Ба мушкилиҳои издивоҷатон назари мусбӣ дошта бошед
«Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд» (1 ҚӮР. 7:10).
ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?
Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳамсаронро Яҳува ба ҳам пайвастааст?
Ба онҳое, ки дар издивоҷ душвориҳо доранд, пирон чӣ тавр кӯмак карда метавонанд?
Муносибати мо ба издивоҷ бояд чӣ гуна бошад?
1. Масеҳиён ба издивоҷ чӣ гуна муносибат мекунанд ва чаро?
ДАР вақти издивоҷ кардан масеҳиён ба Худо ваъдае медиҳанд, ки он кори шӯхӣ нест (Воиз 5:4–6). Асосгузори оила Яҳува мебошад, аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки он ду шахсро Ӯ «ба ҳам пайвастааст» (Марқ. 10:9). Баъзан издивоҷ новобаста аз қонуну қоидаҳои давлатӣ дар назари Худо боқӣ мемонад. Хизматгорони Яҳува ба издивоҷ бояд чун ба сохтори доимӣ муносибат кунанд. Ин принсип ҳам ба онҳое, ки то издивоҷ хизматгори Яҳува буданд ва ҳам ба онҳое, ки баъд хизматгори Ӯ шуданд, дахл дорад.
2. Кадом саволҳо дар ин мақола муҳокима мешаванд?
2 Издивоҷи хуб метавонад хушбахтии бисёр орад. Вале чӣ метавон кард, агар пайвандҳои издивоҷ бо ҳам ночаспон бошанд? Оё пайвандҳои сустро мустаҳкам кардан мумкин аст? Ба ҳамсароне, ки дар оилаашон сулҳу осоиштагӣ нест, чӣ ёрдам дода метавонад?
ИЗДИВОҶИ ШУМО ХУШБАХТ ХОҲАД БУД Ё ҒАМОВАР?
3, 4. Чӣ рӯй доданаш мумкин, агар шахс оиди интихоби ҳамсар қарори бехирадона қабул кунад?
3 Вақте ки издивоҷи хизматгорони Худо бомуваффақият аст, ин хурсандии бисёр меорад ва номи Яҳуваро ҷалол медиҳад. Вале агар он нобарор бошад, ҳолатҳои аз ғаму андӯҳ бадтар рӯй доданаш мумкин аст. Масеҳии муҷаррад, ки дар бораи издивоҷ фикр мекунад, ба он ибтидои нек мебахшад, агар аз рӯи гуфтаҳои Худо амал кунад. Аз тарафи дигар, шахсе, ки дар интихоби зан ё шавҳар қарори бехирадона қабул мекунад, метавонад бо норозигӣ ва ғамгинӣ дучор шавад. Масалан, баъзе ҷавонон бо вуҷуди он ки ба гирифтани масъулияти ҳаёти оилавӣ тайёр нестанд, бо касе ба мулоқоткунӣ сар мекунанд. Баъзеҳо тавассути Интернет барои худ ҳамсар меёбанду зуд оиладор мешаванд, лекин дере нагузашта мефаҳманд, ки онҳо хушбахт нестанд. Дигарон дар вақти мулоқоту номзадӣ гуноҳи ҷиддӣ содир мекунанд. Дар чунин ҳолат, онҳо метавонанд эҳтироми худро нисбати якдигар гум кунанд. Барои ҳамин, агар онҳо бо ҳам оиладор шаванд, пайванди издивоҷи онҳо аз аввал ноустувор буда метавонад.
4 Баъзе масеҳиён принсипи «фақат дар Худованд» издивоҷ карданро риоя намекунанд ва бисёр вақт аз ҳаёти оилавиашон азоб мекашанд, зеро ки ҳамсарашон онҳоро дар ибодати Яҳува ҳамроҳӣ намекунад (1 Қӯр. 7:39). Агар шумо низ дар чунин ҳолат бошед, ба Худо дуо гуфта бахшиш пурсед ва аз Ӯ кӯмак ҷӯед. Албатта Ӯ оқибатҳои хатоҳои дар гузашта кардаи шахсро бартараф намекунад, лекин ба онҳое, ки пушаймон мешаванд, барои бо мушкилиҳояшон тоб овардан ёрдам медиҳад (Заб. 129:1–4). Бо тамоми ҳастии худ бикӯшед, ки ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда ба Яҳува писанд оед ва шодмонии Яҳува «қуввати шумо» хоҳад буд (Наҳ. 8:10).
ВАҚТЕ КИ ПАЙВАНДИ ИЗДИВОҶ ЗЕРИ ХАТАР АСТ
5. Доир ба издивоҷе, ки хурсандӣ намеорад, аз кадом фикрҳо бояд канорагирӣ кард?
5 Онҳое, ки дар издивоҷашон мушкилӣ доранд, шояд фикр кунанд: «Оё ҳақиқатан меарзад, ки барои нигоҳ доштани издивоҷам кӯшиш кунам? Кошкӣ вақтро ақиб гардонда мешуд, он гоҳ ман аз нав ба каси дигар оиладор мешудам!» Чунин шахсон шояд орзу кунанд, ки аз ҳамсарашон халос шаванд. Мумкин онҳо ба худ гӯянд: «Агар аз вай ҷудо шавам–чӣ? Ҳатто сабаби бар Навиштаҳо асосёфта набошад ҳам, агар ман аз ҳамсарам ҷудо шавам, он гоҳ метавонам аз нав аз ҳаёт баҳра барам». Ба ҷои ба чунин орзуву хаёлҳо дода шудан, масеҳиён бояд роҳнамоии Худоро ҷуста аз рӯи он амал кунанд ва вазъияти доштаи худро ба таври беҳтарин истифода баранд.
6. Суханони дар Матто 19:9 гуфтаи Исоро фаҳмонед.
6 Агар масеҳие аз ҳамсараш ҷудо шавад, ин маънои онро надорад, ки ӯ бечунучаро метавонад бо каси дигар издивоҷ кунад. Мувофиқи Навиштаҳо ин танҳо он вақт мумкин аст, ки агар яке аз ҳамсарон зино карда бошад. Исо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад» (Матто 19:9). Ин ҷо «зино» хиёнати ҳамсарӣ ва дигар гуноҳҳои ҷиддии ҷинсиро дар бар мегирад. Агар ҳеҷ кадоме аз ҳамсарон зино содир накарда бошаду лекин масеҳӣ ақди никоҳашро бо ҳамсараш бекор кардан хоҳад, барои вай хеле муҳим аст, ки ба Худо дуо гӯяд ва хуб фикр кунад.
7. Агар издивоҷи масеҳиён барҳам хӯрад, дигарон чӣ фикр карда метавонанд?
7 Агар издивоҷи масеҳиён барҳам хӯрад, нисбати рӯҳонияти онҳо шубҳа пайдо шуданаш мумкин аст. Павлуси ҳавворӣ ин саволи муҳимро бардошта гуфт: «Кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад?» (1 Тим. 3:5). Вақте ки ҳамсарон худро масеҳӣ мегӯянду вале издивоҷашонро нигоҳ намедоранд, дигарон шояд фикр кунанд, ки дар асл онҳо мувофиқи он чизе ки мавъиза мекунанд, зиндагӣ намекунанд (Рум. 2:21–24).
8. Агар ҳамсарони масеҳӣ тарафдори барҳам додани издивоҷашон бошанд, ин эҳтимол аз чӣ дарак медиҳад?
8 Вақте ки ҳамсарони таъмидёфта бе сабаби бар Навиштаҳо асосёфта аз ҳам ҷудо зиндагӣ карданӣ мешаванд, ё ақди никоҳашонро бекор кардан мехоҳанд, ин аниқтараш аз он дарак медиҳад, ки онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ проблемаҳои калон доранд. Аз афташ яке аз ҳамсарон ё мумкин ҳар дуи онҳо принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор намебаранд. Агар онҳо дар асл «бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал» менамуданд, магар нигоҳ доштани издивоҷашон барои онҳо имконпазир намебуд? (Масалҳо 3:5, 6–ро бихонед.)
9. Баъзе масеҳиён дар алоқамандӣ бо издивоҷ кӯшишҳои босаброна ба харҷ дода, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мегарданд?
9 Бисёр оилаҳое, ки дар аввал ба назар бояд вайрон мешуданд, бо гузашти вақт хеле хушбахт шуданд. Масеҳиёне, ки дар издивоҷашон носозгорӣ асту ба зудӣ фикри барҳам додани онро намекунанд, бисёр вақт соҳиби баракатҳо мешаванд. Масалан, фикр кунед, ки дар оилае, ки яке аз ҳамсарон дар роҳи ҳақиқат нест, чӣ рӯй доданаш мумкин аст. Петруси ҳавворӣ навишт: «Шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд» (1 Пет. 3:1, 2). Бале, зан ё шавҳар бо рафтори хубаш метавонад ҳамсарашро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кунад! Масеҳиёне, ки издивоҷи худро нигоҳ медоранд ва ҳамсарашонро тарк намекунанд, Худоро ҷалол медиҳанд ва Ӯ ҳамаи аъзоёни он оиларо баракат медиҳад.
10, 11. Дар издивоҷ чӣ гуна мушкилиҳои ғайричашмдошт рӯй доданаш мумкин аст, вале масеҳиён ба ёрдами кӣ боварӣ дошта метавонанд?
10 Бо нияти ба Худо писанд омадан, аксарияти масеҳиёни муҷаррад ҳамимони таъмидёфтаи худро ба ҳамсарӣ интихоб мекунанд. Лекин, ҳатто дар ин сурат вазъият метавонад ранги дигар гирад. Масалан, гоҳ–гоҳ чунин рӯй медиҳад, ки шавҳар ё зан проблемаи ҷиддии эмотсионалӣ пайдо мекунад. Ё чанде баъд аз оиладоршавӣ, ҳамсар аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст гардида, воизи ғайрифаъол мегардад. Бо Линдаa, ки воизи боғайрат ва модари ғамхор аст, воқеаи ба ин монанде рӯй дод. Шавҳари таъмидёфтаи ӯ ба амалҳои нораво даст мезадагӣ шуд. Вай ба ин менигаристу худро ночору беилоҷ ҳис мекард. Шавҳараш аз корҳои кардаи худ пушаймон намешуд ва аз ин рӯ аз ҷамъомад хориҷ гашт. Масеҳиёне, ки дар чунин ҳолат мебошанд, шояд фикр кунанд, ки оилаи онҳо дигар хушбахт намешавад. Онҳо чӣ кор карда метавонанд?
11 Шумо шояд ба худ гӯед: «Оё қатъи назар аз воқеаи рӯйдода ман бояд издивоҷамро нигоҳ дорам?» Ҳеҷ кас наметавонад ва набояд ба ҷои шумо чунин қарор қабул кунад. Вале, саросема ба чунин фикр наоед, ки роҳи илоҷ нест ва издивоҷатонро бояд барҳам диҳед. Мард ё зани худотарсро, ки ба мушкилиҳои оилавӣ тоб оварда бо ин виҷдонашро пок нигоҳ медорад, Худо хеле қадр мекунад. (1 Петрус 2:19, 20–ро бихонед.) Ба масеҳиёне, ки барои мустаҳкам кардани оилаашон саъю кӯшиш мекунанд, Яҳува ба воситаи Калом ва рӯҳи худ ёрдам мекунад.
ОНҲО ТАЙЁРАНД, КИ КӮМАК КУНАНД
12. Агар мо кӯмаки пиронро ҷӯем, онҳо ба мо чӣ гуна муносибат хоҳанд кард?
12 Агар шумо бо мушкилиҳои оилавӣ рӯ ба рӯ шавед, барои аз масеҳиёни баркамол кӯмак пурсидан шарм надоред. Пирон чун чӯпонони рамаи Худо хизмат мекунанд ва бо омодагӣ диққати шуморо ба маслиҳатҳои Худо, ки дар Навиштаҳо мебошанд, равона мекунанд (Аъм. 20:28; Яъқ. 5:14, 15). Фикр накунед, ки агар шумо ва ҳамсаратон аз пирон кӯмак ҷуста проблемаҳои ҷиддии оилавиатонро бо онҳо муҳокима кунед, эҳтироми худро назди онҳо гум мекунед. Баръакс, вақте онҳо мебинанд, ки шумо аз таҳти дил ба Худо писанд омадан мехоҳед, муҳаббат ва эҳтироми онҳо ба шумо зиёд мегардад.
13. Дар 1 Қӯринтиён 7:10–16 чӣ насиҳат дода шудааст?
13 Вақте масеҳие, ки ҳамсараш Шоҳиди Яҳува нест аз пирон кӯмак мепурсад, пирон насиҳати зерини Павлусро истифода мебаранд: «Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд,— ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад,— ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад... зеро аз куҷо ту донӣ, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод?» (1 Қӯр. 7:10–16). Чӣ баракатест вақте ки ҳамсар хизматгори Яҳува мегардад!
14, 15. Дар кадом вақт ҳамсари масеҳӣ метавонад аз ҳамсараш ҷудогона зиндагӣ кунад, вале чаро бо дуо мулоҳиза кардан ва бо худ ростқавл будан муҳим аст?
14 Дар кадом ҳолатҳо зани масеҳӣ метавонад аз шавҳари худ «барояд»? Баъзеҳо барои он аз шавҳарашон ҷудогона зиндагӣ карданро қарор медиҳанд, ки ӯ якравона аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оиларо рад мекунад. Дигарон бошад аз он сабаб ҷудогона зиндагӣ карданро интихоб мекунанд, ки шавҳарашон ба онҳо сахт зӯроварӣ мекунад ё ба Худо хизмат кардани ӯро имконнопазир мегардонад.
15 Хоҳ зан аз ҳамсараш «барояд» хоҳ не, ин қарори шахсӣ аст. Лекин шахси таъмидёфта бояд дар бораи ин бо дуо мулоҳиза кунад ва бо худ ростқавл бошад. Масалан, оё ба он ки вай Китоби Муқаддасро ба таври лозима омӯзиш намекунад, ба вохӯриҳои ҷамъомад ва мавъиза мунтазам намеравад пурра ҳамсараш айбдор аст ё ки худи вай низ ба ин чизҳо хунукназарона муносибат мекунад?
16. Чаро масеҳиён набояд оиди ҷудошавӣ аз ҳамсар саросемавор қарор қабул кунанд?
16 Дар бораи ҷудошавӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Азбаски мо муносибатҳои бо Худо доштаамон ва атои Ӯ — издивоҷро қадр мекунем, мо дар ин бора қарорҳои саросемавор қабул намекунем. Чун хизматгорони Яҳува мо дар бораи ҷалол додани номи муқаддаси Ӯ фикр мекунем. Барои ҳамин, мо ҳеҷ гоҳ бо нияти маккоронаи бо каси дигар оиладор шудан бар зидди ҳамсарамон зино намекунем (Ирм. 17:9; Мал. 2:13–16).
17. Суханони «Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст» нисбати кадом ҳолат қобили корбурд аст?
17 Масеҳие, ки ҳамсараш хизматгори Яҳува нест, бояд барои мустаҳкам нигоҳ доштани издивоҷашон ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад. Лекин агар қатъи назар аз ҳамаи кӯшишҳои вай, ҳамсараш бо ӯ монданро рад кунад, вай набояд худро гунаҳкор ҳис кунад. «Агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад,— навишт Павлус,— дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст» (1 Қӯр. 7:15)b.
БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
18. Ҳатто агар издивоҷро нигоҳ доштан ғайриимкон бошад ҳам, кӯшишҳои мо чӣ натиҷаҳои хуб оварда метавонад?
18 Ҳангоми дар издивоҷ ягон мушкилӣ доштан, аз Яҳува дар дуо истодагарӣ пурсед, ва ҳамеша ба Ӯ умед бандед. (Забур 26:14–ро бихонед.) Болотар оиди Линда ном хоҳар сухан ронда будем. Ҳарчанд ӯ солҳои зиёд ба нигоҳ доштани оилааш кӯшиш кард, он оқибат барҳам хӯрд. Оё вай пушаймон аст, ки вақтро беҳуда сарф кард? «Албатта не,— мегӯяд ӯ.— Кӯшишҳои ман барои дигарон шаҳодати хуб буд. Ман виҷдони пок дорам. Аз ҳама хубаш он аст, ки он солҳо ба духтарам ёрдам доданд, ки дар роҳи ҳақиқат устувор монад. Ӯ Шоҳиди боғайрату таъмидёфтаи Яҳува гашт».
19. Кӯшишҳое, ки барои нигоҳ доштани издивоҷ ба харҷ дода мешаванд, чӣ натиҷа оварда метавонад?
19 Зани масеҳие бо номи Мерелин хурсанд аст, ки вай ба Худо такя кард ва барои оилаашро нигоҳ доштан кӯшиши зиёд ба харҷ дод. «Дар ман васвасаи аз шавҳарам ҷудогона зистан пайдо мешуд, зеро вай оиларо таъмин намекард ва ба Худо хизмат кардани маро душвор месохт,— мегӯяд ӯ.— Шавҳарам пеш пири ҷамъомад буд, вале баъд вай ба бизнеси шубҳаноке дода шуд. Вай вохӯриҳои ҷамъомадро тарк мекардагӣ шуд ва мо мисли пештара муошират намекардем. Он вақт дар шаҳрамон террористон амал мекарданд, ки аз ин ман хеле тарсида бо ҳеҷ кас гап намезадам. Баъд ман фаҳмидам, ки худам ҳам кори хеле хато карда будаам. Мо аз нав бо ҳам ба гап даромадем, ибодати оилавиамонро барқарор кардем ва мунтазам ба вохӯриҳо мерафтагӣ шудем. Пирон бо мо меҳрубон буданд ва хеле ёрдам доданд. Издивоҷи мо аз нав бақувват шуд. Баъди чанд вақт, шавҳарам аз нав дар ҷамъомад соҳиби масъулиятҳо гашт. Ин дарси мушкиле буд бо оқибати хурсандиовар».
20, 21. Нисбати издивоҷ мо бояд ба чӣ кор тайёр бошем?
20 Хоҳ мо муҷаррад бошем, хоҳ оиладор биёед ҳамеша бо истодагарӣ амал кунем ва ба Яҳува умед бандем. Агар мо дар издивоҷамон мушкилиҳо дошта бошем, мо бояд барои ҳал кардани онҳо самимона кӯшиш кунем ва дар ёд дорем, ки онҳое, ки бо ҳам издивоҷ кардаанд, «акнун ду тан не, балки як тан мебошанд» (Мат. 19:6). Ва дар оилае, ки яке аз ҳамсарон Шоҳиди Яҳува нест, агар ҳамсари масеҳӣ бо истодагарӣ ба душвориҳо тоб орад, ин метавонад оқибат ҳамсарашро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кунад ва шодии зиёд орад.
21 Новобаста аз он ки вазъияти мо чӣ гуна аст, мо бояд ҳамеша эҳтиёт бошем, то тарзи рафтори мо ба одамони берун аз ҷамъомад шаҳодати хуб бошад. Агар издивоҷамон проблемаҳои ҷиддӣ дошта бошад, биёед боисрор дуо гӯем, ниятҳои худро ростқавлона тафтиш кунем, оиди принсипҳои Навиштаҳо бодиққат мулоҳиза ронем ва аз пирон ёрдами рӯҳонӣ ҷӯем. Пеш аз ҳама, биёед дар ҳама чиз ба Яҳува Худо писанд оем ва атои аҷоиби Ӯ — издивоҷро эҳтиром кунем.
[Эзоҳҳо]
a Номҳои иваз шудаанд.
b Ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», саҳ. 219–221; «Бурҷӣ дидбонӣ» (рус.) аз 1 сентябри с. 1989, саҳ. 18–22 ва аз 1 феврали с. 1978, саҳ. 14 нигоҳ кунед.
[Чорчӯба дар саҳифаи 10]
Масеҳиёне, ки бо душвориҳои издивоҷашон босаброна мубориза мебаранд, бисёр вақт баракат меёбанд
[Чорчӯба дар саҳифаи 12]
Аз Яҳува дар дуо истодагарӣ пурсед, ва ҳамеша ба Ӯ умед бандед
[Тасвир дар саҳифаи 9]
Яҳува масеҳиёнеро, ки барои ҳал кардани мушкилиҳои издивоҷашон кӯшиш мекунанд, баракат медиҳад
[Тасвир дар саҳифаи 11]
Ҷамъомади масеҳӣ метавонад сарчашмаи тасаллӣ ва кӯмаки рӯҳонӣ бошад