БОБИ СЕЗДАҲ
Назари Худо ба ҳаёт
Худо чӣ назаре ба ҳаёт дорад?
Назари Худо ба исқоти ҳамл (аборт) чӣ гуна аст?
Эҳтиром ба ҳаёт дар чӣ зоҳир мегардад?
1. Офарандаи тамоми ҷонзод кист?
ИРМИЁИ пайғамбар Яҳуваро «Худои Ҳай» [«зинда», ТДН] номидааст (Ирмиё 10:10). Бар замми ин, Яҳува Офаридгори тамоми ҷонзод аст. Махлуқоти осмонӣ Ӯро бо чунин суханҳо ҳамд мекунанд: «Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст» (Ваҳй 4:11). Довуди подшоҳ дар таронаҳо Худоро ин гуна сано мегуфт: «Чашмаи ҳаёт бо Туст» (Забур 35:10). Дар ҳақиқат, зиндагӣ — атои Худованд аст.
2. Чӣ тавр Худо ҳаёти моро дастгирӣ мекунад?
2 Яҳува на танҳо Офаридгор, балки дастгирикунандаи ҳаёти мо низ мебошад (Аъмол 17:28). Ғизое ки мехӯрем, обе ки менӯшем, ҳавое ки нафас мекашем ва замине, ки дар рӯи он зиндагӣ мекунем,— ҳама бахшоиш аз ҷониби Худоянд. (Аъмол 14:15–17-ро хонед.) Яҳува ин бахшоишҳоро тавре офаридааст, ки рангину дилхушкунандаи зиндагии мо бошанд. Лекин барои пурра қаноатманд будан аз зиндагӣ, бояд аҳкоми Худоро биомӯзем ва ба онҳо итоат намоем (Ишаъё 48:17, 18).
ЭҲТИРОМ БА ЗИНДАГӢ
3. Худо ба куштори Ҳобил чӣ тавр муносибат намуд?
3 Парвардигор мехоҳад, ки мо ҳаётро қадр намоем, ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигаронро. Биёед даврони зиндагии Одаму Ҳавворо ба ёд орем. Писари онҳо Қобил ба бародараш Ҳобил сахт хашмгин шуд. Яҳува Қобилро огоҳ намуд, ки хашм метавонад ӯро ба содир кардани гуноҳи ҷиддӣ оварда расонад. Қобил ба ин огоҳӣ беэътиноӣ намуд. Ӯ ба сари бародари худ Ҳобил қиём карда, ӯро кушт (Ҳастӣ 4:3–8). Яҳува Қобилро барои куштори бародараш ҷазо дод (Ҳастӣ 4:9–11).
4. Чӣ гуна Таврот муносибати дуруст ба ҳаётро таъкид мекард?
4 Бо гузашти ҳазорсолаҳо Яҳува ба воситаи Мусо–пайғамбар ба қавми Исроил Таврот, яъне аҳкомеро дод, ки барои ба таври дуруст ба Худо хидмат кардани онҳо кӯмак мекарданд. Яке аз амрҳои Таврот чунин аст: «Қатл накун» (Такрори Шариат 5:17). Ин амр ба исроилиён нишон медод, ки Худо ҳаёти инсонро хеле қадр менамояд ва аз одамон низ интизор аст, ки ҳаёти дигаронро гаронбаҳо бидонанд.
5. Муносибати мо ба исқоти ҳамл (аборт) бояд чӣ гуна бошад?
5 Вале назари дуруст ба ҳаёти кӯдаки ҳанӯз тавлиднаёфта чӣ гуна аст? Хуб, мувофиқи Таврот кӯдаки дар батни модар бударо аз ҳаёт маҳрум кардан мумкин нест: «Агар одамон дастбагиребон шаванд ва зани ҳомиладорро бизананд ва кӯдаки вай пеш аз вақт зинда тавлид ёбаду ҳодиса бо марг наанҷомад, шахси гунаҳкор бояд ҳатман зиёни расонидаашро ҷуброн намояд, яъне ҳамон қадаре, ки шавҳари зан талаб намояд, тавассути доварон товон бидиҳад. Аммо агар фалокат бо марг анҷомад, он гоҳ ҷон ба ивази ҷон бидеҳ» (Хуруҷ 21:22, 23, ТДН). Бале, ҳаёти кӯдаки тавлиднаёфта низ барои Худо гаронқадр аст. (Забур 126:3-ро хонед.) Яъне исқоти ҳамл (аборт) дар назари Худо гуноҳ мебошад.
6. Чаро набояд нисбати дигарон нафрату адоват парварем?
6 Эҳтиром ба зиндагӣ муносибати дуруст ба атрофиёнро дар бар мегирад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад» (1 Юҳанно 3:15). Агар мо бихоҳем, ки ҷовидона зиндагӣ кунем, бояд ҳар гуна нафратро аз дили худ решакан намоем, зеро нафрат аксаран ба зӯроварӣ мебарад (1 Юҳанно 3:11, 12). Хеле муҳим аст, ки дӯст доштани ҳамдигарро биомӯзем.
7. Кадом аъмол нишонаи беҳурматӣ ба ҳаёт мебошанд?
7 Дар бобати зоҳир кардани эҳтиром ба ҳаёти худи мо чӣ метавон гуфт? Одатан, одамон хоҳиши мурдан надоранд, вале баъзеҳо дар паи сархушиҳо ва кайфу сафо ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Масалан, онҳо тамоку ё нос мекашанд ва ё нашъа истеъмол мекунанд. Ин гуна маводҳо ба саломатӣ зарар мерасонанд ва аксаран сабабгори марг ҳам мегарданд. Шахсе ки ба истеъмоли ин гуна маводҳо даст мезанад, ба ҳаёт назари эҳтиромона надорад. Чунин аъмол дар назари Худо ҳароманд. (Румиён 6:19; 12:1 ва 2 Қӯринтиён 7:1-ро хонед.) Барои он ки хидматамон мавриди қабули Худо бошад, чунин одатҳоро тарк бояд кард, ҳатто агар ин кор хеле душвор бошад ҳам. Яҳува барои дастгирӣ намудану қувват бахшидани мо қодир аст. Ва Ӯ саъю кӯшишҳоеро, ки мо барои ҳамчун атои худовандӣ эҳтиром кардани ҳаёт сарф мекунем, хеле қадр мекунад.
8. Чаро бояд ҳамеша эҳтиёткор бошем?
8 Агар мо нисбати ҳаёт эҳтироми ҳақиқӣ дошта бошем, ҳамеша чораҳои эҳтиётию бехатариро дар хотир хоҳем дошт. Дар ин сурат мо бепарво нахоҳем буд ва аз боиси завқу дилхушиҳо ҷони худро ба хавф намегузорем. Инчунин ба мошинронии шитобкоронаву бемулоҳиза ва намудҳои хатарноки варзиш даст нахоҳем дошт (Забур 10:5). Яке аз амрҳое, ки Худо барои исроилиён дар Таврот дод, чунин буд: «Вақте хонаи тозае месозед, бояд девори кӯтоҳе давр то даври пуштбом бикашед то аз афтодани ашхос ҷилавгирӣ карда, масъули марги касе нашавед» (Такрори Шариат 22:8, ТТФ). Мувофиқи принсипе, ки асоси ин қонун мебошад, зинапояҳо ва чизҳои ба он монанди хонаатонро дар ҳолати хуб нигоҳ доред, то касе пешпо хӯрда наафтаду зиён набинад. Агар мошин дошта бошед, эътимод ҳосил намоед, ки рондани он бехавфу хатар аст. Роҳ надиҳед, ки ҳолати хона ё мошинатон ба ҷони шумо ва ё дигарон хатарнок бошад.
9. Агар нисбати ҳаёт эҳтиром дошта бошем, ба ҳайвонот чӣ гуна муносибат хоҳем кард?
9 Ба ҷони ҳайвонот чӣ гуна муносибат бояд кунем? Ҳаёти онҳо низ дар назари Офаридгор қадр дорад. Худо ба одамизод барои ба даст овардани хӯроку пӯшок ва ё бо мақсади бехатарӣ куштани ҳайвонро иҷозат додааст (Ҳастӣ 3:21; 9:3; Хуруҷ 21:28). Вале сангдилӣ нисбати ҳайвон ва ё куштани онҳо дар бозиҳои варзишӣ беҳурматии мутлақро нисбати муқаддасии ҳаёт аён месозад (Масалҳо 12:10).
ЭҲТИРОМ БА ХУН
10. Чӣ гуна Худо алоқамандии ҳаёт ва хунро нишон дод?
10 Баъд аз он ки Қобил бародараш Ҳобилро кушт, Яҳува ба вай чунин гуфт: «Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарёд мезанад» (Ҳастӣ 4:10). Зери калимаи «хун» Худо ҳаёти Ҳобилро дар назар дошт. Қобил Ҳобилро аз ҳаёт маҳрум кард ва сазовори ҷазо шуд. Хуни Ҳобил, яъне ҳаёти вай гӯё бо талаби адолат ба Худо фарёд менамуд. Алоқамандии ҳаёт ва хун бори дигар баъд аз Тӯфони рӯзҳои Нӯҳ нишон дода шуд. Пеш аз Тӯфони Азим ғизои одамон танҳо аз меваву сабзавот ва рустаниҳову чормағзҳо буд. Баъд аз Тӯфон Яҳува ба Нӯҳ ва писарҳои вай чунин амр дод: «Ҳар ҷунбандае, ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад». Аммо Худо як амри мамнӯъро низ дод: «Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред» (Ҳастӣ 1:29; 9:3, 4). Равшан аст, ки ҳаёт ва хуни ҷонзод дар назари Яҳува пайвастагии ба ҳам зич дорад.
11. Чӣ амри мамнӯъеро Худо ҳанӯз аз замони Нӯҳ–пайғамбар ба одамизод додааст?
11 Эҳтироми мо ба хун дар истеъмол накардани он зоҳир мешавад. Яҳува дар Таврот амр дода буд: «Ҳар кас ... агар ҷонваре ё паррандаеро, ки хӯрда мешавад, сайд кунад, бояд хуни онро бирезад ва бо хок бипӯшонад ... ва Ман ба банӣ–Исроил гуфтаам: хуни ҳеҷ як ҷисмро нахӯред» (Ибодат 17:13, 14). Бубинед, амри якуми Худо оиди нахӯрдани хуни ҳайвонот, ки бори аввал 800 сол пештар ба Нӯҳ–пайғамбар дода шуд, дар замони исроилиён ҳанӯз ҳам дар амал буд. Назари Худо равшан аст: ходимони Ӯ метавонистанд гӯшти ҳайвонро бихӯранд, аммо истеъмоли хуни он мамнӯъ буд. Хуни ҳайвон бояд ба хок рехта мешуд, яъне ҳаёти ҷонзодро маҷозан ба Худо бармегардониданд.
12. Кадом ҳукме, ки оиди хун дар асри як тавассути рӯҳулқудс дода шуд, имрӯз низ дар амал аст?
12 Ҳамин гуна ҳукм ба масеҳиён низ дода шудааст. Расулон ва мардони дигаре, ки дар асри I сарварии пайравони Масеҳро ба ӯҳда доштанд, гирди ҳам омаданд, то якҷоя қарор кунанд, ки ҷамоати масеҳӣ бояд ба кадом аҳком итоат намояд. Ин аст хулосаи онҳо дар он ҷамъомад: «Рӯҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, ҷуз воҷиботи зерин: аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда [гӯште, ки хун дар он боқист] ва аз зино парҳез кунед» (Аъмол 15:28, 29; 21:25). Инак, бояд «аз хун парҳез кунем». Дар назари Худо ин амр ба ҳукми бутпарастӣ ва зино накардан баробар аст.
13. Бо намуна шарҳ диҳед, ки чаро ҳукми парҳез кардан аз хун ба хунгузаронӣ низ дахл дорад.
13 Оё ҳукми парҳез кардан аз хун ба хунгузаронӣ ҳам дахл дорад? Бале. Масалан, тасаввур кунед, ки духтур ба шумо истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро манъ кардааст. Магар ин маънои онро дорад, ки ҳарчанд шумо нӯшокиҳои спиртиро набояд нӯшед, аммо тавассути сӯзандору онҳоро ба бадани худ қабул карданатон мумкин аст? Албатта не! Ба ҳамин зайл, парҳез аз хун маънои умуман, ба ҳеҷ тарзе ба бадани худ қабул накардани онро дорад. Ин амр аз мо талаб менамояд, ки ба ҳеҷ кас иҷозати ба рагҳои мо гузаронидани хунро надиҳем.
14, 15. Агар духтурон аз ходими Худо хунгузарониро талаб намоянд, ӯ чӣ гуна рафтор хоҳад кард ва аз чӣ сабаб?
14 Агар ходими Худо осеби сахте дида, ба ҷарроҳӣ ниёз дошта бошад–чӣ? Фарз мекунем, ки духтур чунин мегӯяд: «Ба ӯ бояд хун гузаронанд, агар не, хоҳад мурд». Албатта касе аз ходимони Худо мурдан намехоҳад ва барои наҷоти ҳаёти худ, ки атои илоҳӣ аст, усулҳои дигари табобатро, ки бидуни сӯиистеъмоли хун дастрасанд, қабул хоҳад дошт. Бинобар ин, ходими Худо ба қадри имкон роҳҳои алтернативии табобатро ҷустуҷӯ карда, онҳоро интихоб мекунад.
15 Оё ходими Худо танҳо барои умри худро каме дароз кардан (дар ин тартиботи шариронаи дунё), қонуни оиди хун додаи Худоро мешиканад? Исо гуфтааст: «Ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад» (Матто 16:25). Мо хоҳиши мурдан надорем. Вале агар дар кӯшиши наҷоти зиндагиамон қонуни Худоро поймол намоем, аз имконияти зиндагии ҷовидона маҳрум шуданамон мумкин аст. Ба дурустии қонунҳои Худо итминон бояд дошт ва амин бояд буд, ки агар бо сабабе дучори марг гардем, Зиндагибахшамон моро дар замони эҳё ба ёд хоҳад овард ва атои бебаҳо — зиндагиро аз нав бароямон пешкаш мекунад (Юҳанно 5:28, 29; Ибриён 11:6).
16. Ходимони Худо иҷрои кадом амри оиди хун додаи Илоҳиро бо қатъият қарор кардаанд?
16 Ходимони Худо имрӯз бо қатъият итоат ба амри оиди хун додаи Илоҳиро қарор кардаанд. Хун дар ҳеҷ шакле дар таркиби ғизои онҳо нахоҳад буд. Бо ягон мақсади тиббӣ низ онҳо хунро қабул нахоҳанд доштa. Онҳо аминанд; Худое, ки Офаридгори хун аст, роҳи дурусти истифодаи онро хубтар аз ҳама медонад. Шумо ба ин эътимод доред?
ЯГОНА РОҲИ ДУРУСТИ ИСТИФОДАИ ХУН
17. Дар Исроили қадим мувофиқи қонуни Яҳува ягона тарзи дурусти истифодаи хун чӣ гуна буд?
17 Таврот ягона роҳи дурусти истифодаи хунро таъкид менамояд. Дар байни талабҳое, ки Яҳува нисбати ибодати исроилиён дошт, чунин амре буд аз Ӯ: «Ҷони [ҳаёти] ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд» (Ибодат 17:11). Исроилие, ки гуноҳ содир менамуд, барои ба даст овардани бахшиш бояд ҳайвонеро қурбонӣ карда, аз хуни он ба қурбонгоҳе мепошид, ки дар хаймаи муқаддас буду бо мурури вақт дар маъбад ҷой гирифт. Ягона тарзи дурусти истифодаи хун дар қурбонгоҳ ба кор бурдани он буд.
18. Тавассути хуни рехтаи Исо бароямон аз чӣ гуна баракатҳо баҳра бурдан имконпазир гашт?
18 Имрӯз Худо иҷрои шариати Мусоро аз одамон талаб намекунад ва бинобар ин онҳо ба овардани қурбониҳои ҳайвонӣ ва ба қурбонгоҳ молидани хуни онҳо ниёз надоранд (Ибриён 10:1). Дар ҳар сурат, хуне ки дар рӯзҳои исроилиёни қадим дар қурбонгоҳ истифода мешуд, рамзи он қурбонии олие буд, ки Исои Масеҳ бояд меовард. Ҳамон тавре ки аз боби 5 омӯхтем, Исо ҳаёти одамии худро қурбон намуд, то ки хуни вай ба сифати қурбонӣ барои мо бирезад. Баъд аз ин, ӯ ба осмон сууд намуда, баҳои хуни рехтаашро ба як бору барои ҳамешагӣ ба Худо пешниҳод кард (Ибриён 9:11, 12). Ҳамин тавр барои бахшидани гуноҳҳои мо асос пайдо гашт ва бароямон роҳ ба сӯи ҳаёти ҷовидона кушода шуд (Матто 20:28; Юҳанно 3:16). То чӣ андоза гаронбаҳост ин хуни рехташуда! (1 Петрус 1:18, 19). Танҳо тавассути имон ба хуни рехтаи Исо мо ба наҷот даст ёфта метавонем.
19. Барои он ки хуни касе ба гардани мо набошад, чӣ кор бояд кунем?
19 Чӣ қадар ба Яҳува Худо миннатдор бояд бошем барои зиндагӣ — ҳадяе, ки Ӯ ба мо бахшидааст! Магар чунин миннатдорӣ моро барнамеангезад, ки ба дигарон оиди имконияти ҷовидона зистан, ки дар имон ба қурбонии Исо асос меёбад, нақл кунем? Агар мисли Худо нисбати ҳаёти одамон бетараф набошем, чунин ғамхорӣ моро роҳнамоӣ хоҳад кард, то боғайратона ба онҳо мавъиза намоем. (Ҳизқиёл 3:17–21-ро хонед.) Агар ин масъулиятро бо ҷидду ҷаҳд иҷро кунем, мо мисли Павлуси расул ба гуфтани чунин суханҳо қодир хоҳем буд: «Бигзоред бигӯям, ки хуни касе ба гардани ман нест ва агар касе аз файзи Худо маҳрум монда, ман муқассир [гунаҳкор] нестам. Чун дар ҳаққи касе кӯтоҳӣ накардам, балки пайғоми Худоро ба ҳама расондам» (Аъмол 20:26, 27, ТТФ). Нақл кардан дар бораи Худову мақсуди Ӯ ба одамон, беҳтарин нишондиҳандаи он аст, ки мо ҳаёт ва хунро ба дараҷаи олӣ қадр менамоем.
a Барои маълумоти иловагӣ дар хусуси усулҳои табобат бе интиқоли хун, ба боби «Имкониятҳои дигар», дар рисолаи «Чӣ гуна хун метавонад ҳаёти шуморо наҷот диҳад?» (нашриёти Шоҳидони Яҳува, рус.) нигаред.