Гӯш диҳед ва ба маънои суханон сарфаҳм равед
«Ҳама ба ман гӯш диҳед ва бифаҳмед» (МАРҚ. 7:14).
1, 2. Чаро касоне ки суханони Исоро гӯш мекарданд, маънои онҳоро намефаҳмиданд?
ВАҚТЕ КИ касе бо мо гап мезанад, мо ба осонӣ ӯро шунида метавонем. Бароямон ҳатто пай бурдани оҳанги овози ӯ душвор нест. Лекин агар мо ба маънои суханони ҳамсӯҳбатамон сарфаҳм наравем, пас, аз шунидани он суханон чӣ фоида? (1 Қӯр. 14:9). Дар замони Исо низ ҳазорон нафар суханони ӯро мешуниданд. Исо бо забони ба онҳо фаҳмо гап мезад. Лекин ба ин нигоҳ накарда на ҳамаи шунавандагонаш маънои суханони ӯро мефаҳмиданд. Барои ҳамин Исо ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед» (Марқ. 7:14).
2 Чаро бисёриҳо ба маънои суханони Исо сарфаҳм намерафтанд? Барои ин ба онҳо бадгумонӣ ва ниятҳои бадашон халал мерасонд. Исо ба чунин касон гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил [бекор] мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?» (Марқ. 7:9). Онҳо барои фаҳмидани маънои суханони ӯ ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд. Онҳо намехостанд тарзи фикрронӣ ва рафтори худро дигар кунанд. Ҳарчанд гӯшҳои онҳо кушода бошад ҳам, дилҳояшон маҳкам буд! (Матто 13:13–15-ро бихонед.) Чӣ тавр мо боварӣ пайдо карда метавонем, ки дилҳоямон барои шунидан пӯшида нестанд? Чӣ тавр мо аз таълимоти Исо манфиат гирифта метавонем?
ЧӢ ТАВР МО АЗ ТАЪЛИМОТИ ИСО МАНФИАТ ГИРИФТА МЕТАВОНЕМ?
3. Чаро ҳаввориён ба суханони Исо сарфаҳм рафта метавонистанд?
3 Мо бояд ба намунаи шогирдони хоксори Исо пайравӣ кунем. Исо дар бораи онҳо чунин гуфт: «Хушо чашмони шумо, ки мебинанд ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд» (Мат. 13:16). Чаро онҳо суханони Исоро мефаҳмиданду дигарон не? Якум, онҳо бо омодагӣ савол медоданд ва барои фаҳмидани суханони Исо кӯшиш мекарданд (Мат. 13:36; Марқ. 7:17). Дуюм, онҳо тайёр буданд, ки чизҳои нав фаҳмидаашонро ба дониши аллакай доштаашон илова кунанд. (Матто 13:11, 12-ро бихонед.) Сеюм, онҳо тайёр буданд, ки чизи шунида ва фаҳмидаашонро на танҳо дар ҳаёти шахсӣ ба кор баранд, балки дар кӯмак ба дигарон низ (Мат. 13:51, 52).
4. Барои сарфаҳм рафтан ба масалҳои Исо кадом се қадам дар талаб аст?
4 Агар мо маънои мисолҳои Исоро фаҳмидан хоҳем, мо бояд ба намунаи шогирдони содиқи ӯ пайравӣ кунем. Ин се қадамро дар бар мегирад. Якум, мо бояд бо омодагӣ барои омӯзиши суханони Исо ва мулоҳиза оиди он вақт ҷудо кунем, тадқиқот гузаронем ва саволҳои ба мавзӯъ алоқаманд диҳем. Ҳамин тавр мо дониш ба даст меорем (Мас. 2:4, 5). Сипас мо бояд бинем, ки дониши гирифтаамон бо он чизе ки мо аллакай медонем, чӣ алоқамандӣ дорад ва чӣ тавр мо аз он барои худ манфиат гирифта метавонем. Ҳамин тариқ мо фаҳмиш пайдо мекунем (Мас. 2:2, 3). Дар охир мо бояд чизи омӯхтаамонро дар ҳаёти худ ба кор барем. Ин хиради моро нишон хоҳад дод (Мас. 2:6, 7).
5. Бо мисол фаҳмонед, ки фарқи байни дониш, фаҳмиш ва хирад чист.
5 Фарқи байни дониш, фаҳмиш ва хирад дар чист? Инро бо мисоли зерин фаҳмондан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки шумо дар байни роҳи мошингард истодаеду як автобус башаст ба тарафи шумо меояд. Аввал, шумо назар андохта мефаҳмед, ки ин автобус мебошад,— ин дониш аст. Сипас, шумо дарк мекунед, ки агар дар он ҷо монед, шуморо автобус зер мекунад,— ин фаҳмиш мебошад. Баъд шумо худро аз роҳи автобус зуд яктарафа мекунед,— ин хирад аст. Пас фаҳмост, ки чаро Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки хирадро нигаҳдорӣ намоем. Бале, доштани хирад ҳаётан муҳим аст (Мас. 3:21, 22; 1 Тим. 4:16).
6. Ҳангоми дида баромадани ҳафт масали Исо мо кадом саволҳоро ба худ медиҳем? (Ба чорчӯба нигаред.)
6 Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо дар бораи ҳафт масали Исо гап мезанем. Мо ҳар яки онҳоро ба воситаи саволҳои зерин дида мебароем: ин масал чӣ маъно дорад? (Ба ин восита мо дониш мегирем.) Чаро Исо ин масалро овард? (Ҳамин тавр мо фаҳмиш пайдо мекунем.) Чӣ тавр мо ин маълумотро истифода бурда, ҳам ба дигарон ва ҳам ба худамон фоида оварда метавонем? (Ин хирад аст.) Ва дар охир, мо аз ин масал дар бораи Яҳува ва Исо чӣ мефаҳмем?
ДОНАИ ХАРДАЛ
7. Масали Исо дар бораи донаи хардал чӣ маъно дорад?
7 Матто 13:31, 32-ро бихонед. Масали Исо оиди донаи хардал чӣ маъно дорад? Донаи хардал хабари Салтанатро тасвир мекунад. Ва натиҷаи мавъизаи ин хабар ҷамъомадҳои масеҳӣ мебошанд. Мисли донаи хардал, ки «хурдтарини тухмҳост», саршавии ҷамъомади масеҳӣ соли 33-и эраи мо дар назари аксарият начандон назаррас буд. Лекин дар муддати танҳо якчанд даҳсола шумораи ҷамъомадҳои масеҳӣ чунон афзуд, ки ин гуна афзоишро касе интизор набуд (Қӯл. 1:23). Исо гуфт, ки «мурғони ҳаво» дар шохаҳои дарахти хардал «ошёна месозанд». Мурғони ҳаво гуфта ӯ одамони самимиеро дар назар дошт, ки дар ҷамъомади масеҳӣ хӯроки рӯҳонӣ, соя ва паноҳ меёбанд. (Бо Ҳизқиёл 17:23 муқоиса кунед.)
8. Чаро Исо масал дар бораи донаи хардалро овард?
8 Чаро Исо ин масалро овард? Ба қобилияти аҷоиби сабзида қад кашидани донаи хардал ишора карда, Исо нишон дод, ки чӣ тавр кори Салтанати Худо ба зудӣ паҳн шуда монеаҳоро ба осонӣ бартараф мекунад. Аз соли 1914 инҷониб қисми заминии ташкилоти Худо бо суръати тез афзуда истодааст (Иш. 60:22). Онҳое ки бо ташкилоти Худо ҳамкорӣ мекарданд, муҳофизати рӯҳониро дар худ ҳис карданд (Мас. 2:7; Иш. 32:1, 2). Ғайр аз ин ҳеҷ як таъқибот ба иҷрошавии мақсаде ки Салтанати Яҳува нисбати замин дорад, монеа шуда наметавонад (Иш. 54:17).
9. а) Аз масали донаи хардал мо барои худ чӣ дарс гирифта метавонем? б) Мо аз ин масал дар бораи Яҳува ва Исо чӣ мефаҳмем?
9 Аз мисоли донаи хардал мо чӣ меомӯзем? Шояд мо дар ҷое зиндагӣ мекунем, ки он ҷо Шоҳидон каманд ё натиҷаи мавъизаамон зуд ба назар намерасад. Аммо агар мо дар хотир дорем, ки ҳеҷ чиз пеши роҳи Салтанати Худоро гирифта наметавонад, он гоҳ мо рӯҳафтода намешавем. Масалан, вақте ки бародар Эдвин Скиннер соли 1926 ба Ҳиндустон омад, дар он ҷо фақат як гурӯҳи хурди Шоҳидон буду халос. Дар аввал пешравии кори мавъиза дар он ҷо хеле суст буд. Аммо бародар мавъиза карданро давом дод ва дид, ки чӣ тавр хабари Салтанат нигоҳ накарда ба душвориҳо паҳн шуд. Мувофиқи ҳисоботи соли 2013 ҳоло дар Ҳиндустон зиёда аз 37 000 Шоҳидони фаъол хушхабарро мавъиза мекунанд ва зиёда аз 108 000 нафар ба Шоми ёдбуд ташриф оварданд. Ҳамчунин намунаи дигареро, ки паҳншавии кори Салтанатро нишон медиҳад, дида мебароем. Соле ки бародар Скиннер ба Ҳиндустон омада буд, кори мавъиза дар Замбия нав сар шуда буд. Аммо соли 2013 шумораи воизон ба зиёда аз 170 000 нафар расид, шумораи касоне ки ба Шоми ёдбуд ташриф оварданд, ба 763 915 нафар. Аз ин бармеояд, ки қариб шаш фоизи аҳолии Замбия дар Шоми ёдбуд иштирок кард. Чӣ афзоиши аҷибе!
ХАМИРТУРУШ
10. Маънои масал дар бораи хамиртуруш дар чист?
10 Матто 13:33-ро бихонед. Маънои масал дар бораи хамиртуруш дар чист? Ин масал ба хабари Салтанат ва ҳосиле ки он меорад, ишора мекунад. «Тамоми хамир» ҳамаи халқҳоро дар назар дорад, расидани хамир бошад, ба паҳншавии хабари Салтанат, ки ба воситаи кори мавъиза иҷро мегардад, ишора мекунад. Дар ҳолате ки сабзида қад кашидани хардал ба ҳама аён аст, расидани хамир дар аввал ба назар намерасад. Аммо он фақат дар аввал ноаён аст, каме баъдтар бошад, натиҷаи он маълум мешавад.
11. Барои чӣ Исо масали хамиртурушро овард?
11 Чаро Исо ин масалро овард? Бо ин мисол ӯ мехост нишон диҳад, ки паёми Салтанат қудрат дорад, ки босуръат паҳн шуда тағйирот ба амал орад. Ҳозир мо дида метавонем, ки паёми Салтанат «то ақсои дунё» паҳн шудааст (Аъм. 1:8). Лекин тағйироте ки хушхабар ба амал меорад, на ҳама вақт аён аст; баъзе натиҷаҳои он дар аввал ба назар намерасанд. Аммо бо боварӣ гуфта метавонем, ки тағйирот ҳаст. Ва ин на танҳо дар афзоиши шумораи Шоҳидон дида мешавад, балки дар тағйирёбии ҳаёти онҳое ки ин паёмро қабул мекунанд (Рум. 12:2; Эфс. 4:22, 23).
12, 13. Бо мисоле нишон диҳед, ки чӣ тавр кори мавъиза чуноне ки дар масали Исо тасвир шудааст, пеш меравад.
12 Натиҷаи кори мавъиза дар ин ё он маҳал танҳо баъди гузаштани солҳо аён мешавад. Мисоли ҳамсарон Франс ва Маргит инро нишон медиҳад. Соли 1982, вақти дар филиали Бразилия хизмат карданашон (ҳоло онҳо дар филиали дигар хизмат мекунанд), онҳо дар шаҳраки хурде шаҳодат медоданд. Дар он ҷо дар байни омӯзандагонашон як зан ва чор фарзандаш буд. Писари калонии ин зан, ки он вақт 12-сола буд, аз ҳад зиёд шармгин буд. Ҳамин ки вақти омӯзиш мерасид, ӯ худро пинҳон карданӣ мешуд. Дере нагузашта он ҷуфти масеҳӣ таъиноти нав гирифт, аз ин рӯ дигар бо он оила омӯзишро давом дода натавонистанд. Лекин баъди 25 сол, вақте ки онҳо ба он шаҳрак ташриф оварданд, сахт ба ҳайрат афтоданд. Дар он ҷо аллакай ҷамъомад ва дар он 69 нафар воиз буд, ки 13 нафари онҳо пешрави доимӣ буданд. Ҳамаи онҳо дар Толори Салтанати навсохташуда ҷамъ мешуданд. Аммо бо он писараки шармгин чӣ шуд? Ӯ ҳозир ҳамчун координатори ҳайати пирон хизмат мекунад! Ба монанди хамиртуруши масали Исо хабари Салтанат паҳн шуда ҳаёти бисёриҳоро тағйир дода буд. Он ҷуфти масеҳӣ аз чунин афзоиш хеле шод буданд.
13 Қувваи ноаёни хушхабар, ки ҳаёти одамонро дигаргун месозад, хусусан дар ҷойҳое ки он ҷо кори Салтанат манъ карда шудааст, аён мебошад. Фаҳмидани он ки хабари Салтанат дар ин мамлакатҳо то чӣ андоза паҳн шудааст, душвор аст, лекин маълумоте ки баъзан аз он ҷойҳо мефаҳмем, моро ба ҳайрат меорад. Масалан, дар Куба мавъизаи хушхабар соли 1910, се сол пеш аз ташриф овардани бародар Рассел, сар шуда буд. Аммо дар аввал кори мавъиза дар Куба он қадар тез пеш намерафт. Ҳозир-чӣ? Соли 2013 шумораи воизон дар ин мамлакат ба зиёда аз 96 000 расид, ташрифовардагон ба Шоми ёдбуд бошанд, 229 726 нафар буданд. Аз ин бармеояд, ки тахминан 2 фоизи тамоми аҳолии ин ҷазира дар ин маросим иштирок карданд. Ҳатто дар мамлакатҳое ки фаъолиятамон манъ карда нашудааст, хабари Салтанат ба ҷойҳое расидааст, ки шояд Шоҳидони маҳаллӣ фикр кунанд, ки дар он ҷо кори мавъиза он қадар пешравӣ намекунадa (Воиз 8:7; 11:5).
14, 15. а) Аз мисоли хамиртуруш мо чӣ дарс гирифта метавонем? б) Ин масал ба мо дар бораи Яҳува ва Исо чиро ошкор месозад?
14 Мо аз масали Исо оиди хамиртуруш чӣ меомӯзем? Агар мо дар бораи маънии масали Исо фикр кунем, як чизи муҳимро дарк мекунем: мо набояд аз ҳад зиёд ғаму ташвиш хӯрем, ки оё миллионҳо одамоне ки ҳоло хабари Салтанатро нашунидаанд, онро мешунида бошанд ё не. Яҳува ҳама чизро дида истодааст ва ҳама чиз зери назорати Ӯст. Вале вазифаи мо аз чӣ иборат аст? Каломи Худо ба ин савол ҷавоб медиҳад: «Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд» (Воиз 11:6). Лекин ҳамзамон мо дар бораи пешравии кори мавъиза дуо гуфтанро набояд фаромӯш кунем, хусусан оиди пешравии мавъиза дар мамлакатҳое ки фаъолияти мо манъ аст (Эфс. 6:18–20).
15 Агар мо дар аввал самараи кори худро набинем, дар ин ҳолат ҳам набояд рӯҳафтода шавем. Мо набояд саршавии кори мавъизаро камаҳамият шуморем (Зак. 4:10). Зеро натиҷааш метавонад чунон бузургу аҷоиб бошад, ки он ҳатто дар гӯшаи хаёламон набуд! (Заб. 39:6; Зак. 4:7).
ТОҶИР ВА ГАНҶҲОИ НИҲОНӢ
16. Маънои масал дар бораи тоҷир ва ганҷҳои ниҳонӣ дар чист?
16 Матто 13:44–46-ро бихонед. Маънои масал дар бораи тоҷир ва ганҷҳои ниҳонӣ дар чист? Дар рӯзҳои Исо баъзе тоҷирон барои ёфтани марворидҳои беҳтарин ба ҷойҳои дурдаст, баъзан ҳатто ба уқёнуси Ҳинд сафар мекарданд. Тоҷире ки дар ин масал Исо дар борааш нақл мекунад, одамони самимиро тасвир мекунад, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳониашон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Он «марвориди гаронбаҳо» ҳақиқати пурқимати Салтанат мебошад. Тоҷир қимати он марворидро фаҳмида тайёр буд, ки тамоми дороиашро ба зудӣ фурӯхта онро бихарад. Ҳамчунин Исо дар бораи марде нақл кард, ки ҳангоми дар киштзор кор кардан, ганҷҳои ниҳониро ёфт. Гарчанде ӯ ба монанди тоҷир дар ҷустуҷӯи ганҷ набуд, лекин ҳангоме ки онро ёфт, ба монанди тоҷир тайёр буд, ки тамоми дороиашро фурӯхта он ганҷро ба даст орад.
17. Чаро Исо масал дар бораи тоҷир ва ганҷҳои ниҳониро овард?
17 Чаро Исо ин ду масалро овард? Бо ин масалаш ӯ нишон доданӣ буд, ки одамон ҳақиқатро бо роҳҳои гуногун мефаҳманд. Баъзе одамон онро кофтуков карда барои ёфтани он кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Дигарон бошанд, гарчанде худашон ҳақиқатро ҷустуҷӯ накарда буданд, шояд онро ба воситаи мавъизаи касе шуниданд. Ҳарчанд ҳар яки мо бо ҳақиқат бо роҳҳои гуногун шинос шудем, лекин қимати онро дарк намуда тайёр будем, ки аз баҳри бисёр чиз бароем.
18. а) Мо аз ин ду масал чӣ меомӯзем? б) Шумо аз ин масалҳо дар бораи Яҳува ва Исо чӣ фаҳмидед?
18 Аз ин ду масал мо чӣ фоида гирифта метавонем? (Мат. 6:19–21). Аз худ бипурсед: «Оё рӯҳияи ман ба рӯҳияи он ду мард монанд аст? Оё ман ҳақиқатро мисли онҳо қадр мекунам? Оё ман дар роҳи ҳақиқат қурбониҳо меорам ва ба дигар чизҳо, масалан ба кору бори рӯзгор мегузорам, ки диққатамро аз ҳақиқат дур созанд?» (Мат. 6:22–24, 33; Луқ. 5:27, 28; Флп. 3:8). Чи қадаре ки мо аз ёфтани ҳақиқат шод бошем, ҳамон қадар мо кӯшиш хоҳем кард, ки онро дар ҷои аввали ҳаётамон монем.
19. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
19 Бигзор рафтори мо нишон диҳад, ки мо ба ин масалҳои Салтанат гӯш додем ва ба маънояшон сарфаҳм рафтем. Биёед фаромӯш накунем, ки мо на танҳо бояд маънои онҳоро донем, балки аз онҳо барои худ дарс гирифта дар ҳаётамон ба кор барем. Дар мақолаи навбатӣ мо боз се масали дигарро муҳокима мекунем ва мебинем, ки аз онҳо барои худ чӣ дарсе гирифта метавонем.
a Воқеаҳои ба ин монанд дар мамлакатҳои зерин рӯй дода буданд: Аргентина («Солнома»-и 2001 (рус.), саҳ. 186), Олмони Шарқӣ («Солнома»-и 1999 (рус.), саҳ. 83), Папуа-Гвинеяи Нав («Солнома»-и 2005 (рус.), саҳ. 63) ва Ҷазираи Робинзон Крузо («Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июни с. 2000, саҳ. 9).