МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14
«Аз пайи ӯ равона шавед»
«Масеҳ бароятон азоб кашид ва намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ равона шавед» (1 ПЕТ. 2:21).
СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Ба кадом маъно мо аз пайи қадамҳои Исо рафта метавонем? Бо мисол фаҳмонед.
ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо бо як гурӯҳ одамон дар даште, ки барфи ғафс боридааст, рафта истодаед. Роҳбалади ботаҷрибае пеш-пешатон рафта ба шумо роҳ нишон медиҳад. Вақте ӯ аз болои барф роҳ мегардад, аз қафояш изи пойҳояшро мегузорад. Як фурсат ӯ аз назаратон метавонад нопадид гардад, вале шумо аз ин ба воҳима намеафтед. Ба ҷойи ин шумо ва дигар аъзоёни гурӯҳатон аз рӯйи изе, ки ӯ дар рӯйи барф гузоштааст, рафтан мегиред.
2 Мо масеҳиёни ҳақиқӣ низ ба маъное аз дашти хатарнок — ҷаҳони шарир рафта истодаем. Хушбахтона, Яҳува барои мо Писараш Исои Масеҳро чун роҳбалади комил таъйин кардааст, ки мо аз рӯйи изи қадамҳои ӯ рафта метавонем (1 Пет. 2:21). Мувофиқи як маълумотномаи Китоби Муқаддас Петрус дар ин оят Исоро ба роҳбаладе монанд мекунад. Чуноне ки роҳбалад аз қафои худ изи пойҳояшро мегузорад, Исо низ пайи қадамҳои худро гузоштааст, ки мо аз рӯйи онҳо қадам ниҳем. Биёед ҳоло ба се саволи зерин ҷавоб диҳем: Пайи қадамҳои Исо гуфта чӣ дар назар дошта шудааст? Чаро мо бояд аз рӯйи онҳо қадам ниҳем? Ва инро чӣ тавр карда метавонем?
АЗ ПАЙИ ҚАДАМҲОИ ИСО РАВОНА ШУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
3. Аз пайи қадамҳои касе равона шудан чӣ маъно дорад?
3 Аз пайи қадамҳои касе равона шудан чӣ маъно дорад? Қадам ё «роҳ» гуфта Китоби Муқаддас баъзан ба тарзи ҳаёти шахс ишора мекунад (Ҳас. 6:9; Мас. 4:26). Намунаеро, ки шахс дар ҳаёт мегузорад, ба изи қадамҳое, ки ӯ аз қафояш гузоштааст, монанд кардан мумкин аст. Аз ин рӯ аз пайи касе равона шудан маънои ба намунаи ӯ пайравӣ карданро дорад.
4. Мо чӣ тавр аз пайи Исо равона шуда метавонем?
4 Пас, чӣ тавр мо аз пайи қадамҳои Исо равона шуда метавонем? Одӣ карда гӯем, ба намунаи ӯ бояд пайравӣ кунем. Дар ояти асосии ин мақола Петруси расул қайд мекунад, ки Исо дар истодагарӣ намунаи хуб гузошт, вале мо аз бисёр ҷиҳатҳои дигар низ ба Исо пайравӣ карда метавонем (1 Пет. 2:18–25). Дар ҳақиқат, тамоми тарзи ҳаёти Исо — ҳар он чизе, ки ӯ мегуфт ва мекард, барои мо намунаи ибрат аст.
5. Оё одамони нокомил ба намунаи комили Исо пайравӣ карда метавонанд? Фаҳмонед.
5 Оё мо ба нокомилиамон нигоҳ накарда аниқ ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем? Бале. Албатта, мо ба Исо ба таври комил пайравӣ карда наметавонем. Вале вақте ки мо бодиққат аз рӯйи пайи гузоштаи Исо роҳ мегардем ва барои ин ҳаматарафа кӯшиш мекунем, мо ба гуфти Юҳаннои расул «мисли [Исо] ҳаёт ба сар» мебарем (1 Юҳ. 2:6).
ЧАРО МО БОЯД АЗ ПАЙИ ИСО РАВОНА ШАВЕМ?
6, 7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо аз пайи Исо равона шуда ба Яҳува наздиктар мегардем?
6 Аз пайи Исо равона шудан моро ба Яҳува наздиктар месозад. Чаро? Якум, Исо ба таври ба Худо писанд зиндагӣ карда ба мо дар ин намунаи беҳамто гузоштааст (Юҳ. 8:29). Барои ҳамин аз пайи Исо равона шуда мо ба Яҳува писанд меоем. Ва бешубҳа Падари осмониамон ба касоне, ки барои бо Ӯ дӯст шудан сахт ҳаракат мекунанд, наздик хоҳад шуд (Яъқ. 4:8).
7 Дуюм, Исо ба Падараш комилан пайравӣ мекард. Барои ҳамин ӯ чунин гуфт: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳ. 14:9). Мо ба хислатҳои Исо ва тарзи муносибате, ки ӯ бо одамон дошт, пайравӣ карда метавонем. Масалан, ба хотир оред, ки чӣ хел ӯ ба махавие дилсӯзӣ кард, ба зане, ки аз бемории даҳшатнок азоб мекашид, раҳмаш омад ва ба дарди касоне, ки шахси наздикашонро аз даст дода буданд, шарик мешуд. Ба Исо пайравӣ карда мо дар асл ба хислатҳои Яҳува пайравӣ мекунем (Марқ. 1:40, 41; 5:25–34; Юҳ. 11:33–35). Чи қадаре ки мо ба хислатҳои Яҳува бисёртар тақлид кунем, муносибатамон бо Ӯ ҳамон қадар қавӣ мегардад.
8. Фаҳмонед, ки чаро аз пайи Исо рафтан ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҷаҳон ғолиб оем.
8 Агар мо аз пайи Исо равона шавем, ин ҷаҳони фосид ҳуши моро парешон карда наметавонад. Шаби охирони ҳаёти заминиаш Исо тавонист чунин гӯяд: «Ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!» (Юҳ. 16:33). Ин суханони ӯ маънои онро доштанд, ки ӯ ба одамони ин ҷаҳон нагузошт, ки ба фикрронии ӯ, мақсадҳо ва рафтори вай таъсир расонанд. Исо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард, ки барои чӣ ба замин фиристода шудааст. Ӯ барои он ба замин омада буд, ки номи Яҳуваро аз доғ пок созад. Дар ин ҷаҳон бисёр чизҳое ҳастанд, ки диққати моро аз хизмати Яҳува парешон карда метавонанд. Вале, агар мо мисли Исо ҳушамонро ба иҷро кардани хости Яҳува равона кунем, мо ҳам бар ҷаҳон ғолиб хоҳем омад (1 Юҳ. 5:5).
9. Барои дар роҳи ҳаёти ҷовидона мондан мо бояд чӣ кор кунем?
9 Аз пайи Исо рафта мо ҳаёти абадиро ба даст оварда метавонем. Боре як ҷавони сарватманд аз Исо пурсид, ки барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан ӯ бояд чӣ кор кунад. Исо ба ӯ гуфт: «Омада, маро пайравӣ кун» (Мат. 19:16–21). Исо ба баъзе яҳудиёне, ки ба Масеҳ будани ӯ бовар намекарданд, чунин гуфт: «Гӯсфандони ман... аз қафоям меоянд. Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунам» (Юҳ. 10:24–29). Исо ба Ниқӯдимус, ки аъзои Суди олии яҳудиён буду дар бораи ӯ бештар донистан мехост, гуфт, ки «ҳар кӣ ба ӯ имон оварад... соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:16). Мо ба Исо имон оварданамонро бо он нишон медиҳем, агар аз рӯйи таълими ӯ зиндагӣ кунем ва ба рафтори ӯ пайравӣ намоем. Ин тавр карда мо дар роҳи ҳаёти ҷовидона мемонем (Мат. 7:14).
ЧӢ ТАВР МО АЗ ПАЙИ ИСО РАФТА МЕТАВОНЕМ?
10. Барои хубтар шинохтани Исо чӣ кор бояд кард? (Юҳ. 17:3)
10 Барои он ки аз паси Исо рафта тавонем, мо бояд ӯро нағз шиносем. (Юҳанно 17:3 ва эзоҳи онро хонед.) Дар бораи Исо «дониш гирифтан» кори давомнок аст. Мо бояд ӯро торафт беҳтару беҳтар шиносем, яъне дар бораи хислатҳояш, тарзи фикррониаш ва меъёрҳое, ки ӯ аз рӯйи онҳо зиндагӣ мекард, фаҳмем. Новобаста аз он ки мо чанд вақт боз дар роҳи ҳақиқат ҳастем, мо бояд дар бораи Яҳува ва Исо дониш гирифтанро ҳамеша давом диҳем.
11. Чор Инҷил чиро дар бар мегиранд?
11 Барои он ки мо Писараш Исоро шиносем, Яҳува аз меҳрубонӣ чор Инҷилро ба Каломаш илова кардааст. Дар онҳо оиди ҳаёт ва хизмати Исо гуфта шудааст. Аз ин китобҳо мо мефаҳмем, ки Исо чӣ гуфта буд, чӣ кор мекард ва чӣ гуна ҳиссиёт дошт. Ин чор Инҷил ба мо ёрдам мекунад, ки дар бораи намунаи Исо мулоҳиза ронем (Ибр. 12:3). Дар ин китобҳо гӯё изи қадамҳое, ки Исо аз қафояш гузошт, дида мешаванд. Аз ин рӯ ин чор Инҷилро чуқур омӯхта мо бо Исо торафт бештар шинос шуда метавонем. Ҳамин тавр мо аз пайи қадамҳои ӯ равона мешавем.
12. Барои аз китобҳои Инҷил бештар манфиат бурдан мо бояд чӣ кор кунем?
12 Барои аз китобҳои Инҷил пурра манфиат гирифтан ба мо фақат хондани онҳо кифоя нест. Мо бояд вақт ҷудо карда онҳоро бодиққат омӯзем ва дар бораашон чуқур мулоҳиза ронем. (Бо Еҳушаъ ибни Нун 1:8 муқоиса кунед.) Биёед ду қадамро дида бароем, ки ба мо барои мулоҳиза кардан оиди воқеаҳое, ки аз чор Инҷил мехонем ва ба кор бурдани онҳо кӯмак мекунанд.
13. Воқеаҳои ҳаёти Исоро чӣ тавр зинда тасаввур кардан мумкин аст?
13 Якум, воқеаҳои Инҷилро зинда тасаввур кунед. Вақте ягон воқеаро мехонед, тасаввур кунед, ки шумо дар он ҷоед, овозҳоро мешунавед ва чизе, ки шуда истодааст, ҳис мекунед. Барои ин бо ёрии адабиёти ташкилотамон каме тадқиқот бурдан мумкин аст. Хуб мебуд, ки контексти воқеаро аз назар гузаронед, яъне воқеаҳое, ки пеш ва баъд аз он рӯй додаанд, ба ёд оред. Дар бораи одамон ва ҷойҳое, ки дар ин воқеа тасвир шудаанд, бештар маълумот кобед. Воқеаи хондаистодаатонро бо ҷойҳои параллелии дигар Инҷил муқоиса кунед. Баъзан нависандаи як Инҷил ҳангоми навиштан оиди ягон воқеа тафсилоти шавқовареро қайд кардааст, ки дар дигараш нест.
14, 15. Чӣ тавр мо чизҳои аз Инҷил омӯхтаамонро дар ҳаёт ба кор бурда метавонем?
14 Дуюм, аз воқеаҳои ҳаёти Исо ба худ дарс гиред ва онро дар ҳаётатон ба кор баред (Юҳ. 13:17). Масалан, баъди хондани ягон воқеа аз китоби Инҷил ба худ чунин саволҳо диҳед: «Ман аз ин воқеа ба худ чӣ дарс мегирам? Чӣ тавр ман бо ёрии ин маълумот каси дигарро дастгирӣ карда метавонам?» Фикр кунед, ки хусусан киҳоро ин маълумот рӯҳбаланд карда метавонад. Ва сипас дар вақти мувофиқ меҳрубонона ва боадабона чизи фаҳмидаатонро ба онҳо нақл кунед.
15 Биёед ин ду қадамро ба кор бурда як воқеаро аз Инҷил дида бароем. Ин воқеа дар бораи бевазани камбағале мебошад, ки дар маъбад Исо ӯро мушоҳида кард.
БЕВАЗАНИ КАМБАҒАЛ ДАР МАЪБАД
16. Воқеаи дар Марқӯс 12:41 овардашударо тасвир кунед.
16 Ин воқеаро зинда тасаввур кунед. (Марқӯс 12:41-ро хонед.) Ҳоло 11 нисони соли 33 милодӣ аст ва то марги Исо чанд рӯз мондааст. Исо қариб тамоми рӯз дар маъбад таълим медиҳад. Вале роҳбарони динӣ ба ӯ зиддият нишон медиҳанд. Чанде пеш якчанд нафари онҳо ӯро пурсуков мекунанд, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ӯ ҳуқуқ додааст. Баъзеи дигарашон бо саволҳои мушкил ӯро боб карданӣ мешаванд (Марқ. 11:27–33; 12:13–34). Баъд аз ин Исо ба дигар тарафи маъбад меравад. Ин ҷо эҳтимол саҳни занон ном дорад ва Исо аз он ҷо қуттиҳои барои хайрия гузоштаро дида метавонад. Исо мебинад, ки одамон ба он қуттиҳо пул меандозанд ва сарватмандони бисёр тангаҳои зиёд хайрия мекунанд. Эҳтимол ӯ наздик нишастааст, ки ҷарангос зада ба қуттӣ афтодани тангаҳоро мешунавад.
17. Бевазани камбағале, ки оидаш дар Марқӯс 12:42 қайд шудааст, чӣ кор кард?
17 Марқӯс 12:42-ро хонед. Чанде пас диққати Исоро як зан ба худ ҷалб мекунад. Ӯ «бевазани камбағале» буд (Луқ. 21:2). Ӯ зиндагии хеле фақирона дошт ва ҳатто барои харидани чизҳои зарурӣ пулаш намерасид. Лекин ӯ ба назди яке аз қуттиҳои хайрия рафта оҳиста ду тангаи хурдро ба он меандозад, ки шояд овози афтиданашон қариб шунида намешавад. Исо медонад, ки ин зан чӣ қадар хайрия кард — ӯ ду танга овард — тангае, ки он вақт аз ҳама хурдтарин ҳисоб меёфт. Ба ин пул ҳатто як гунҷишкакро, ки арзонтарин парранда барои хӯрок ҳисоб меёфт, харида намешуд.
18. Мувофиқи Марқӯс 12:43, 44 Исо дар бораи хайрияи бевазан чӣ гуфт?
18 Марқӯс 12:43, 44-ро хонед. Исо ба ин зан қоил мешавад. Ӯ шогирдонашро ҷеғ мезанад ва диққати онҳоро ба он зан равона карда мегӯяд: «Ин бевазани камбағал аз ҳама... зиёдтар хайрия кард». Сипас Исо мефаҳмонад: «Онҳо [хусусан сарватмандон] аз зиёдатии худ хайрия мекарданд, вай бошад, нигоҳ накарда ба камбағалиаш, ҳар чизи доштааш — тамоми ризқу рӯзиашро, дод». Он рӯз он бевазани худотарс пули охиринашро хайрия карда нишон дод, ки ба Яҳува такя мекунад ва боварӣ дорад, ки Ӯ дар ҳаққаш ғамхорӣ мекунад (Заб. 25:3).
19. Аз суханоне, ки Исо дар бораи бевазани камбағал гуфт, мо чӣ дарси муҳим меомӯзем?
19 Дарсеро, ки аз ин порча омӯхтед, ба кор баред. Ба худ савол диҳед: «Аз суханоне, ки Исо дар бораи бевазани камбағал гуфт, ман чӣ дарс мегирам?» Дар бораи он бевазан фикр кунед. Бешубҳа ӯ мехост зиёдтар хайрия кунад, вале ӯ чизеро, ки аз дасташ омад, ҳамонро кард. Яъне ба Яҳува буду шудашро дод. Ва Исо медонист, ки хайрияи он зан дар чашми Падараш хеле гаронбаҳо аст. Дарси муҳиме, ки мо аз ин мегирем, чунин аст: Вақте мо ба Яҳува буду шудамонро медиҳем, яъне ба Ӯ аз таҳти дил ва бо ҷону дил хизмат мекунем, Ӯ аз мо розӣ мегардад (Мат. 22:37; Қӯл. 3:23). Вақте Яҳува мебинад, ки мо барои Ӯ ҳар кори аз дастамон омадаро карда истодаем, Ӯ аз ин хушнуд мегардад! Ин ба миқдори вақт ва қуввате, ки мо ба ибодати Ӯ мебахшем, дахл дорад, аз он ҷумла ба вақту қуввате, ки мо дар хизмат ва ҷамъомадҳо сарф мекунем.
20. Чӣ тавр шумо дарсеро, ки аз нақл оиди бевазани камбағал омӯхтед, ба кор бурда метавонед? Мисол оред.
20 Дарсеро, ки шумо аз нақл оиди бевазан омӯхтед, чӣ тавр ба кор бурда метавонед? Дар бораи нафароне фикр кунед, ки нигоҳ накарда ба маҳдудияташон барои Яҳува ҳама кори аз дасташон меомадаро карда истодаанд. Онҳоро боварӣ бахшед, ки Яҳува аз кӯшишҳои онҳо хурсанд аст. Масалан, оё шумо хоҳари пиронсолеро мешиносед, ки эҳтимол аз сабаби хуб набудани саломатиаш ё камқувватиаш мисли пештара ба Яҳува зиёд хизмат карда наметавонаду худро гунаҳкор ва беқадр ҳис мекунад? Ё мумкин шумо бародареро мешиносед, ки аз сабаби касалии кӯҳна ва ҷонкоҳ бар ҳар як вохӯрии ҷамъомад рафта наметавонад ва аз ин худро рӯҳафтода ҳис мекунад. Ба ин гуна шахсон сухане гӯед, онҳоро «обод карда тавонад» (Эфс. 4:29). Фикрҳои таъсирбахшеро, ки аз порча оиди бевазани камбағал фаҳмидед, ба онҳо нақл кунед. Суханони рӯҳбаландкунандаи шумо метавонанд, онҳоро боварӣ бахшад, ки Яҳува аз коре, ки онҳо аз таҳти дил карда истодаанд, хушнуд аст (Мас. 15:23; 1 Тас. 5:11). Вақте шумо дигаронро барои кӯшишҳои боғайратонаашон таъриф мекунед, новобаста аз он ки ин ба назарашон кам менамояд, шумо аз пайи изи гузоштаи Исо меравед.
21. Пас аз омӯхтани ин мақола шумо чӣ кор карданиед?
21 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ дар китобҳои Инҷил дар бораи ҳаёти Исо муфассал ба мо маълумот додааст! Ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз пайи ӯ равона шавем. Мо метавонем дар омӯзиши шахсӣ ё дар вақти ибодати оилавӣ ба воқеаҳое, ки дар Инҷил оварда шудаанд, диққат диҳем. Вале дар хотир бояд дошт, ки барои аз чунин омӯзиш пурра манфиат бурдан мо бояд воқеаҳои хондаамонро зинда тасаввур кунем ва дарсҳоеро, ки аз онҳо меомӯзем, дар амал ба кор барем. Ғайр аз пайравӣ кардан ба корҳои Исо мо ҳамчунин бояд ба суханони ӯ гӯш диҳем. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки аз суханони охирине, ки Исо пеш аз маргаш гуфт, мо чӣ омӯхта метавонем.
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
a Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо бояд аз пайи қадамҳои Исо равона шавем. Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб мегирем: Пае, ки Исо гузошт, чӣ маъно дорад? Чаро мо бояд аз пайи гузоштаи ӯ қадам монем? Ва инро чӣ тавр карда метавонем?
b ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳаре дар бораи суханоне, ки Исо оиди бевазани камбағал гуфт, мулоҳиза меронад. Баъд аз ин ӯ як хоҳари пиронсолро барои хизмати боғайратонааш таъриф мекунад.