Бе ҳисси пушаймонӣ хизмат кунед
«Он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям» (ФИЛ. 3:13, 14).
1–3. а) Пушаймонӣ чист ва чӣ тавр он ба мо таъсир карда метавонад? б) Мо аз намунаи Павлус чӣ омӯхта метавонем?
ДАР як зарбулмасал гуфта шудааст: «Пушаймонӣ суд надорад». Пушаймонӣ — ин дарду аламест, ки мо ҳангоми ба хотир овардани корҳои карда ё накардаамон ҳис мекунем. Ҳамаи мо корҳое карда будем, ки ҳоло мехоҳем вақтро қафо гардонда онҳоро ислоҳ кунем. Шахсан шумо аз чӣ пушаймонед?
2 Баъзе одамон дар ҳаёти худ хатоҳои калон ё ҳатто гуноҳҳои ҷиддие содир карда буданд. Дигарон ба ягон гуноҳи ҷиддие роҳ надода бошанд ҳам, дилпур нестанд, ки қарорҳои қабулкардаашон дар ҳақиқат дуруст буданд ё не. Баъзеҳо тавонистанд, ки оиди гузашта аз ҳад зиёд фикр накарда ҳаёташонро пеш баранд. Баъзеи дигарон бошанд, худро доимо сарзаниш мекунанд ва корҳои пештараашонро ба хотир оварда «эҳ, кошки...» мегӯянд (Заб. 50:5). Шумо ба кадом гурӯҳ дохил мешавед? Оё шумо мехоҳед, ки ақаллан аз имрӯз сар карда ба Худо бе пушаймонӣ хизмат кунед? Оё дар ин шумо аз намунаи ягон шахси воқеӣ ибрат гирифта метавонед? Бале, метавонед ва чунин шахс — Павлуси ҳавворӣ мебошад.
3 Дар давоми ҳаёташ Павлус ҳам ба хатогиҳои даҳшатнок роҳ дода буд ва ҳам қарорҳои оқилона қабул мекард. Павлус аз хатогиҳои кардааш сахт пушаймон буд, лекин нигоҳ накарда ба ин ӯ дар хизмати Худо муваффақ гаштанро ёд гирифт. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо аз намунаи ӯ бе пушаймонӣ хизмат карданро ёд гирифта метавонем.
ГУЗАШТАИ ПАВЛУС ДАР Ӯ ҲИССИ ПУШАЙМОНӢ БЕДОР МЕКАРД
4. Гузаштаи Павлуси ҳавворӣ чӣ гуна буд?
4 Чун фарисии ҷавон Павлус корҳое карда буд, ки баъдтар аз онҳо пушаймон шуд. Масалан, ӯ бар зидди шогирдони Масеҳ таъқиботҳои ваҳшиёнаро сарварӣ менамуд. Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки дарҳол баъд аз сангсор кардани Истефанус «Шоул [ки баъдтар чун Павлус машҳур гашт] аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт» (Аъм. 8:3). Ба ақидаи муҳаққиқи Китоби Муқаддас, Алберт Барнз, ибораи юноние, ки чун «азоб медод» тарҷума шудааст, «ба ҷидду ҷаҳд ва бераҳмие, ки бо он [Шоул] дар таъқиботҳо иштирок мекард, ишора мекунад». Барнз илова менамояд: «Шоул калисоро чун ҳайвони дарранда таъқиб мекард». Шоул чун яҳудие, ки имондори сахт буд, бовар мекард, ки Худо ӯро барои несту нобуд кардани дини масеҳӣ вазифадор кардааст. Барои ҳамин, ӯ масеҳиёнро — ҳам зану ҳам мардро — бераҳмона, «то ба дараҷаи марг таъқиб» мекард (Аъм. 9:1, 2; 22:4)a.
5. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Шоул аз таъқиб кардани шогирдони Исо боздошта шуд ва дар бораи Масеҳ мавъиза карданро сар кард?
5 Шоул мақсад дошт, ки ба Димишқ рафта шогирдони Исоро дар хонаҳояшон дастгир кунад ва бо зӯрӣ ба Ерусалим барад, то суди олии яҳудиён онҳоро ҷазо диҳад. Лекин, ӯ муваффақ нагашт, зеро Сарвари ҷамъомади масеҳӣ ӯро аз ин кор боздошт (Эфс. 5:23). Дар роҳи Димишқ Исо ба Шоул зоҳир шуд ва нуре аз осмон ӯро нобино сохт. Сипас, Исо Шоулро ба Димишқ фиристод, то ӯ дастуроти бештарро интизор шавад. Ва китоби Аъмол нишон медиҳад, ки баъд аз ин чӣ рӯй дод (Аъм. 9:3–22).
6, 7. Чӣ нишон медиҳад, ки Павлус гузаштаи дардовари худро хуб дар ёд дошт?
6 Баъди масеҳӣ гаштанаш Павлус чизҳои дигарро қадр мекардагӣ шуд. Пеш, ӯ душмани ашаддии дини масеҳӣ буд, лекин акнун онро ғаюрона тарафдорӣ мекард. Дертар, ӯ дар бораи худаш чунин навишт: «Шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам» (Ғал. 1:13). Чанде пас, ҳангоми навиштани нома ба қӯринтиён, филиппиён ва ба Тимотиюс ӯ боз гузаштаи худро, ки аз он пушаймон буд, зикр кард. (1 Қӯринтиён 15:9-ро бихонед; Фил. 3:6; 1 Тим. 1:13). Бо навиштани ин чизҳо Павлус аз гузаштааш фахр карданӣ набуд ва аз тарафи дигар, ӯ тавре рафтор намекард, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надода бошад. Павлус хеле хуб медонист, ки хатогиҳои ҷиддӣ содир карда буд (Аъм. 26:9–11).
7 Муҳаққиқи Китоби Муқаддас Фредрик Фаррар навишт, ки вақте мо дар бораи он фикр мекунем, ки то чӣ андоза Шоул бераҳмона масеҳиёнро таъқиб мекард, мо мефаҳмем, ки то кадом андоза ӯ аз ҳисси пушаймонӣ азоб мекашид ва чӣ тавр дигарон шояд ӯро танқид мекарданд. Вақте ки Павлус ба ҷамъомадҳои гуногун ташриф меовард, чунин шуда метавонист, ки бародарон ҳангоми бо ӯ шинос шуданашон чунин мегуфтанд: «Пас, Павлус туӣ, ки пештар моро таъқиб мекардӣ!» (Аъм. 9:21).
8. Павлус нисбати меҳрубонии носазоворе, ки Яҳува ва Исо ба ӯ зоҳир карданд, чӣ ҳис мекард ва мо аз ин чӣ дарси муҳиме мегирем?
8 Лекин Павлус мефаҳмид, ки ӯ танҳо ба туфайли файз ё меҳрубонии носазовори Худо хизмати худро ба ҷо оварда метавонад. Ӯ калимаи «файз»-ро, ки дар матни аслӣ маънои меҳрубонии носазоворро дорад, назар ба дигар нависандагони Китоби Муқаддас бештар истифода бурд. Дар 14 номаи Павлус ин калима тақрибан 90 маротиба вомехӯрад. (1 Қӯринтиён 15:10-ро бихонед.) Павлус нисбати файз ё меҳрубонии носазоворе, ки Худо ба ӯ зоҳир намуд, бениҳоят миннатдор буд ва инро дар амал нишон додан мехост. Аз ин рӯ, вай дар хизмати Худо нисбат ба дигар ҳаввориён «зиёдтар меҳнат» мекард. Аз намунаи ӯ мо чӣ меомӯзем? Агар мо ба гуноҳҳоямон иқрор шуда онҳоро дигар такрор накунем, Яҳува тайёр аст, ки дар асоси қурбонии фидияи Исо ҳатто гуноҳҳои ҷиддии моро бахшад. Барои ҳамин, агар шумо фикр кунед, ки гуноҳҳоятон аз ҳад ҷиддиянду дар асоси қурбонии фидия бахшида шудани онҳо номумкин аст, мисоли Павлусро ба хотир оред. (1 Тимотиюс 1:15, 16-ро бихонед.) Ҳарчанд Павлус таъқибкунандаи ашаддии Масеҳ буд, ӯ метавонист чунин гӯяд: «Писари Худо... маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард» (Ғал. 2:20; Аъм. 9:5). Бале, Павлус фаҳмид, ки нигоҳ накарда ба гуноҳҳои дар гузашта кардааш ӯ бояд дар хизмати Худо ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то дигар барои пушаймонӣ сабабе пайдо нашавад. Оё шумо низ мисли Павлус ин дарси муҳимро дарк кардед?
ОЁ ШУМО АЗ ЯГОН ЧИЗ ПУШАЙМОНЕД?
9, 10. а) Барои чӣ баъзе ходимони Худо пушаймонӣ ҳис мекунанд? б) Чаро доимо дар бораи хатогиҳои гузашта ғам хӯрдан нодуруст аст?
9 Оё шумо ягон коре карда будед, ки ҳоло аз он пушаймонед? Оё шумо боре қувват ва вақти қиматбаҳои худро ба ягон чизи нолозим сарф карда будед? Оё ягон кори шумо ба дигарон зарар расонида буд? Шояд сабабҳои дигаре ҳастанд, ки аз боиси онҳо шумо пушаймонӣ ҳис мекунед. Дар ин ҳолат чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад?
10 Бисёри одамон ғаму ташвиш мехӯранд. Доимо ғаму ташвиш хӯрдан маънои онро дорад, ки шахс худро азоб медиҳад ё айбдор ва сарзаниш мекунад. Оё ғаму ташвиш хӯрда шумо ягон душвориро ҳал карда метавонед? Албатта, не! Тасаввур кунед, ки шумо дар толори варзишӣ ба велотренажёр (велосипеде, ки танҳо дар ҷояш ҳаракат мекунад) савор шуда кӯшиш мекунед, ки ба пеш ҳаракат намоед. Ҳатто агар шумо тамоми қуввататонро сарф кунед ҳам, шумо бо он ба ягон ҷой рафта наметавонед ва он қуввае, ки сарф мекунед, беҳуда хоҳад буд. Ба ҷои ғаму ташвиш хӯрдан, беҳтараш барои ҳал кардани мушкилӣ ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. Шумо метавонед аз шахсе, ки хафа кардед, бахшиш пурсед ва шояд ҳамин тавр муносибатҳои хубро барқарор кунед. Мулоҳиза рондан оиди сабаби содир кардани хатогиятон ба шумо кӯмак мекунад, ки дар оянда онро дигар такрор накунед. Лекин баъзан шояд ба шумо лозим меояд, ки сабру тоқат зоҳир намуда ба оқибатҳои рафтори нодурустатон тоб оред. Аммо ғаму ташвиш хӯрдан оиди хатогиҳои дар гузашта кардаатон ягон фоида надорад. Дар асл он ба шумо барои ба Худо пурра хизмат кардан халал мерасонад.
11. а) Чӣ тавр мо раҳмдилӣ ва меҳрубонии носазовори Яҳуваро ба даст оварда метавонем? б) Мувофиқи Китоби Муқаддас мо бояд чӣ кор кунем, то худро дигар барои хатогиҳои гузаштаамон айбдор насозем?
11 Баъзеҳо ба ҳисси гунаҳкорӣ оиди хатогиҳои дар гузашта кардаашон дода шуда фикр мекунанд, ки онҳо дар назари Худо арзиш надоранд. Чунин шахсон гумон мекунанд, ки гуноҳҳояшон бениҳоят зиёд ё аз ҳад ҷиддиянд, аз ин рӯ онҳо ба меҳрубонии Худо сазовор нестанд. Лекин новобаста аз он ки дар гузашта онҳо чӣ кор карданд, чунин шахсон метавонанд тавба кунанд, ислоҳ шаванд ва аз Худо зориву илтиҷо карда барои гуноҳҳояшон бахшиш пурсанд (Аъм. 3:19). Яҳува ба онҳо, чун ба бисёри дигар ходимонаш, раҳмдилӣ ва меҳрубонӣ зоҳир мекунад. Ӯ ба шахсони фурӯтану ростқавл, ки аз таҳти дил тавба кардаанд, меҳрубонӣ зоҳир хоҳад кард. Масалан, Яҳува нисбати Айюб маҳз чунин рафтор намуд. Айюб дар бораи хатогиҳояш гуфта буд: «Дар хок ва хокистар пушаймон мешавам» (Айюб 42:6). Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд, ки мо бояд чӣ кор кунем, то худро дигар барои хатогиҳоямон айбдор накунем ва осоиштагии ботинӣ дошта бошем: «Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад» (Мас. 28:13; Яъқ. 5:14–16). Мо метавонем ба Худо дар гуноҳҳоямон иқрор шавем, дар дуо бахшиш пурсем ва барои ислоҳ кардани вазъият чора андешем (2 Қӯр. 7:10, 11). Агар мо ҳамаи инро кунем, мо метавонем раҳмдилии Худои худро, ки «бисёр меомурзад», ҳис кунем (Иш. 55:7).
12. а) Вақте ки виҷдонамон моро азоб медиҳад, мо аз намунаи Довуд чӣ ибрат гирифта метавонем? б) Ба кадом маъно Яҳува пушаймонӣ ҳис мекунад ва донистани ин чӣ тавр ба мо кӯмак мерасонад? (Ба чорчӯба нигаред.)
12 Дуо қуввати пурзӯр дорад ва Худо ба воситаи он ба мо кӯмак мерасонад. Довуд дар яке аз таронаҳои зебояш ба он ки Яҳува ба дуоҳо ҷавоб мегардонад, имони қавӣ зоҳир намуд. (Забур 31:1–5-ро бихонед.) Чӣ тавре ки Довуд иқрор шуд, кӯшиши хомӯш кардани садои виҷдонаш ба ӯ дарду азоби зиёд меовард. Аз афташ ӯ аз сабаби пинҳон кардани гуноҳаш аз ҷиҳати эмотсионаливу ҷисмонӣ азоб мекашид ва хурсандиашро аз даст дода буд. Ба туфайли чӣ гуноҳи Довуд бахшида шуд ва ӯ оромии ботинӣ ба даст овард? Танҳо ба туфайли он ки ӯ ба Худо дуо гуфта дар гуноҳаш иқрор шуд. Яҳува ба дуои Довуд ҷавоб гардонд. Ӯ ба Довуд кӯмак кард, ки худро беҳтар ҳис кунад ва кардани корҳои дурустро давом диҳад. Ба ин монанд, агар шумо аз самими дил дуо гӯед, шумо боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува бодиққат ба овози зориву илтиҷои шумо гӯш хоҳад дод. Агар хатогиҳои пештараатон шуморо азоб диҳанд, барои ислоҳ кардани онҳо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва дилпур бошед, ки Яҳува шуморо бахшидааст (Заб. 85:5).
БА ОЯНДА НАЗАР ДӮЗЕД
13, 14. а) Ҳоло мо бояд асосан оиди чӣ фикр кунем? б) Кадом саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, то дар бораи корҳое, ки мо ҳоло карда истодаем мулоҳиза ронем?
13 Рост аст, ки мо аз хатогиҳои дар гузашта кардаамон дарс гирифта метавонем, аммо мо набояд дар бораи онҳо доимо ғаму ташвиш хӯрем. Ба мо лозим аст, ки бештар дар бораи ҳозираву оянда фикр кунем. Аз худ бипурсед: «Оё интихоби ҳозираи ман баъди якчанд сол боиси афсӯсу пушаймонӣ намегардад? Оё ман ба худ намегӯям, ки кошки ман ҳамон вақт дигар хел рафтор мекардам? Оё ман ҳозир ба Худо содиқона хизмат карда истодаам, то дар оянда ягон чиз сабаби пушаймониам нашавад?»
14 Азбаски мусибати бузург наздик шуда истодааст, мо намехоҳем, ки гузаштаро ба хотир оварда аз чунин фикрҳо азоб кашем: «Оё ман дар хизмати Худо бештар иштирок карда метавонистам? Чаро вақте ки имконият буд, ман чун пешрав хизмат накардам? Чӣ маро аз хизмат кардан чун ходими ёвар бозмедошт? Оё ман дар ҳақиқат кӯшиш мекардам, ки шахсияти навро ба бар кунам? Оё ман аз қабили шахсоне мебошам, ки Яҳува дар дунёи нави худ дидан мехоҳад?» Ба ҷои он ки дар бораи ин саволҳо танҳо фикр карда ғам хӯрем, мо бояд онҳоро истифода бурда худро тафтиш кунем ва боварӣ ҳосил намоем, ки мо ҳоло дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро карда истодаем ё не. Биёед аз ҳозир қарорҳое қабул кунем, ки дар оянда аз онҳо пушаймон нашавем (2 Тим. 2:15).
ҲЕҶ ГОҲ АЗ ХИЗМАТИ МУҚАДДАСИ ХУД ПУШАЙМОН НАШАВЕД
15, 16. а) Бисёриҳо барои дар ҷои аввали ҳаёти худ гузоштани хизмати Худо чӣ гуна фидокорӣ зоҳир мекунанд? б) Чаро мо набояд пушаймон шавем, ки баҳри хизмати Худо аз чизе даст кашидем?
15 Агар шумо барои дар хизмати пурравақт банд будан аз баҳри чизе баромада бошед, он гоҳ-чӣ? Шояд шумо аз мансабу мартаба ё кори сердаромад даст кашидед, то ҳаётатонро оддӣ гардонед ва вақти бештари худро барои манфиатҳои Салтанат сарф кунед. Ё эҳтимол шумо муҷаррад мондед ё агар издивоҷ карда бошед, қарор додед, ки фарзанддор намешавед, то ки чун ходими Байт–Ил, иштирокчии барномаи умумиҷаҳонии сохтмонӣ, нозири сайёр ё миссионер хизмат кунед. Оё ҳоло, вақте ки синну солатон рафта истодааст, аз қарорҳои кардаатон пушаймон шудан дуруст аст? Оё бояд фикр кунед, ки қурбониҳои шумо нозарур ё аз ҳад барвақт буданд? Албатта не!
16 Шумо ин қарорҳоро аз муҳаббати чуқури нисбати Яҳува доштаатон қабул кардед. Ин қарорҳо ҳамчунин аз он шаҳодат медиҳанд, ки шумо хоҳиши сахт доштед, ки ба дигарон барои ходими Худо шудан кӯмак расонед. Ҳоло шумо набояд фикр кунед, ки агар ба таври дигар зиндагӣ мекардед, имрӯз ҳаётатон беҳтар мебуд. Донистани он ки шумо дар вазъияти худ ҳар он чиро, ки дуруст буд, кардед, ба шумо ҳисси қаноатмандӣ мебахшад. Шумо аз он хурсандӣ карда метавонед, ки дар вазъияти худ ба Яҳува чизҳои беҳтаринро қурбон намудед. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҳаёти фидокоронаи шуморо аз хотир намебарорад. Дар «ҳаёти ҷовидонӣ», ки наздик аст, Яҳува ба шумо баракатҳоеро ато мекунад, ки шумо ҳоло ҳатто тасаввур карда наметавонед! (Заб. 144:16; 1 Тим. 6:19).
ЧӢ ТАВР БЕ ҲИССИ ПУШАЙМОНӢ ХИЗМАТ КУНЕМ?
17, 18. а) Кадом принсип ба Павлус кӯмак мекард, ки бе ҳисси пушаймонӣ хизмат кунад? б) Шумо чӣ тавр ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонед?
17 Кадом принсип ба Павлус кӯмак кард, ки минбаъд бе ҳисси пушаймонӣ ба Худо хизмат кунад? Павлус гуфт, ки ӯ дар бораи гузашта ғаму ташвиш хӯрданро бас кард ва тамоми кӯшишҳояшро барои соҳиб шудани мукофот сарф менамуд. (Филиппиён 3:13, 14-ро бихонед.) Павлус дар бораи хатогиҳое, ки ҳангоми дар дини яҳудӣ буданаш содир карда буд, доимо фикр намекард. Баръакс, ӯ тамоми қувваташро барои содиқ мондан ба Худо сарф мекард, то ҳаёти беохирро ба даст орад.
18 Ҳамаи мо принсиперо, ки аз суханони Павлус бармеояд, ба кор бурда метавонем. Ба ҷои он ки аз боиси хатогиҳои дар гузашта кардаамон асабҳои худро хароб кунем ва оиди чизҳое, ки дигар карда наметавонем, доимо фикру хаёл намоем, ба мо лозим аст, ки диққатамонро ба чизҳои дарпешбуда равона созем. Албатта, мо хатогиҳои дар гузашта кардаамонро пурра фаромӯш карда наметавонем, лекин мо набояд доимо худро аз барои онҳо сарзаниш кунем. Мо метавонем гузаштаро дар ақиб монда ҳоло дар хизмати Худо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем ва ба ояндаи пурҷалол назар дӯзем!
a Китоби Муқаддас якчанд бор қайд мекунад, ки дар байни шахсоне, ки Павлус таъқиб мекард, занҳо низ буданд. Ин нишон медиҳад, ки он вақт занҳо, чун дар рӯзҳои мо, дар паҳн кардани дини масеҳӣ нақши муҳим мебозиданд (Заб. 67:12).