МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37
Ба Яҳува фармонбардор бошед
«Магар набояд боз ҳам бештар ба Падари рӯҳонии худ фармонбардор бошем?» (ИБР. 12:9).
СУРУДИ 46 Яҳува Подшоҳи мо!
ПЕШГУФТОРa
1. Барои чӣ мо бояд ба Яҳува фармонбардор бошем?
МО БОЯД ба Яҳува фармонбардорb бошем, зеро Ӯ Офаридгори мо аст. Ӯ ҳақ дорад, ки бар офаридаҳои худ меъёрҳо муайян кунад (Ваҳй 4:11). Вале боз як сабаби муҳими ба Ӯ итоат кардан ин аст, ки тарзи роҳбарии Ӯ беҳтарин мебошад. Дар давоми таърих подшоҳони зиёде буданд, ки бар дигарон қудрат ва ҳокимият доштанд. Лекин агар тарзи роҳбарии онҳоро бо тарзи роҳбарии Яҳува муқоиса кунем, мо мебинем, ки Яҳува Подшоҳи аз ҳама хирадманд, ғамхору меҳрубон ва раҳмдил мебошад (Хур. 34:6; Рум. 16:27; 1 Юҳ. 4:8).
2. Мувофиқи Ибриён 12:9–11 аз кадом сабабҳо ба Яҳува итоат кардан муҳим аст?
2 Яҳува Падари меҳрубон аст ва Ӯ мехоҳад, ки мо ба Ӯ на аз тарсу ларз, балки аз муҳаббат итоат кунем. Дар Нома ба ибриён Павлуси расул мефаҳмонад, ки Худо моро «ба фоидаи худамон» тарбия мекунад. (Ибриён 12:9–11-ро хонед.)
3. а) Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува фармонбардор ҳастем? б) Мо дар ин мақола ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
3 Ба Яҳува фармонбардор будани мо дар он маълум мегардад, агар дар ҳама чиз ба Ӯ аз таҳти дил итоат кунем ва ба фаҳмиши худамон такя накунем (Мас. 3:5). Вақте мо дар бораи хислатҳои зебои Худо мефаҳмем, ба Ӯ итоат кардан бароямон осонтар мегардад. Зеро мо дарк мекунем, ки ба кардани ҳар як кор Ӯро маҳз хислатҳои некаш бармеангезанд (Заб. 144:9). Чи қадаре ки зиёдтар дар бораи Яҳува фаҳмем, ҳамон қадар бештар муҳаббати мо нисбати Ӯ меафзояд. Агар мо Яҳуваро дӯст дорем, бароямон рӯйхати калони қоидаҳо даркор намешавад, ки чӣ мумкин асту чӣ мумкин не. Мо кӯшиш мекунем, ки фикру ҳиссиётамон писанди Яҳува бошад (Заб. 96:10). Лекин чаро баъзан ба Яҳува итоат кардан ба мо осон нест? Ва чӣ тавр пирон ва падару модарон аз намунаи Наҳемёи волӣ, шоҳ Довуд ва модари Исо, Марям, дарс гирифта метавонанд? Ба ин саволҳо мо дар мақолаи мазкур ҷавоб меёбем.
ЧАРО БА ЯҲУВА ИТОАТ КАРДАН НА ҲАМА ВАҚТ ОСОН АСТ?
4, 5. Мувофиқи Румиён 7:21–23 чаро ба Яҳува итоат кардан мушкил буда метавонад?
4 Баъзан аз он сабаб ба Яҳува мутеъ будан бароямон мушкил аст, ки ҳамаи мо нокомил ва гунаҳкорем. Аз ин рӯ на ҳама вақт мехоҳем ба Худо итоат кунем. Баъди он ки Одаму Ҳавво муқобили гуфти Худо амал карда меваи манъшударо хӯрданд, онҳо чӣ неку чӣ бад буданашро худашон муайян карданд (Ҳас. 3:22). Имрӯз низ аксарияти одамон Худоро писанд намекунанд ва худашон муқаррар кардан мехоҳанд, ки чӣ хуб асту чӣ бад.
5 Ҳатто ба онҳое, ки Яҳуваро медонанд ва дӯст медоранд, пурра ба Ӯ фармонбардор будан душвор буда метавонад. Инро аз мисоли Павлус дидан мумкин аст. (Румиён 7:21–23-ро хонед.) Мисли ӯ мо мехоҳем корҳои ба Яҳува писандро ба ҷо орем. Вале ба мо лозим аст, ки доимо бо майли кардани кори нодуруст мубориза барем.
6, 7. Боз аз кадом сабаб ба Яҳува итоат кардан баъзан мушкил аст? Мисол оред.
6 Боз аз сабаби таъсири маданият ва муҳите, ки мо дар он калон шудаем, ба Яҳува фармонбардор будан мушкил буда метавонад. Бисёр ақидаҳои одамон ба иродаи Яҳува мухолифанд. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки доимо бо тарзи фикрроние, ки дар ҷамъият паҳн шудааст, мубориза барем. Як мисол меорем.
7 Дар бисёр ҷойҳо одатан ба ҷавонон фишор меоранд, ки соҳиби кори сердаромад шаванд. Хоҳаре бо номи Адибаc бо чунин мушкилӣ дучор шуд. Пеш аз ҳақиқатро фаҳмидан ӯ дар яке аз донишгоҳҳои беҳтарини давлаташон таҳсил мекард. Аъзоёни оилааш ӯро маҷбур мекарданд, ки ба кори сердаромад дарояд, то дар байни мардум обрӯю эътибор дошта бошад. Худи Адиба низ чунин хоҳиш дошт. Аммо баъди Яҳуваро шинохтан ва Ӯро дӯст доштан вай мақсадҳояшро дигар кард. Лекин то ҳол ӯ бо худ мубориза мебарад. Ӯ мегӯяд: «Баъзан ба ман кори ҷолиб пешниҳод мекунанд, ки агар ба он дароям пули зиёд кор карда метавонам. Вале ман медонам, ки ин барои ба Яҳува хизмат карданам халал мерасонад. Гоҳ вақт аз сабаби тарбияи худ ба чунин пешниҳодҳо “не” гуфтан бароям душвор аст. Дар ин ҳолатҳо ман ба Яҳува зорӣ мекунам, то ба васваса дода шуда ба коре, ки маро аз хизмати Ӯ дур мекунад, розӣ нашавам» (Мат. 6:24).
8. Ҳоло чиро дида мебароем?
8 Ба Яҳува фармонбардор будан ба фоидаи худи мост. Лекин вақте онҳое, ки қадре ҳокимият доранд, аз рӯйи дастуроти Яҳува амал мекунанд, ин ба дигарон низ манфиат меорад. Масалан, ба Худо итоаткор будани пирони ҷамъомад ба беҳбудии бародару хоҳарон ва итоаткории волидон ба манфиати фарзандон мусоидат мекунад. Биёед ҳоло аз Китоби Муқаддас мисоли баъзе касонро дида бароем, ки ҳокимияти худро ба таври ба Яҳува писанд истифода бурданд.
ПИРОНИ ҶАМЪОМАД АЗ НАҲЕМЁ ЧӢ ОМӮХТА МЕТАВОНАНД?
9. Наҳемё бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд?
9 Яҳува пиронро чӯпонони халқи Худ таъйин кардааст (1 Пет. 5:2). Дар бобати бо халқи Яҳува чӣ тавр муносибат кардан пирон аз намунаи Наҳемё бисёр дарс гирифта метавонанд. Наҳемё волӣ, яъне ҳокими вилояти Яҳудо буд. Ӯ чун одами калоншаванда масъулияти ҷиддиро ба ӯҳда дошт (Наҳемё 1:11; 2:7, 8; 5:14). Аҳамият диҳед, ки ӯ бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуд. Ӯ фаҳмид, ки одамон маъбадро нопок гардондаанд ва левизодагон аз ҷиҳати моддӣ, чуноне ки Шариат талаб мекард, таъмин карда намешаванд. Яҳудиён қонуни рӯзи шанберо риоя намекарданд ва баъзе мардон занони аҷнабӣ гирифта буданд. Наҳемёи волӣ бояд ин вазъияти душворро ҳал мекард (Наҳемё 13:4–30).
10. Дар душвориҳо Наҳемё чӣ хел рафтор кард?
10 Наҳемё аз ҳокимияти худ сӯиистифода бурда ба халқи Худо қонуну қоидаҳои худро ҷорӣ накард. Ба ҷойи ин ӯ самимона ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ роҳнамоӣ пурсид ва ба халқ Шариати Худоро таълим дод (Наҳемё 1:4–10; 13:1–3). Наҳемё ҳамчунин фурӯтанона баробари дигар яҳудиён арақи ҷабин рехта дар барқарор кардани деворҳои Ерусалим кор мекард (Наҳемё 4:15).
11. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 2:7, 8 пирон бо онҳое, ки ба ҷамъомад меоянд, бояд чӣ тавр муносибат кунанд?
11 Пирони ҷамъомад шояд бо он душвориҳое, ки Наҳемё дошт, дучор нашаванд, вале онҳо аз бисёр ҷиҳат ба ӯ пайравӣ карда метавонанд. Масалан, онҳо барои ба бародару хоҳарон кӯмак кардан бисёр меҳнат мекунанд. Онҳо «ман пири ҷамъомад» гуфта худро аз дигарон боло намегиранд. Баръакс, ба ҷойи ин бо бародару хоҳарон ғамхору меҳрубонанд. (1 Таслӯникиён 2:7, 8-ро хонед.) Муҳаббати самимӣ ва фурӯтании онҳо дар тарзи муомилаашон дида мешавад. Пири ботаҷрибае бо номи Салим чунин гуфт: «Ман аҳамият додам, ки вақте пири ҷамъомад бо ҳама меҳрубону хушмуомила аст, ин ба бародару хоҳарон таъсири хуб мерасонад. Ин хислатҳоро дар пирон дида аҳли ҷамъомад бо омодагӣ бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд». Бародари дигаре бо номи Фирдавс, ки солҳои зиёд пири ҷамъомад шуда хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Ман ҳаракат мекунам, ки маслиҳати дар Филиппиён 2:3 овардашударо ба кор барам ва дигаронро аз худ боло донам. Ин ба ман ёрдам мекунад, ки фармондеҳ набошам».
12. Чаро ба пирон муҳим аст, ки фурӯтан бошанд?
12 Пирони ҷамъомад бояд мисли Яҳува фурӯтан бошанд. Ҳарчанд Яҳува Офаридгори тамоми олам аст, Ӯ «хам мешавад», то «бенаворо аз хок» бардорад (Заб. 17:36; 112:6, 7). Одамони ҳавобаланд ва худписандро бошад, Ӯ чашми дидан надорад (Мас. 16:5).
13. Барои чӣ пирон бояд «ҷилави забони худро» кашанд?
13 Пире, ки ба Яҳува итоаткор аст, бояд «ҷилави забони худро» кашад. Дар акси ҳол, вақте ягон кас ба ӯ беэҳтиромӣ мекунад, ӯ нохост дағалона гап зада монданаш мумкин аст (Яъқ. 1:26; Ғал. 5:14, 15). Салим, ки оидаш дар боло нақл кардем, мегӯяд: «Баъзан васваса пайдо мешавад, ки бо бародар ё хоҳаре, ки ба назарам нисбати ман беҳурматӣ кард, сахт гап занам. Лекин ман оиди намунаи шахсони содиқе, ки дар Китоби Муқаддас дар бораашон гуфта шудааст, мулоҳиза кардам ва фаҳмидам, ки ҳалиму фурӯтан будан то чӣ андоза муҳим аст». Пирон ба Яҳува фармонбардор будани худро он гоҳ нишон медиҳанд, агар бо аъзоёни ҷамъомад, аз он ҷумла бо пирони дигар меҳрубонона ва бо эҳтиром муносибат кунанд (Қӯл. 4:6).
ПАДАРОН, АЗ ШОҲ ДОВУД ИБРАТ ГИРЕД
14. Падарон дар оила чӣ нақш мебозанд ва Яҳува аз онҳо чиро талаб мекунад?
14 Яҳува падарро сардори оила таъйин кардааст ва Ӯ аз вай талаб мекунад, ки фарзандонашро таълиму тарбия диҳад (1 Қӯр. 11:3; Эфс. 6:4). Вале ҳокимияти падарон маҳдуд аст — онҳо дар назди Яҳува ҷавобгаранд, чунки ҳар як оила дар асл ба туфайли Ӯ ба вуҷуд омадааст (Эфс. 3:14, 15). Падарон агар ҳокимияти худро ба таври ба Худо маъқул иҷро кунанд, ба Яҳува фармонбардор будани худро нишон медиҳанд. Онҳо аз намунаи шоҳ Довуд бисёр чизро омӯхта метавонанд.
15. Чаро шоҳ Довуд ба падарон намунаи хуб аст?
15 Довуд на танҳо сардори оилааш буд, балки Яҳува ӯро ба халқи Худ роҳбар таъйин кард. Ӯ чун подшоҳ соҳиби қудрати бузург буд. Лекин ҳолатҳое буданд, ки ӯ аз ҳокимияти худ сӯиистифода бурда хатоҳои ҷиддӣ содир кард (2 Подш. 11:14, 15). Вале ӯ сар хам намуда танбеҳи Яҳуваро қабул кард ва дар дуо ба Яҳува дили худро холӣ намуд ва барои ба кор бурдани насиҳати Яҳува самимона кӯшиш кард (Заб. 50:1–4). Ҳамчунин Довуд фурӯтанӣ зоҳир карда дар давоми ҳаёташ на танҳо аз мардон, балки аз занон низ маслиҳати хубро қабул мекард (1 Подш. 19:11, 12; 25:32, 33). Аз хатоҳои худ дарс гирифта ӯ диққаташро пурра ба хизмати Яҳува равона кард.
16. Падарон аз Довуд барои худ кадом дарсҳоро омӯхта метавонанд?
16 Падарон, шумо аз Довуд кадом дарсҳоро омӯхта метавонед? Аз ҳокимияте, ки Яҳува ба шумо додааст, сӯиистифода набаред. Ба хатоҳои худ иқрор шавед ва вақте дигарон ба шумо аз Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳанд, онро қабул кунед. Агар чунин кунед, аъзоёни оилаи шумо барои фурӯтаниатон шуморо эҳтиром хоҳанд кард. Ҳангоми бо оилаатон дуо гуфтан дили худро пурра ба Яҳува холӣ кунед. Бигзор аз дуоҳоятон фарзандонатон бинанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед ва аз Ӯ роҳнамоӣ меҷӯед. Ва аз ҳама муҳимаш, хизмати Худоро дар ҳаётатон дар ҷойи аввал гузоред (Такр. Ш. 6:6–9). Намунаи хуби шумо барои оилаатон тӯҳфаи қиматбаҳо мебошад.
МОДАРОН АЗ НАМУНАИ МАРЯМ ЧӢ ОМӮХТА МЕТАВОНАНД?
17. Яҳува ба модарон чӣ нақшро додааст?
17 Яҳува ба модарон низ масъулияти пуршараф додааст. Онҳо низ дар оила бар фарзандон як қадар ҳокимият доранд (Мас. 6:20). Он чизе ки модар ба фарзанд мекунаду мегӯяд, як умр ба ҳаёти ӯ таъсир карда метавонад (Мас. 22:6). Биёед фаҳмем, ки модарон аз Марям — модари Исо чӣ омӯхта метавонанд.
18, 19. Мо аз намунаи Марям чӣ омӯхта метавонем?
18 Марям Навиштаҳоро беҳад хуб медонист. Ӯ Яҳуваро хеле эҳтиром мекард ва бо Ӯ муносибатҳои наздик дошт. Марям тайёр буд, ки ба дастуроти Яҳува итоат кунад, ҳарчанд медонист, ки баъди ин ҳаёти ӯ ба куллӣ тағйир меёбад (Луқ. 1:35–38, 46–55).
19 Модарон, шумо аз бисёр ҷиҳат ба Марям пайравӣ карда метавонед. Чӣ тавр? Якум, бо ёрии омӯзиши чуқури шахсӣ ва дуоҳои самимӣ муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ доред. Дуюм, барои ба Яҳува писанд омадан шумо бояд бо омодагӣ ба ҳаётатон дигаргуниҳои лозимаро дароред. Масалан, шумо эҳтимол дар оилае калон шудаед, ки волидонатон зуд ба қаҳр омада бо фарзандон дағалона гап мезаданд. Аз ин рӯ мумкин шумо фикр кунед, ки бо фарзандон чунин муомила кардан ягон бадӣ надорад. Ҳатто баъди фаҳмидани меъёрҳои Яҳува шояд бо фарзандонатон оромона гап задан душвор бошад, хусусан вақте шумо мондаеду ба болои ин онҳо ба гапатон намедароянд (Эфс. 4:31). Дар чунин мавридҳо ба шумо аз ҳарвақта бештар лозим аст, ки ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ кӯмак пурсед. Модаре бо номи Назокат мегӯяд: «Баъзан вақте писарам ба ман беитоатӣ мекунад, ман боисрор ба Яҳува дуо мегӯям, ки қаҳрамро дошта тавонам. Ҳатто дар байни гапам истода дар дилам дуо мегӯям ва аз Ӯ кӯмак мепурсам. Дуо ба ман ёрдам мекунад, ки оромиро нигоҳ дорам» (Заб. 36:5).
20. Баъзе модарон чӣ гуна душворӣ доранд ва чӣ тавр онро бартараф кардан мумкин аст?
20 Баъзе модарон боз як душворӣ доранд. Ба онҳо ба фарзанди худ меҳру муҳаббат нишон додан осон нест (Тит. 2:3, 4). Аксари он занон шояд дар оилае калон шудаанд, ки волидон фарзандони худро меҳру навозиш намекарданд. Агар шумо низ дар чунин оила ба воя расидаед, кӯшиш кунед, ки хатогиҳои волидонатонро такрор накунед. Модаре, ки ба иродаи Яҳува итоат мекунад, бояд ба фарзандаш зоҳир кардани муҳаббатро ёд гирад. Мумкин ба ӯ дигар кардани тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва рафтори худ душвор бошад. Лекин ин имконпазир аст. Агар ӯ дигар шавад, ҳам ба худаш, ҳам ба оилааш хушбахтии зиёдтар меорад.
ҲАМЕША БА ЯҲУВА ФАРМОНБАРДОР БОШЕД
21, 22. Мувофиқи Ишаъё 65:13, 14 ба Яҳува фармонбардор будан чӣ манфиат меорад?
21 Шоҳ Довуд медонист, ки ба Яҳува итоат кардан то чӣ андоза манфиат меорад. Ӯ навишт: «Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад; аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад. Бандаи Ту низ дар онҳо эҳтиёт мешавад: дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст» (Заб. 18:9, 12). Имрӯз фарқи байни онҳое, ки ба Яҳува итоат мекунанд ва онҳое, ки итоат намекунанд, аниқ аён аст. Касоне, ки ба Яҳува фармонбардоранд «аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд». (Ишаъё 65:13, 14-ро хонед.)
22 Вақте пирони ҷамъомад ва волидон бо омодагӣ ба Яҳува фармонбардорӣ мекунанд, зиндагии онҳо обод мешавад, оилаашон хушбахттар ва ҷамъомад боз ҳам тифоқтар мегардад. Аз ҳама муҳимаш бо ин онҳо дили Яҳуваро шод мекунанд (Мас. 27:11). Ба мо аз ин дида давлати бузургтаре нест.
СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Ин мақола мефаҳмонад, ки чаро мо бояд ба Яҳува фармонбардор бошем. Ҳамчунин дида мебароем, ки пирони ҷамъомад, падарон ва модарон, ки бар дигарон қадре ҳокимият доранд, чӣ тавр ба намунаи Наҳемёи волӣ, шоҳ Довуд ва модари Исо, Марям, пайравӣ карда метавонанд.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаҳои фармонбардор ва мутеъ барои шахсоне, ки маҷбуран ба касе итоат мекунанд, маънои манфӣ дорад. Лекин барои халқи Худо «мутеъ будан» маънои манфӣ надорад, чунки онҳо бо ихтиёри худ ба Худо итоат мекунанд.
c Баъзе номҳо дар ин мақола иваз шудаанд.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Чуноне ки Наҳемё дар барқароркунии деворҳои Ерусалим шахсан кӯмак карда буд, як пири ҷамъомад ҳамроҳи писараш шикасту рехти ибодатгоҳро таъмир карда истодаанд.
e ШАРҲИ РАСМ: Падар аз номи аҳли оилааш самимона ба Яҳува дуо мегӯяд.
f ШАРҲИ РАСМ: Писарчае ба ҷойи ёрӣ додан ба корҳои хона ё дарстайёркунӣ соатҳои дароз бо бозиҳои электронӣ машғул шудааст. Модараш ҳарчанд хаста аст, ба қаҳр наомада бо суханони мулоим ӯро ислоҳ мекунад.