Боби нӯҳ
Умеди нерӯбахши эҳёшавӣ
1. Агар умеди эҳёшавӣ вуҷуд намедошт, фавтидагонро чӣ интизор мебуд?
ОЁ ШУМО касе аз наздаконатонро аз даст додаед? Агар эҳёшавӣ намебуд, ҳеҷ умеде барои аз нав дидани онҳо вуҷуд намедошт. Китоби Муқаддас ҳолати фавтидагонро чунин шарҳ медиҳад: «Мурдаҳо чизе намедонанд,... зеро дар гӯр [ибр. шео́л], ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат» (Воиз 9:5, 10).
2. Чӣ ояндаи аҷибе тавассути эҳёшавӣ имконпазир мегардад?
2 Тавассути эҳёшавӣ Яҳува аз рӯи марҳамати худ ба шумораи бузурги одамоне, ки фавтидаанд, имконияти бебаҳое медиҳад, то ки онҳо аз нав зинда шуда, ҳаёти ҷовидонӣ биёбанд. Бинобар ин, шумо умеди дилгармкунандае дошта метавонед, ки рӯзе дар дунёи нави Худо азизонатонро, ки дар хоби марганд, боз ба оғӯш мегиред (Марқӯс 5:35, 41, 42; Аъмол 9:36–41).
3. a) Чаро метавон гуфт, ки эҳёшавӣ дар иҷро гардидани нияти Яҳува нақши муҳиме мебозад? б) Хусусан кадом вақт умеди эҳёшавӣ барои мо манбаи қувват хоҳад буд?
3 Эҳёшавӣ моро аз тарси барзиёди марг озод месозад. Яҳува медонад, ки Шайтон наметавонад ба ходимони вафодори Ӯ зарари ҷуброннопазире бирасонад ва бинобар ин Ӯ роҳ медиҳад, ки Шайтон то ба ҳадди охирин барои исбот намудани даъвои бадхоҳонаи худ кӯшиш бикунад. Даъвои Шайтон ин буд, ки «ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4). Азбаски Исо ҳатто то ба марг ба Худо вафодор монд, Худо ӯро ба ҳаёти осмонӣ эҳё намуд. Ҳамин тавр Исо тавонист арзиши қурбонии комили худро ба ҳузури Падари осмониаш пешкаш намояд ва моро аз марг наҷот диҳад. Тавассути эҳёшавӣ аъзоёни «рамаи хурд» ҳамчун ҳамворисони Масеҳ, умеди дар Салтанати осмонӣ бо ӯ ҳамроҳ шуданро доранд (Луқо 12:32). Дигарон бошад, умеди эҳё шудан ва дар замини биҳиштӣ абадан ҳаёт ба сар бурданро доранд (Забур 36:11, 29). Вақте ки масеҳиён ҳангоми озмоиш бо марг рӯ ба рӯ мешаванд, барои ҳамаи онҳо умеди эҳёшавӣ манбаи қуввати бартаре мегардад (2 Қӯринтиён 4:7).
Чаро эҳёшавӣ асоси имони масеҳиён мебошад
4. a) Чаро эҳёшавӣ таълимоти ибтидоӣ мебошад? б) Эҳёшавӣ барои аксари ҷаҳониён чӣ маъно дорад?
4 Чуноне ки дар Ибриён 6:1, 2 гуфта мешавад, эҳёшавӣ таълимоти ибтидоӣ мебошад. Он як қисми таҳкурсии имонамонро ташкил медиҳад, ки бе чунин имон масеҳии рӯҳан баркамол гардидан имконнопазир аст (1 Қӯринтиён 15:16–19). Вале таълимоти Калом дар бораи эҳёшавӣ аз ақидаи аксари ҷаҳониён хеле фарқ мекунад. Бисёр одамон дар мавзӯҳои рӯҳонӣ фикр намекунанд ва чунин ақида доранд, ки ғайр аз ҳаёти имрӯза ҳаёти дигаре вуҷуд нахоҳад дошт. Аз ин рӯ онҳо доимо дар паи вақтхушианд. Аз тарафи дигар, пайравони динҳои ҷаҳони масеҳият ва дигар динҳои анъанавӣ боварӣ доранд, ки дар вуҷуди инсон чизе ҳаст, ки пас аз марг зиндагиро идома медиҳад. Аммо ин эътиқоди онҳо бо таълимоти Калом дар бораи эҳёшавӣ мувофиқат намекунад, чунки агар одам рӯҳи намиранда медошт, ба эҳё шудан эҳтиёҷе намебуд. Кӯшиши бо ҳам пайвастани ин ду ақида на боиси умедворӣ, балки саргумӣ ва маъюсии одамон мегардад. Чӣ тавр мо ба одамони самимӣ дар шинохтани ҳақиқат ёрӣ расонда метавонем?
5. a) Барои он ки шахс дар бораи эҳёшавӣ маълумоти дуруст пайдо кунад, ба ӯ чиро донистан лозим аст? б) Барои фаҳмондани он ки ҷон чист ва мурдагон дар чӣ ҳолатанд, аз кадом оятҳо метавон истифода бурд? в) Чӣ гуна ба шахсе ки наметавонад аз тарҷумаи Китоби Муқаддаси худ ҳақиқати Каломро пай бибарад, кӯмак кардан мумкин аст?
5 Пеш аз он ки чунин одамон арзиши эҳёшавиро дарк намоянд, ба онҳо лозим аст, ки дар бораи ҷон ва дар кадом ҳолат будани мурдагон фаҳмиши дуруст пайдо кунанд. Аксар вақт барои фаҳмидани ин масъала ба шахсе, ки ташнаи ҳақиқати Калом мебошад, овардани танҳо якчанд оят кифоя аст (Ҳастӣ 2:7; Забур 145:3, 4; Ҳизқиёл 18:4). Аммо баъзе аз тарҷумаҳои муосир ва тафсирҳои Китоби Муқаддас ҳақиқатро дар бораи ҷон пардапӯш кардаанд. Бинобар ин, шояд дида баромадани ибораҳое, ки дар забонҳои аслии Китоби Муқаддас истифода шудаанд, лозим меояд.
6. Чӣ тавр ба шахс чӣ будани ҷонро фаҳмондан мумкин аст?
6 Дар дида баромадани ин масъала «Тарҷумаи Дунёи Нав» (рус.) кӯмаки арзандае мерасонад, зеро дар он калимаи ибрии «néphesh» (нефеш) ва калимаи юнонии баробармаънояш «psykhé» (психи) пайваста «ҷон» тарҷума шудаанд. Дар замимаи ин тарҷума оятҳои зиёде оварда мешаванд, ки дар онҳо ин калимаҳо вомехӯранд. Бисёр тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас дар тарҷумаи калимаҳои «нефеш» ва «психи» пайдарҳамиро риоя накардаанд, яъне онҳоро на танҳо «ҷон», балки «махлуқ», «мавҷуд», «шахс» ва «ҳаёт» низ тарҷума кардаанд, ва ҳамчунин баъзан «нефеши ман»-ро ихтисоран «ман» ва «нефеши ту»-ро «ту» гуфтаанд. «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро бо дигар тарҷумаҳо муқоиса карда, таҳқиқкунандагони самимии Китоби Муқаддас пай хоҳанд бурд, ки калимаҳои аслие, ки «ҷон» тарҷума шудаанд, ҳам ба инсон ва ҳам ба ҳайвон тааллуқ доранд. Вале ҳеҷ гоҳ ин калимаҳо чунин фикрро намедиҳанд, ки гӯё ҷон як чизи ноаён ва ламснашавандае мебошад, ки пас аз марг бадани инсонро тарк карда, мавҷудияти худро дар ҷои дигаре идома медиҳад.
7. Чӣ гуна шумо аз рӯи Китоби Муқаддас ҳолати онҳоеро, ки дар шеол, ҳадес ё ҷаҳаннам мебошанд, шарҳ медодед?
7 Дар Китоби Муқаддасе, ки ба забони тоҷикӣ нашр шудааст (институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, 1999, Стокголм), калимаи ибрии «sheóhl» (шеол) ва калимаи юнонии «háides» (ҳадес) ҳамчун «дӯзах», «қабр», «гӯр»,... тарҷума шудаанд ва калимаи юнонии «géenna» (ҷаҳаннам) бошад, аксар вақт ҳамчун «дӯзах» (Забур 15:10; Аъмол 2:27). Аммо дар забонҳое, ки Китоби Муқаддас бо онҳо навишта шуда буд, ҳам шеол ва ҳам ҳадес маънои қабри умумии одамизодро доранд ва ба қатъ гардидани зиндагӣ ишора менамоянд, на ба давом ёфтани он пас аз марг (Забур 88:49; Ваҳй 20:13). Навиштаҳо инчунин нишон медиҳанд, ки мурдагон метавонанд тавассути эҳёшавӣ аз қабри умумӣ боз ба ҳаёт баргарданд (Айюб 14:13; Аъмол 2:31). Баръакси ин, барои онҳое ки ба ҷаҳаннам рафтаанд, ҳеҷ гуна умеди дар оянда аз нав зиндагӣ кардан вуҷуд надорад ва дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки ҷон дар ҷаҳаннам мавҷудияти худро давом медиҳад (Матто 10:28, ТДН).
8. Чӣ тавр дуруст фаҳмидани маънои эҳёшавӣ ба тарзи фикррониву рафтори шахс таъсир мерасонад?
8 Пас аз он ки шахс дар ин мавзӯъҳо тасаввуроти аниқ пайдо кард, ба ӯ метавон дар фаҳмидани он ки эҳёшавӣ барояш чӣ арзише дорад, кӯмак расонд. Ӯ метавонад барои чунин ҳадяи пурмуҳаббати Яҳува шукргузории худро нишон диҳад. Онҳое ки аз боиси марги наздиконашон гирифтори ғаму андӯҳанд, метавонанд аз умеди хурсандибахши боздид бо онҳо дар дунёи нави Худо, тасаллӣ ёбанд. Фаҳмидани ҳамаи ин ҳамчунин калидест барои дарёфти маънои марги Масеҳ. Масеҳиёни асри як дарк менамуданд, ки эҳёи Исои Масеҳ асоси имони онҳо буда, эҳё шудани дигаронро имконпазир мегардонад. Онҳо бо ҷидду ҷаҳд дар бораи эҳёшавии Исо ва умеде, ки он бо худ меорад, мавъиза мекарданд. Ҳамчунин онҳое ки имрӯз маънои эҳёшавиро мефаҳманд ва барои он сипосгузоранд, бо хоҳиши тамом дигаронро аз ин ҳақиқати бебаҳо хабардор месозанд (Аъмол 5:30–32; 10:42, 43).
Истифодаи калиди ҳадес
9. Исо калидҳои марг ва ҳадесро аввалан чӣ гуна истифода хоҳад бурд?
9 Ҳамаи онҳое, ки Масеҳро дар Салтанати осмониаш ҳамроҳӣ хоҳанд кард, бояд дучори марг гарданд, вале онҳо суханони Исоро хуб дар ёд доранд, ки гуфта буд: «Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах [ҳадес] ва мамот дар дасти Ман аст» (Ваҳй 1:18). Исо чиро дар назар дошт? Ӯ мехост диққати онҳоро ба он чизе ки бо ӯ рӯй дода буд, ҷалб намояд. Худи Масеҳ низ дучори марг гашта буд, аммо Яҳува ӯро дар ҳадес боқӣ нагузошт, балки дар рӯзи сеюм ҳамчун шахсияти рӯҳӣ эҳё намуда, ба ӯ бефаноиро ато кард (Аъмол 2:32, 33; 10:40). Илова бар ин, Худо ба ӯ «калидҳои дӯзах [ҳадес] ва мамот»-ро дод, то ки ӯ дигаронро аз қабри умумии одамизод ва аз таъсири гуноҳи Одам озод кунад. Азбаски Исо соҳиби ин калидҳост, ӯ метавонад пайравони содиқи худро аз марг халос намояд. Аввалан ӯ аъзоёни ҷамъомадашро, ки бо рӯҳ тадҳин шудаанд, эҳё мекунад, яъне ба онҳо ҳадяи гаронбаҳои бефаноиро мебахшад, чуноне ки Падараш ба ӯ ато намуда буд (Румиён 6:5; Филиппиён 3:20, 21).
10. Эҳёи масеҳиёни тадҳиншудаи вафодор кай ба амал меояд?
10 Масеҳиёни тадҳиншудаи вафодор кай ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд? Мувофиқи шарҳи Китоби Муқаддас ин эҳёшавӣ аллакай сар шудааст. Павлуси расул фаҳмонд, ки онҳо дар вақти ҳузури Масеҳ, ки аз соли 1914 оғоз ёфтааст, эҳё хоҳанд шуд (1 Қӯринтиён 15:23). Вақте ки имрӯз дар давоми ҳузури Масеҳ тадҳиншудагони вафодор ҳаёти заминиашонро ба итмом мерасонанд, ба онҳо ҳоҷат нест, ки дар интизории омадани Сарвари худ дар хоби марг қарор гиранд. Ҳамин ки онҳо мемиранд, «баногоҳ, дар як мижа задан» ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. То чӣ дараҷа онҳо хурсанданд, ки аъмоли хубе, ки онҳо ба ҷо овардаанд, «аз қафояшон меравад» (1 Қӯринтиён 15:51, 52; Ваҳй 14:13).
11. Барои аксари одамон чӣ гуна эҳёшавӣ пешбинӣ шудааст ва он кай оғоз хоҳад ёфт?
11 Дар Ваҳй 20:6 эҳёи тадҳиншудагон «эҳёи якум» номида шудааст, яъне ғайр аз эҳёи ворисони Салтанат ба ҳаёти осмонӣ, эҳёшавии дигаре низ ба вуқӯъ хоҳад омад. Ин эҳёшавии дигар имкон медиҳад, ки одамон умеди хурсандибахши дар биҳишти рӯи замин абадан зистанро дошта бошанд. Ин эҳёшавӣ кай ба амал хоҳад омад? Мувофиқи китоби Ваҳй он баъд аз бартараф сохтани «осмон ва замин», яъне тартиботи шариронаи ҳозираву ҳукуматдорони он ба вуқӯъ хоҳад омад. Ба наздикӣ ин тартибот барҳам мехӯрад ва сипас, дар вақти муқаррарнамудаи Худо, эҳёшавӣ ба ҳаёт дар рӯи замин сар мешавад (Ваҳй 20:11, 12).
12. Киҳо аз ҷумлаи шахсони вафодор ба зиндагӣ дар рӯи замин эҳё мешаванд ва барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки интизории чунин оянда моро ба ваҷд меоварад?
12 Киҳо бар рӯи замин эҳё хоҳанд шуд? Одамони зиёде. Дар қатори онҳо ходимони содиқи Яҳува, ки дар даврони пеш мезистанд, хоҳанд буд, яъне занон ва мардоне, ки ба эҳёшавӣ имони мустаҳкам доштанд ва бинобар ин «озодиро қабул накарданд». Ба ибораи дигар, гарчанде ба аксарияташон марги бемаҳалу пуразоб таҳдид мекард, онҳо то охир исмати худро дар назди Худо нигоҳ доштанд. Шиносоии шахсӣ бо онҳо ва аз забони худи онҳо шунидани тафсилоти рӯйдодҳое, ки дар Китоби Муқаддас кӯтоҳ навишта шудаанд, бароямон чӣ хурсандибахш хоҳад буд! Дар байни онҳое, ки барои зиндагӣ дар рӯи замин эҳё мешаванд, чунин шахсон хоҳанд буд: Ҳобил — якумин шоҳиди вафодори Яҳува; Ҳанӯх ва Нӯҳ — воизони нотарсе, ки хабарҳои огоҳсозандаи Худоро пеш аз тӯфон далерона эълон мекарданд; Иброҳим ва Соро, ки фариштаҳоро меҳмоннавозӣ карданд; Мусо, ки ба воситааш дар кӯҳи Сино Шариат дода шуд; пайғабарони далере ба монанди Ирмиё, ки соли 607 қ. д. мо шоҳиди харобазор шудани Ерусалим гашта буд; инчунин Яҳёи Таъмиддиҳанда, ки овози Худоро аз осмон, ҳангоме ки Ӯ Исоро Писари худ хонд, шунид. Илова бар ин, дар миёни эҳёшавандагон шумораи зиёди мардону занони содиқе хоҳанд буд, ки дар давоми айёми охири тартиботи шариронаи ҳозира даргузаштанд (Ибриён 11:4–38; Матто 11:11).
13, 14. a) Бо ҳадес ва мурдагоне, ки дар он мебошанд, чӣ рӯй хоҳад дод? б) Ғайр аз ходимони вафодори Худо боз киҳо эҳё мешаванд ва бо кадом мақсад?
13 Бо мурури замон ғайр аз ходимони вафодори Худо дигарон низ ба ҳаёт бармехезанд ва дар натиҷа дар қабри умумии инсоният касе боқӣ намемонад. Ин қабр пурра холӣ хоҳад шуд, зеро Исо аз калиди ҳадес истифода бурда, ҳамаи одамонро аз он озод хоҳад кард. Юҳаннои расул ин рӯйдодро дар рӯъёе, ки ба ӯ дода шуд, мушоҳида намуд ва дид, ки ҳадес «дар кӯли оташ андохта» шуд (Ваҳй 20:14). Ин рӯъё чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ҳадес, яъне қабри умумии инсоният несту нобуд хоҳад гашт. Он пурра холӣ мегардад ва дигар вуҷуд нахоҳад дошт, зеро Исо ғайр аз эҳё кардани ҳамаи ходимони Яҳува, инчунин аз рӯи марҳамати худ ҳатто бадкоронро ба ҳаёт бармегардонад. Каломи Худо ба мо итминон медиҳад, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15).
14 Ҳеҷ касе аз он бадкорон барои аз нав ба марг маҳкум гардидан эҳё карда намешавад. Дар муҳити одилонае, ки таҳти ҳукмронии Салтанати Худо дар сартосари замин пойдор мегардад, ба онҳо кӯмак мерасонанд, то зиндагиашонро мувофиқи меъёрҳои Яҳува ба роҳ монанд. Дар рӯъё инчунин нишон дода шуд, ки «дафтари ҳаёт» кушода мешавад. Аз ин рӯ, онҳо имконият пайдо мекунанд, ки номҳояшон дар он дафтар навишта шавад. Ҳар яке аз онҳо мувофиқи аъмоле, ки пас аз эҳёшавиашон ба ҷо меоранд, доварӣ карда мешаванд (Ваҳй 20:12, 13). Ҳамин тавр, эҳёшавӣ ё қиёмат оқибат метавонад барои онҳо «қиёмати ҳаёт» гардад, на «қиёмати доварӣ» ба маҳкумият (Юҳанно 5:28, 29).
15. a) Киҳо эҳё нахоҳанд шуд? б) Донистани ҳақиқат дар бораи эҳёшавӣ чӣ гуна бояд ба мо таъсир расонад?
15 Бо вуҷуди ин, на ҳамаи мурдагон эҳё мегарданд, зеро баъзеи онҳо гуноҳҳое кардаанд, ки афвнопазиранд. Чунин одамон на дар ҳадес, балки дар ҷаҳаннам — дар ҷои несту нобудшавии абадӣ мебошанд. Дар қатори онҳо инчунин шахсоне хоҳанд буд, ки дар «мусибати бузурге», ки аллакай қариб аст, нест мешаванд (Матто 12:31, 32; 23:33; 24:21, 22; 25:41, 46; 2 Таслӯникиён 1:6–9). Бинобар ин, гарчанде Яҳува аз рӯи марҳамати бузургаш мурдагонро аз ҳадес раҳо месозад, умеди эҳёшавӣ ба мо асос намедиҳад, ки ҳоло нисбати тарзи зиндагии худ бепарво бошем. Онҳое ки дидаю дониста зидди ҳокимияти Яҳува мебароянд, ҳеҷ гоҳ эҳё нахоҳанд шуд. Донистани ин ҳақиқат моро ба он бармеангезад, ки мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунем ва бо ин барои лутфу марҳамати Ӯ сипосгузории амиқи худро нишон диҳем.
Умеди тақвиятдиҳандаи эҳёшавӣ
16. Чӣ тавр умед ба эҳёшавӣ метавонад барои мо манбаи қуввати бузург бошад?
16 Агар мо дар ҳақиқат ба умеди эҳёшавӣ итминон дошта бошем, он метавонад моро тақвият диҳад. Мо медонем, ки кас дар поёни умр ҳатто бо мадади тиб ҳаёташро доиман дароз карда наметавонад (Воиз 8:8). Агар мо ба Яҳува таҳти роҳбарии созмони Ӯ содиқона хидмат кунем, метавонем бо дилпурӣ ба оянда назар дӯзем. Мо медонем, ки Худо дар вақти муқарраркардааш тавассути эҳёшавӣ моро боз ба ҳаёт бармегардонад. Ва он чӣ ҳаёте хоҳад буд! Павлуси расул онро «ҳаёти асил» номид (1 Тимотиюс 6:19, ТДН; Ибриён 6:10–12).
17. Чӣ ба мо дар вафодор мондан ба Яҳува кӯмак хоҳад кард?
17 Огоҳӣ аз он ки эҳёшавӣ ба амал меояд ва донистани он ки худи Яҳува инро пешбинӣ намудааст, имони моро мустаҳкам мегардонад. Ин моро тақвият медиҳад, то ки мо ҳатто таҳти хатари марг аз дасти таъқибкунандагони золим, ба Худо содиқ бимонем. Шайтон муддатҳост, ки бо марги бемаҳал таҳдид намуда, одамонро дар ғуломии тарс нигоҳ медорад. Вале барои Исо ин гуна тарс бегона буд. Ӯ то ба марг ба Яҳува вафодор монд ва ба воситаи қурбонии фидияи худ моро аз тарси марг раҳо кард (Ибриён 2:14, 15).
18. Ба ходимони Яҳува барои нигоҳ доштани садоқаташон чӣ кӯмак мерасонид?
18 Дар тӯли таърих имон ба қурбонии Масеҳ ва ба эҳёшавӣ ба ходимони Яҳува барои ба Ӯ вафодор мондан мадад мерасонд. Онҳо то ҳол ҳангоми таъқиботҳои шадид собит мекунанд, ки Яҳуваро бештар аз ҷони худ дӯст медоранд (Ваҳй 12:11). Ин ходимони вафодор барои наҷоти зиндагии ҳозираи худ принсипҳои масеҳиро зери по намекунанд ва ин шаҳодати хирадмандии онҳост (Луқо 9:24, 25). Онҳо медонанд, ки агар имрӯз бо сабаби дастгирӣ намудани ҳокимияти Яҳува ҳаёти худро аз даст диҳанд ҳам, Ӯ онҳоро боз эҳё хоҳад кард. Оё шумо соҳиби чунин имон ҳастед? Барои доштани чунин имон зарур аст, ки Яҳуваро самимона дӯст бидорем ва маънои аслии эҳёшавиро дарк намоем.
Саволҳо барои такрор
• Чаро барои дарк намудани арзиши эҳёшавӣ шахс бояд аввалан дар бораи ҷон ва ҳолати мурдагон фаҳмиши дуруст пайдо кунад?
• Киҳо эҳё хоҳанд шуд ва чӣ гуна донистани ин бояд ба мо таъсир бирасонад?
• Чӣ тавр умед ба эҳёшавӣ моро тақвият медиҳад?
[Tасвир дар саҳифаи 84, 85]
Яҳува ваъда медиҳад, ки «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст».