«Шумо шоҳидони Ман ҳастед»
«“Шумо шоҳидони Ман ҳастед”,— мегӯяд Яҳува» (ИШ. 43:10, ТДН).
1, 2. а) Шоҳид будан чӣ маъно дорад ва воситаҳои ахборотии ин ҷаҳон оиди кадом чизҳои муҳим хомӯш мемонанд? б) Чаро Яҳува ба воситаҳои ахборотии ин ҷаҳон ниёз надорад?
ШОҲИД будан чӣ маъно дорад? Дар як луғат чунин гуфта шудааст: «Шоҳид шахсест, ки воқеаро мебинад ва оиди чизи рӯйдода нақл мекунад». Масалан, дар шаҳри Питерматисбург, Африқои Ҷанубӣ, 160 сол боз газетае чоп мешавад, ки номаш «Шоҳид» аст. Ин ном ба он мувофиқат мекунад, зеро мақсади газета аниқ хабар додани рӯйдодҳои ҷаҳонӣ мебошад. Таъсисдиҳандаи рӯзномаи «Шоҳид» ваъда додааст, ки рӯзнома «ҳамеша ҳақиқатро хоҳад гуфт, танҳо ҳақиқатро ва ҳеҷ чизро ғайр аз ҳақиқат».
2 Лекин, афсӯс ки воситаҳои ахборотии ин ҷаҳон оиди ҳақиқатҳои асосӣ ва воқеаҳои муҳимтарини таърихи инсоният хомӯш мемонанд ё ҳатто онҳоро ба таври нодуруст мерасонанд. Онҳо дар бораи Худо ва корҳои кардаи Ӯ ҳақиқатро намегӯянд. Бинобар ин, Яҳува тавассути Ҳизқиёл-пайғамбар гуфта буд: «Халқҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд... ҳастам» (Ҳиз. 39:7). Парвардигори олам ба воситаҳои ахборотии ин ҷаҳон ниёз надорад. Зеро Ӯ қариб ҳашт миллион Шоҳидон дорад, ки ба одамони тамоми халқҳо дар бораи Ӯ ва корҳои гузашта ва имрӯзааш, нақл мекунанд. Ин лашкари Шоҳидон инчунин ба самъи одамон мерасонанд, ки Худо оиди ояндаи инсоният чӣ гуна баракатҳоро ваъда додааст. Ин кори шаҳодатдиҳиро дар ҳаётамон дар ҷои аввал гузошта, мо исбот мекунем, ки ба он номе, ки Худо ба мо додааст, мувофиқат мекунем. Яҳува дар китоби Ишаъё қайд кардааст: «Шумо шоҳидони Ман ҳастед,— мегӯяд Яҳува,— бале, ходими Ман мебошед, ки Ман интихоб кардаам» (Иш. 43:10, ТДН).
3, 4. а) Кай тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба худ номи навро гирифтанд ва онҳо ба ин чӣ гуна муносибат карданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
3 Номи Яҳува абадан боқӣ мемонад, зеро Ӯ «Подшоҳи ҷовид» аст. Ва худи Ӯ гуфтааст: «Ин аст исми Ман то абад, ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл» (1 Тим. 1:17; Хур. 3:15; бо Воиз 2:16 муқоиса кунед). Чӣ шарафи бузург аст бар худ доштани номи Яҳува! Соли 1931 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба худ номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтанд. Баъд аз он, дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» бисёр номаҳои сипосгузорӣ чоп шуданд. Масалан, ҷамъомаде аз мамлакати Канада чунин навишт: «Навигарӣ оиди он ки мо “Шоҳидони Яҳува” ҳастем, дили моро ба хурӯш меорад ва хоҳиши моро қавитар мегардонад, ки ба ин номи нав мувофиқат кунем».
4 Бар худ доштани номи Худо шарафи бузург аст. Чӣ тавр шумо барои ин миннатдории худро нишон дода метавонед? Ҳамчунин, оё шумо фаҳмонда метавонед, ки ояти Ишаъё 43:10, ки номи мо, Шоҳидони Яҳува, аз он гирифта шудааст, бо кадом воқеаҳои таърихӣ алоқаманд аст?
ШОҲИДОНИ ХУДО ДАР ЗАМОНҲОИ ҚАДИМ
5, 6. а) Бо кадом роҳҳо волидони исроилӣ дар бораи Яҳува шаҳодат дода метавонистанд? б) Боз кардани кадом кор ба волидони исроилӣ амр дода шуда буд ва барои чӣ волидони имрӯза низ бояд аз рӯи он амал кунанд?
5 Яҳува халқи Исроилро интихоб кард, то «шоҳидони» Ӯ бошанд. Ҳар як исроилӣ вазифадор буд, ки дар бораи Ӯ шаҳодат диҳад (Иш. 43:10). Як роҳе, ки волидони исроилӣ шоҳиди Худо буда метавонистанд — ин ба фарзандонашон нақл кардани он буд, ки Худо бо аҷдодони онҳо чӣ гуна амал кард. Масалан, вақте ки Худо ба исроилиён оиди ҳар сол қайд кардани иди Фисҳ дастур дод, Ӯ гуфт: «Чун писаронатон ба шумо гӯянд: “Ин ибодати шумо барои чист?” Бигӯед: “Ин қурбонии фисҳ барои Худованд аст, ки Ӯ дар Миср, вақте ки мисриёнро зарба зад, аз болои хонаҳои банӣ-Исроил ҷаҳида гузашт, ва хонаҳои моро раҳоӣ дод”» (Хур. 12:26, 27). Шояд он волидон ҳамчунин ба фарзандони худ гуфта медоданд, ки вақте Мусо бори аввал ба пеши подшоҳи Миср рафта, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба исроилиён барои дар биёбон ба Яҳува ибодат кардан иҷозат диҳад, фиръавн гуфт: «Яҳува кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам?» (Хур. 5:2, ТДН). Исроилиён ба фарзандони худ нақл мекарданд, ки чӣ тавр Яҳува ба саволи фиръавн ҷавоб дода, Худои қодиру тавоно буданашро нишон дод. Ӯ ба замини Миср даҳ бало фиристод ва онро хароб кард. Исроилиёнро бошад, дар назди Баҳри Сурх аз лашкари фиръавн наҷот дод. Исроилиён шоҳиди зиндаи он гаштанд, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ ва Иҷрокунандаи ваъдаҳояш аст.
6 Исроилиён бар худ доштани исми Худоро имтиёзи бузург меҳисобиданд. Онҳо бешубҳа ин воқеаҳои аҷибро на танҳо ба фарзандон, балки ҳамчунин ба аҷнабиёне, ки дар хонаҳои онҳо ғулом буданд, нақл мекарданд. Ғайр аз ин, ба исроилиён амр дода шуда буд, ки ба фарзандонашон риоя кардани меъёрҳои ахлоқии Худоро таълим диҳанд. Яҳува ба онҳо гуфт: «Муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус [пок] ҳастам» (Ибд. 19:2; Такр. Ш. 6:6, 7). Чӣ намунаи олиҷанобест ин барои масеҳиёни имрӯза! Онҳо низ ба фарзандонашон бояд ҳамон тарзи зиндагиро ёд диҳанд, ки номи Яҳуваро ҷалол диҳад. (Масалҳо 1:8 ва Эфсӯсиён 6:4-ро бихонед.)
7. а) Вақте ки исроилиён ба Яҳува итоат мекарданд, онҳо ба халқҳои гирду атрофашон чӣ гуна таъсир мерасонданд? б) Ҳамаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна масъулиятро бар дӯш доранд?
7 Вақте ки исроилиён ба Худо итоат мекарданд, онҳо ба халқҳои гирду атроф дар бораи Яҳува шаҳодати хуб дода метавонистанд. Ба онҳо гуфта шуда буд: «Ҳамаи қавмҳои замин хоҳанд дид, ки исми Худованд бар ту хонда шудааст, ва аз ту хоҳанд тарсид» (Такр. Ш. 28:10). Лекин мутаассифона исроилиён аксар вақт ба Худо беитоатӣ мекарданд ва таърих гувоҳи он аст. Онҳо гаштаву баргашта ба парастиши бутҳо дода мешуданд. Беш аз ин, онҳо мисли худоҳои бардурӯғи канъонӣ, ки парастиш мекарданд, бераҳм гашта, фарзандони худро дар оташ қурбонӣ мекарданд ва камбағалонро азоб медоданд. Чӣ дарси огоҳкунандае барои мо! Мо бояд ба Яҳува, Худои муқаддасе, ки номашро бар худ дорем, пайравӣ намоем ва бикӯшем, ки ҳамеша пок бошем.
«ИНАК, МАН ЧИЗИ НАВЕ МЕСОЗАМ»
8. Ишаъё аз Яҳува чӣ гуна супориш гирифт ва ба он чӣ тавр муносибат кард?
8 Яҳува Ишаъёро истифода бурд, то исроилиёнро огоҳ кунад, ки барои беитоатиашон онҳоро чӣ интизор аст. Ӯ гуфт, ки Ерусалим, пойтахти мамлакати онҳо, нобуд мегардад ва халқи Яҳува ба асирӣ бурда мешавад. Инчунин Яҳува тавассути Ишаъё пешгӯӣ намуд, ки «чизи наве» ба амал меорад ва халқашро аз асирӣ ба таври аҷиб озод мекунад (Иш. 43:19). Дар шаш боби аввали китоби Ишаъё асосан оиди мусибате, ки ба Ерусалим ва шаҳрҳои гирду атрофи он таҳдид мекард, огоҳӣ дода шудааст. Яҳува бинандаи дилҳо медонист, ки исроилиён тавба намекунанд. Вале ба ҳар ҳол, Ӯ ба Ишаъё гуфт, ки огоҳ кардани онҳоро давом диҳад. Ишаъё аз дилсахтии ҳамватанонаш сахт ғамгин мешуд ва донистан мехост, ки то ба кай онҳо саркашӣ мекунанд. Худо ба ӯ ҷавоб дода гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад». (Ишаъё 6:8–11-ро бихонед.)
9. а) Ишаъё аз кадом вақт сар карда оиди ояндаи Ерусалим пешгӯӣ кард? б) Имрӯз мо ба кадом огоҳӣ бояд диққат диҳем?
9 Ишаъё тахминан 46 сол исроилиёнро оиди мусибати наздикшудаистода огоҳ менамуд. Ӯ хизмати худро чун пайғамбар дар соли охири ҳукмронии шоҳ Узиё (с. 778 то эраи мо) сар карда, онро то давраи ҳукмронии шоҳ Ҳизқиё (соли 732 то эраи мо) давом дод. Баъди он, Яҳува боз 125 соли дигар (то соли 607-уми то эраи мо) халқашро пайваста огоҳ мекард. Ҳамин тавр, Худо халқашро оиди рӯйдодҳои оянда чандин сол пеш огоҳ карда буд. Имрӯз низ Яҳува оиди воқеаҳое, ки дар пеш моро интизоранд, огоҳ мекунад. Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» тӯли 135 сол боз хонандагони худро даъват мекунад, то равшан дарк намоянд, ки ҳукмронии шариронаи Шайтон ба қарибӣ ба охир мерасад ва ба ҷои он Ҳукмронии ҳазорсолаи Исои Масеҳ сар мешавад (Ваҳй 20:1–3, 6).
10, 11. Исроилиён дар Бобил шоҳиди иҷрошавии кадом пешгӯии Ишаъё гаштанд?
10 Бисёр яҳудиёни итоаткор, ки ба Бобил таслим шуданд, ҳангоми нобудшавии Ерусалим зинда монданд ва ба асирӣ бурда шуданд (Ирм. 27:11, 12). Пас аз 70 сол, халқи Худо шоҳиди иҷрошавии боз як пешгӯии аҷибе гашт. Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки Яҳува — Раҳокунанда ва Қуддуси Исроил «ба хотири» халқаш бобилиёнро хароб намуда, халқашро аз асирӣ озод хоҳад кард (Иш. 43:14).
11 Он пешгӯӣ ба таври ҳайратовар иҷро шуд. Як шоми октябри соли 539 то эраи мо воқеае рӯй дод, ки он тамоми ҷаҳонро такон дод. Он шом шоҳи Бобил ва аҳли дарбораш хурсандӣ мекарданд ва бо зарфҳои аз маъбади Ерусалим тороҷшуда шароб нӯшида, худоҳои аз тилло сохтаи худро ситоиш мекарданд. Вале дар ҳамон шаб, лашкари Мидёну Форс бо роҳбарии шоҳ Куруш ба Бобил зада даромад ва онро забт намуд. Тахминан баъди ду сол Куруш фармон дод, ки яҳудиён ба Ерусалим баргарданд ва маъбади Худоро аз нав барқарор кунанд. Ҳамаи инро Ишаъё пешгӯӣ карда буд. Яҳува инчунин ба воситаи ӯ ваъда дода буд, ки вақте исроилиёни тавбакарда ба Ерусалим бармегарданд, Ӯ дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад ва онҳоро ҳимоя менамояд. Худо онҳоро халқе номид, ки «барои худ ба миён» овардааст, «то ҳамду санои [Ӯро] бихонанд» (Иш. 43:21; 44:26–28). Вақте ки ин асирони пешина ба ватани худ баргаштанд ва маъбади Яҳуваро дар Ерусалим барқарор карданд, онҳо шахсан шоҳиди он шуданд, ки Яҳува — Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳамеша суханонашро иҷро мекунад.
12, 13. а) Ҳангоми аз асирӣ баргаштани исроилиён дар ибодати Яҳува киҳо ба онҳо ҳамроҳ шуданд? б) Аз «гӯсфандони дигар» чӣ талаб карда мешавад ва онҳо чӣ гуна умед доранд?
12 Вақте ки исроилиён барои барқарор кардани маъбад ба Ерусалим баргаштанд, ҳазорон ғайрияҳудиён ба онҳо дар ибодат кардани Яҳува ҳамроҳ шуданд. Баъдтар, шумораи боз ҳам бештари халқҳои дигар дини яҳудиро қабул карданд (Эзр. 2:58, 64, 65; Эст. 8:17). Имрӯз «анбӯҳи бузург»-и гӯсфандони дигари Исо масеҳиёни тадҳиншударо, ки «Исроили Худо»-ро ташкил медиҳанд, содиқона дастгирӣ мекунанд (Ваҳй 7:9, 10; Юҳ. 10:16; Ғал. 6:16). Ҳам тадҳиншудагон ва ҳам анбӯҳи бузург бар худ номи Шоҳидони Яҳуваро доранд, ки ин барояшон шараф аст.
13 Дар вақти Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба анбӯҳи бузург имконияти олиҷаноб дода мешавад. Онҳо ба эҳёшудагон нақл хоҳанд кард, ки дар айёми рӯзҳои охири ҷаҳони Шайтон онҳо чӣ тавр чун Шоҳиди Яҳува хизмат мекарданд. Вале мо танҳо ҳамон вақт ба чунин имконият мушарраф мегардем, агар ба номи доштаи худ то охир мувофиқат кунем ва пок монем. Ва чӣ қадар кӯшиш накунем ҳам, мо боз ба ягон хато роҳ медиҳем ва бинобар ин ҳар рӯз бояд аз Худо бахшиш пурсида, ба гунаҳкор будани худ иқрор шавем. Агар мо аз ҳама ҷиҳат покиро нигоҳ дорем, бо ин нишон медиҳем, ки Шоҳиди Яҳува буданамонро қадр мекунем. (1 Юҳанно 1:8, 9-ро бихонед.)
НОМИ ХУДО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
14. Номи Яҳува чӣ маъно дорад?
14 Барои хубтар дарк кардани он ки бар худ доштани номи Худо то чӣ андоза шарафи бузург аст, мо бояд маънои номи Ӯро донем ва оиди он мулоҳиза ронем. Номи Худо аз феъли иброние, ки маънояш «шудан» мебошад, гирифта шудааст. Барои ҳамин, маънои номи Худо чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Ин хел маънидод кардани номи Худо ба он нақше ки Ӯ иҷро мекунад, мувофиқ аст — Ӯ чун Офаридгор ба пайдо шудани олами моддӣ ва фариштагону одамон сабаб шудааст ва ҳамчунин Ӯ Иҷрокунандаи ваъдаҳояш мебошад. Ҳатто агар касе монанди Шайтон ба Ӯ зид баромада, ба амалӣ шудани нияташ халал расонданӣ шавад ҳам, ин ба вай муяссар намегардад. Яҳува ҳамеша иродаашро амалӣ мегардонад.
15. Аз суханоне, ки Яҳува ба Мусо гуфт, мо дар бораи номи Яҳува чӣ мефаҳмем? (Ба чорчӯбаи «Номе, ки маънои чуқур дорад» нигаред.)
15 Яҳува маънои номашро ба Мусо боз ҳам бештар фаҳмонд. Вақте ки Яҳува ба вай супориш дод, ки рафта халқашро аз Миср озод кунад, Ӯ ба Мусо гуфт: «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам». Яҳува илова кард: «Ба банӣ–Исроил чунин бигӯ: “Ман хоҳам шуд маро назди шумо фиристод”» (Хур. 3:14, ТДН). Ҳамин тариқ, Яҳува дар ҳар гуна вазъият барои иҷрои нияташ ҳар кӣ хоҳад, ҳамон шуда метавонад. Барои исроилиёне, ки як вақтҳо ғулом буданд, Ӯ Раҳокунанда, Ҳимоятгар ва Роҳнамо гашт. Ӯ инчунин барои онҳо Атокунанда буд ва ҳамаи ниёзҳои моддиву рӯҳонии онҳоро қонеъ мекард.
МО МИННАТДОРИИ ХУДРО ЧӢ ТАВР НИШОН МЕДИҲЕМ?
16, 17. а) Барои шарафи бар худ доштани номи Худо мо чӣ тавр миннатдории худро нишон дода метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима хоҳем кард?
16 Имрӯз Яҳува мувофиқи маънои номаш амал карда, пайваста ниёзҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонии моро қонеъ мегардонад. Масалан, Ӯ ба мо барои ҳар рӯз зиндагӣ кардан ва имонамонро қавӣ нигоҳ доштан ҳамаи чизҳои даркориро медиҳад. Вале чуноне ки дар боло гуфтем, маънои номи Яҳува инчунин — «Ӯ сабаби шудан аст» мебошад. Масалан, Ӯ ба иҷро шудани коре сабабгор шуда истодааст, ки Шоҳидонаш ҳоло иҷро мекунанд. Донистани ин бояд моро барангезад, ки минбаъд низ мувофиқи номи ба мо додааш зиндагӣ кунем. Коре ном хоҳари 84-сола, ки давоми 70 сол дар Норвегия чун Шоҳиди боғайрат хизмат кардааст, мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки ба Яҳува, Подшоҳи ҷовид, хизмат кардан ва аъзои халқе будан, ки он номи муқаддаси Ӯро бар худ дорад, шарафи бузург аст. Ба одамон фаҳмондани ҳақиқати Китоби Муқаддас кори пурифтихор аст. Дидани он ки чӣ тавр чашмони онҳо аз дарк намудани мазмуни он медурахшад, ба кас хурсандӣ меорад. Масалан, вақте ки ман ба онҳо мефаҳмонам, ки фидияи Масеҳ чӣ арзиш дорад ва чӣ тавр онҳо ба туфайли он дар дунёи нави одилона дар осоиштагӣ абадан зиста метавонанд, аз ин хеле қаноатманд мегардам».
17 Пӯшида нест, ки дар баъзе маҳаллҳо ёфтани одамоне, ки дар бораи Худо фаҳмидан мехоҳанд, торафт душвор шуда истодааст. Вале монанди хоҳар Коре, вақте ки шумо ақаллан як шахси шавқмандро вомехӯред, магар аз ин хурсанд намешавед? Лекин, чӣ тавр мо, Шоҳидони Яҳува, метавонем ҳамзамон шоҳидони Исо бошем? Ин саволро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.