Оё мегузоред, ки шуморо рӯҳи Худо ҳидоят кунад?
«Бигзор рӯҳи неки Ту маро ба замини ҳамвор ҳидоят намояд» (ЗАБ. 142:10).
1, 2. а) Ҳам аз гузашта ва ҳам аз замони ҳозира мисолҳо оред, ки чӣ тавр Яҳува рӯҳулқудсашро барои манфиати хизматгоронаш истифода бурдааст. б) Оё рӯҳулқудс танҳо дар вазъиятҳои махсус амал мекунад? Фаҳмонед.
ВАҚТЕ КИ шумо дар бораи амали рӯҳулқудс фикр мекунед, чӣ ба хотиратон меояд? Оё шумо корҳои бузурги Ҷидъӯн ва Шимшӯнро тасаввур мекунед? (Дов. 6:33, 34; 15:14, 15). Шояд шумо дар бораи далерии масеҳиёни асри як ё оромие, ки Истефанус дар пеши шӯрои пирон зоҳир кард, фикр кунед (Аъм. 4:31; 6:15). Имрӯз, дар бораи хурсандии фаровони анҷуманҳои байналхалқии мо, беайбии бародароне, ки барои мавқеи бетарафии худ дар ҳабсхонаҳо нишастаанд ва дар бораи пешравии бузурги кори мавъиза чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳамаи ин мисолҳо натиҷаи амали рӯҳулқудс мебошанд.
2 Оё рӯҳулқудс танҳо дар мавридҳои махсус ва вазъиятҳои ғайриоддӣ амал мекунад? Не. Каломи Худо ба масеҳиён мегӯяд, ки «бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед», «роҳнамоятон Рӯҳ бошад» ва «бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ» кунед (Ғал. 5:16, 18, 25). Ин ибораҳо нишон медиҳанд, ки рӯҳулқудс метавонад ба ҳаёти мо доимо таъсир расонад. Ҳар рӯз мо бояд аз Яҳува илтимос кунем, ки бо воситаи рӯҳулқудсаш ба фикрронӣ, гуфтор ва рафтори мо роҳбарӣ кунад. (Забур 142:10–ро бихонед.) Агар мо гузорем, ки рӯҳулқудс озодона дар ҳаёти мо амал кунад, он дар мо самареро ба вуҷуд хоҳад овард, ки ба дигарон тароват мебахшад ва Худоро ҷалол медиҳад.
3. а) Чаро мо ниёз дорем, ки рӯҳулқудс моро ҳидоят кунад? б) Кадом саволҳоро мо муҳокима мекунем?
3 Чаро муҳим аст, ки моро рӯҳулқудс ҳидоят кунад? Зеро қувваи дигари пурзӯре мехоҳад моро идора кунад ва он ба амали рӯҳулқудс муқобилат мекунад. Ин қувваест, ки дар Навиштаҳо «ҷисм» номида шудааст ва зери он майлу ҳавасҳои нафсонии мо, қонуни гуноҳе, ки мо чун насли Одам мерос гирифтаем, дар назар дошта шудааст. (Ғалотиён 5:17–ро бихонед.) Мо бояд гузорем, ки рӯҳи Худо моро ҳидоят кунад. Ин чиро дар бар мегирад? Бо гузоштани кадом қадамҳои амалӣ мо метавонем ба майлу хоҳишҳои ҷисми гунаҳкор муқобилият кунем? Биёед ин саволҳоро ҳангоми дида баромадани шаш хусусияти боқимондаи «самари Рӯҳ» муҳокима кунем. Инҳо пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат [некӯӣ, ТДН], имон, фурӯтанӣ [ҳалимӣ, ТДН], парҳезгорӣ [худдорӣ, ТДН] мебошанд (Ғал. 5:22, 23).
Ҳалимӣ ва пурсабрӣ ба сулҳу осоиштагии ҷамъомад мусоидат мекунанд
4. Чӣ тавр пурсабрӣ ва ҳалимӣ ба осоиштагии ҷамъомад мусоидат мекунад?
4 Қӯлассиён 3:12, 13–ро бихонед. Ҳалимӣ ва пурсабрӣ якҷоя амал карда дар ҷамъомад сулҳу осоиштагиро зиёд мегардонанд. Ҳар дуи ин хусусиятҳои самари рӯҳ ба мо кӯмак мекунанд, ки бо дигарон хушмуомила бошем, ҳангоми асабӣ шудан оромиро нигоҳ дорем ва вақте ки касе бо гуфтор ё рафтори худ моро меранҷонад, қасос нагирем. Агар байни мову ҳамимонамон ҳамдигарнофаҳмие ба миён ояд, пурсабрӣ ё пуртоқатӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз он бародар ё хоҳар дилхунук нашавем ва дӯстиро аз нав барқарор намоем. Оё ба аъзоёни ҷамъомад дар ҳақиқат лозим аст, ки ҳалим ва пурсабр бошанд? Бале, чунки ҳамаи мо нокомилем.
5. Байни Павлусу Барнаббо чӣ рӯй дод ва ин воқеа чиро нишон медиҳад?
5 Биёед дида бароем, ки байни Павлусу Барнаббо чӣ рӯй дода буд. Онҳо барои паҳншавии хушхабар солҳои дароз паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар меҳнат мекарданд. Ҳар яки онҳо хислатҳои хуб доштанд. Вале боре дар байни онҳо «низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд» (Аъм. 15:36–39). Ин воқеа нишон медиҳад, ки баъзан ҳатто байни ходимони содиқи Худо нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Агар байни масеҳӣ ва ҳамимонаш якдигарнофаҳмие ба миён ояд, ӯ чӣ кор карда метавонад, то нофаҳмии онҳо ба ҷанҷол табдил наёбад ва муносибати онҳо ба муддати дароз вайрон нашавад?
6, 7. а) Кадом маслиҳатҳои Навиштаҳоро ба кор бурда метавонем, то сӯҳбат бо ҳамимон ба баҳс табдил наёбад? б) «Дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста» будан чӣ фоида меорад?
6 Дар Тарҷумаи Дунёи Нав омадааст, ки якдигарнофаҳмии Павлусу Барнаббо якбора оташи ғазабро ба вуҷуд овард. Аз ин маълум мешавад, ки низоъ байни онҳо ногаҳонӣ ва сахт буд. Агар масеҳӣ ҳис кунад, ки ҳангоми бо ҳамимонаш муҳокима кардани ин ё он масъала ба ғазаб омада истодааст, оқилона мебуд, ки ба маслиҳати Яъқуб 1:19, 20 гӯш диҳад: «Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад; зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад». Масалан, ӯ метавонад вобаста аз вазъият мавзӯъро дигар кунад, муҳокимаро ба вақти дигар гузорад ё пеш аз сӯҳбат ба баҳс табдил ёфтанаш аз он ҷо эҳтиромона равад (Мас. 12:16; 17:14; 29:11).
7 Ба кор бурдани ин маслиҳат чӣ фоида меорад? Вақте ки масеҳӣ ором мешавад, дар бораи он масъала дуо мегӯяд ва чӣ тавр хубтар ҷавоб доданро фикр мекунад, ӯ мегузорад, ки рӯҳи Худо ӯро ҳидоят кунад (Мас. 15:1, 28). Зери таъсири рӯҳулқудс ӯ метавонад ҳалимӣ ва пурсабрӣ зоҳир намояд. Ва ин ба вай ёрӣ мерасонад, ки ба маслиҳати Эфсӯсиён 4:26, 29 гӯш диҳад: «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед... Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад». Дар ҳақиқат, вақте ки мо ҳалимӣ ва пурсабриро дар бар мекунем, мо ба осоиштагиву ягонагии ҷамъомад мусоидат менамоем.
Бо меҳрубонӣ ва некӯӣ ба оилаатон тароват бахшед
8, 9. Меҳрубонӣ ва некӯӣ чист ва онҳо ба муҳити хона чӣ тавр таъсир мекунанд?
8 Эфсӯсиён 4:31, 32; 5:8, 9–ро бихонед. Чӣ тавре ки шамоли форам ва нӯшокии хунук дар ҳавои гарм ба кас тароват мебахшанд, меҳрубонӣ ва некӯӣ хусусиятҳои тароватбахшанд. Дар оила онҳо ба фазои дӯстона мусоидат мекунанд. Меҳрубонӣ хусусияти зебоест, ки аз таваҷҷӯҳи самимӣ ба дигарон сарчашма мегирад ва дар рафтору гуфтори нек зоҳир мегардад. Некӯӣ мисли меҳрубонӣ хусусияти хуб аст ва дар корҳое, ки ба манфиати дигарон карда мешаванд, зоҳир мегардад. Он бо саховатмандӣ алоқаи зич дорад (Аъм. 9:36, 39; 16:14, 15). Лекин некӯӣ боз чизи бештарро дар бар мегирад.
9 Некӯӣ бо доштани ахлоқи баланд алоқаманд аст. Он на танҳо чӣ кор кардани мо, балки муҳимтар аз он, чӣ гуна шахс будани моро дар бар мегирад. Масалан, зане ки барои оилааш харбуза реза мекунад, мехоҳад боварӣ ҳосил кунад, ки он беайб аст ва пурра ҳам аз берун ва ҳам аз дарун пухтагӣ аст. Ба ҳамин монанд, некӯие, ки рӯҳулқудс ба вуҷуд меорад, дар тамоми ҷонибҳои ҳаёти масеҳӣ паҳн меёбад.
10. Чӣ ба аъзоёни оила кӯмак карда метавонад, ки дар худ самари рӯҳро инкишоф диҳанд?
10 Дар хонаводаи масеҳӣ чӣ ба аъзоёни оила кӯмак мекунад, ки бо ҳамдигар бо меҳрубонӣ ва некӯӣ муносибат кунанд? Дониши аниқи Каломи Худо дар ин нақши муҳим мебозад (Қӯл. 3:9, 10). Баъзе сарварони оила ба шоми ибодати ҳарҳафтаинаи оилавӣ омӯзиши самари рӯҳро дохил мекунанд. Чунин муҳокимаро ташкил кардан кори душвор нест. Адабиётҳои ба забони шумо дастрасро истифода бурда, мавзӯъҳоеро интихоб кунед, ки дар онҳо ҳар як хусусияти самари рӯҳ муҳокима карда мешаванд. Шумо метавонед ҳар ҳафта ҳамагӣ якчанд сархатро дида баромада барои омӯхтани ҳар як хусусият якчанд ҳафтаро сарф кунед. Ҳангоми омӯзиши мавзӯъ оятҳои овардашударо хонда муҳокима кунед. Имконият ҷӯед, то чизҳои омӯхтаатонро ба кор баред ва дуо гӯед, ки Яҳува кӯшишҳои шуморо баракат диҳад (1 Тим. 4:15; 1 Юҳ. 5:14, 15). Оё чунин омӯзиш дар ҳақиқат метавонад муносибати аъзоёни оиларо ба якдигар тағйир диҳад?
11, 12. Чӣ тавр ду ҷуфти масеҳӣ аз омӯхтани мавзӯи меҳрубонӣ манфиат гирифтанд?
11 Як ҷуфти ҳамсарон, ки издивоҷи худро бомуваффақият кардан мехостанд, қарор карданд, ки хусусиятҳои самари рӯҳро чуқуртар омӯзанд. Ин ба онҳо чӣ гуна манфиат овард? Зан мегӯяд: «Дарк кардани он ки меҳрубонӣ ҳам вафодорӣ ва ҳам садоқатро дар бар мегирад, ба муносибати байни мо то ҳол таъсир мекунад. Мо ёд гирифтем, ки нисбати якдигар сахтгир набошем ва ҳамчунин хатоҳои ҳамдигарро бахшем. Ва боз мо “раҳмат” ва дар мавриди лозима “мебахшӣ” гуфтанро омӯхтем».
12 Ҷуфти дигари масеҳӣ, ки дар издивоҷ проблемаҳо доштанд, дарк карданд, ки дар муносибати онҳо меҳрубонӣ намерасад. Барои ҳамин онҳо мавзӯи меҳрубониро ҳамроҳ омӯхтанд. Ин чӣ натиҷа овард? Шавҳар мегӯяд: «Омӯхтани мавзӯи меҳрубонӣ ба мо кӯмак кард. Мо фаҳмидем, ки набояд якдигарро даррав айбдор кунем ва ба ҷои ба якдигар нисбат додани ниятҳои нодуруст хислатҳои некро аз якдигар ҷӯё шавем. Мо ба ниёзҳои ҳамдигар бештар аҳамият медодагӣ шудем. Меҳрубон будан ҳамчунин инро дар бар мегирифт, ки ман занамро ба озодона баён кардани фикру эҳсосоташ даъват кунам ва аз он чи ки ӯ гуфт, хафа нашавам. Ин маънои онро дошт, ки ман бояд ғурури худро як сӯ мегузоштам. Вақте ки мо дар амал меҳрубонӣ зоҳир мекардагӣ шудем, деворҳои рамзие, ки мо барои аз якдигар ҳимоя кардани худ сохта будем, оҳиста–оҳиста барҳам хӯрданд. Мо худро озодтар ҳис мекардагӣ шудем». Оё омӯхтани самари рӯҳ ба оилаи шумо низ кӯмак карда метавонад?
Ҳангоми танҳо будан имон зоҳир кунед
13. Аз кадом хатаре, ки ба рӯҳонияти мо таҳдид мекунад, мо бояд худро муҳофизат намоем?
13 Мо ниёз дорем, ки рӯҳи Худо моро ҳам дар назди дигарон ва ҳам ҳангоми танҳо буданамон ҳидоят кунад. Имрӯз дар ҷаҳони Шайтон тасвирҳои нафратангез ва вақтхушиҳои фасодкунанда паҳн шудааст. Ин ба рӯҳонияти мо хатарнок аст. Масеҳиён бояд чӣ кор кунанд? Каломи Худо маслиҳат медиҳад: «Ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад» (Яъқ. 1:21). Биёед бубинем, ки чӣ тавр имон, ки хусусияти дигари самари рӯҳ аст, ба мо кӯмак мекунад, ки покии худро назди Яҳува нигоҳ дорем.
14. Чӣ тавр норасоии имон метавонад ба рафтори нодуруст оварда расонад?
14 Имон доштан пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки Яҳува Худо барои мо шахси воқеӣ аст. Агар Худо барои инсон воқеӣ набошад, ӯро аз роҳи нодуруст ҳамагӣ як қадам нигоҳ медорад. Фикр кунед, ки дар замонҳои қадим байни халқи Худо чӣ рӯй дод. Яҳува ба Ҳизқиёл–пайғамбар ошкор кард, ки одамон дар танҳоӣ бо корҳои зишт машғул мешаванд. Ӯ гуфт: «Оё ту, эй писари одам, он чиро, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои бутпарастии худ мекунанд, дидӣ? Зеро ки мегӯянд: “Худованд моро намебинад, Худованд ин заминро тарк кардааст”» (Ҳиз. 8:12). Оё шумо аҳамият додед, ки яке аз сабабҳои ин проблема дар чӣ буд? Онҳо боварӣ надоштанд, ки Яҳува аз корҳои онҳо бохабар аст. Яҳува барои онҳо воқеӣ набуд.
15. Чӣ тавр имони қавӣ ба Яҳува моро муҳофизат мекунад?
15 Мисоли Юсуф баръакси ин аст. Ҳарчанд Юсуф аз оилаи худ ва халқаш дур буд, ӯ бо зани Фӯтифар зино карданро рад намуд. Чаро? Ӯ гуфт: «Чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?» (Ҳас. 39:7–9). Бале, Яҳува барои ӯ шахси воқеӣ буд. Агар Худо барои мо воқеӣ бошад, мо дар танҳоӣ бо вақтхушиҳои нопок ва ё дигар корҳои ба Худо номақбул машғул нахоҳем шуд. Мо мисли забурнавис рафтор хоҳем кард, ки месуруд: «Андаруни хонаи худ бо ростии дили худ рафтор хоҳам кард. Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт» (Заб. 100:2, 3).
Бо зоҳир кардани худдорӣ дили худро муҳофизат кунед
16, 17. а) Мувофиқи китоби Масалҳо чӣ тавр «ҷавони беақл» ба доми гуноҳ афтод? б) Ба расми саҳифаи 26 нигариста фаҳмонед, ки чӣ тавр имрӯз шахс, новобаста аз синну солаш, ба доми гуноҳ афтоданаш мумкин аст?
16 Худдорӣ, ки хусусияти охирини самари рӯҳулқудс аст, ба мо кӯмак мекунад, ки он чизеро ки Худо маҳкум мекунад, рад намоем. Он ба мо ёрӣ медиҳад, ки дили худро муҳофизат кунем (Мас. 4:23). Дар бораи воқеаи дар Масалҳо 7:6–23 навишташуда мулоҳиза ронед. Дар он тасвир шудааст, ки чӣ тавр «ҷавони беақле» ба макру фиреби зани фоҳиша дода мешавад. Ин чӣ тавр рӯй дод? Баъди он ки ҷавон «дар бозор назди гӯшаи вай мегузашт». Эҳтимол ӯ аз кунҷкобӣ дар он ҷой сайругашт кард. Ва худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ба зудӣ ба роҳи беақлонае афтод, ки «барои ҳалокати ҷони» ӯ буд.
17 Чӣ тавр ҷавон метавонист аз ин хатои ҳалокатовар канорагирӣ намояд? Агар вай ба огоҳии зерин гӯш мекард: «Дили худро ба роҳҳои вай [зани зинокор] моил накун» (Мас. 7:25). Ин барои мо дарс аст: агар мо хоҳем, ки рӯҳи Худо ба мо ҳидоят кунад, мо бояд аз чизҳои васвасаовар дурӣ ҷӯем. Чӣ метавонад шахсро мисли «ҷавони беақл» ба рафтори нодуруст тела диҳад?— Масалан, агар ӯ бо пулти телевизор бозӣ карда гоҳ як канал ва гоҳ канали дигарро мондан гирад, ё беҳуда дар Интернет сайругашт намояд. Дар ин вақт хоҳу нохоҳ чашми ӯ ба тасвирҳои шаҳватангез афтоданаш мумкин аст. Ӯ шояд оҳиста–оҳиста одати нопоки тамошои порнографияро пайдо кунад, ки он ба виҷдони поки ӯ ва муносибатҳои бо Яҳува доштааш таъсири ҳалокатовар мерасонад. Вай ҳатто метавонад ҳаёташро аз даст диҳад. (Румиён 8:5–8-ро бихонед.)
18. Масеҳӣ барои муҳофизат намудани дили худ кадом чораҳоро андешида метавонад ва чӣ тавр ин бо худдорӣ алоқаманд аст?
18 Албатта мо метавонем ва мо бояд худдорӣ зоҳир карда ҳангоми дидани тасвирҳои шаҳватангез фавран онҳоро аз пеши назари худ дур созем. Вале чӣ қадар беҳтар аст, агар мо умуман аз онҳо дурӣ ҷӯем! (Мас. 22:3). Бо он ки мо чораҳои эҳтиётӣ меандешему онҳоро риоя мекунем, мо худдорӣ зоҳир мекунем. Масалан, дар ҷои ба ҳама намоён гузоштани компютер барои мо чораи эҳтиётӣ буда метавонад. Баъзеҳо ба чунин хулоса омаданд, ки дар ҳузури дигарон компютерро истифода бурдан ё телевизорро тамошо кардан хубтар аст. Дигарон бошанд, қарор карданд, ки ба Интернет пайваст намешаванд. (Матто 5:27–30-ро бихонед.) Биёед ҳар гуна чораҳоеро, ки барои муҳофизати худамон ва оилаамон даркоранд, андешем, то тавонем Яҳуваро бо «дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё» ибодат кунем (1 Тим. 1:5).
19. Вақте мо мегузорем, ки рӯҳулқудс моро ҳидоят кунад, ин чӣ гуна баракатҳо меорад?
19 Самаре, ки рӯҳулқудс ба вуҷуд меорад бисёр манфиат меорад. Ҳалимӣ ва пурсабрӣ сулҳу осоиштагии ҷамъомадро зиёд мегардонанд. Меҳрубониву некӯӣ ба хушбахтии оила мусоидат мекунанд. Имон ва худдорӣ ёрӣ мерасонанд, ки мо бо Яҳува муносибатҳои наздикро нигоҳ дорем ва назди Ӯ пок бимонем. Беш аз ин, ояти Ғалотиён 6:8 моро эътимод мебахшад: «Касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид». Бале, агар мо гузорем, ки рӯҳулқудс моро ҳидоят кунад, Яҳува ба воситаи он дар асоси фидияи Масеҳ ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато хоҳад кард.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Чӣ тавр ҳалимӣ ва пурсабрӣ ба сулҳу осоиштагии ҷамъомад мусоидат мекунад?
• Чӣ ба масеҳиён кӯмак мекунад, ки дар оила меҳрубонӣ ва некӯӣ зоҳир кунанд?
• Чӣ тавр имон ва худдорӣ ба шахси масеҳӣ ёрӣ мерасонад, ки дилашро муҳофизат намояд?
[Сурат дар саҳифаи 24]
Шумо чӣ кор карда метавонед, то сӯҳбат ба баҳс табдил наёбад?
[Сурат дар саҳифаи 25]
Омӯзиши хусусиятҳои самари рӯҳ барои оилаи шумо фоиданок буда метавонад
[Сурат дар саҳифаи 26
Бо зоҳир намудани имон ва худдорӣ мо худро аз кадом хатарҳо муҳофизат мекунем?