1 Воқеанома
11 Чанд вақт пас ҳамаи исроилиён ба Ҳебрӯн,+ ба назди Довуд, ҷамъ омада, гуфтанд: «Худат медонӣ, ки мо гӯшту устухони туем.+ 2 Пеш, вақте Шоул подшоҳ буд, ту Исроилро ба ҷанг мебурдӣ+ ва Худоят Яҳува ба ту гуфта буд: “Ту халқам Исроилро чӯпонӣ мекунӣ ва пешвои халқам Исроил мешавӣ”».+ 3 Ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ, ба Ҳебрӯн, омаданд ва Довуд дар Ҳебрӯн, ба ҳузури Яҳува, бо онҳо аҳд баст. Он гоҳ онҳо Довудро тадҳин карданд*,+ то мувофиқи каломи Яҳува, ки ба воситаи Самуил гуфта буд, бар Исроил подшоҳ шавад.+
4 Чанде пас Довуд ва тамоми Исроил сӯйи Ерусалим, яъне Ябус,+ ки он ҷо ябусиён+ зиндагӣ мекарданд, баромад. 5 Сокинони Ябус Довудро паст зада гуфтанд: «Ту ҳаргиз ба ин ҷо намедароӣ!»+ Аммо Довуд қалъаи Сионро,+ ки ҳозир Шаҳри Довуд+ ном дорад, забт кард. 6 Довуд гуфт: «Ҳар касе ябусиёнро якум зарба занад, сардор ва мир мешавад». Он гоҳ Юоби+ писари Саруё якум баромада, биҷангид ва сардор шуд. 7 Сипас Довуд дар он қалъа сокин шуд, аз ин рӯ онро Шаҳри Довуд номиданд. 8 Довуд гирду атрофи шаҳрро, аз Хокрез* то атрофи он, обод кард ва Юоб қисми боқимондаи шаҳрро барқарор намуд. 9 Довуд торафт пурзӯр мешуд+ ва Яҳува, Худои лашкарҳо, бо ӯ буд.
10 Инҳоянд сардорони паҳлавонони Довуд, ки ҳамроҳи тамоми Исроил подшоҳияшро дастгирӣ мекарданд, то ӯро мувофиқи каломи Яҳува, ки дар бораи Исроил гуфта буд, подшоҳ кунанд.+ 11 Ин аст рӯйхати паҳлавонони Довуд: Ёшобъоми+ писари марди ҳакмӯнӣ, ки сардори се паҳлавон буд+ ва боре бо найзаи худ 300 нафарро кушт.+ 12 Баъд аз вай Элъозори+ писари Дӯдӯи аҳӯҳӣ+ буд ва ӯ яке аз он се паҳлавон буд. 13 Ӯ бо Довуд дар Фас-Дамим+ буд, ки фалиштиён он ҷо барои ҷангидан ҷамъ омада буданд. Дар он ҷо қитъаи пур аз ҷав буд ва мардум аз пеши фалиштиён гурехта буданд. 14 Вале Элъозор дар миёни киштзор истода, онро ҳимоя кард ва фалиштиёнро зарба зад. Он вақт Яҳува ғалабаи* бузурге бахшид.+
15 Се паҳлавоне, ки аз ҷумлаи 30 сардор буданд, сӯйи кӯҳ, ба ғори Адуллом,+ назди Довуд поён омаданд. Он вақт лашкари фалиштиён дар водии Рафоим+ урду зада буд. 16 Довуд дар паноҳгоҳ буд ва дастаи фалиштиён дар Байт-Лаҳм ҷойгир буд. 17 Ӯ орзу карда гуфт: «Кошки аз обанборе, ки дар назди дарвозаи Байт-Лаҳм+ аст, як қулт об менӯшидам!» 18 Он гоҳ ин се нафар ба урдугоҳи фалиштиён зада даромаданд ва аз обанбори назди дарвозаи Байт-Лаҳм об кашида, ба Довуд оварданд, лекин вай онро нанӯшида барои Яҳува ба замин рехт. 19 Ӯ гуфт: «Ҳаргиз ин корро ба худ раво намебинам, зеро ин ба Худо писанд намеояд! Наход ман хуни ин касонро, ки ҷонашонро дар хатар гузоштанд, бинӯшам?+ Охир, онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, об оварданд». Ҳамин тавр, ӯ он обро нанӯшид. Ин аст корнамоии он се паҳлавони Довуд.
20 Абишойи+ бародари Юоб+ сардори се паҳлавони дигар шуд, ӯ бо найзаи худ 300 нафарро кушта буд ва мисли он се паҳлавон номдор буд.+ 21 Ӯ аз ҷумлаи се паҳлавони дигар буда, дар байни онҳо обрӯйи зиёдтар дошт ва сардорашон буд, аммо ба мартабаи се паҳлавони якум нарасида буд.
22 Баноёи+ писари Еҳуёдоъ марди далер* буд ва дар Қабсаил+ корнамоиҳои зиёде кард. Ӯ ду писари Ариили мӯобиро зарба зада ҳалок кард ва дар рӯзи барф ба чоҳ фаромада, шерро кушт.+ 23 Ӯ ҳамчунин марди мисрии бузургҷуссаеро, ки қадаш+ панҷ газ* буд, кушта буд. Ҳарчанд он мисрӣ дар даст найзае дошт, ки мисли наварди бофандагӣ*+ буд, Баноё бо асо бар зидди ӯ баромада, найзаро аз дасти марди мисрӣ кашида гирифт ва ӯро бо найзаи худаш кушт.+ 24 Ин аст корнамоиҳои Баноёи писари Еҳуёдоъ, ки мисли он се паҳлавон номдор буд. 25 Ҳарчанд ӯ аз 30 паҳлавон обрӯйи зиёдтар дошт, ба мартабаи он се паҳлавон нарасида буд.+ Бо вуҷуди ин Довуд ӯро сардори посбонони худ таъйин кард.
26 Паҳлавонони лашкар инҳо буданд: Асоили+ бародари Юоб, Элҳонони писари Дӯдӯи байтлаҳмӣ,+ 27 Шаммӯти ҳарӯрӣ, Ҳоласи фалунӣ, 28 Ирои+ писари Иққиши тақӯогӣ, Абиозери+ анотӯтӣ, 29 Сибкои+ ҳушотӣ, Илайи аҳӯҳӣ, 30 Маҳарӯи+ натуфотӣ, Ҳилади+ писари Баанои натуфотӣ, 31 Итайи писари Рибой аз Ҷибъои бинёминиён,+ Баноёи фиръотӯнӣ, 32 Ҳурай аз водиҳои Ҷоаш,+ Абиили ароботӣ, 33 Азмавти баҳарумӣ, Элияҳбои шаалбӯнӣ, 34 писарони Ҳошими ҷизӯнӣ, Юнотони писари Шоҷии ҳарорӣ, 35 Аҳиоми писари Сокори ҳарорӣ, Элифали писари Ур, 36 Ҳефари макиротӣ, Аҳиёи фалунӣ, 37 Ҳасрои кармилӣ, Наарайи писари Эзбой, 38 Юили бародари Нотон, Мибҳори писари Ҳаҷрӣ, 39 Солақи аммӯнӣ, Наҳаройи бирӯтӣ, ки силоҳбардори Юоби писари Саруё буд, 40 Ирои итрӣ, Ҷориби итрӣ, 41 Уриёи+ ҳиттӣ, Зободи писари Аҳлой, 42 Адинои писари Шизои реубенӣ, ки сардори реубениён буд, бо 30 нафараш, 43 Ҳонони писари Маъко, Юшофоти митнӣ, 44 Уззиёи аштиротӣ, Шомоъ ва Яиил — писарони Ҳӯтоми арӯэрӣ, 45 Едиаили писари Шимрӣ ва бародараш Юҳои тисӣ, 46 Алиили маҳавимӣ, Ерибай ва Юшавё — писарони Элноам, Итмои мӯобӣ, 47 Алиил, Убайд ва Яъсиили масӯбоёӣ.