Элишоъ аробаҳои оташинро дид—шумо чӣ?
Подшоҳи Арам мехост пайғамбари Худоро ёбад ва ӯро дастгир кунад. Ва шунид, ки Элишоъ дар Дӯтон ном шаҳри ҳисордоре қарор дорад. Шабона сардори арамиён лашкаронашро бо ҳамроҳии аробаҳои ҷангии худ ба Дӯтон фиристод. Ҳангоми дамидани субҳ, аскарони ӯ шаҳрро иҳота карданд (4 Подш. 6:13, 14).
Вақте ки хизматгори Элишоъ бархоста ба берун баромад, вай дид, ки лашкари душман онҳоро иҳота кардааст. Ӯ фарёд зада ба Элишоъ гуфт: «Оҳ, оғоям, чӣ кунем?» «Натарс»,— гуфт Элишоъ, «зеро онҳое ки бо моянд, аз онҳое ки бо инҳоянд, бештаранд». Сипас пайғамбар чунин дуо гуфт: «Эй Худованд! Лутфан, чашмони варо бикшо, то ки бубинад». Аз давоми воқеа мо мефаҳмем, ки «Худованд чашмони навкарро кушод, ва ӯ дид, ва инак, кӯҳ гирдогирди Элишоъ аз аспон ва аробаҳои оташин пур буд» (4 Подш. 6:15–17). Мо аз ин воқеа чӣ дарс гирифта метавонем?
Ҳарчанд Элишоъ дар иҳотаи лашкари арамиён буд, ӯ худро ором ҳис мекард, чунки ба Яҳува такя менамуд ва қуввати ҳимоякунандаи Худоро дар амал медид. Мо имрӯз мӯъҷизаҳоро интизор намешавем, вале равшан мебинем, ки Яҳува халқашро дар кулли худ ҳимоя карда истодааст. Ба маъное, мо низ дар иҳотаи аспон ва аробаҳои оташин мебошем. Агар мо онҳоро бо чашми имон «бубинем» ва ҳамеша ба Яҳува такя кунем, мо «дар осудагӣ сокин» хоҳем шуд ва баракати Яҳуваро ҳис хоҳем кард (Заб. 4:9). Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо аз дигар воқеаҳои ҳаёти Элишоъ ба худ манфиат гирифта метавонем.
ЭЛИШОЪ БА ИЛЁС ХИЗМАТ КАРДАНРО САР МЕКУНАД
Боре, вақте ки Элишоъ замин шудгор мекард, пайғамбар Илёс ба вай наздик шуда ҷомаашро бар китфи ӯ партофт. Бо ин рафтор Илёс Элишоъро даъват кард, ки хизматгори ӯ бошад. Вай барои дӯстонаш зиёфате барпо кард ва сипас бо падару модараш хайрухуш намуда, хонаи худро тарк кард ва аз паси Илёс равона шуд (3 Подш. 19:16, 19–21). Элишоъ тайёр буд, ки пурра худро ба хизмати Худо омода созад. Аз ин рӯ, вай дар дасти Яҳува асбоби фоиданоке гашт ва оқибат ба ҷои Илёс чун пайғамбар хизмат кард.
Элишоъ ба Илёс эҳтимол шаш сол хизмат кард. Дар тӯли он солҳо, Элишоъ «ба дасти Илёс об мерехт» (4 Подш. 3:11). Дар он рӯзҳо, одамон одат доштанд, ки бо дасташон хӯрок хӯранд. Баъди хӯрокхӯрӣ хизматгор ба хӯҷаинаш об мерехт, то вай дастонашро бишӯяд. Аз ин бармеояд, ки баъзе аз корҳое, ки Элишоъ иҷро мекард, корҳои паст метофтанд. Вале вай хизматгори Илёс буданро барои худ шараф меҳисобид.
Имрӯз, бисёр масеҳиён тайёранд, ки дар хизмати пурравақт иштирок намуда, корҳои гуногунро иҷро кунанд. Чаро? Зеро онҳо ба Яҳува имон доранд ва мехоҳанд, ки қуввати худро ҳар чӣ бештар ба хизмати Ӯ сарф намоянд. Баъзеҳо хонаи худро тарк мекунанд, то ки дар хизмати Байт-Ил, дар корҳои сохтмонӣ ё дигар намудҳои хизмат иштирок намоянд. Онҳо шояд корҳоеро иҷро мекунанд, ки ба назари бисёриҳо паст ва камаҳмият метобанд. Вале ҳеҷ кадоми мо набояд чунин фикр кунем. Яҳува ҳамаи корҳоеро, ки хизматгоронаш мекунанд, хеле қадр менамояд (Ибр. 6:10).
ЭЛИШОЪ ТАЪИНОТИ ХУДРО ТАРК НАКАРД
Пеш аз он ки Худо «Илёсро дар гирдбод ба осмон баровард», Ӯ ин пайғамбарро аз Ҷилҷол ба Байт-Ил фиристод. Илёс ба Элишоъ гуфт, ки ӯ набояд вайро ҳамроҳӣ кунад, вале Элишоъ ҷавоб дод: «Ман туро тарк нахоҳам кард». Дар роҳ Илёс беш аз ду маротиба ба Элишоъ гуфт, ки дар қафо монад ва бо ӯ наояд, вале Элишоъ инро рад кард (4 Подш. 1:17–2:8). Чӣ тавре ки Рут Ноомиро тарк накарда буд, Элишоъ низ чунин рафтор карда, бо Илёс монд (Рут 1:8, 16, 17). Элишоъ ба Илёс хизмат карданашро шараф меҳисобид, зеро ин таъинотро Худо ба ӯ дода буд.
Элишоъ барои мо намунаи хеле хуб мебошад. Вақте ки дар ташкилоти Худо ба мо ин ё он кор супорида мешавад, мо онро бисёр қадр мекунем, агар ҳамеша дар хотир дорем, ки ба Яҳува хизмат карда истодаем. Аз хизмати Яҳува дида шарафи бузургтаре нест (Заб. 64:5; 83:11).
«ХОҲИШ НАМО, КИ БАРОИ ТУ ЧӢ КУНАМ»
Вақте ки ҳардуи онҳо роҳ мерафтанд, Илёс ба Элишоъ гуфт: «Хоҳиш намо, ки барои ту чӣ кунам, пеш аз он ки аз ту гирифта шавам». Элишоъ монанди Сулаймон чизеро хоҳиш кард, ки ба ӯ барои беҳтар кардани хизматаш кӯмак менамуд. Вай ба Илёс гуфт: «Бигзор рӯҳи ту бар ман дучанд насиб гардад» (3 Подш. 3:5, 9; 4 Подш. 2:9). Мувофиқи қонун, дар Исроил ба писари нахустзода, чун ба вориси асосӣ ҳиссаи дучанди мерос дода мешуд (Такр. Ш. 21:15–17). Пас, хоҳиши Элишоъ дар асл маънои онро дошт, ки ӯ вориси рӯҳонии Илёс будан мехоҳад. Ғайр аз ин, Элишоъ эҳтимол мехост, ки мисли Илёс рӯҳияи далерӣ зоҳир кунад ва дар ибодати ҳақиқӣ боғайрат бошад (3 Подш. 19:13, 14).
Илёс ба хоҳиши Элишоъ чӣ гуна ҷавоб дод? «Чизи мушкиле ту хоҳиш намудӣ»,— гуфт пайғамбар. «Агар бубинӣ, ки чӣ гуна ман аз ту гирифта мешавам, бароят чунин хоҳад шуд, вагар на — нахоҳад шуд» (4 Подш. 2:10). Ҷавоби Илёс ду чизро маънидод мекард. Якум, танҳо Худо муайян карда метавонист, ки Элишоъ чизи хоҳишкардаашро мегирад ё не. Дуюм, агар Элишоъ чизи хостаашро гирифтан хоҳад, ӯ мебоист чизе ки рӯй надиҳад, ҳамроҳи Илёс мемонд.
ЭЛИШОЪ ОНРО ДИД
Оё Худо ба Элишоъ чизи хостаашро дод? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Илёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд. Ва Элишоъ инро дид»a. Ин буд ҷавоби Яҳува ба дархости Элишоъ. Элишоъ дид, ки Илёс аз ӯ бурда шуд. Ӯ ҳиссаи дучанди рӯҳи Илёсро гирифт ва ба ҷои ӯ пайғамбари Худо гашт (4 Подш. 2:11–14).
Элишоъ ҷомаеро, ки аз китфи Илёс афтод, бардошт ва онро пӯшид. Вақте ки одамон Элишоъро дар ин ҷома медиданд, онҳо мефаҳмиданд, ки ӯ акнун пайғамбари Худо аст. Боз як исботи пайғамбар будани Элишоъ дар он зоҳир гашт, ки ӯ баъдтар ба таври мӯъҷиза оби дарёи Ӯрдунро ду тақсим кард.
Он чизе ки Элишоъ ҳангоми дар гирдбод бардошта шудани Илёс дид, бешубҳа ба ӯ сахт таъсир кард. Охир, дидани аспу аробаҳои оташин ҳеҷ касро ба тааҷҷуб наоварда намемонд! Ин чизҳо далели ба хоҳиши Элишоъ ҷавоб додани Яҳува буданд. Имрӯз, вақте ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад, мо дар рӯъё аспу аробаҳои оташинро намебинем. Вале мо дида метавонем, ки Худо қудрати бузурги худро барои иҷрои иродааш истифода мебарад. Вақте мо мебинем, ки Яҳува ташкилоти заминиашро баракат дода истодааст, бо ин мо гӯё «мебинем», ки аробаи осмонии Ӯ ба пеш ҳаракат дорад (Ҳиз. 10:9–13).
Элишоъ бисёр воқеаҳоеро аз сар гузаронд, ки ӯро ба қудрати беҳамтои Яҳува боварӣ бахшиданд. Рӯҳулқудси Худо ба ин пайғамбар қувват бахшид, ки 16 бор мӯъҷиза ба амал оварад, ки ин назар ба мӯъҷизаҳои Илёс ду баробар зиёд будb. Чӣ тавре ки дар аввали ин мақола қайд кардем, Элишоъ ҳангоми дар Дӯтон, дар иҳотаи лашкари арамиён буданаш, бори дуюм аспу аробаҳои оташинро дид.
ЭЛИШОЪ БА ЯҲУВА ТАВАККАЛ МЕКАРД
Дар Дӯтон, Элишоъ бо вуҷуди дар иҳотаи душманон буданаш ором монд. Чаро? Зеро ӯ ба Яҳува имони мустаҳкам дошт. Мо ҳам бояд чунин имони мустаҳкам дошта бошем. Барои ҳамин, биёед аз Худо дар дуо рӯҳулқудс пурсем, то тавонем имон ва дигар хусусиятҳои самари рӯҳро зоҳир кунем (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23).
Воқеаи дар Дӯтон рӯйдода Элишоъро бояд бештар бармеангехт, ки ба Яҳува ва лашкари нонамоёни Ӯ боварӣ кунад. Худо фариштаҳои худро фиристод, то ки шаҳрро иҳота кунанд ва Элишоъро аз душманон муҳофизат намоянд. Сипас, Худо душманонро ба кӯрӣ гирифтор кард ва Элишоъ ва хизматгори ӯро наҷот дод (4 Подш. 6:17–23). Дар он лаҳзаи хатарнок чун дар дигар мавридҳо Элишоъ имон зоҳир кард ва пурра ба Яҳува такя намуд.
Биёед мо низ мисли Элишоъ ба Яҳува Худо такя кунем (Мас. 3:5, 6). Агар мо чунин кунем, «Худо ба мо шафқат хоҳад кард ва моро баракат хоҳад дод» (Заб. 66:2). Албатта, мо ба маънои аслӣ дар иҳотаи аспон ва аробаҳои оташин нестем, вале мо ҳис мекунем, ки Яҳува имрӯз моро муҳофизат мекунад. Ва дар оянда, дар давоми «мусибати бузург» низ, Яҳува халқи худро ҳимоя хоҳад кард (Мат. 24:21; Ваҳй 7:9, 14). То он вақт, биёед ҳамеша дар хотир дорем, ки «Худо паноҳгоҳи мост» (Заб. 61:9).
a Дар ин ҷо зери калимаи «осмон» дар назар дошта нашудааст, ки Илёс ба манзили рӯҳоние, ки дар он Яҳува ва фариштагон зиндагӣ мекунанд, сууд кард. Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 сентябри с. 1997, саҳ. 15 нигаред.
b Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 августи с. 2005, саҳ. 10 нигаред.