МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37
«Ман тамоми халқҳоро ба ларза меорам»
«Ман тамоми халқҳоро ба ларза меорам ва ганҷҳои ҳамаи халқҳо ба ин хона меоянд» (ҲАҶ. 2:7).
СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!
ПЕШГУФТОРa
1, 2. Кадом намуди ларзишро дар бораи рӯзҳои мо пайғамбар Ҳаҷҷай пешгӯйӣ карда буд?
«ДАР давоми якчанд дақиқа мағозаҳо ва ҳамаи биноҳои куҳна яку якбора ғалтидан гирифтанд». «Ҳама доду фарёд мекарданд... Бисёри одамон мегуфтанд, ки ларзиши он қариб ду дақиқа давом ёфт, лекин ба назари ман он тамомшавӣ надошт». Ин суханони баъзе касоне мебошанд, ки аз заминларзаи Непал дар соли 2015 наҷот ёфтанд. Агар бо шумо низ ҳамин хел фоҷиа рӯй медод, шумо мумкин онро якумр фаромӯш намекардед.
2 Вале айни замон мо дар дигар намуди ларзише қарор дорем, ки на танҳо дар як шаҳр ё давлат рӯй медиҳад, балки он солҳои зиёд тамоми халқҳоро ба ларза оварда истодааст. Ин воқеаро пайғамбар Ҳаҷҷай пешгӯйӣ карда буд. Ӯ навишта буд: «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Андаке пас ман боз як бори дигар осмону замин ва баҳру хушкиро ба ларза меорам”» (Ҳаҷ. 2:6).
3. Ларзише, ки Ҳаҷҷай пешгӯйӣ кард, аз кадом ҷиҳат аз заминларзаи аслӣ фарқ мекунад?
3 Ларзише, ки Ҳаҷҷай гуфта буд, заминҷунбие намебошад, ки танҳо харобӣ меорад, баръакс, дар натиҷаи он чизҳои хуб ба амал меояд. Худи Яҳува ба мо мегӯяд: «Ман тамоми халқҳоро ба ларза меорам ва ганҷҳои ҳамаи халқҳо ба ин хона меоянд ва ман онро аз ҷалол пур мекунам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо» (Ҳаҷ. 2:7). Ин пешгӯйӣ барои касоне, ки дар замони Ҳаҷҷай зиндагӣ мекарданд, чӣ маъно дошт? Он имрӯз барои мо чӣ маъно дорад? Ҳоло мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр имрӯз дар ларзондани халқҳо иштирок карда метавонем.
ХАБАРИ РӮҲБАЛАНДКУНАНДА ДАР РӮЗҲОИ ҲАҶҶАЙ
4. Чаро Яҳува ба назди халқаш пайғамбар Ҳаҷҷайро фиристод?
4 Яҳува ба пайғамбар Ҳаҷҷай супориши муҳим дод. Биёед фикр кунем, ки пеш аз ин чӣ рӯй дода буд. Эҳтимол, соли 537-уми то милод Ҳаҷҷай дар байни шахсоне буд, ки аз асирии Бобил ба Ерусалим баргаштанд. Вақте ки онҳо ба Ерусалим расиданд, он ибодаткунандагони содиқ дарҳол ба сохтмони хонаи Яҳува ё ибодатгоҳ сар карданд (Эзро 3:8, 10). Вале баъдтар вазъият ранги дигар гирифт. Онҳо кори сохтмонро хобонданд, чунки халқҳои гирду атроф ба онҳо муқобилат нишон медоданд (Эзро 4:4; Ҳаҷ. 1:1, 2). Барои ҳамин соли 520-уми то милод Яҳува ба Ҳаҷҷай супориш дод, ки ғайрати исроилиёнро аз нав зиёд кунад, то ки онҳо сохтмони ибодатгоҳро ба анҷом расонандb (Эзро 6:14, 15).
5. Чаро хабари Ҳаҷҷай ба халқи Худо дилпурӣ бахшида метавонист?
5 Мақсади хабари Ҳаҷҷай дар он буд, ки имони яҳудиёнро ба Яҳува мустаҳкам кунад. Ҳаҷҷай далерона ба яҳудиёни рӯҳафтода чунин гуфт: «Устувор бошед, эй мардуми ин сарзамин,— мегӯяд Яҳува,— ва кор кунед. Зеро ман бо шумоям,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо» (Ҳаҷ. 2:4). Шубҳае нест, ки ибораи «Яҳува, Худои лашкарҳо» ба онҳо дилпурӣ бахшид. Дар ихтиёри Яҳува лашкари бешумори фариштагон аст. Аз ин рӯ яҳудиён бояд барои комёб шудан ба ӯ такя мекарданд.
6. Пешгӯйии Ҳаҷҷай дар бораи ба ларза овардан чӣ натиҷа овард?
6 Яҳува Ҳаҷҷайро фиристод, то ӯ ба яҳудиён гӯяд, ки Худо ҳама халқҳоро ба маънои рамзӣ меларзонад. Ин рӯъё коргарони дилшикастаро, ки кори сохтмонро хобонда буданд, рӯҳбаланд кард. Он нишон медод, ки Яҳува империяи онвақтаи Форсро ба ларза меорад. Натиҷаи он чӣ мешавад? Якум, халқи Худо сохтмони ибодатгоҳро ба охир мерасонад. Баъд, ҳатто ғайрияҳудиён дар ибодатгоҳи барқароршуда бо онҳо Яҳуваро ибодат мекунанд. Ин хабари хуш барои халқи Худо хеле рӯҳбаландкунанда буд (Зак. 8:9).
КОРЕ, КИ ИМРӮЗ ТАМОМИ ЗАМИНРО БА ЛАРЗА МЕОРАД
7. Мо имрӯз дар кадом кори ба ларза оваранда иштирок дорем? Фаҳмонед.
7 Пешгӯйии Ҳаҷҷай имрӯз барои мо чӣ маъно дорад? Бори дуюм Яҳува халқҳоро ба ларза оварда истодааст, ва мо низ дар он иштирок дорем. Далели зеринро дида мебароем: Дар соли 1914 Яҳува Исои Масеҳро чун Шоҳи Подшоҳии осмониаш таъйин намуд (Заб. 2:6). Вақте ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро сар кард, ин барои роҳбарони ҷаҳон хабари бад буд. Ин маънои онро дошт, ки «даврони халқҳо», яъне замони муайяне, ки ягон намояндаи Яҳува подшоҳӣ намекунад, ба охир расид (Луқ. 21:24). Инро фаҳмида, махсусан аз соли 1919 инҷониб, халқи Яҳува ба ҳама мегӯяд, ки ягона умед барои одамизод, ин Подшоҳии Худо мебошад. Эълон кардани ин «хушхабари Подшоҳии Худо» тамоми ҷаҳонро ба ларза овард (Мат. 24:14).
8. Мувофиқи Забур 2:1–3 бисёри халқҳо ба ин хабар чӣ гуна муносибат мекунанд?
8 Одамон ба ин хабар чӣ гуна муносибат мекунанд? Бисёриҳо онро қабул намекунанд. (Забур 2:1–3-ро хонед.) Халқҳо ба қаҳр меоянд. Онҳо бар зидди Ҳокими таъйинкардаи Худо мебароянд. Онҳо ба хабаре, ки мо дар бораи Подшоҳӣ гап мезанем, чун ба «хушхабар» наменигаранд. Дар асл, баъзе ҳукуматдорон ҳатто кори мавъизаро манъ карданд. Ҳарчанд бисёр ҳокимони халқҳо даъво мекунанд, ки ба Худо хизмат мекунанд, онҳо намехоҳанд, ки қудрати худро аз даст диҳанд. Барои ҳамин мисли рӯзҳои Исо ҳоло низ ҳукуматдорон бар зидди пайравони содиқи Шахсе мебароянд, ки Яҳува таъйин кардааст (Кор. 4:25–28).
9. Ҳарчанд халқҳо хушхабарро гӯш намекунанд, Яҳува барои кадом кор ба онҳо вақт додааст?
9 Яҳува ба ин зиддияти халқҳо чӣ гуна назар мекунад? Дар Забур 2:10–12 чунин навишта шудааст: «Пас, эй подшоҳон, ақлу хирадро ба кор баред ва, эй доварони замин, бохабар бошед. Бо шодию ҳаяҷон ва тарс Яҳуваро парастиш кунед. Писарро иззат кунед, то Худо ба хашм наояд ва шумо аз роҳи ростӣ нобуд нашавед, зеро ғазаби Худо зуд аланга мегирад. Ҳар кӣ ба ӯ паноҳ мебарад, хушбахт аст». Яҳуваи меҳрубон ба онҳо вақт медиҳад, ки қарори дуруст қабул кунанд. Онҳо то ҳол имкон доранд, ки дигар шаванд ва Подшоҳии Яҳуваро қабул кунанд, лекин вақт тамоман кам мондааст. Чунки мо «дар рӯзҳои охир»-и ин замона зиндагӣ дорем (2 Тим. 3:1; Иш. 61:2). Ҳозир барои одамон маҳз вақти фаҳмидани ҳақиқат ва интихоб кардани хизмати Яҳува мебошад.
БАЪЗЕҲО БА ЛАРЗИШ МУНОСИБАТИ ХУБ МЕКУНАНД
10. Дар Ҳаҷҷай 2:7–9 кадом натиҷаи хуби кори ларзиш тасвир ёфтааст?
10 Ларзише, ки Ҳаҷҷай пешгӯйӣ кард, ба баъзеҳо хуб таъсир мекунад. Ӯ гуфта буд, ки дар натиҷаи ларзиш «ганҷҳои ҳамаи халқҳо [одамони самимӣ] ба ин хона меоянд» ва Яҳуваро ибодат мекунандc. (Ҳаҷҷай 2:7–9-ро хонед.) Ғайр аз Ҳаҷҷай, Ишаъё ва Мико низ пешгӯйӣ карда буданд, ки «дар рӯзҳои охир» ин чиз рӯй медиҳад (Иш. 2:2–4; Мико 4:1, 2).
11. Вақте як бародар хабари Подшоҳиро шунид, чӣ кор кард?
11 Биёед дида бароем, ки ба Кен ном бародар, чил сол пеш, хабари ба ларза оваранда чӣ тавр таъсир кард. Ӯ ҳоло дар идораи марказӣ хизмат мекунад. Бародар Кен вақтеро, ки аввалин бор хабари Подшоҳиро шунида буд, нағз дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд: «Вақте аз Каломи Худо фаҳмидам, ки мо дар рӯзҳои охири ин замона зиндагӣ дорем, беҳад хурсанд шудам. Ман фаҳмидам, ки барои ба Яҳува маъқул шудан ва ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан бояд қисми ин ҷаҳони ноустувор набошам ва боғайратона ҳокимияти Яҳуваро тарафдорӣ намоям. Ман дуо гуфтам ва дарҳол ҳамин хел амал кардам. Ман дигар ин ҷаҳонро дастгирӣ намекардам ва дарҳол дар Подшоҳии Худо, ки абадӣ аст, паноҳ ҷустам».
12. Чӣ хел дар ин рӯзҳои охир ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳува аз ҷалоли ӯ пур шуда истодааст?
12 Аён аст, ки Яҳува халқашро баракат медиҳад. Дар давоми ин рӯзҳои охир мо мебинем, ки одамони зиёд ибодати Яҳуваро сар карда истодаанд. Соли 1914 ходимони Худо ҳамагӣ якчанд ҳазор буданд. Ҳоло бошад, беш аз ҳашт миллион нафар Худоро фаъолона ибодат мекунад. Боз ҳар сол миллионҳо одамон барои ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд ба мо ҳамроҳ мешаванд. Бо ин роҳ қисми заминии ибодатгоҳи рӯҳонии Яҳува, яъне сохтори ибодати пок, аз «ганҷҳои ҳамаи халқҳо» пур шуда истодааст. Ҳамчунин номи Яҳува ҷалол ёфта истодааст, чунки онҳо одами навро бар тан мекунанд (Эфс. 4:22–24).
13. Ба туфайли ин воқеаҳои аҷоиб боз кадом пешгӯйиҳо ба амал омаданд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
13 Ба туфайли ин воқеаҳои ҳайратовар дигар пешгӯйиҳо низ иҷро шуда истодаанд. Яке аз онҳоро дар китоби Ишаъё боби 60 ёфтан мумкин аст. Дар ояти 22-и ин боб чунин гуфта шудааст: «Он вақт камшумор ба ҳазорҳо табдил меёбад ва назарногир халқи пурзӯре мегардад. Ман, Яҳува, инро дар вақташ метезонам». Азбаски одамони бисёр ибодати Яҳуваро сар мекунанд, чизи аҷоибе рӯй дода истодааст. Ин «ганҷҳо» ё одамон бо худ қобилияту маҳорати гуногун оварданд, ки ба воситаи онҳо хушхабар «дар бораи Подшоҳии Худо» паҳн мешавад. Дар натиҷа, халқи Яҳува аз он маҳоратҳое, ки Ишаъё «шири халқҳо» номид, истифода мебарад (Иш. 60:5, 16). Бо ёрдами ин мардону занони азиз хушхабар дар бораи Подшоҳӣ ба 240 давлат паҳн карда шуд ва адабиёт ба зиёда аз 1000 забон нашр гардид.
ҲОЛО ВАҚТИ ҚАРОР ҚАБУЛ КАРДАН АСТ
14. Имрӯз одамон бояд кадом қарорро бароранд?
14 Дар ин вақти анҷом ба ларза овардани халқҳо одамонро водор месозад, ки қарор бароранд. Оё онҳо Подшоҳии Худоро тарафдорӣ мекунанд ё ба ҳокимиятҳои ин ҷаҳон умед мебанданд? Ин қарори муҳимро бояд ҳар як инсон барорад. Ҳарчанд халқи Худо ба қонунҳои давлате, ки дар он зиндагӣ мекунанд, гӯш медиҳанд, онҳо нисбати сиёсати ин ҷаҳон пурра бетарафиро нигоҳ медоранд (Рум. 13:1–7). Зеро онҳо медонанд, ки танҳо Подшоҳии Худо душвориҳои инсониятро ҳал карда метавонад. Ин Подшоҳӣ аз ин ҷаҳон нест (Юҳ. 18:36, 37).
15. Чӣ тавр китоби Ошкорсозӣ нишон медиҳад, ки халқи содиқи Худо озмуда мешавад?
15 Дар китоби Ошкорсозӣ озмуда шудани халқи содиқи Худо дар рӯзҳои охир тасвир шудааст. Ин озмоиш минбаъд низ сабаби зиддияту озорҳо мегардад. Роҳбарони ин ҷаҳон талаб мекунанд, ки онҳоро ибодат кунем ва касонеро, ки онҳоро дастгирӣ намекунанд, озор медиҳанд (Ошкор. 13:12, 15). Онҳо «ҳамаи одамон — хурду бузург, бою камбағал ва озоду ғуломро, маҷбур [мекунанд], ки ба дасти рост ё пешонияшон аломат гиранд» (Ошкор. 13:16). Дар замонҳои пеш ба ғуломон тамға мезаданд ва аз он маълум мешуд, ки соҳиби ин ғулом кист. Ба ин монанд, имрӯз низ одамон интизоранд, ки ҳар як кас ба дасту пешониаш аломати рамзиро гирад. Онҳо мехоҳанд, ки ҳар кас бо фикру амалаш нишон диҳад, ки ба сиёсати ин ҷаҳон тааллуқ дорад ва онро дастгирӣ мекунад.
16. Барои чӣ ҳозир содиқиамонро ба Яҳува мустаҳкам кардан хеле зарур аст?
16 Оё мо аломати рамзиро гирифта роҳбарони ин ҷаҳонро дастгирӣ мекунем? Касоне, ки гирифтани аломатро рад мекунанд, бо душворӣ ва хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Дар китоби Ошкорсозӣ фаҳмонда шудааст: «Ҳеҷ кас харидаву фурӯхта натавонад, ғайр аз касе, ки аломат... дорад» (Ошкор. 13:17). Вале халқи Худо медонад, ки Яҳува бо онҳое, ки аломати дар Ошкорсозӣ 14:9, 10 омадаро мегиранд, чӣ кор мекунад. Ба ҷойи қабул кардани ин аломат, онҳо гӯё дар дасташон чунин менависанд: «Аз они Яҳува ҳастам» (Иш. 44:5). Ҳозир вақти садоқатмандиамонро ба Яҳува мустаҳкам кардан аст. Агар устувор бошем, он гоҳ Яҳува хурсандона мегӯяд, ки мо ба ӯ тааллуқ дорем.
ЛАРЗИШИ ОХИРИН
17. Дар бобати сабри Яҳува мо бояд чиро дар хотир дорем?
17 Яҳува дар давоми ин рӯзҳои охир пурсабрии олиҷаноб нишон дода истодааст. Ӯ намехоҳад, ки касе нобуд шавад (2 Пет. 3:9). Яҳува ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки тавба кунад ва хизмати ӯро интихоб намояд. Вале ӯ якумр сабр намекунад. Оқибати онҳое, ки Подшоҳии Худоро рад мекунанд, мисли фиръавн мешавад, ки дар рӯзҳои Мӯсо зиндагӣ мекард. Яҳува ба фиръавн чунин гуфта буд: «Ман метавонистам барвақт дастамро дароз карда, ту ва халқатро бо касалии марговаре зарба занам ва он гоҳ ту аз рӯйи замин несту нобуд мешудӣ. Лекин, барои он ки қуввати худро ба ту нишон диҳам ва номам дар тамоми замин ҷалол ёбад, ман туро зинда нигоҳ доштам» (2 Мӯсо 9:15, 16). Дар натиҷа, тамоми халқҳо мефаҳманд, ки Яҳува ягона Худои ҳақиқӣ аст (Ҳиз. 38:23). Ин чӣ тавр рӯй медиҳад?
18. а) Дар Ҳаҷҷай 2:6, 20–22 дар бораи боз кадом ларзиш гап меравад? б) Мо аз куҷо медонем, ки суханони Ҳаҷҷай дар оянда иҷро мешаванд?
18 Асрҳо пас аз замони Ҳаҷҷай, Павлуси расул ба масеҳиёни ибрӣ навишт, ки суханони Ҳаҷҷай 2:6, 20–22 боз дар оянда иҷро мешаванд. (Оятҳоро хонед.) Павлус навишт: «Акнун бошад, ӯ чунин ваъда медиҳад: “Боз як бори дигар на танҳо замин, балки осмонро низ ба ларза меорам”. Суханони “боз як бори дигар” ба нест кардани чизҳое ишора мекунанд, ки ларзонда мешаванд, яъне ба он чизҳое, ки сохта шудаанд, то чизҳои ноҷунбон боқӣ монанд» (Ибр. 12:26, 27). Баръакси ларзише, ки дар Ҳаҷҷай 2:7 оварда шудааст, ин ларзиш барои касоне, ки ҳуқуқи ҳукмронӣ кардани Яҳуваро мисли фиръавн рад мекунанд, маънои нобудшавии абадиро дорад.
19. Чӣ ларзонда намешавад ва мо инро аз куҷо медонем?
19 Чӣ ларзонда намешавад ё ноҷунбон мемонад? Павлуси расул давом медиҳад: «Биёед чун шахсоне, ки Подшоҳии ноҷунбону устуворро соҳиб мегарданд, минбаъд низ лутфу марҳаматро ба даст орем, то ба Худо бо тарсу ларз, ҳамон тавре ки ба ӯ писанд аст, хизмат кунем» (Ибр. 12:28). Баъди он ки Яҳува замину осмонро ба «ларза» меорад, аз ин ҷаҳони нопок ному нишоне нахоҳад монд, вале Подшоҳии Худо ноҷунбон мемонад (Заб. 110:5, 6; Дон. 2:44).
20. Одамон бояд кадом қарорро бароранд ва мо чӣ тавр ба онҳо ёрӣ дода метавонем?
20 Фурсатро ғанимат донед! Одамон бояд интихоб кунанд: Оё онҳо минбаъд низ дастгирӣ кардани ин ҷаҳонро интихоб мекунанд, ки оқибаташ нестӣ аст? Ё хизмати Яҳуваро интихоб карда дар ҳаёташон дигаргунӣ медароранд, то соҳиби ҳаёти ҷовидона гарданд? (Ибр. 12:25). Вақте мо мавъиза мекунем ба одамон ёрдам мекунем, ки дар ин масъалаи муҳим қарор бароранд. Биёед бо ин роҳ ба бисёриҳо ёрдам кунем, ки Подшоҳии Худоро тарафдорӣ кунанд. Биёед суханони Ҳазрати Исоро доимо дар ёд дорем, ки чунин гуфта буд: «Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд. Пас аз ин анҷом фаро мерасад» (Мат. 24:14).
СУРУДИ 31 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!
a Дида баромадани ин мақола фаҳмиши моро дар бораи Ҳаҷҷай 2:7 дигар мекунад ва он мефаҳмонад, ки чӣ тавр мо дар кори ҳаяҷонбахше, ки тамоми халқҳо ба ларза оварда мешаванд, иштирок карда метавонем. Мо инчунин мефаҳмем, ки ба ин кор баъзеҳо муносибати хуб мекунанд, баъзеҳо бошанд, бад.
b Мо медонем, ки Ҳаҷҷай супориши Яҳуваро бомуваффақият иҷро намуд, чунки соли 515-уми то милод ибодатгоҳ пурра сохта шуд.
c Дар ин фаҳмиш дигаргунӣ дароварда шудааст. Пеш мо мегуфтем, ки одамони самимӣ на аз сабаби ба ларза овардани тамоми халқҳо хизмати Яҳуваро сар мекунанд. Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми майи с. 2006, ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» (рус.) нигаред.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳаҷҷай халқи Худоро даъват мекард, ки боғайратона ибодатгоҳро барқарор кунанд; халқи имрӯзаи Худо низ хабари ӯро боғайратона эълон мекунад. Ҷуфти ҳамсарон дар кори ба ларза оваранда иштирок карда хабари ларзиши охирро мерасонанд.