали таърихи инсоният эҳтимол бо мақсади исбот намудани ростии ин ё он масъала қасам ёд кардан лозим набуд. Ба офаридаҳои комиле, ки Худоро дӯст медоштанду ба Ӯ пайравӣ мекарданд аз он сабаб қасам хӯрдан зарур набуд, ки онҳо ҳамеша рост мегуфтанд ва аз якдигар комилан дилпур буданд. Лекин аз он вақте ки гуноҳ ва нокомилият ба ҳаёти одамизод роҳ ёфт, ҳама чиз дигаргун шуд. Оқибат, вақте ки дурӯғу фиреб барои одамон як чизи муқаррарӣ гашт, лозим омад, ки онҳо ҳангоми додани ваъдаҳо аз қасамхӯрӣ, чун аз воситаи ҳуқуқӣ истифода баранд. Бо ин роҳ онҳо ҳақ будани ваъдаҳояшонро тасдиқ мекарданд.
5 Қасамёдкунӣ барои Иброҳим–пайғамбар воситаи ҳуқуқие буд, ки ӯ онро камаш дар се ҳолат истифода бурд (Ҳас. 21:22–24; 24:2–4, 9). Масалан, баъди он ки Иброҳим бар подшоҳи Элом ва тарафдоронаш ғолиб баромад, ӯ қасаме ёд кард. Баъд аз ҷанг подшоҳони Салим ва Садӯм ба пешвози Иброҳим баромаданд. Малкисодақ, подшоҳи Салим, ҳамчунин «коҳини Худои Таоло буд». Ӯ Иброҳимро баракат дод ва барои дар ҷанг ғолиб омадани вай Худоро ҳамду сано хонд (Ҳас. 14:17–20). Пас аз ин, вақте ки подшоҳи Садӯм ба Иброҳим барои аз ҳамлаи душманон наҷот додани халқаш мукофот доданӣ буд, пайғамбар қасам хӯрд: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам, ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше нагирам, то нагӯӣ: “Ман Абромро бой гардондам”» (Ҳас. 14:21–23).
ҚАСАМЕ, КИ ЯҲУВА БА ИБРОҲИМ ДОДА БУД
6. а) Иброҳим ба мо чӣ гуна намуна гузошт? б) Мо аз итоаткории Иброҳим чӣ манфиате мегирем?
6 Барои беҳбудии одамони гунаҳкор Яҳува Худо низ аз суханони ба ин монанд истифода бурда қасам мехӯрд: «Ба ҳаёти Худам қасам... мегӯяд Худованд Худо» (Ҳиз. 17:16). Дар Китоби Муқаддас зиёда аз 40 мавридҳои гуногуне зикр шудаанд, ки дар онҳо Яҳува қасам мехӯрад. Намунаи аз ҳама шинос ин қасами Яҳува ба Иброҳим мебошад. Дар тӯли солҳои зиёд Яҳува ба Иброҳим якчанд ваъдаҳое дода буд, ки дар якҷоягӣ онҳо ошкор мекарданд, ки Насли ваъдашуда бояд аз авлоди Иброҳим, аз насли писараш Исҳоқ ба вуҷуд ояд (Ҳас. 12:1–3, 7; 13:14–17; 15:5, 18; 21:12). Дертар, Яҳува Иброҳимро ба озмоиши бениҳоят сахте дучор карда аз ӯ хоҳиш намуд, ки писари азизашро ба қурбонӣ орад. Иброҳим бе дудилагӣ итоат кард ва қариб буд, ки Исҳоқро ба қурбонӣ меовард ва он вақт фариштаи Худо ӯро боздошт. Он гоҳ Худо ба ӯ қасам хӯрда ваъда дод: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам... азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ,— туро бисёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард; ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳас. 22:1–3, 9–12, 15–18).
7, 8. а) Яҳува бо кадом мақсад ба Иброҳим қасам хӯрд? б) Чӣ тавр «гӯсфандони дигар»–и Исо аз он қасами Худо манфиат гирифта метавонанд?
7 Чаро Худо ба Иброҳим қасам дод, ки ваъдаҳои додааш иҷро мешаванд? Зеро Ӯ мақсад дошт, то имони касонеро, ки ҳамирсони Масеҳ мешуданду қисми дуюмдараҷаи насли ваъдашударо ташкил медоданд, қавӣ гардонад ва онҳоро рӯҳбаланд созад. (Ибриён 6:13–18-ро бихонед; Ғал. 3:29.) Чӣ тавре ки Павлуси ҳавворӣ фаҳмонда буд, Яҳува «қасамро ба кор бурд». Дар қасами Ӯ ду чизи тағйирнопазире буданд, ки бояд ба ҳаввориён умед ва тасаллии пурзӯр мебахшиданд. Ин ду чиз — ваъда ва қасами Худо мебошад, ки «дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест».
8 Масеҳиёни тадҳиншуда ягона шахсоне нестанд, ки аз қасами ба Иброҳим додаи Худо манфиат мегиранд. Яҳува қасам хӯрд, ки тавассути «насл»–и Иброҳим «ҳамаи халқҳои рӯи замин» баракат хоҳанд ёфт (Ҳас. 22:18). Ба «ҳамаи халқҳо» «гӯсфандони дигар», ки ба Масеҳ итоаткорӣ зоҳир мекунанду ба ҳаёти ҷовидона дар Биҳишти рӯи замин умед доранд, дохил мешаванд (Юҳ. 10:16). Хоҳ шумо умеди осмонӣ дошта бошед, хоҳ заминӣ, ба он умедатон бичаспед ва дар ҳар маврид ба Худо итоаткор буданро давом диҳед. (Ибриён 6:11, 12–ро бихонед.)
ҚАСАМҲОИ ДИГАРИ ХУДО
9. Вақте ки насли Иброҳим дар Миср ғулом буданд, Худо ба онҳо дар бораи чӣ қасам хӯрд?
9 Асрҳои минбаъда Яҳува барои иҷрошавии ваъдаҳои ба Иброҳим додааш боз қасам хӯрд. Он вақт Ӯ Мусоро ба назди насли Иброҳим, ки дар Миср ғулом буданд, фиристод (Хур. 6:6–8). Бо гузашти солҳои зиёд Худо ба он воқеа ишора намуда гуфт: «Дар он рӯзе ки Исроилро баргузидам... дасти Худро барои онҳо боло бардоштамa, ки онҳоро аз замини Миср ба замине ки барояшон хуш кардаам, берун оварам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист» (Ҳиз. 20:5, 6).
10. Пас аз он ки исроилиён аз ғуломии Миср озод шуданд Худо ба онҳо чӣ ваъда дод?
10 Сипас, баъди он ки исроилиён аз ғуломии Миср озод шуданд, Яҳува ваъдаи навбатиашро бо қасам тасдиқ кард: «Агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро тамоми замин аз они Ман аст. Ва шумо барои Ман мамлакат [салтанат]–и коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд» (Хур. 19:5, 6). Чӣ имконияти беҳамтое пешкаш кард Худо ба исроилиён! Ин маънои онро дошт, ки агар исроилиён итоаткорӣ зоҳир мекарданд, Худо аз байни онҳо салтанати коҳинонро ташкил мекард ва тавассути он тамоми инсоният баракат меёфт. Баъдтар, Яҳува корҳои барои исроилиён кардаашро чунин тасвир кард: «Ман сояи Худро бар ту паҳн кардам... ва ба ту қасам хӯрдам ва бо ту аҳд бастам» (Ҳиз. 16:8).
11. Вақте ки Худо ба исроилиён пешкаш кард, ки халқи интихобшудаи Ӯ шаванд, онҳо чӣ тавр ҷавоб доданд?
11 Дар ин маврид Яҳува аз исроилиён талаб накард, то онҳо дар ҷавоб қасам хӯранд, ки ба Ӯ итоаткор мемонанд ва барои қабул кардани он пешниҳоди махсус онҳоро маҷбур ҳам накард. Баръакс, онҳо бо хоҳиши худ гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард» (Хур. 19:8). Се рӯз пас Яҳува Худо ба исроилиён, чун ба халқи интихобшуда талаботҳои худро маълум сохт. Аввал ба онҳо Даҳ Аҳком дода шуд ва баъд Мусо ба халқ аҳкомҳои дигареро гуфт, ки онҳо дар Хуруҷ 20:22 то Хуруҷ 23:33 навишта шудаанд. Исроилиён дар ҷавоб чӣ кор карданд? «Тамоми қавм бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: “Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард”» (Хур. 24:3). Сипас Мусо қонунҳоро дар «китоби аҳд» навишта бо овози баланд хонд, то ки тамоми халқ онҳоро бори дигар шунида тавонанд. Баъди ин халқ бори сеюм қавл дод: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод» (Хур. 24:4, 7, 8).
12. Яҳува барои иҷро шудани аҳди Қонун чӣ кор кард ва халқ дар навбати худ чӣ гуна рафтор мекард?
12 Яҳува дарҳол ба иҷро кардани ваъдаҳояш, ки дар аҳди Қонун дода буд, оғоз кард. Ӯ коҳинонро барои хизмат дар хаймаи махсусе, ки барои ибодат пешбинӣ шуда буд, интихоб намуд. Коҳинон ба одамони нокомил барои доштани муносибати наздик бо Худо кӯмак мерасонданд. Исроилиён бошанд, дере нагузашта ба Худо бахшида шуданашонро фаромӯш карданд ва «Қуддуси Исроилро хорӣ доданд» (Заб. 77:41). Масалан, вақте ки Мусо дар кӯҳи Сино аз Худо дастуроти иловагӣ мегирифт, исроилиён бетоқат шуда имонашонро ба Худо гум карданд. Онҳо фикр карданд, ки Мусо онҳоро тарк кардааст. Аз ин рӯ онҳо гӯсолаи тиллоие сохта гуфтанд: «Ин аст Худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!» (Хур. 32:1, 4). Сипас онҳо ид барпо карда онро «иди Худованд» номиданд, лекин дар он ба гӯсолае, ки худашон сохта буданд, саҷда карданд ва ба вай қурбонӣ оварданд. Яҳува инро дида дар бораи исроилиён ба Мусо чунин гуфт: «Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд» (Хур. 32:5, 6, 8). Мутаассифона аз он вақт сар карда исроилиён дар мавридҳои зиёди дигар низ нисбати Худо гаштаву баргашта ваъдахилофӣ мекарданд (Ад. 30:2).
ДУ ҚАСАМИ ДИГАР
13. Худо ба шоҳ Довуд чӣ қасам дод ва чӣ тавр он бо Насли ваъдашуда алоқаманд буд?
13 Дар вақти ҳукмронии шоҳ Довуд Яҳува баҳри беҳбудии касоне, ки ба Ӯ итоат мекарданд, боз ду ваъдаи дигаре дода онҳоро бо қасам тасдиқ кард. Якум, Ӯ ба Довуд қавл дод, ки тахти подшоҳӣ ҳеҷ гоҳ аз ӯ гирифта нахоҳад шуд (Заб. 88:36, 37; 131:11, 12). Ин маънои онро дошт, ки насли ваъдашуда «Писари Довуд» номида мешуд (Мат. 1:1; 21:9). Довуд фурӯтанона ба насли оянда ишора намуда ӯро «Худованд [«Сарвар», ТДН]»–и худ номид, зеро Масеҳ бояд мавқеи баландро ишғол мекард (Мат. 22:42–44).
14. Яҳува оиди Насли ваъдашуда чӣ қасаме ёд кард ва чӣ тавр ин бар манфиати мо хизмат мекунад?
14 Дуюм, Яҳува Довудро илҳом бахшид, то ӯ пешгӯӣ кунад, ки ин Подшоҳи беҳамто ҳамчунин барои одамон чун Саркоҳин хизмат хоҳад кард. Дар Исроил шахс ҳаргиз наметавонист, ки дар як вақт ҳам вазифаи подшоҳ ва ҳам коҳинро ба ӯҳда дошта бошад. Коҳинон аз сибти Левӣ ва подшоҳон аз сибти Яҳудо таъин мешуданд. Лекин оиди вориси оянда Довуд пешгӯӣ намуд: «Худованд [«Яҳува», ТДН] ба Худованд [«Сарвар», ТДН]–и ман гуфт: “Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам”. Худованд [«Яҳува», ТДН] қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ» (Заб. 109:1, 4). Ин пешгӯӣ иҷро шуд ва имрӯз Исои Масеҳ, Насли ваъдашуда, дар осмон ҳукмронӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин чун Саркоҳини одамизод хизмат карда ба онҳое, ки аз гуноҳҳояшон тавба карда илтифоти Худоро ба даст овардан мехоҳанд, кӯмак мекунад. (Ибриён 7:21, 25, 26–ро бихонед.)
ХАЛҚИ НАВ — ИСРОИЛИ ХУДО
15, 16. а) Китоби Муқаддас дар бораи кадом ду Исроил сухан меронад ва кадоме аз онҳоро Худо имрӯз баракат медиҳад? б) Исо ба пайравонаш оиди қасамёдкунӣ чӣ фармуд?
15 Азбаски халқи Исроил Исои Масеҳро рад карданд, Яҳува оқибат онҳоро рад намуд ва ба онҳо муяссар нашуд, ки «мамлакат [салтанат]–и коҳинон» гарданд. Оиди ин Исо ба сарварони дини яҳудӣ гуфта буд: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Мат. 21:43). Ин халқи нав дар Пантикости соли 33 эраи мо ташкил шуд. Он рӯз бар 120 шогирди Исо, ки дар Ерусалим ҷамъ омада буданд, рӯҳи Худо нозил шуд. Ин халқ чун «Исроили Худо» маълум гашт ва дере нагузашта якчанд ҳазор одамон аз халқиятҳои гуногун қисми онро ташкил доданд (Ғал. 6:16).
16 Баръакси исроилиёни табиӣ, ки ба Худо беитоатӣ мекарданд, Исроили Худо доимо ба Ӯ итоат мекунад. Яке аз аҳкомҳое, ки ин халқ риоя мекунад, бо қасамёдкунӣ алоқаманд аст. Вақте ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, одамон ба қасамёдкунӣ ҷиддӣ нигоҳ намекарданд. Онҳо бардурӯғ ё беҳуда қасам мехӯрданд (Мат. 23:16–22). Аммо Исо пайравонашро таълим медод: «Ҳаргиз қасам ёд накун... балки сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад; он чӣ зиёда аз ин бошад, аз иблис аст» (Мат. 5:34, 37).
17. Кадом саволҳоро мо дар мақолаи навбатӣ муҳокима мекунем?
17 Оё ин маънои онро дорад, ки дар ҳар маврид қасам хӯрдан нодуруст аст? Ва муҳимтар аз ин, вақте ки Исо «сухани шумо: “оре, оре”... бошад» гуфт, ӯ чиро дар назар дошт? Ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ муҳокима карда мешаванд. Ҳангоми мулоҳизаронӣ оиди Каломи Худо бигзор он моро барангезад, ки ҳамеша ба Яҳува итоат кунем. Ӯ дар навбати худ, мувофиқи ваъда ва қасами додааш моро ҷовидона баракат хоҳад дод.
[Эзоҳ]
a Мувофиқи эзоҳи ояти Ҳизқиёл 20:5 ибораи «дастро боло бардоштан» маънои қасам хӯрданро дорад.
[Тасвир дар саҳифаи 26]
Яҳува ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад
[Тасвир дар саҳифаи 24]
Ба қарибӣ Иброҳим иҷроиши ваъдаҳои Яҳуваро мебинад