БОБИ ҲАФТ
Мурдагон зинда мешаванд!
1–3. Ҳамаи мо ғуломи чӣ ҳастем ва чӣ тавр Яҳува моро озод мекунад?
ТАСАВВУР КУНЕД, ки шуморо бегуноҳ як умр зиндонӣ мекунанд. Ҳеҷ умеде нест, ки шуморо озод мекунанд. Ояндаатон торик аст ва шумо медонед, ки ҳеҷ касу ҳеҷ чиз ба шумо наметавонад ёрдам кунад. Лекин, вақте ки шумо ҳама умедро аз даст додед, мефаҳмед, ки як кас метавонад шуморо озод кунад. Ӯ ҳатто ваъда медиҳад, ки ба шумо ёрдам мекунад! Инро фаҳмида шумо чӣ ҳис мекардед?
2 Маргро ҳам ба ҳабси якумра монанд кардан мумкин аст. Мо ҳама ғуломи маргем ва ҳеҷ кас моро аз он озод карда наметавонад. Лекин Яҳува қудрати бузург дорад ва Ӯ метавонад моро аз мурдан халос кунад. Дар Китоби Муқаддас Ӯ ваъда медиҳад, ки маргро нест мекунад: «Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 Қӯринтиён 15:26).
3 Тасаввур кунед, ки марг дигар нест ва шумо аз ғами мурдан озодед. Лекин Яҳува моро на танҳо аз марг халос мекунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки касонеро, ки аллакай мурдаанд, аз нав зинда мекунад (Ишаъё 26:19).
ВАҚТЕ ШАХСИ НАЗДИКАМОН МЕМУРАД
4. а) Вақте дӯст ва ё аъзои оилаамон мемурад, чӣ моро ором карда метавонад? б) Дӯстони наздики Исо кӣ буданд?
4 Вақте ягон одами наздикамон мемурад, мо зиқу рӯҳафтода мешавем. Мо наметавонем ӯро аз нав зинда кунем, барои ҳамин худро бечораву нотавон ҳис мекунем. Хушбахтона, Китоби Муқаддас ба мо умед ва оромӣ мебахшад. (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.) Яҳува ва Писараш сахт мехоҳанд наздикони мурдаамонро зинда кунанд. Инро як воқеа аз зиндагии Исо нишон медиҳад. Вақте ӯ дар замин буд, бо Лаъзор ном мард ва хоҳарони ӯ, Марто ва Марям, дӯстӣ мекард. Исо зуд-зуд назди онҳо меҳмонӣ мерафт. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт». Аммо як рӯз бадбахтие рӯй дод: Лаъзор мурд (Юҳанно 11:3–5).
5, 6. а) Вақте Исо ғаму андӯҳи дӯстону наздикони Лаъзорро дид, ӯ чӣ кор кард? б) Чаро рафтори Исо дилҳои моро ором мекунад?
5 Вақте Исо фаҳмид, ки Лаъзор мурдааст, ӯ барои дилбардорӣ кардани Маряму Марто рафт. Вақте Марто шунид, ки Исо омадааст, ӯ хурсанд шуда ба пешвозаш давид. Исоро дида, Марто гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Марто гуфт, ки Исо аз ҳад дер омад. Исо дид, ки Марям ҳам гиря карда истодааст. Ғаму андӯҳи онҳоро дида, дили Исо сӯхт ва ӯ ҳам гиря кард (Юҳанно 11:21, 33, 35). Ӯ дарди онҳоеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд, мефаҳмид.
6 Исо дарду алами моро мефаҳмад ва ин моро ором мекунад! Аз ин ҷиҳат ӯ ба Падараш монанд аст (Юҳанно 14:9). Ҳам Исо ва ҳам Падараш намехоҳанд, ки одамон муранд. Яҳува метавонад маргро нест кунад ва ба наздикӣ Ӯ ин корро мекунад.
«ЭЙ ЛАЪЗОР, БЕРУН О!»
7, 8. Барои чӣ Марто намехост, ки сангро аз қабри Лаъзор бардоранд, лекин Исо чӣ кор кард?
7 Вақте Исо пеши гӯри Лаъзор омад, дид, ки даҳани қабр бо санги калон пӯшонида шудааст. Баъд Исо гуфт: «Сангро бардоред». Лекин Марто намехост, ки сангро бардоранд, чунки мурда чор рӯз боз дар қабр хобида буд (Юҳанно 11:39). Ӯ намедонист, ки Исо чӣ тавр ба бародараш ёрдам карданист.
8 Вақте сангро гирифтанд, Исо бо овози баланд гуфт: «Эй Лаъзор, берун о!» Баъд Мартову Марям як чизи хеле аҷоибро диданд: «Мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад» (Юҳанно 11:43, 44). Лаъзор зинда шуд! Дӯстону наздиконаш хеле хурсанд буданд. Онҳо бо ӯ гап мезаданд ва ӯро ба оғӯш мегирифтанд.
«ЭЙ ДУХТАР, ТУРО МЕГӮЯМ, БАРХЕЗ»
9, 10. а) Кӣ ба Исо қудрати зинда карданро дода буд? б) Барои чӣ дар Китоби Муқаддас дар бораи зиндашавии одамон навишта шудааст?
9 Оё Исо одамонро бо қувваи худаш зинда мекард? Не. Пеш аз он ки Лаъзорро зинда кунад, Исо ба Яҳува дуо гуфт ва Яҳува ба ӯ қувват дод. (Юҳанно 11:41, 42-ро хонед.) Лекин Исо на танҳо Лаъзорро зинда карда буд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи як духтарчаи 12-солае нақл карда мешавад, ки касали сахт буд. Падари ӯ, Ёир, пеши Исо омада, аз ӯ илтимос мекунад, ки фарзанди ягонаашро шифо диҳад. Онҳо ҳанӯз бо якдигар гап мезаданд, ки марде омада ба Ёир мегӯяд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?» Лекин Исо ба Ёир мегӯяд: «Натарс, фақат имон овар ва ӯ наҷот хоҳад ёфт». Онҳо якҷоя ба хонаи Ёир мераванд. Ба хона наздик шуда, Исо гиряи мардумро мешунавад. Исо ба одамон гуфт: «Гиря накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст [хоб рафтааст]». Аз афташ, падару модари духтар аз ин гапи Исо ҳайрон шуданд. Исо аз ҳама хоҳиш кард, ки аз хона бароянд. Баъд ӯ ҳамроҳи падару модари духтар ба хонае даромад, ки мурда хобида буд. Исо аз дасти духтарча оҳиста гирифта ба ӯ гуфт: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез»! Падару модари духтар аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд (Марқӯс 5:22–24, 35–42; Луқо 8:49–56). Аз он рӯз баъд, онҳо ҳар вақте, ки ба духтарашон нигоҳ мекарданд, кори аҷоиби Яҳуваро ба хотир меовардандa.
10 Одамоне, ки Исо зинда карда буд, оқибат мурданд. Лекин дар бораи зиндашавии онҳо хонда мо умед пайдо мекунем. Мо мефаҳмем, ки Яҳува мехоҳад одамонро зинда кунад ва ба наздикӣ ин корро мекунад.
ЯҲУВА МЕХОҲАД МУРДАГОНРО ЗИНДА КУНАД
11. Мувофиқи Воиз 9:5 Лаъзор дар кадом ҳолат буд?
11 Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд, ки «мурдаҳо чизе намедонанд». Дар бораи Лаъзор ҳам чунин гуфтан мумкин буд (Воиз 9:5). Чи хеле ки Исо гуфт, Лаъзор гӯё хоб рафта буд (Юҳанно 11:11). Вақте Лаъзор дар қабр буд, ӯ чизе намефаҳмид.
12. Аз куҷо медонем, ки Лаъзор дар ҳақиқат зинда шуд?
12 Одамони бисёр шоҳиди он буданд, ки Исо Лаъзорро зинда кард. Ҳатто душманони Исо ин кори аҷоиби ӯро бо чашмони худ диданд (Юҳанно 11:47). Одамони бисёр Лаъзорро зинда дида имон меоварданд, ки Исоро Худо фиристодааст. Ин ба душманони Исо маъқул нашуд, барои ҳамин онҳо хостанд Лаъзор ва Исоро кушанд (Юҳанно 11:53; 12:9–11).
13. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува мурдагонро зинда карда метавонад?
13 Исо гуфта буд, ки «ҳамаи онҳое, ки дар қабр мебошанд», зинда мешаванд (Юҳанно 5:28). Ҳама одамоне, ки дар хотири Яҳува ҳастанд, зинда мешаванд. Оё Яҳува метавонад ҳама чизро дар бораи ҳар як кас дар ёд гирад? Албатта. Дар осмон миллиардҳо ситораҳо ҳастанд. Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува номи ҳар яки онҳоро медонад. (Ишаъё 40:26-ро хонед.) Агар Ӯ номи ҳар як ситораро дар хотир дорад, пас, наздикони мурдаамонро ҳам дар ёд дошта метавонад. Ӯ қодир аст ҳар як чизро дар бораи онҳо дар хотир дорад. Барои ҳамин Ӯ ба осонӣ онҳоро зинда карда метавонад. Ҳамчунин Яҳува Офаридгори ҳама касу ҳама чиз аст. Барои Ӯ зинда кардани инсон кори осон аст.
14, 15. Аз суханони Айюб чиро фаҳмидан мумкин аст?
14 Пайғамбар Айюб ба зиндашавӣ бовар дошт. Суханони ӯ дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Ӯ пурсида буд: «Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?» Баъд ӯ ба Яҳува мегӯяд: «Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманд [орзуманд]-и амали дастҳои худ мегаштӣ». Айюб медонист, ки Яҳува бесаброна интизори вақтест, ки мурдагонро зинда кунад (Айюб 14:13–15).
15 Шумо дар бораи зиндашавӣ чӣ фикр доред? Шояд, ягон аъзои оила ва ё дӯстатон мурдааст ва шумо фикр мекунед, ки оё онҳо зинда мешуда бошанд. Донистани он ки Яҳува мехоҳад мурдагонро зинда кунад, моро хурсанд месозад. Биёед аз Китоби Муқаддас фаҳмем, ки дар оянда кӣ зинда мешавад ва баъд аз зиндашавӣ одамон дар куҷо зиндагӣ мекунанд.
ОНҲО «ОВОЗИ ӮРО ХОҲАНД ШУНИД ВА БЕРУН ХОҲАНД ОМАД»
16. Одамонеро, ки дар оянда зинда мешаванд, чӣ гуна ҳаёт дар пеш аст?
16 Пештар, вақте одамон зинда мешуданд, онҳо боз мисли пештара бо ёру дӯстони худ якҷоя зиндагӣ мекарданд. Дар оянда ҳам ҳамин хел мешавад. Худо одамонро зинда мекунад ва онҳо дар рӯйи замин бо ёру дӯстони худ зиндагӣ мекунанд. Он вақт зиндагӣ аз ҳозир беҳтар мешавад. Одамони зиндашуда имконият пайдо мекунанд, ки дар дунёи беҳтаре беохир зиндагӣ кунанд. Он ҷо ҷанг, ҷиноят ва касалӣ намешавад.
17. Кӣ зинда мешавад?
17 Кӣ зинда мешавад? Исо гуфт: «Ҳамаи онҳое, ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29). Дар Ваҳй 20:13 (ТҶФ) гуфта мешавад: «Он гоҳ дарё мурдагонеро, ки дар он буданд... дод ва марг ва гӯр мурдагонеро, ки дар онҳо буданд... доданд». Миллиардҳо одамон зинда мешаванд. Павлуси расул гуфта буд, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон» зиндашавӣ дар пеш аст. (Аъмол 24:15-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад?
18. Росткороне, ки дар оянда зинда мешаванд, кистанд?
18 «Одилон», яъне росткороне, ки дар ин оят дар бораашон гуфта мешавад, кистанд? Одамони ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Соро, Мусо, Рут ва Эстер барои зиндагӣ дар рӯйи замин зинда мешаванд. Шумо метавонед дар бораи баъзеи онҳо аз боби 11-и китоби Ибриён хонед. Ҳамаи инҳо пеш аз ба замин омадани Исо зиндагӣ карда буданд. Дар бораи хизматгорони Яҳува, ки имрӯз мемуранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо ҳам аз росткорон мебошанд, барои ҳамин дар оянда зинда мешаванд.
19. «Золимон» кистанд? Баъди зинда шуданашон онҳо чӣ кор карда метавонанд?
19 «Золимон», яъне бадкороне, ки ин ҷо гап дар бораашон меравад, кистанд? Миллиардҳо одамоне, ки дар бораи Яҳува нашунида мурданд. Яҳува онҳоро фаромӯш накардааст. Ӯ ин одамонро зинда мекунад ва онҳо метавонанд дар борааш фаҳманд ва ба Ӯ хизмат кунанд.
20. Барои чӣ баъзеҳо зинда намешаванд?
20 Оё ҳамаи мурдагон зинда мешаванд? Не. Исо гуфт, ки баъзеҳо зинда намешаванд (Луқо 12:5). Кӣ аниқ мекунад, ки кӣ зинда мешаваду кӣ не? Қарори охиринро Яҳува мебарорад. Лекин Ӯ ба Исо ҳақ додааст, ки «Довари зиндагон ва мурдагон» бошад (Аъмол 10:42). Касе, ки бадкор ва ислоҳнашаванда ҳисобида шавад, зинда карда намешавад (Нигаред ба Мавзӯи 18.)
КӢ БАРОИ ҲАЁТИ ОСМОНӢ ЗИНДА МЕШАВАД?
21, 22. а) Боз кадом тарзи зиндашавӣ ҳаст? б) Аввалин касе, ки чун фаришта зинда карда шуд, кӣ буд?
21 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе одамон барои зиндагӣ дар осмон зинда карда мешаванд. Вақте Худо касеро барои зиндагӣ дар осмон зинда мекунад, ба ӯ тани одамӣ намедиҳад. Яҳува ӯро ҳамчун рӯҳ, яъне фаришта зинда мекунад.
22 Якум касе, ки чун фаришта зинда карда шуд, Исо буд (Юҳанно 3:13). Се рӯз пас аз кушта шуданаш, Яҳува ӯро зинда кард (Забур 15:10; Аъмол 13:34, 35). Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки Исо бо тани одамӣ зинда нашуд. Петруси расул мегӯяд, ки Исо «ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид» (1 Петрус 3:18). Худо Исоро чун фариштаи пурқудрат зинда кард (1 Қӯринтиён 15:3–6). Лекин аз Китоби Муқаддас фаҳмидан мумкин аст, ки баъзеи дигар одамон ҳам ҳамин хел зинда мешаванд.
23, 24. «Рамаи хурд» кист ва аз чанд нафар иборат аст?
23 Пеш аз маргаш Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам» (Юҳанно 14:2). Аз ин ҷо бармеояд, ки баъзе пайравони Исо барои зиндагӣ дар осмон зинда карда мешаванд. Лекин чанд нафар? Исо онҳоро «рамаи хурд» номида, нишон дод, ки шумораи онҳо кам аст (Луқо 12:32). Юҳаннои ҳавворӣ аниқ гуфт, ки онҳо чанд нафар мешаванд. Худо ба ӯ Исоро нишон дод, ки «бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар» буданд (Ваҳй 14:1).
24 Кай 144 000 нафар зинда мешаванд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин дар вақти Подшоҳ шудани Исо сар мешавад (1 Қӯринтиён 15:23, ТДН). Мо ҳозир дар ҳамин давра зиндагӣ дорем. Ҳозир қариб ҳамаи 144 000 нафар зинда шудаанд ва дар осмонанд. Қисми ками онҳо ҳанӯз дар замин мебошад. Агар касе аз онҳо имрӯз мурад, даррав ба осмон меравад. Лекин бисёри одамон барои зиндагӣ дар биҳишти рӯйи замин зинда карда мешаванд.
25. Аз боби оянда мо дар бораи чӣ мефаҳмем?
25 Ба қарибӣ Яҳува ҳама одамонро аз марг озод мекунад. (Ишаъё 25:8-ро хонед.) Лекин он касоне, ки ба осмон мераванд, дар он ҷо чӣ кор мекунанд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки онҳо бо Исо дар ҳукумати осмонӣ ҳукмронӣ мекунанд. Дар ин бора мо аз боби оянда бисёртар мефаҳмем.
a Китоби Муқаддас дар бораи одамони дигаре нақл мекунад, ки зинда шуда буданд. Дар байни онҳо зану мард, пиру ҷавон, исроилӣ ва одамони дигар халқҳо буданд. Шумо метавонед ин воқеаҳоро аз оятҳои зерин хонед: 3 Подшоҳон 17:17–24; 4 Подшоҳон 4:32–37; 13:20, 21; Матто 28:5–7; Луқо 7:11–17; 8:40–56; Аъмол 9:36–42; 20:7–12.