Юҳанно
5 Баъд аз ин воқеаҳо Исо барои ҷашн гирифтани иди+ яҳудиён ба Ерусалим рафт. 2 Дар Ерусалим, дар назди дарвозаи Гӯсфанд,+ ҳавзе буд, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд ва гирдогирдаш панҷ роҳрави сутундор дошт. 3 Дар атрофи ҳавз шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва одамони даст ё пояшон хушкшуда* хобида буданд. 4 *—— 5 Он ҷо як марде мехобид, ки 38 сол боз касал буд. 6 Исо он мардро дид ва, азбаски дер боз касал будани ӯро медонист, ба ӯ гуфт: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?»+ 7 Марди бемор ба вай ҷавоб дод: «Тақсир, ман касе надорам, ки вақти ба ҳаракат омадани об маро ба ҳавз дарорад, ва то худам наздик меоям ки, дигаре аз ман пештар ба об медарояд». 8 Исо ба ӯ гуфт: «Бархез! Бистаратро бардору роҳ рав».+ 9 Он мард дарҳол сиҳат шуд ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад.
Он рӯз рӯзи шанбе буд. 10 Бинобар ин яҳудиён ба марди шифоёфта гуфтанд: «Дар рӯзи шанбе бистарро бардоштани ту раво нест».+ 11 Лекин вай ҷавоб дод: «Он касе, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: “Бистаратро бардору роҳ рав”». 12 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кӣ ба ту гуфт, ки бистаратро бардошта, роҳ равӣ?» 13 Вале он мард намедонист ӯро кӣ шифо дод, чунки Исо байни мардум даромада, аз назар ғоиб шуд.
14 Чанде пас Исо ӯро дар ибодатгоҳ дида, гуфт: «Акнун ки сиҳат шудӣ, дигар гуноҳ накун, то чизи бадтаре бо ту рӯй надиҳад». 15 Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шахсе, ки ӯро шифо додааст, Исо мебошад. 16 Он гоҳ яҳудиён аз пайи озори Исо шуданд, зеро ӯ чунин корҳоро дар рӯзи шанбе ба амал меовард. 17 Аммо вай ба онҳо гуфт: «Падари ман то ҳол кор карда истодааст ва ман низ кор мекунам».+ 18 Баъд аз ин яҳудиён боз ҳам бештар қасди куштани Исоро карданд, чунки, ба ақидаи онҳо, ӯ на танҳо шанберо риоя намекард, балки Худоро Падари худ+ номида худро бо ӯ баробар месохт.+
19 Бинобар ин Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки Писар наметавонад аз пеши худ ягон коре кунад, ғайр аз он чӣ мебинад, ки Падар ба амал меорад.+ Ҳар он чӣ Падар мекунад, Писар низ ҳамонро мекунад. 20 Падар Писарро дӯст медорад+ ва ҳама чизеро, ки худаш ба амал меоварад, ба ӯ нишон медиҳад ва корҳои аз ин ҳам бузургтарро ба ӯ нишон хоҳад дод, то шумо ба ҳайрат оед.+ 21 Чи тавре ки Падар мурдагонро бармехезонаду зинда мекунад,+ Писар низ ҳар касеро хоҳад, зинда мекунад.+ 22 Падар ҳеҷ касро доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст,+ 23 то ҳама Писарро иззату ҳурмат кунанд, чуноне ки Падарро иззату ҳурмат мекунанд. Ҳар кӣ Писарро ҳурмат намекунад, Падарро низ, ки ӯро фиристодааст, ҳурмат намекунад.+ 24 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ сухани маро мешунавад ва ба Фиристандаи ман бовар дорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонист+ ва маҳкум намегардад, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.+
25 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро* хоҳанд шунид, ва онҳое, ки ба суханони ӯ гӯш диҳанд, соҳиби ҳаёт хоҳанд шуд. 26 Падар қудрати ато кардани ҳаётро дорад+ ва ин қудратро ба Писар низ додааст.+ 27 Ҳамчунин Падар ба ӯ қудрати доварӣ карданро додааст,+ зеро ӯ Фарзанди одам аст.+ 28 Аз ин ҳайрон нашавед, зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабранд*, овози ӯро мешунаванд+ 29 ва берун меоянд: ҳар кӣ корҳои нек мекард, барои ҳаёт зинда мешавад, вале ҳар кӣ корҳои бад мекард — барои доварӣ шудан.+ 30 Ман наметавонам аз пеши худ ягон коре кунам, балки аз рӯйи гуфтаи Падарам доварӣ мекунам ва доварии ман аз рӯйи адлу инсоф аст,+ зеро на хости худ, балки хости Фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.+
31 Агар танҳо ман дар бораи худ шаҳодат медодам, шаҳодатам рост намебуд.+ 32 Вале Оне ҳаст, ки дар бораам шаҳодат медиҳад ва ман медонам, ки шаҳодате, ки Ӯ дар бораам медиҳад, сазовори боварист.+ 33 Шумо ба назди Яҳё кас фиристодед ва ӯ дар бораи ман ҳақиқатро гуфт.+ 34 Вале ман ба шаҳодати одамон эҳтиёҷ надорам, балки ин суханонро барои он мегӯям, ки шумо наҷот ёбед. 35 Вай чароғи фурӯзону дурахшон буд ва шумо муддати кӯтоҳе хоҳиш доштед, ки дар нури ӯ шодӣ кунед.+ 36 Вале ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳё бузургтар аст, зеро корҳое, ки Падарам анҷом додани онҳоро ба ман супурдааст, яъне ин корҳое, ки ба ҷо меорам, аз он шаҳодат медиҳанд, ки маро Падар фиристодааст.+ 37 Худи Падар низ, ки маро фиристод, дар бораам шаҳодат додааст.+ Шумо ҳаргиз овози ӯро нашунидаеду сурати ӯро надидаед+ 38 ва сухани ӯ дар дилҳоятон ҷой надорад, зеро шумо ба он касе, ки ӯ фиристодааст, бовар намекунед.
39 Шумо Навиштаҳоро омӯхта тагурӯ мекунед,+ зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидониро ба даст меоред, ҳол он ки маҳз онҳо дар бораи ман шаҳодат медиҳанд.+ 40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки пеши ман оеду+ соҳиби ҳаёт гардед. 41 Ман ба он эҳтиёҷ надорам, ки одамон маро ҷалол диҳанд, 42 аммо нағз медонам, ки шумо дар дили худ ба Худо муҳаббат надоред. 43 Ман аз номи Падарам омадам, вале шумо маро қабул намекунед. Агар дигаре аз номи худ меомад, ӯро қабул мекардед. 44 Чӣ тавр шумо ба ман бовар карда метавонед, дар ҳоле ки ҷалол додани якдигарро маъқул медонеду ҳаракат намекунед, ки аз Худои ягона ҷалол ёбед?!+ 45 Фикр накунед, ки ман шуморо дар пеши Падар айбдор хоҳам кард: шуморо Мӯсо, ки ба вай умед мебандед, айбдор мекунад.+ 46 Агар шумо ба Мӯсо бовар мекардед, ба ман ҳам бовар мекардед, зеро ӯ дар бораи ман навишта буд.+ 47 Вале, агар шумо ба он чизе, ки ӯ навиштааст, бовар накунед, чӣ тавр ба суханони ман бовар мекунед?»