БОБИ 5
«Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем»
Устувории расулон барои ҳамаи масеҳиён намуна аст
Бар Корнома 5:12–6:7 асос ёфтааст
1–3. а) Чаро расулонро ба Шӯрои олӣ бурданд ва онҳо чӣ гуна интихоб доштанд? б) Чаро мо фаҳмидан мехоҳем, ки расулон чӣ гуфтанд?
ОТАШИ ғазаби доварони Шӯрои олӣ аланга гирифтааст. Дар пеши онҳо расулони Исо истодаанд. Саркоҳин Юсуфи Қаёфо, ки Шӯрои олиро сардорӣ мекард, бо хашм ба онҳо мегӯяд: «Магар ба шумо амр надода будем, ки дую дубора дар бораи ин ном таълим надиҳед?!» Қаёфои пур аз ғазаб ҳатто намехоҳад номи Исоро ба забон гирад. Ӯ суханашро давом медиҳад: «Шумо бошед, Ерусалимро аз таълими худ пур кардед ва мехоҳед хуни он мардро ба гардани мо бор кунед» (Кор. 5:28). Ба расулон рӯирост гуфта шуд, ки, агар паҳн кардани хушхабарро бас накунанд, аз худашон гила кунанд.
2 Акнун расулон чӣ кор мекунанд? Супориши мавъиза карданро ба онҳо Исо дода буд, ба Исо бошад, ҳуқуқи супоришдиҳиро Худо дода буд (Мат. 28:18–20). Оё расулон тарсида дар бораи хушхабар гап заданро бас мекунанд? Ё онҳо дар ақидаи худ устувор монда хабаррасониро давом медиҳанд? Онҳо ба сухани кӣ гӯш медиҳанд: Худо ё одамизод? Петрус бо боварии тамом ва ошкорову нотарсона аз номи ҳамаи расулон гап зад.
3 Ба мо, масеҳиёни ҳақиқӣ, фаҳмидан зарур аст, ки расулон ба таҳдиди Шӯрои олӣ чӣ ҷавоб доданд. Охир, амри паҳн кардани хушхабар ба мо ҳам дахл дорад. Мо ҳам, вақте ин супориши Худоро иҷро мекунем, бо озору азият рӯ ба рӯ шуда метавонем (Мат. 10:22). Онҳое, ки ба мо зидданд, аз пайи онанд, ки фаъолияти моро маҳдуд ё манъ кунанд. Дар ин гуна ҳолат мо чӣ кор мекунем? Биёед дар бораи рафтори онҳо дар пеши Шӯрои олӣa ва сабаби ба он ҷо бурда шуданашон фаҳмем.
«Фариштаи Яҳува дарҳои зиндонро кушод» (Корнома 5:12–21а)
4, 5. Чаро Қаёфо ва саддуқиён «аз рашку ҳасад пур» шуданд?
4 Дар хотир доред, вақте бори аввал ба Петрусу Юҳанно фармуданд, ки мавъиза карданро бас кунанд, онҳо чӣ ҷавоб доданд? Онҳо гуфтанд: «Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Кор. 4:20). Баъд аз мурофиаи Шӯрои олӣ Петрусу Юҳанно ҳамроҳи дигар расулон дар ибодатгоҳ паҳн кардани хушхабарро давом доданд. Расулон аломату муъҷизаҳои зиёде ба амал меоварданд, масалан, беморонро шифо медоданд ва аз одамон девҳоро меронданд. Онҳо ин корҳоро дар «роҳрави Сулаймон» ба амал меоварданд, дар роҳрави болопӯшидае, ки дар тарафи шарқии ибодатгоҳ буд. Он ҷо одатан яҳудиёни зиёде ҷамъ мешуданд. Аз афташ, одамон, ҳатто вақте ки сояи Петрус ба онҳо мерасид, сиҳат мешуданд. Бисёри онҳое, ки шифои ҷисмонӣ ёфтанд, ростиро қабул карда шифои рӯҳонӣ низ пайдо карданд. Дар натиҷа, «шумораи мардону заноне, ки ба Ҳазратамон Исо имон оварда, ба шогирдон ҳамроҳ мешуданд, боз ҳам бештар мегашт» (Кор. 5:12–15).
5 Қаёфо ва дигар саддуқиён «аз рашку ҳасад пур шуда бархестанд ва расулонро» ба зиндон партофтанд (Кор. 5:17, 18). Чаро саддуқиён ба хашм омаданд? Сабаб дар он буд, ки расулон дар бораи зинда шудани Исо таълим медоданд, саддуқиён бошанд, ба зиндашавӣ бовар надоштанд. Ғайр аз ин, расулон мегуфтанд, ки танҳо ба Исо имон оварда наҷот ёфтан мумкин аст. Саддуқиён бошанд, метарсиданд, ки, агар халқ Исоро пешвои худ хонад, ҳукумати Рум онҳоро ҷазо медиҳад (Юҳ. 11:48). Барои ҳамин саддуқиён даҳони расулонро бастанӣ буданд.
6. Кӣ имрӯз асосан сабабгори озори хизматгорони Яҳува мегардад ва чаро мо аз ин ҳайрон намешавем?
6 Дар рӯзҳои мо низ асосан роҳбарони дин сабабгори озору азияти хизматгорони Яҳува мегарданд. Онҳо аз мақому мартабаи худ суиистифода мекунанду бо мақсади боздоштани фаъолиятамон ҳукуматдорон ва воситаҳои ахбори оммаро кор меандозанд. Оё мо аз ин ба ҳайрат меоем? Не, албатта. Хабаре, ки мо мерасонем, кору рафтор ва таълими нодурусти динҳои дурӯғро фош мекунад. Ғайр аз ин, одамони самимие, ки ростии Каломро қабул мекунанд, аз таълимот ва урфу одатҳое, ки бар зидди Китоби Муқаддасанд, рӯ мегардонанд (Юҳ. 8:32). Барои ҳамин, агар хабари мо рашку ҳасад ва хашми роҳбарони динро орад, ҳайрон намешавем.
7, 8. Амри фаришта ба расулон чӣ хел таъсир кард ва мо бояд дар бораи кадом савол мулоҳиза кунем?
7 Вақте расулон дар ҳабсхона мурофиаи Шӯроро интизор буданд, шояд, фикр мекарданд, ки аз дасти мухолифонашон азоб кашида, ҷон медиҳанд (Мат. 24:9). Аммо он шаб воқеаи ғайричашмдоште рӯй дод — «фариштаи Яҳува дарҳои зиндонро кушод»b (Кор. 5:19). Сипас ин фаришта ба онҳо дастури аниқ дод: «Биравед ва дар ибодатгоҳ дар бораи ҳаёти оянда ба мардум гап занед» (Кор. 5:20). Бешубҳа, ин амр расулонро дилпур кард, ки кору рафторашон дуруст аст. Инчунин, шояд, суханони фаришта ба расулон қувват бахшид, ки минбаъд низ дар муқобили ҳар озмоиш устувор монанд. Расулон бо имони қавӣ ва далерона «субҳгоҳон ба ибодатгоҳ даромаданд ва таълим доданро сар карданд» (Кор. 5:21).
8 Биёед ҳар якамон аз худ пурсем: «Оё, вақте бо чунин вазъият рӯ ба рӯ мешавам, бо имон ва далерӣ кори мавъизаро давом медиҳам?» Мо дар ин мубориза танҳо нестем: фариштагон ёру мададгори ҳамаи касонеянд, ки дар бораи ростӣ ба одамон як ба як шаҳодат медиҳанд. Донистани ин ба мо хурсандиву далерӣ мебахшад (Кор. 28:23; Ошкор. 14:6, 7).
«Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем, на ба одамон» (Корнома 5:21б–33)
9–11. Вақте Шӯрои олӣ ба расулон мавъиза карданро манъ кард, онҳо чӣ ҷавоб доданд ва бо ин ба масеҳиёни ҳақиқӣ чӣ намуна гузоштанд?
9 Қаёфо ва дигар доварони Шӯрои олӣ ҷамъ шуданд, то кори расулонро яктарафа кунанд. Онҳо, бехабар аз он ки дар ҳабсхона чӣ рӯй додааст, навкаронро фиристоданд, то зиндониёнро ба наздашон оранд. Лаҳзае ҳайрати навкаронро тасаввур кунед: онҳо диданд, ки «дарҳои зиндон маҳкам баста шудаанд, посбонон ҳам дар даромади он истодаанд», лекин дар он ҷо ҳеҷ кас нест (Кор. 5:23). Дере нагузашта ба нозири ибодатгоҳ хабар расид, ки расулон боз бо коре машғуланд, ки аз пушти он ҳабс шуда буданд, яъне онҳо ба ибодатгоҳ баргашта, дар бораи Исо шоҳидӣ медиҳанд. Нозири ибодатгоҳ ва навкаронаш зуд ба ибодатгоҳ рафтанд ва маҳбусонро пеш-пеш карда назди Шӯрои олӣ бурданд.
10 Чи тавре ки дар аввали боб гуфта шуд, роҳбарони дин хашмгин шуда ба расулон гуфтанд, ки дар бораи хушхабар дигар даҳон накушоянд. Аммо расулон чӣ кор карданд? Петрус аз номи ҳама далерона чунин гуфт: «Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем, на ба одамон» (Кор. 5:29). Бо ин расулон ба ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ, ҳам дар замони гузашта ва ҳам ҳозира, намуна гузоштанд. Имрӯз низ ҳукуматдорон баъзан моро маҷбур мекунанд, ки хости Худоро ба ҷо наорем ё ягон амри ӯро поймол созем — дар чунин ҳол мо ба онҳо итоат намекунем. Масалан, вақте «ҳокимиятҳои боло» кори шаҳодатдиҳиро манъ мекунанд, мо аз вазифае, ки Худо ба мо додааст, яъне аз паҳн кардани хушхабар, даст намекашем (Рум. 13:1). Ҳамзамон мо эҳтиёткор мешавем ва барои як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат додан роҳҳои дигарро меҷӯем.
11 Расулон бо ҷавоби далеронаашон гӯё ба оташи ғазаби доварон ҳезум партофтанд. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки онҳо қарор карданд, ки расулонро кушанд (Кор. 5:33). Ба назар чунин мерасад, ки ин шоҳидони далеру боғайрат аз марги пуразоб ҷойи гурез надоштанд. Аммо кумак аз ҷое омад, ки интизораш набуданд.
«Онҳоро пароканда карда наметавонед» (Корнома 5:34–42)
12, 13. а) Ҷамлиил ба доварон чӣ маслиҳат дод ва онҳо чӣ кор карданд? б) Чӣ тавр имрӯз Яҳува халқашро ҳимоя мекунад ва, агар ӯ роҳ диҳад, ки ба хотири росткориамон азоб кашем, аз чӣ дилпур буда метавонем?
12 Ҷамлиил, ки «муаллими Шариат буд ва дар байни мардум обрӯю эътибори баланд дошт», ба сухан оғоз кардc. Ӯ дар ин масъала сардорӣ карда «фармон дод, ки расулонро ба муддате берун бароранд» (Кор. 5:34). Аз ин маълум мешавад, ки Ҷамлиил дар байни аҳли додгоҳ низ обрӯю эътибори зиёд дошт. Ӯ исёнгаронеро, ки баъд аз марги пешвоёнашон пароканда гардиданд, мисол овард. Сипас ба доварон гуфт, ки дар ҳалли масъалаи расулон, ки пешвояшон Исо чанде пеш кушта шуда буд, саросема нашаванд. Ҷамлиил суханонашро қувват дода гуфт: «Ба ин мардон кордор нашавед ва онҳоро ба ҳоли худ гузоред, зеро, агар ин нақша ё ин кор аз ҷониби одамон бошад, он барҳам мехӯрад, аммо, агар аз ҷониби Худо бошад, шумо онҳоро пароканда карда наметавонед. Боз ин тавр нашавад, ки зидди Худо бароед» (Кор. 5:38, 39). Доварон ба маслиҳати ӯ гӯш доданд, аммо пеш аз ин расулонро заданд ва амр фармуданд, ки дигар дар бораи номи Исо гап назананд (Кор. 5:40).
13 Дар рӯзҳои мо низ Яҳува метавонад дар дили одамони боэътибор ба мисли Ҷамлиил андозад, ки халқи ӯро ҳимоя намоянд (Пнм. 21:1). Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш метавонад ба шахсони соҳибқудрат, доварон ва қонунгузорон таъсир расонад, то онҳо хоҳиши ӯро ба ҷо оранд (Наҳемё 2:4–8). Лекин, агар Худо роҳ диҳад, ки ба хотири росткориамон азоб кашем, мо аз ду чиз дилпур буда метавонем (1 Пет. 3:14). Якум, ӯ ба мо қувват медиҳад, ки ҳамаи душвориҳоро паси сар кунем (1 Қӯр. 10:13). Дуюм, душманон ба Худо дар иҷрои нияташ халал расонда наметавонанд (Иш. 54:17).
14, 15. а) Расулон ба азобу уқубаташон чӣ тавр муносибат карданд ва чаро? б) Мисоле оред, ки чӣ тавр халқи Яҳува озору азиятро бо хурсандӣ паси сар мекунад.
14 Оё баъд аз ҷазо гирифтан ғайрати расулон суст шуд? Не, ба ҳеҷ ваҷҳ! Онҳо «аз Шӯрои олӣ хурсанд шуда баромаданд» (Кор. 5:41). Чаро онҳо хурсандӣ мекарданд? Албатта, расулон аз дарди зарбаҳо ҳаловат намебурданд. Сабаби хурсандияшон ин буд, ки онҳо ба хотири ба Яҳува вафодор будан ва Исоро пайравӣ карданашон озор диданд (Мат. 5:11, 12).
15 Мо низ мисли бародарони асри як, вақте ба хотири хушхабар озору азият мекашем, хурсандӣ ҳис мекунем (1 Пет. 4:12–14). Албатта, мо хурсанд нестем, ки моро метарсонанд, озору азият медиҳанд ё ҳабс мекунанд. Лекин, вақте ки ба Худо вафодор мемонем, диламон шод мегардад. Биёед мисоли Ҳенрик Дорникро, ки дар вақти ҳукуматдории фашистӣ бо зулму ситам рӯ ба рӯ шуда буд, дида бароем. Ӯ ба ёд меорад, ки чӣ тавр ҳукуматдорон августи соли 1944 ӯву бародарашро ба конслагер фиристоданд. Озордеҳонашон он вақт чунин гуфта буданд: «Онҳоро аз роҳашон гардондан номумкин аст. Онҳо аз дарду азоб ҳаловат мебаранд». Бародар Дорник мефаҳмонад: «Ман азоб кашидан намехостам, аммо хурсанд будам, ки аз вафодорӣ ба Яҳува ҳама душвориҳоро бо далерӣ ва сари баланд паси сар мекардам» (Яъқ. 1:2–4).
16. Аз чӣ маълум аст, ки расулон қарор карданд, ки як ба як ба одамон шаҳодат медиҳанд, ва чӣ тавр мо ба тарзи мавъизаи онҳо пайравӣ мекунем?
16 Расулон фурсатро аз даст надода хизматашонро далерона давом медоданд. Онҳо «ҳар рӯз дар ибодатгоҳ ва хона ба хона гашта, таълим медоданд ва хушхабарро дар бораи Исои Масеҳ эълон мекарданд»d (Кор. 5:42). Ин воизони боғайрат қарор карда буданд, ки ба одамон пурра, як ба як, шаҳодат диҳанд. Аҳамият диҳед, ки расулон, чуноне ки Исо дастур дода буд, хона ба хона гашта хушхабарро мерасонданд (Мат. 10:7, 11–14). Шубҳае нест, ки онҳо бо ин тарз хизмат карда тамоми Ерусалимро бо таълимоташон пур карда буданд. Имрӯз Шоҳидони Яҳуваро ҳамчун шахсоне мешиносанд, ки ба ин тарзи мавъизаи расулон пайравӣ мекунанд. Вақте мо дар минтақаамон гашта, ҳар як дарро тақ-тақ мекунем, ба ҳама одамон имкон медиҳем, ки хушхабарро шунаванд. Оё Яҳува хизмати хона ба хонаи моро баракат дода истодааст? Албатта! Дар ин рӯзҳои охир миллионҳо одамон хушхабари Подшоҳиро қабул карданд. Бисёри онҳо ҳақиқатро бори аввал вақте фаҳмиданд, ки Шоҳидони Яҳува дарашонро тақ-тақ карданд.
Барои «кори зарур» мардони ботаҷриба таъйин шуданд (Корнома 6:1–6)
17–19. Дар ҷамоати масеҳиён чӣ гуна хатар пайдо шуд ва расулон барои ҳалли ин масъала чӣ дастур доданд?
17 Дар ҷамоати навбунёд хатари ниҳоние ба вуҷуд омад. Чӣ гуна хатар? Бисёри шогирдони таъмидёфта ба Ерусалим аз дигар ҷойҳо омада буданд. Онҳо мехостанд, ки пеш аз баргаштан ба хона дониши бештар гиранд. Шогирдоне, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, бо ҷону дил молу мулкашонро хайрия менамуданд, то ҳамимононашон хӯрок ва дигар чизҳои зарурӣ дошта бошанд (Кор. 2:44–46; 4:34–37). Он вақт як масъалаи нозук ба миён омад. «Ҳангоми тақсими ризқи ҳаррӯза» маълум гашт, ки ба бевазанони юнонизабон беаҳамиятӣ карда мешавад (Кор. 6:1). Ба бевазанони ибронизабон бошад, беаҳамиятӣ намекарданд. Шояд, ин душворӣ аз пушти миллатпарастӣ сар зад ва барои ҷамоати навбунёд хеле хатарнок буд, зеро ягонагиро вайрон карда метавонист.
18 Расулон дар ҷамоате, ки рӯз ба рӯз калон мешуд, вазифаи ҳайати роҳбарикунандаро иҷро мекарданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки «таълими каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул» шудан аз рӯйи хирад нест (Кор. 6:2). Аз ин рӯ барои ҳалли масъала ба шогирдон дастур доданд, ки ҳафт марди «аз рӯҳ ва хирад пур»-ро интихоб намоянд, то расулон «онҳоро барои иҷро кардани ин кори зарур таъйин» кунанд (Кор. 6:3). Ин мардон бояд ботаҷрибаву уҳдабаро мебуданд, чунки, шояд, ба вазифаи онҳо на танҳо тақсимоти хӯрок, балки тақсими пул, харид ва ҳисобу китоб низ дохил мешуд. Ҳамаи мардони интихобшуда номҳои юнонӣ доштанд ва, тахмин кардан мантиқист, ки инро ба хотири бевазанони ранҷида карда буданд. Баъд аз дуову мулоҳиза расулон аз байни шахсоне, ки тавсия шуда буданд, ҳафт мардро барои иҷрои «кори зарур» таъйин намудандe.
19 Оё ин ҳафт марде, ки ризқи ҳаррӯзаро тақсим мекарданд, аз шаҳодатдиҳӣ озод буданд? Не, албатта! Дар байни ин мардон Истефанус ва Филиппус буданд, ки онҳоро чун воизони далеру боғайрат мешинохтанд (Кор. 6:8–10; 21:8). Аз ин маълум мегардад, ки ин ҳафт мард минбаъд низ хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо боғайратона паҳн мекарданд.
20. Чӣ тавр имрӯз халқи Яҳува ба намунаи расулон пайравӣ мекунад?
20 Имрӯз халқи Яҳува ба намунаи расулон пайравӣ мекунад. Мардоне, ки мехоҳанд ғамхории ҷамоатро ба дӯш гиранд, бояд аз рӯйи хиради илоҳӣ ва раҳнамоии рӯҳи муқаддас умр ба сар баранд. Бо дастуру нишондоди Ҳайати роҳбарикунанда мардоне, ки ба талаботи Навиштаҳо мувофиқанд, пир ё хизматгузори ҷамоат таъйин мешавандf (1 Тим. 3:1–9, 12, 13). Пас, гуфтан мумкин аст, ки онҳо бо рӯҳи муқаддаси Худо таъйин мегарданд. Ин мардон барои иҷрои «кори зарур» бисёр меҳнат мекунанд. Масалан, пирон чора меандешанд, ки бо аҳли ҷамоат ба бародару хоҳарони солхӯрдаю муҳтоҷ ёрӣ расонанд (Яъқ. 1:27). Баъзе пирон дар сохтмони ибодатгоҳҳо, дар ташкили анҷуманҳо ё дар Кумитаҳои кор бо беморхонаҳо хизмат мекунанд. Хизматгузорони ҷамоат бошанд, вазифаҳои бисёреро иҷро мекунанд, ки рӯирост бо чӯпонӣ ва таълими ҷамоат вобаста нестанд. Ҳамаи ин мардони ботаҷриба ҳам супориши мавъиза кардан ва ҳам дигар вазифаҳоеро, ки дар ҷамоат ва ташкилоти Яҳува доранд, ба ҷо меоранд (1 Қӯр. 9:16).
«Каломи Худо торафт паҳн мегашт» (Корнома 6:7)
21, 22. Аз чӣ маълум мегардад, ки Яҳува ҷамоати масеҳиёнро баракат медод?
21 Бо дастгирии Яҳува ҷамоати аввалини масеҳиён тавонист ҳам ба озору азияти душманон тоб орад ва ҳам душвориеро, ки дар даруни ҷамоат ба миён омад, рафъ созад. Аз суханони зерин маълум мегардад, ки Яҳува он ҷамоатро баракат медод: «Дар натиҷа каломи Худо торафт паҳн мегашт ва шумораи шогирдон дар Ерусалим бошаст зиёд мешуд, ҳатто бисёре аз коҳинон имон оварданд» (Кор. 6:7). Дар бораи пешрафту шукуфоии ҷамоат дар якчанд ҷойи дигари Корнома низ гуфта шудааст (Кор. 9:31; 12:24; 16:5; 19:20; 28:31). Имрӯз ҳам паёми Подшоҳӣ то гӯшаву канори дунё паҳн шуда истодааст. Вақте мо дар ин бора хабарҳои нав ба нав мегирем, бениҳоят хурсанду болидатабъ мегардем.
22 Дар асри як пешвоёни динии пурхашм бекор намешиштанд. Аз ин рӯ азобу азияти халқи Худо дар пеш буд. Аз боби навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ тавр Истефануси содиқ бо ҳамлаи бераҳмонаи душманон дучор шуд.
a Нигаред ба чорчӯбаи «Шӯрои олии яҳудиён».
b Дар Корнома калимаи «фаришта» бори аввал дар ҳамин оят (5:19) вомехӯрад. Аз ин пештар, дар Корнома 1:10, дар бораи «ду марди сафедпӯше» гуфта шудааст, ки фариштагон буданд. Ҳамагӣ дар ин китоб фариштаҳо тақрибан 20 маротиба зикр ёфтаанд.
c Нигаред ба чорчӯбаи «Ҷамлиил — шахси баобрӯ дар байни муаллимони Шариат».
d Нигаред ба чорчӯбаи «“Хона ба хона” эълон кардани хушхабар».
e Азбаски ин вазифаи ҷиддӣ буд, онҳое, ки иҷрои ин корро ба уҳда доштанд, бешубҳа, ба талабот барои пирон мувофиқат мекарданд. Аммо дар Навиштаҳо аниқ гуфта нашудааст, ки дар ҷамоати масеҳиён таъйин кардани пирон ва нозиронро кай сар карданд.
f Дар асри як мардони ботаҷрибае буданд, ки ба онҳо вазифаи таъйин намудани пирон дода шуда буд (Кор. 14:23; 1 Тим. 5:22; Тит. 1:5). Имрӯз Ҳайати роҳбарикунанда нозирони ноҳиявиро таъйин мекунад, нозирони ноҳиявӣ бошанд, пирон ва хизматгузорони ҷамоатро таъйин мекунанд.