Боби ҳашт
Мубориза бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат
1. Чаро мо бояд ба тарзи амал намудани арвоҳи шарир таваҷҷӯҳи махсус диҳем?
ДАР назари аксар одамон ақидаи вуҷуд доштани арвоҳи шарир хандаовар метобад, вале ҳеҷ ҷои хандаву истеҳзо нест. Хоҳ одамон бовар кунанд, хоҳ не, арвоҳи шарир вуҷуд доранд ва мекӯшанд, ки бар ҳама фишор оваранд, ва ибодаткунандагони Яҳува аз ин қатор истисно нестанд. Баръакс, онҳо ҳадафи асосии арвоҳи шарир мебошанд. Павлуси расул моро дар ин бобат огоҳ намуда мегӯяд: «Муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни [ноаёни] ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфсӯсиён 6:12). Имрӯзҳо фишори арвоҳи шарир назар ба ҳарвақта бештар гардидааст, чунки Шайтон аз осмон ба замин партофта шуд ва ҳоло ӯ хеле хашмгин аст, зеро медонад, ки вақташ кам мондааст (Ваҳй 12:12).
2. Чӣ гуна мо метавонем дар мубориза бар зидди қувваҳои рӯҳии фавқулинсонӣ ғолиб бароем?
2 Оё дар мубориза бар зидди қувваҳои рӯҳии фавқулинсонӣ ғолиб баромадан имконпазир аст? Бале, танҳо агар ба Яҳува комилан таваккал намоем. Ба мо зарур аст, ки ба Каломи Яҳува гӯш диҳем ва ба Ӯ итоат намоем. Чунин амал намуда, мо баръакси одамоне, ки зери таъсири Шайтон мебошанд, худро аз зарари ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва эҳсосӣ эмин хоҳем дошт (Яъқуб 4:7).
Фармонравоёни ин олам, ки дар афлоканд
3. Шайтон ба кӣ бераҳмона мухолифат мекунад ва чӣ тавр?
3 Яҳува ба мо вазъияти ҷаҳониеро, ки аз осмон мушоҳида мекунад, равшану аён тасвир менамояд. Ӯ ба Юҳаннои расул рӯёе дод, ки дар он Шайтон ҳамчун «аждаҳои бузурги сурх» нишон дода шуд. Ин аждаҳо омодаи он буд, ки агар имконаш шавад, Салтанати Масеҳии Худоро даррав пас аз дар осмон дар соли 1914 тавлид шуданаш фурӯ барад. Дар ин амали худ комёб нагашта, ӯ бар сари намояндагони заминии ин Салтанат сели мухолифатҳои ваҳшиёнаро фурӯ рехт (Ваҳй 12:3, 4, 13, 17). Шайтон ин ҷангро чӣ гуна пеш мебарад? Тавассути намояндагони одамиаш.
4. Манбаи иқтидори ҳукуматҳои одамӣ кист ва мо инро аз куҷо медонем?
4 Сипас ба Юҳанно ҳайвони ваҳшие нишон дода шуд, ки ҳафт калла ва даҳ шох дошт ва он «бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила» салтанат меронд. Он ҳайвони ваҳшӣ рамзи тартиботи сиёсии ин ҷаҳон аст. Ба Юҳанно гуфта шуд, ки «аждаҳо [Шайтон Иблис] қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай [ҳайвони ваҳшӣ] дода буд» (Ваҳй 13:1, 2, 7). Бале, Шайтон манбаи қуввату иқтидори ҳукуматҳои одамист. Ҳамин тавр, чуноне ки Павлуси расул навишта буд, «фармонравоёни» аслии ин ҷаҳон «қувваҳои рӯҳии шарорат» мебошанд, ки дар афлоканд ва маҳз онҳо ҳукуматҳои одамиро идора менамоянд. Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд Яҳуваро ибодат кунанд, бояд инро ба пуррагӣ дарк намоянд (Луқо 4:5, 6).
5. Имрӯзҳо роҳбарони сиёсии ҷаҳон барои чӣ ҷамъ оварда мешаванд?
5 Гарчанде аксар роҳбарони сиёсӣ изҳор менамоянд, ки диндоранд, дар асл ягон халқият ба ҳукмронии Яҳува ва Подшоҳи таъинкардааш — Исои Масеҳ итоат намекунад. Ҳамаи онҳо барои мансаби худ бераҳмона мубориза мебаранд. Чуноне ки дар китоби Ваҳй гуфта шудааст, имрӯз девҳо бо изҳороти худ ҳокимони ҷаҳонро «барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» дар мавзее бо номи Ҳармиҷидӯн ҷамъ меоваранд (Ваҳй 16:13, 14, 16; 19:17–19).
6. Чаро бояд бодиққат бошем, то мабодо гумроҳ гашта, тартиботи шайтониро дастгирӣ намоем?
6 Рӯз аз рӯз низоъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мазҳабӣ ба ҳаёти одамон таъсири манфӣ расонида, сабаби парокандагии оилаи инсонӣ мегарданд. Одатан дар чунин низоъҳову ихтилофот одамон дар сухан ё амал тарафдори миллат, қавм, гурӯҳи ҳамзабон ё тоифаи иҷтимоии худ мегарданд ва ҳатто агар шахсан дар низоъҳо иштирок накунанд ҳам, аксар вақт як ҷонибро аз ҷониби дигаре бартар мешуморанд. Вале кӣ ва кадом равияеро одамон дастгирӣ накунанд, дар асл онҳо тарафдори кӣ мебошанд? Китоби Муқаддас ошкоро мегӯяд: «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Пас, чӣ кор карда метавонем, то мисли дигарон гумроҳ нагардем? Бояд Салтанати Худоро пурра тарафдорӣ намоем ва дар низоъҳои ин ҷаҳон комилан бетараф бошем (Юҳанно 17:15, 16).
Макрҳои Шарир
7. Чӣ гуна Шайтон моҳирона аз дини козиб истифода мебарад?
7 Дар тӯли таърих Шайтон ба воситаи ҳар гуна таъқибот кӯшиш мекард, то ки одамонро аз ибодати ҳақиқӣ дур созад. Ба ин мақсад ӯ инчунин макру ҳиларо ба кор мебурд ва моҳирона ба воситаи дини козиб қисми зиёди одамонро дар зулмот нигоҳ дошта, онҳоро бовар мекунонид, ки гӯё онҳо ба Худо хидмат мекунанд. Азбаски чунин одамон дар бораи Худо дониши дақиқ надоранд ва ба ҳақиқат меҳр набастаанд, онҳо метавонанд ба маросимҳои динии асроромезу пурэҳсос ҷалб гарданд ва ё аз аъмоли фавқуттабиӣ мутаассир шаванд (2 Таслӯникиён 2:9, 10). Китоби Муқаддас моро огоҳ месозад, ки ҳатто аз байни парастандагони ҳақиқӣ «баъзе касон... баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт» (1 Тимотиюс 4:1). Чӣ тавр ин рӯй дода метавонад?
8. Чӣ тавр Шайтон метавонад ҳатто ходимони Яҳуваро бо роҳи фиреб ба дини козиб ҷалб созад?
8 Шайтон аз сустиҳоямон маккорона сӯистифода мекунад. Оё мо то ҳол назди одамон тарс дорем? Агар ин тавр бошад, мо метавонем ба фишори хешовандон ё ҳамсоягон тоб наоварда, дар маросимҳое иштирок кунем, ки аз дини козиб сарчашма мегиранд. Оё мо шахси мағрур ҳастем? Агар ин тавр бошад, вақте ки ба мо маслиҳат медиҳанд ё фикру ақидаи моро қабул намекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки мо меранҷем (Масалҳо 15:10; 29:25; 1 Тимотиюс 6:3, 4). Ҳамчунин, ба ҷои тағйир додани тарзи фикрронии худ ва пайравӣ намудан ба Исо, мо мумкин аст ба касоне майл пайдо кунем, ки суханонашон ба гӯши мо хуш меоянд, зеро онҳо мегӯянд, ки танҳо хондани Китоби Муқаддас ва обрӯмандона зистан кифоя аст (2 Тимотиюс 4:3). Барои Шайтон фарқ надорад, ки мо равияи динии дигареро интихоб мекунем ё аз рӯи ақидаи шахсии худ Худоро мепарастем. Мақсади ӯ танҳо ин аст, ки мо Яҳуваро мувофиқи ҳидояти Калом ва созмонаш ибодат накунем.
9. Чӣ гуна Шайтон барои ба мақсади худ ноил гардидан аз майли ҷинсии одамон маккорона истифода мебарад?
9 Шайтон инчунин бо макру фиреб одамонро ба васваса меандозад, то ки онҳо хоҳишҳои табииашонро ба таври нодуруст қонеъ гардонанд. Яке аз ин хоҳишҳо майли алоқаи ҷинсӣ доштан аст. Бисёриҳо дар ҷаҳон меъёрҳои ахлоқии Каломро рад мекунанд ва алоқаи ҷинсиро байни одамоне, ки оила барпо накардаанд, вақтхушии ҷоизу маъқул мешуморанд ё тарзи исбот кардани балоғаташон медонанд. Аммо дар бораи оиладорон чӣ метавон гуфт? Аксари онҳо хиёнат мекунанд. Ва ҳатто агар ҳамсарон хиёнат накунанд ҳам, бисёрии онҳо мекӯшанд, ки издивоҷи худро барҳам диҳанд ё зиндагии ҷудогона дошта бошанд, то ки бо каси дигаре зиндагиашонро давом диҳанд. Шайтон бо ҳилаву найранг кӯшиш ба харҷ дода, одамонро ба он бармеангезад, ки онҳо барои лаззати ҳозира зиндагӣ кунанд ва наандешанд, ки ин рафторашон дар оқибат ба худи онҳо, ба дигарон ва хусусан ба муносибатҳояшон бо Яҳува ва Писари Ӯ чӣ гуна таъсир хоҳад кард (1 Қӯринтиён 6:9, 10; Ғалотиён 6:7, 8).
10. Аз чӣ истифода бурда, Шайтон кӯшиш мекунад, ки мо нисбати зӯроварӣ ва бадахлоқӣ назари нодуруст дошта бошем?
10 Майли истироҳат намудан боз як хоҳиши табиии дигари инсон мебошад. Агар истироҳат фоидабахш бошад, он метавонад ба ақлу ҷисм ва эҳсосоти кас тароват бахшад. Вале вақте ки Шайтон маккорона аз истироҳату вақтхушӣ кардани мо истифода бурда, мехоҳад афкори моро аз тариқҳои Худо дур созад, чӣ гуна амал хоҳем кард? Масалан, мо медонем, ки Худо аз бадахлоқии ҷинсӣ ва зулму ситам нафрат дорад. Аммо вақте ки чунин амалҳо дар филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ё намоишҳои театрӣ нишон дода мешаванд, оё мо шишта, тамошои онҳоро давом медиҳем? Аз хотир набароред, ки вақти дар варта андохта шудани Шайтон наздик шуда истодааст ва ӯ инро дониста, мекӯшад, ки чунин амалҳо ҳар чӣ бошиддаттар авҷ гиранд. Аз ин рӯ дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки «одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:13 Ваҳй 20:1–3). Пас ба мо зарур аст, ки доимо ҳушёр бошем, то ки ба доми Шайтон наафтем (Ҳастӣ 6:13; Забур 10:5; Румиён 1:24–32).
11. Чӣ тавр ҳатто шахсе, ки ҳақиқатро дар бораи робита бо арвоҳ медонад, метавонад аз рӯи беэҳтиётӣ ба доми он биафтад?
11 Мо инчунин медонем, ки онҳое ки бо ягон намуди робита бо арвоҳ — фолбинӣ, ҷодугарӣ ё иртибот бо мурдагон — машғул мешаванд, дар назари Яҳува зиштанд (Такрори Шариат 18:10–12). Инро дар хотир дошта, мо аз пурсандагони арвоҳ маслиҳат намегирем ва албатта онҳоро барои нишон додани маҳорати иблисонаашон ба хонаи худ роҳ намедиҳем. Вале агар онҳо дар оинаи телевизор ё компютери ба шабакаи Интернет пайвасткардаи мо пайдо гарданд, оё ба суханонашон гӯш хоҳем дод? Гарчанде мо ҳеҷ вақт барои муолиҷа назди дуохонон намеравем, оё бо нияти аз зиён эмин доштани кӯдаки навзодамон ба либоси ӯ сӯзанаки мӯҳраҳои чашмӣ дошта мехалонем ё барои аз балоҳо ҳифз намудани аҳли оилаамон ба дари хона хор мечаспонем? Гарчанде мо воқифем, ки дар Китоби Муқаддас ҷоду кардани дигарон маҳкум карда мешавад, оё ба гипнозгаре иҷозат медиҳем, ки ақлу зеҳни моро тобеи худ гардонад? (Ғалотиён 5:19–21).
12. a) Чӣ тавр Шайтон аз мусиқӣ истифода бурда, моро бармеангезонад, ки дар мавзӯъҳои нодуруст фикр кунем? б) Чӣ гуна тарзи либоспӯшӣ, оростани мӯй ва тарзи суханронии шахс метавонад нишон диҳад, ки ӯ одамонеро меписандад, ки тарзи зиндагониашон ба Яҳува мақбул нест? в) Барои он ки қурбони ҳилаҳои Шайтон нагардем, ба мо чӣ кор кардан лозим аст?
12 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо набояд зино ва ҳар гуна нопокиро (бо нияти нодуруст) дар байни худ ҳатто зикр намоем (Эфсӯсиён 5:3–5). Вале агар ин мазмун шеърҳоро оҳанги фораму рақсие, ки зуд дар хотир нақш мебандад, ҳамроҳӣ кунад–чӣ? Оё мо ба замзама кардани сурудҳое, ки дар онҳо робитаи ҷинсии берун аз никоҳ, истеъмоли нашъа ва дигар амалҳои гунаҳкорона васф мегарданд, сар мекунем? Гарчанде мо медонем, ки набояд ба тарзи зиндагии одамоне, ки ба чунин корҳо машғул мешаванд, тақлид кунем, оё ба тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯи сар ва ё тарзи гуфтори онҳо пайравӣ карда, худро ба онҳо монанд месозем? Дар ҳақиқат, чӣ маккоронаанд роҳҳое, ки Шайтон барои фирефтани одамон ва талқин намудани тарзи фикрронии фосиди худ истифода мебарад! (2 Қӯринтиён 4:3, 4). Ба мо лозим аст, ки аз пайравӣ намудан ба корҳои ин дунё дур бошем, то қурбони ҳилаҳои ӯ нагардем. Аз ин рӯ, бояд хуб дар ёд дошта бошем, ки «фармонравоёни ин олами зулмот» киҳоянд ва бо қатъият ба таъсири онҳо муқобилат намоем (1 Петрус 5:8).
Барои ғалаба омода гардидаем
13. Чӣ тавр ҳар яки мо ба нокомилӣ нигоҳ накарда, метавонад бар ҷаҳоне, ки роҳбараш Шайтон мебошад, ғолиб ояд?
13 Исо пеш аз марги худ ба расулонаш гуфта буд: «Далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳанно 16:33). Расулонаш низ метавонистанд монанди ӯ бар ҷаҳон ғолиб оянд. Тақрибан баъд аз 60 сол Юҳаннои расул чунин навишт: «Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?» (1 Юҳанно 5:5). Мо чунин имон доштани худро бо он нишон дода метавонем, ки ба гуфтаҳои Исо итоат мекунем ва мисли ӯ ба Каломи Худо таваккал менамоем. Боз чӣ гуна имони худро аён сохта метавонем? Мо бояд инчунин бо ҷамъомад, ки Сардораш Исо мебошад, робитаи наздик дошта бошем. Агар мо ягон гуноҳ содир кунем, бояд аз таҳти дил тавба карда, дар асоси қурбонии Исо аз Худо бахшиш пурсем. Ҳамин тавр мо низ ба нокомилӣ ва хатоҳоямон нигоҳ накарда, ғолиб баромада метавонем (Забур 129:3, 4).
14. Эфсӯсиён 6:13–17-ро хонда, бо ёрии саволҳо ва оятҳои дар ин сатр овардашуда бифаҳмонед, ки ҳар як қисми зиреҳи рӯҳонӣ чӣ манфиате оварда метавонад.
14 Барои дар мубориза муваффақ гардидан ба мо лозим аст, ки «зиреҳи куллии Худоро» дар бар намоем ва ҳеҷ як қисми онро фаромӯш накунем. Лутфан, Китоби Муқаддаси худро дар Эфсӯсиён 6:13–17 кушода, тасвири зиреҳро бихонед. Сипас ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои дар поён овардашуда, мулоҳиза кунед, ки чӣ гуна ҳар қисми ин зиреҳ шуморо муҳофизат мекунад.
Бо ростӣ камар бибандед
Ҳатто агар бо ҳақиқат шинос бошем ҳам, чӣ тавр омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас, мулоҳиза бар ҳақиқати он ва иштирок дар вохӯриҳои ҷамъомад ба мо кӯмак мекунанд, ки худро аз макрҳои Иблис муҳофизат намоем? (1 Қӯринтиён 10:12, 13; 2 Қӯринтиён 13:5; Филиппиён 4:8, 9).
Ҷавшани адолат
Меъёрҳои адолатро кӣ муайян месозад?(Ваҳй 15:3).
Бо мисол шарҳ диҳед, ки чӣ тавр дур шудан аз роҳҳои одилонаи Яҳува ба мо зарари рӯҳонӣ мерасонад (Такрори Шариат 7:3, 4; 1 Подшоҳон 15:22, 23).
«Пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед»
Чӣ гуна мунтазам назди одамон рафта, дар бораи сулҳу осоиштагие, ки Худо фароҳам меовард, сӯҳбат намуданамон моро рӯҳан ҳифз хоҳад кард? (Забур 72:2, 3; Румиён 10:15; 1 Тимотиюс 5:13).
Сипари имон
Агар мо имони мустаҳкам дошта бошем, дар ҷавоби кӯшишҳои онҳое, ки мехоҳанд дар мо шубҳа ё тарсро пайдо кунонанд, чӣ гуна амал хоҳем кард? (4 Подшоҳон 6:15–17; 2 Тимотиюс 1:12).
Хӯди наҷот
Чӣ гуна умед ба наҷот ба кас кӯмак мерасонад, то ки ӯ дар бораи талаботи моддӣ аз ҳад зиёд ба ташвиш наояд? (1 Тимотиюс 6:7–10, 19).
Шамшери Рӯҳ
Агар чизе ба саломатии рӯҳонии мо ва ҳамимононамон хатар дошта бошад, ба чӣ мо бояд доимо такя намоем? (Забур 118:98; Масалҳо 3:5, 6; Матто 4:3, 4).
Барои дар ин ҷанги рӯҳонӣ ғолиб баромаданамон боз чӣ зарур аст? Чӣ тавр метавон «дар ҳар вақт» аз он истифода бурд? Дар он маврид киҳоро бояд дар ёд дошта бошем? (Эфсӯсиён 6:18, 19).
15. Чӣ гуна мо метавонем дар ҷанги рӯҳонӣ ба ҳуҷум гузарем?
15 Мо, сарбозони Масеҳ, қисми лашкари бузург буда, дар ҷанги рӯҳонӣ иштирок карда истодаем. Агар мо ҳушёр бошем ва аз зиреҳи куллии Худо дуруст истифода барем, дар ин ҷанг ҳалок нахоҳем гашт. Баръакс мо барои ҳамимононамон дастгирии хубе хоҳем буд. Ҳамчунин бо омодагӣ ва кӯшиши зиёд ба ҳуҷум хоҳем гузашт, яъне хушхабарро оиди Салтанати Масеҳии Худо — ҳукумати осмоние, ки Шайтон ба он бераҳмона муқобилат мекунад, паҳн хоҳем намуд.
Саволҳо барои такрор
• Чаро ибодаткунандагони Яҳува дар низоъҳои ин ҷаҳон бетарафии комилро нигоҳ медоранд?
• Баъзе аз макрҳое, ки Шайтон барои рӯҳан ҳалок сохтани масеҳиён истифода мебарад, кадоманд?
• Чӣ тавр «зиреҳи куллии Худо» метавонад моро дар ҷанги рӯҳонӣ ҳифз намояд?
[Tасвир дар саҳифаи 76]
Халқҳои ҷаҳон дар мавзее бо номи Ҳармиҷидӯн ҷамъ оварда мешаванд.