Яҳува толибони Худро баракат медиҳад
«Ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (ИБР. 11:6).
1, 2. а) Чӣ тавр муҳаббат ва имон бо ҳам вобастагӣ доранд? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мекунем?
МО ЯҲУВАРО дӯст медорем, «чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт» (1 Юҳ. 4:19). Яҳува аз рӯи муҳаббат барои ходимони содиқашро баракат додан аввалин шуда қадам гузошт. Чи қадаре ки мо Яҳуваро дӯст дорем, ҳамон қадар имонамон қавитар мегардад. Ва мо на танҳо ба ҳастии Худо, балки ба баракат додани Ӯ боварии комил дорем. (Ибриён 11:6-ро хонед.)
2 Яҳува баракат доданро дӯст медорад ва ин барояш хос аст. Агар мо боварӣ надошта бошем, ки Яҳува ходимонашро баракат медиҳад, мо бо дилпурӣ гуфта наметавонем, ки имон дорем, чунки «имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем» (Ибр. 11:1). Бале, имон эътиқоди қавӣ нисбати баракатҳои ваъдадодаи Худо мебошад. Чӣ тавр умед бастан ба баракатҳои Худо ба мо манфиат меорад? Чӣ тавр Яҳува ходимонашро дар гузашта баракат медод ва чӣ тавр имрӯз баракат медиҳад? Биёед инро дида бароем.
ЯҲУВА ВАЪДА ДОДААСТ, КИ ХОДИМОНАШРО БАРАКАТ МЕДИҲАД
3. Дар Малокӣ 3:10 чӣ ваъда дода шудааст?
3 Яҳува ваъда дод, ки ходимонашро баракат медиҳад. Ӯ моро бармеангезад, ки дар хизмат ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва боварии комил дошта бошем, ки Ӯ моро ҳатман баракат медиҳад. Худо мегӯяд: «Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам?» (Мал. 3:10). Агар мо ин баракатҳои Яҳуваро қадр кунем, он гоҳ миннатдориамонро нишон медиҳем.
4. Чаро мо ба ваъдаи дар Матто 6:33 овардашуда бовар карда метавонем?
4 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки агар кори Салтанатро дар ҷойи аввал монанд, Худо онҳоро ҳатман дастгирӣ мекунад. (Матто 6:33-ро хонед.) Чаро Исо ба ин шубҳа намекард? Вай медонист, ки ваъдаҳои Яҳува ҳамавақт иҷро мешаванд ва Ӯ сазовори боварист (Иш. 55:11). Мо ҳам боварӣ дошта метавонем, ки агар ба Яҳува имон зоҳир кунем, Ӯ ваъдаи зеринашро иҷро мекунад: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5). Ин суханонро бо гуфтаҳои Исо оиди дар ҷойи аввал гузоштани Салтанат ва адолати Худо алоқаманд кардан мумкин аст.
5. Чаро ҷавоби Исо имонамонро қавӣ мегардонад?
5 Боре Петрус аз Исо пурсид: «Мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?» (Мат. 19:27). Исо Петрусро барои ин саволаш ҷанг накарда ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо барои қурбониҳояшон ҳатман баракат хоҳанд гирифт ва дар осмон ҳамроҳаш ҳукмронӣ хоҳанд кард. Лекин ходимони Худо аз ҳоло соҳиби баракат мебошанд. Зеро Исо гуфт: «Ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд» (Мат. 19:29). Бале, шогирдони ӯ назар ба қурбониҳои кардаашон соҳиби баракати бешумор мегарданд. Магар падару модар, бародару хоҳар ва фарзандони рӯҳоние, ки ҳозир мо дорем, аз он чизҳое, ки мо барои Яҳува шуда аз даст додем, пурарзиштар нестанд?
«БАРОИ ҶОН МИСЛИ ЛАНГАР»
6. Чаро Яҳува ваъда медиҳад, ки ибодаткунандагонашро баракат медиҳад?
6 Яҳува ба ибодаткунандагонаш баракатро ваъда дода кӯмак мерасонад, ки дар озмоишҳо беайбиашонро нигоҳ доранд. Ғайр аз он ки ходимони содиқи Яҳува ҳоло аз баракатҳои рӯҳонӣ баҳра мебаранд, онҳо бесаброна интизоранд, ки дар оянда низ соҳиби баракатҳои зиёд мегарданд (1 Тим. 4:8). Бале, боварии комил доштан ба он ки Яҳува ба «толибони Худ мукофот хоҳад дод» ба мо кӯмак мерасонад, ки имонамонро қавӣ нигоҳ дорем (Ибр. 11:6).
7. Чаро умед ба лангар монанд аст?
7 Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо гуфт: «Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Мат. 5:12). Ғайр аз умеди осмонӣ боз умеди дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ кардан моро «шод ва хушҳол» месозад (Заб. 36:11; Луқ. 18:30). Умедамон новобаста аз осмонӣ ё заминӣ буданаш «барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст» (Ибр. 6:17–20). Чи хеле ки лангар ҳангоми тӯфон киштиро дар як ҷо устувор нигоҳ медорад, умеди қавӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки устувор бошем. Ва ин дар вақти душвориҳо ба мо қувват мебахшад.
8. Чаро доштани умед ғаму ташвишамонро кам карда метавонад?
8 Умеди бар Китоби Муқаддас асосёфтаи мо қувват дорад, ки ғаму ташвишамонро кам кунад. Ваъдаи Худо мисли малҳам мебошад, ки дили пурташвиши моро мулоиму ором месозад. Донистани он ки мо бори диламонро ба Яҳува партофта метавонем ва Ӯ ба мо ғамхорӣ мекунад бароямон тасаллибахш аст. (Заб. 54:23). Мо боварии комил дошта метавонем, ки Худо «қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад» (Эфс. 3:20). Танҳо тасаввур кунед, Худо моро на зиёд ё зиёдтар, балки «беандоза зиёдтар» баракат медиҳад!
9. То кадом дараҷа мо боварӣ дорем, ки Яҳува моро баракат медиҳад?
9 Барои соҳиби баракат шудан ба мо лозим аст, ки ба Яҳува пурра бовар кунем ва ба роҳнамоиаш итоат намоем. Мусо ба халқи Исроил гуфт: «Худованд туро дар замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк барои тасарруф карданат медиҳад, ҳатман баракат хоҳад дод. Агар овози Худованд Худои худро бодиққат гӯш карда, саъю кӯшиш намоӣ, ки тамоми ин аҳкомро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал оварӣ, зеро Худованд Худоят туро, чунон ки ба ту гуфтааст, баракат хоҳад дод» (Такр. Ш. 15:4–6). Оё шумо сад фоиз боварӣ доред, ки агар ба Яҳува содиқона хизмат карданро давом диҳед, Ӯ шуморо баракат медиҳад? Албатта, шумо барои чунин боварӣ асос доред.
ЯҲУВА ОНҲОРО БАРАКАТ ДОД
10, 11. Чӣ тавр Яҳува Юсуфро баракат дод?
10 Китоби Муқаддас ба фоидаи мо навишта шудааст. Зеро дар он бисёр воқеаҳое ёфта метавонем, ки чӣ тавр Худо ходимони содиқашро дар гузашта баракат дод (Рум. 15:4). Яке аз чунин ходимони Худо Юсуф буд. Ӯ аз дасти бародаронаш дар Миср ғулом гашт ва баъдтар аз пушти зани хӯҷаинаш ҳабс шуд. Вақте ки Юсуф дар маҳбас буд, оё ӯ аз Яҳува дур шуд? Не, албатта. «Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард... Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард» (Ҳас. 39:21–23). Дар вақтҳои озмоиш Юсуф бо сабр дасти Худоро интизор мешуд.
11 Солҳо пас фиръавн Юсуфро аз зиндон озод кард ва ин ғуломи хоксорро дар Миср шахси дуюм баъд аз худ таъйин намуд (Ҳас. 41:1, 37–43). Вақте ки ӯ соҳиби ду писар шуд, «Юсуф нахустзодаи худро Менашше ном ниҳод, зеро ки, гуфт ӯ, “Худо маро аз тамоми машаққатам ва аз тамоми хонаи падарам фаромӯшӣ дод”. Ва дуюминро Эфроим номид, зеро ки, гуфт ӯ, “Худо маро дар замини мазаллатам борвар гардонид”» (Ҳас. 41:51, 52). Азбаски Юсуф ба Яҳува содиқ монд, ӯ соҳиби баракатҳо шуд ва дар натиҷа ҳаёти ҳам исроилиён ва ҳам мисриён наҷот дода шуд. Юсуф мефаҳмид, ки ин баракатҳоро танҳо ба шарофати Яҳува ба даст овард (Ҳас. 45:5–9).
12. Чӣ хел Исо дар озмоишҳо содиқ монд?
12 Исои Масеҳ низ аз озмоишҳои зиёд гузашта ба Яҳува содиқ монд ва барои ин мукофот гирифт. Чӣ ба ӯ кӯмак кард? Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард» (Ибр. 12:2). Исо ҳамчунин аз шӯҳрат додани номи Яҳува хурсандӣ мегирифт. Ғайр аз ин ӯ соҳиби бисёр баракатҳои дигар шуда писанди Падараш гашт. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ «ба ямини тахти Худо бинишаст». Ҳамчунин мо дар он ҷо мехонем: «Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст» (Флп. 2:9).
ЯҲУВА МЕҲНАТИ МОРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД
13, 14. Вақте мо ба дигарон некӣ мекунем, Яҳува чӣ ҳис мекунад?
13 Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳар як кӯшиши моро, ки дар хизмат мекунем, қадр мекунад. Ӯ дудилагӣ ва нобоварие, ки мо нисбати худ дошта метавонем, мефаҳмад. Вақте мо аз ҷиҳати моддӣ, саломатӣ, эмотсионалӣ азоб мекашем ва пурра ба Худо хизмат карда наметавонем, Ӯ ба мо раҳмаш меояд. Мо боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува ҳатман ба ходимонаш ёрдам мекунад, ки ба Ӯ содиқ монанд. (Ибриён 6:10, 11-ро хонед.)
14 Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки агар мо бе дудилагӣ дуо гӯем, ба дуоямон ҳатман ҷавоб мегирем (Заб. 64:3). «Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло» моро аз ҷиҳати эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ ба таври лозима ва беандоза дастгирӣ мекунад. Ва Ӯ инро ба воситаи ҳамимонон карда метавонад (2 Қӯр. 1:3). Вақте ки мо ба дигарон ҳамдардӣ мекунем, аз ин дили Яҳува хурсанд мешавад. «Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад» (Мас. 19:17; Мат. 6:3, 4). Аз ин рӯ ҳар гоҳе мо беҳарисона ба онҳое ки душворӣ доранд, ёрдам мекунем, Яҳува Худро аз мо қарздор ҳис мекунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки моро барои корҳои некамон баракат хоҳад дод.
БАРАКАТҲОИ ҲОЗИРА ВА ОЯНДА
15. Шумо кадом баракатҳоро интизоред? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
15 Масеҳиёни тадҳиншуда умед доранд, ки «тоҷи адолат... ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз» ба онҳо чун мукофот хоҳад дод, мегиранд (2 Тим. 4:7, 8). Лекин агар шумо умеди заминӣ дошта бошед, қадратон дар пеши Яҳува паст намешавад. Миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Исо бесаброна баракатҳои ояндаи ҳаёти абадиро дар биҳишти рӯи замин интизоранд. Дар он ҷо онҳо аз «осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Юҳ. 10:16; Заб. 36:11).
16. Мо аз 1 Юҳанно 3:19, 20 чӣ тасаллӣ меёбем?
16 Баъзан шояд мо ҳис кунем, ки ба Яҳува кам хизмат карда истодаем ё фикр мекунем, ки кӯшишҳоямон ба Яҳува писанд нестанд. Эҳтимол мо ҳатто шубҳа карда метавонем, ки сазовори баракати Яҳува ҳастем. Лекин биёед ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки «Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад». (1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед.) Вақте ки мо ба Яҳува аз таҳти дил, бо имон ва муҳаббат хизмат мекунем, боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ моро новобаста аз он ки корҳои кардаамон дар назарамон камарзиш метобанд, баракат хоҳад дод (Марқ. 12:41–44).
17. Баъзе аз баракатҳое, ки мо ҳоло соҳиб гаштаем кадоманд?
17 Ҳатто дар ин рӯзҳои охири тартиботи бади Шайтон, Яҳува халқашро баракат дода истодааст. Ӯ кафолат медиҳад, ки ибодаткунандагони ҳақиқиаш рӯҳан гул-гул шукуфон хоҳанд шуд ва инро мо бо чашми худ дида истодаем (Иш. 54:13). Чи хеле ки Исо ваъда дода буд, Яҳува ҳоло моро баракат дода имкон медиҳад, то қисми оилае бошем, ки он аз бародарону хоҳарони рӯҳонӣ иборат аст. Ин бародарону хоҳарон меҳрубонанд ва миллату нажодашон гуногун аст (Марқ. 10:29, 30). Ғайр аз ин онҳое ки дар ҳақиқат Худоро меҷӯянд, соҳиби баракати беҳамто гаштанд, яъне оромӣ дар фикр, қаноатмандӣ ва хушбахтиро ба даст оварданд (Флп. 4:4–7).
18, 19. Ходимони Яҳува дар бораи баракатҳояшон чӣ мегӯянд?
18 Ходимони Яҳува дар саросари ҷаҳон дар бораи баракатҳои гирифтаашон шаҳодат дода метавонанд. Масалан, хоҳар Бианка, ки аз Олмон мебошад, чунин мегӯяд: «Ман аз Яҳува беҳад миннатдорам, барои он ки Ӯ ҳар рӯз бо ман буд ва дар ташвишҳоям кӯмак мерасонд. Дунёи имрӯза чаппаю роста шуда истодааст ва дар он паноҳ ёфта намешавад. Вале ба Яҳува хизмат карда ман ҳис мекунам, ки Ӯ маро бо дастони худ ҳимоя мекунад. Ҳар боре ки ман ба Яҳува чизеро қурбон мекунам, Ӯ сад баробар зиёд маро баракат медиҳад».
19 Биёед мисоли дигареро мебинем. Хоҳари 70-сола Паула, ки дар Канада зиндагӣ мекунад ба бемории иллати сутунмӯҳра (расщелина позвоночника) гирифтор аст. Ва ин бемориаш ҳаракати ӯро аз бисёр ҷиҳат маҳдуд мекунад. Лекин ӯ мегӯяд: «Фаъолона ҳаракат карда натавонистанам, маънои онро надорад, ки дар хизмат фаъол буда наметавонам. Ман ба воситаи телефон ва ғайрирасмӣ мавъиза мекунам. Барои рӯҳбаланд кардани худ ман дафтарчаеро кушода, дар он аз адабиётамон оятҳову фикрҳоеро менависам, ки гоҳ-гоҳ ба он нигоҳ карда қувват мегирам. Ман номи ин дафтарчаро “Дафтари наҷотам” мондам. Агар мо диққатамонро ба ваъдаҳои Яҳува равона кунем, рӯҳафтодагиҳо муваққатӣ мегарданд. Новобаста аз вазъиятамон Яҳува барои кӯмак ҳамеша тайёр аст». Вазъияти шумо аз вазъияти Бианка ё Паула тамоман фарқ карда метавонад. Аммо шумо низ дар бораи баракатҳое фикр карда метавонед, ки Яҳува ба шумо ва ба дигарон додааст. Дар бораи баракатҳои ҳозира ва ояндаамон фикр кардан то чӣ андоза хуб аст!
20. Агар мо ба Яҳува аз таҳти дил хизмат карданро давом диҳем, чиро интизор шуда метавонем?
20 Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Яҳува барои дуоҳои самимиатон «мукофоти бузург» медиҳад. Шумо боварии комил дошта метавонед, ки «иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст» меоред (Ибр. 10:35, 36). Аз ин рӯ биёед қавӣ кардани имонамонро давом диҳем ва аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кунем. Агар ин тавр кунем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки Яҳува, албатта, моро баракат медиҳад. (Қӯлассиён 3:23, 24-ро хонед.)