Корнома
15 Дар ин миён баъзе касон аз Яҳудия омада, бародаронро чунин таълим медоданд: «Агар аз рӯйи қонуни Мӯсо хатна накунед,+ наҷот намеёбед». 2 Аммо, баъд аз он ки Павлусу Барнаббо бо онҳо баҳсу мунозираҳои зиёд карданд, қарор доданд, ки Павлус, Барнаббо ва баъзеи дигаронро барои ҳалли ин масъала назди расулону пирон ба Ерусалим бифиристанд.+
3 Баъд аз он ки аҳли ҷамоат онҳоро гусел кард, онҳо роҳи худро давом доданд ва ҳангоми аз Финиқияву Сомария гузаштан ба бародарони он ҷойҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён батафсил нақл карданд. Инро шунида ҳамаи онҳо беҳад шод гаштанд. 4 Вақте ба Ерусалим расиданд, аҳли ҷамоат ва расулону пирон он бародаронро гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд ва онҳо корҳои зиёдеро, ки Худо ба воситаашон ба амал оварда буд, нақл карданд. 5 Аммо баъзе шогирдоне, ки пештар аъзои мазҳаби фарисиён буданд, аз ҷой хеста, гуфтанд: «Ғайрияҳудиён бояд хатна шаванд ва ба онҳо бояд бифармоем, ки Тавроти* Мӯсоро риоя кунанд».+
6 Бинобар ин расулон ва пирон ҷамъ омаданд, то ин масъаларо дида бароянд. 7 Баъд аз гуфтушуниди дурудароз Петрус аз ҷой хеста, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон, шумо хуб медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо маро аз миёни шумо интихоб кард, то халқҳои дигар ба воситаи ман хушхабарро шунаванд ва имон оранд.+ 8 Худо, ки донандаи дилҳост,+ ба онҳо низ чун ба мо рӯҳи муқаддас+ ато карда шаҳодат дод, ки аз онҳо розӣ аст. 9 Худо байни мову онҳо ҳеҷ фарқе нагузоштааст,+ балки дили онҳоро бо имон пок кардааст.+ 10 Пас, чаро шумо ҳоло Худоро озмуда, ба гардани шогирдон юғеро* мегузоред,+ ки на бобоёнамон бардошта тавонистанду на мо?+ 11 Вале мо бовар дорем, ки ба воситаи лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо наҷот меёбем,+ ва шогирдони ғайрияҳудӣ низ ба ин бовар доранд».+
12 Инро шунида тамоми ҳозирон хомӯш гаштанд ва ба суханони Барнаббову Павлус дар бораи аломату муъҷизаҳои бисёре, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни халқҳои дигар ба амал оварда буд, гӯш доданд. 13 Ҳамин ки онҳо суханашонро ба охир расониданд, Яъқуб гуфт: «Эй бародарон, ба ман гӯш диҳед. 14 Шимъӯн*+ як ба як нақл кард, ки чӣ тавр Худо бори аввал ба халқҳои дигар назар кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ орад.+ 15 Навиштаҳои пайғамбарон низ инро тасдиқ мекунанд, чуноне ки гуфта шудааст: 16 “Пас аз ин баргашта, хаймаи* Довудро, ки ғалтидааст, мебардорам. Ман вайронаҳояшро аз нав бино мекунам ва онро обод менамоям, 17 то бақияи мардум якҷоя бо одамони ҳамаи халқҳо, одамоне, ки номи маро бар худ доранд, маро, Яҳуваро, бо ҷидду ҷаҳд биҷӯянд,— мегӯяд Яҳува, ки ин чизҳоро ба амал меорад,+ 18 чизҳоеро, ки аз қадим маълуманд”.+ 19 Бинобар ин фикри ман ин аст, ки барои ғайрияҳудиёне, ки ба Худо рӯ меоранд,+ душвориҳо ба миён наорем, 20 балки ба онҳо дастуроте нависем, ки аз он чӣ бо бутпарастӣ+ алоқаманд аст, аз зино*,+ аз гӯшти ҳайвони ҳароммурда ва аз хун+ парҳез намоянд. 21 Охир, аз замонҳои қадим инҷониб навиштаҳои Мӯсоро ҳар шанбе дар ибодатхонаҳо қироат карда, дар ҳар шаҳр эълон менамоянд».+
22 Он гоҳ расулон ва пирон ҳамроҳи аҳли ҷамоат қарор доданд, ки аз байнашон якчанд нафарро интихоб карда, бо Павлусу Барнаббо ба Антиохия фиристанд. Онҳо аз миёни бародарони пешқадам Сило+ ва Яҳудоро, ки ҳамчунин Барсаббо меномиданд, равона карданд 23 ва бо дасти онҳо номаи зеринро фиристоданд:
«Мо, бародарони шумо, расулон ва пирон, ба бародарони ғайрияҳудие, ки дар Антиохия,+ Сурия ва Қилиқия ҳастанд, салом мерасонем. 24 Мо шунидем, ки баъзе касон аз байнамон бо суханони худ барои шумо душворӣ ба миён оварданд+ ва хостанд имони шуморо барбод диҳанд, ҳол он ки мо ба онҳо ягон дастуроте надода будем. 25 Бинобар ин мо якдилона қарор додем, ки якчанд нафарро интихоб карда, ҳамроҳи азизони худ, Барнаббо ва Павлус, 26 ки ба хотири номи Ҳазратамон Исои Масеҳ ҷони худро дареғ намедоштанд, назди шумо равона кунем.+ 27 Мо ҳамчунин Яҳудо ва Силоро мефиристем, то онҳо низ суханони ин мактубро ба шумо расонанд.+ 28 Рӯҳи муқаддас+ ва мо қарор додем, ки ба гардани шумо боре нагузорем, ғайр аз ин амрҳои зарурӣ: 29 аз қурбониҳо ба бутҳо,+ аз хун,+ аз гӯшти ҳайвони ҳароммурда+ ва аз зино*+ парҳез кунед. Агар аз ин чизҳо канорагирӣ намоед, комёб мешавед. Саломат бошед!»
30 Вақте ки ин шогирдонро ҷавоб доданд, онҳо ба Антиохия омаданд ва ҳамаи бародаронро ҷамъ карда, номаро ба онҳо супориданд. 31 Бародарон номаро хонда, аз суханони қувватбахши он хурсанд шуданд. 32 Яҳудо ва Сило, ки ҳамчунин пайғамбар буданд, бародаронро бо суханрониҳои зиёд рӯҳбаланд карда, қувват бахшиданд.+ 33 Пас аз он ки якчанд вақт дар он ҷо монданд, бо онҳо хайрухуш карда, назди бародароне, ки онҳоро фиристода буданд, баргаштанд. 34 *—— 35 Аммо Павлус ва Барнаббо дар Антиохия монда, таълим медоданд ва ҳамроҳи бародарони зиёд хушхабари каломи Яҳуваро эълон мекарданд.
36 Чанд рӯз пас Павлус ба Барнаббо гуфт: «Биё акнун* баргардем ва аз ҳоли бародароне, ки ба шаҳрҳои онҳо рафта, каломи Яҳуваро расонда будем, хабар гирем».+ 37 Барнаббо қарор кард, ки Юҳанноро, ки Марқус меномиданд, ҳамроҳ гиранд.+ 38 Лекин Павлус бо ин розӣ набуд, зеро Марқус онҳоро дар Памфилия тарк карда, дар иҷрои супориш онҳоро ҳамроҳӣ накарда буд.+ 39 Баҳси Павлусу Барнаббо чунон тезутунд шуд, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд. Барнаббо+ Марқусро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Кипр рафт. 40 Павлус бошад, Силоро интихоб кард ва, пас аз он ки бародарон ӯро ба ихтиёри лутфу марҳамати Яҳува супурданд, ба роҳ баромад.+ 41 Ӯ аз Сурия ва Қилиқия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мегардонд.