«Маро таълим деҳ, то ки иродаи туро ба ҷо оварам»
«Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам, зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ» (ЗАБ. 142:10).
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Кадом воқеаҳои ҳаёти Довуд нишон медиҳанд, ки ӯ оиди ин ё он масъала нуқтаи назари Яҳуваро донистан мехост?
Барои иродаи Яҳуваро дарк намудан ба Довуд чӣ кӯмак расонд?
Барои илтифоти Яҳуваро нигоҳ доштан, чӣ ба мо ёрӣ мерасонад?
1, 2. Ба назар гирифтани иродаи Худо ба мо чӣ манфиат меорад ва мо дар ин бобат аз ҳаёти шоҳ Довуд ба худ чӣ дарс гирифта метавонем?
ТАСАВВУР кунед, ки шумо дар кӯҳсор роҳ рафта истодаед ва пайроҳа ду тақсим мешавад. Барои ба мақсад расидан шумо кадом роҳро интихоб хоҳед кард? Агар шумо ба баландии кӯҳ бароед, он гоҳ мебинед, ки ҳар як роҳ ба куҷо мебарад. Ба монанди ин, агар мо ҳангоми қабули қарорҳои муҳим аз мавқеи баланди Офаридгор, яъне аз нуқтаи назари Ӯ нигоҳ кунем, ин ба мо имкон медиҳад, ки бо роҳи ба Ӯ писанд равона шавем (Иш. 30:21).
2 Шоҳи Исроили қадим, Довуд, бо он ки дар тӯли ҳаёташ қариб доимо иродаи Яҳуваро ба назар мегирифт, намунаи барҷаста гузошт. Вай шахсе буд, ки дилаш пурра бо Яҳува буд. Ин мақола ба мо кӯмак мекунад, то аз амали Довуд ҳангоми бо вазъиятҳои душвор дучор шуданаш барои худ дарс гирем (3 Подш. 11:4).
ДОВУД НОМИ ЯҲУВАРО ЭҲТИРОМ МЕКАРД
3, 4. а) Чӣ Довудро барангехт, ки бар зидди Ҷолёт ба ҷанг барояд? б) Муносибати Довуд ба номи Худо чӣ гуна буд?
3 Биёед воқеаеро, ки Довуд бар зидди паҳлавони фалиштӣ, Ҷолёт, баромада буд, дида бароем. Чӣ Довуди ҷавонро барангехт, ки бар зидди азимҷуссаи қариб семетра, ки аслиҳаи пурраи ҷангӣ дошт, ба ҷанг барояд? (1 Подш. 17:4). Далерии Довуд? Ё имони ӯ ба Худо? Ҳар дуи ин хусусиятҳо дар амали далеронаи Довуд нақши муҳим бозиданд. Вале сабаби асосии бар зидди азимҷуссаи бадҳайбат баромадани Довуд он буд, ки ӯ ба Яҳува ва номи бузурги Ӯ эҳтиром дошт. Довуд аз рафтори фалиштӣ ба ғазаб омада, гуфт: «Ин фалиштии номахтун кист, ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир намояд?» (1 Подш. 17:26).
4 Дар муқобили Ҷолёт истода, Довуди ҷавон гуфт: «Ту бо шамшер ва найза ва мизроқ бар ман меоӣ, валекин ман бо исми Худованди лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям» (1 Подш. 17:45). Ба Худои ҳақиқӣ таваккал карда, Довуд паҳлавони фалиштиро танҳо бо як санг кушт. На танҳо дар ин маврид, балки дар тӯли ҳаёти худ Довуд ба Яҳува таваккал мекард ва ба исми муқаддаси Ӯ эҳтироми зиёд зоҳир менамуд. Ҳамчунин Довуд ҳамватанонашро бармеангехт, ки бо исми муқаддаси Яҳува фахр намоянд. (1 Вақоеънома 16:8–10-ро бихонед.)
5. Чӣ тавр одамон имрӯз ба монанди Ҷолёт нисбати Яҳува беҳурматӣ зоҳир мекунанд?
5 Оё шумо аз он ки Яҳува Худои шумо мебошад, фахр мекунед? (Ирм. 9:24). Вақте ки ҳамсояҳо, ҳамкорон, ҳамсинфон ё хешу таборатон дар бораи Яҳува беҳурматона сухан мегӯянд ва Шоҳидонашро масхара мекунанд, шумо дар ҷавоб чӣ гуна муносибат мекунед? Вақте ки исми Худоро паст мезананд, оё шумо ба дастгирии Яҳува таваккал карда, тарафи Ӯро мегиред? Албатта, «вақте барои хомӯш мондан» низ ҳаст, аммо мо набояд аз Шоҳиди Яҳува ва пайрави Исо будан шарм дорем (Воиз 3:1, 7; Марқ. 8:38). Мо бояд бо онҳое ки ба мо муносибати нағз намекунанд, боэҳтиром ва хушмуомила бошем. Вале мо набояд ба исроилиёне, ки аз шунидани суханони таҳқиромези Ҷолёт «воҳима карда, бағоят ҳаросон шуданд», монанд шавем (1 Подш. 17:11). Баръакс, ба мо лозим аст, ки исми муқаддаси Яҳуваро боқатъият муҳофизат кунем. Хоҳиши мо ин аст, ки одамон чӣ гуна Худо будани Яҳуваро фаҳманд. Барои ҳамин, мо Каломи Ӯро истифода мебарем, то одамон дарк кунанд, ки то чӣ андоза ба Худо наздик шудан муҳим аст (Яъқ. 4:8).
6. Сабаби асосии бо Ҷолёт ҷангидани Довуд дар чӣ буд ва барои мо чӣ бояд аз ҳама муҳим бошад?
6 Аз саргузашти Довуд ва Ҷолёт мо барои худ боз як дарси муҳиме мегирем. Вақте Довуд ба назди майдони ҷанг давида омад, ӯ пурсид: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд?» Дар ҷавоб одамон суханони пештар гуфтаашонро такрор карданд: «Агар ягон кас варо [Ҷолётро] бикушад, подшоҳ ӯро бо сарвати бисёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод» (1 Подш. 17:25–27). Оё танҳо гирифтани мукофот Довудро ба ин кор барангехт? Не, барои ӯ чизи дигаре муҳимтар буд. Довуд мехост Худои ҳақиқиро ҷалол диҳад. (1 Подшоҳон 17:46, 47–ро бихонед.) Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо фақат дар бораи шӯҳрат додани номи худ фикр мекунем? Оё мақсади мо фақат ин аст, ки пули зиёд ба даст орем ва дар ҷаҳон шахси обрӯманд гардем? Бешубҳа, мо мехоҳем мисли Довуд бошем, ки чунин месароид: «Худовандро бо ман такбир гӯед; ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунем» (Заб. 33:4). Мо бояд ба Худо таваккал кунем ва ҷалол додани номи Яҳуваро аз обрӯю эътибори худ муҳимтар шуморем (Мат. 6:9).
7. Вақте ки одамон хушхабарро гӯш намекунанд, чӣ тавр мо имони мустаҳкамро инкишоф дода метавонем?
7 Барои далерона ба муқобили Ҷолёт баромадан ба Довуд лозим буд, ки пурра ба Яҳува боварӣ дошта бошад. Довуди ҷавон имони мустаҳкам дошт. Як тарзи имонашро қавӣ гардондани Довуд ин буд, ки ӯ ҳангоми чӯпон буданаш ба Худо таваккал мекард (1 Подш. 17:34–37). Ба мо низ лозим аст, ки имони худро мустаҳкам гардонем, то хизмат карданро давом диҳем, хусусан вақте ки одамон хушхабарро гӯш кардан намехоҳанд. Агар мо дар корҳои ҳаррӯза ба Яҳува таваккал кунем, мо чунин имонро инкишоф дода метавонем. Масалан, мо сӯҳбатро оиди Китоби Муқаддас дар нақлиёти ҷамъиятӣ, вақте ки одамон назди мо менишинанд, сар карда метавонем. Хуб мебуд, ки ҳангоми мавъизаи хона ба хона мо ҳамчунин бо одамони дар кӯча вомехӯрдагиамон сӯҳбат кунем (Аъм. 20:20, 21).
ДОВУД ЯҲУВАРО ИНТИЗОР МЕШУД
8, 9. Чӣ тавр Довуд нишон дод, ки дар муносибат бо Шоул иродаи Яҳуваро дар хотир дорад?
8 Мисоли дигаре, ки ба Яҳува таваккал кардани Довудро нишон медиҳад, ин муносибати ӯ бо подшоҳи аввалини Исроил, Шоул, мебошад. Се маротиба Шоули ҳасадхӯр Довудро бо найза куштан мехост, аммо Довуд ҳар дафъа худро аз пеши ӯ канор кашида, халос мехӯрд ва дар ҷавоб қасд намегирифт. Оқибат вай аз Шоул гурехт (1 Подш. 18:7–11; 19:10). Сипас Шоул аз байни исроилиён 3000 мардро интихоб карда, ба кӯҳистон ба ҷустуҷӯи Довуд рафт (1 Подш. 24:3). Рӯзе Шоул надониста ба мағорае даромад, ки Довуд ва одамонаш дар он ҷо пинҳон шуда буданд. Довуд метавонист ин имкониятро истифода бурда, шоҳро, ки қасди ҷони ӯро дошт, кушад. Бар замми ин Худо мехост, ки дар тахти подшоҳӣ ҷои Шоулро Довуд гирад (1 Подш. 16:1, 13). Дар ҳақиқат, агар Довуд ба ҳамроҳонаш гӯш медод, шоҳ бешубҳа кушта мешуд. Аммо Довуд гуфт: «Ҳошо ва калло аз ҷониби Худованд, ки ман чунин амале ба оғои худ, масеҳи Худованд, бикунам». (1 Подшоҳон 24:5–8-ро бихонед.) Шоул ҳанӯз масеҳ, яъне тадҳиншудаи Худо буд. Азбаски Яҳува то он дам Шоулро аз подшоҳӣ дур накарда буд, Довуд ӯро куштан нахост. Бо он ки Довуд танҳо домани ҷомаи Шоулро бурид, ӯ нишон дод, ки ба Шоул зарар расонданӣ набуд (1 Подш. 24:12).
9 Вақте ки Довуд охирин бор Шоулро дид, ӯ боз эҳтироми худро ба ин тадҳиншудаи Худо нишон дод. Дар он вақт, Довуд ва Абишой ба ӯрдуи Шоул омада, ӯро хобида диданд. Гарчанд Абишой гуфт, ки Худо ӯро ба дасти Довуд супурдааст ва пешниҳод кард, ки Шоулро бо найза зарба зада ба замин бидӯзад, лекин Довуд ба вай иҷозат надод, ки ин корро кунад (1 Подш. 26:8–11). Азбаски Довуд роҳбарии Худоро ҷӯё буд, ӯ ба суханони Абишой нигоҳ накарда, азми қавӣ дошт, ки мувофиқи иродаи Яҳува амал кунад.
10. Мо бо кадом вазъияти душвор дучор шуда метавонем ва барои устувор мондан чӣ ба мо кӯмак мерасонад?
10 Мо низ бо чунин вазъияти душвор дучор шуда метавонем. Масалан, вақте ки дигарон ба ҷои он ки моро дар иҷрои иродаи Яҳува дастгирӣ кунанд, мехоҳанд, ки мо аз рӯи ақидаи онҳо амал намоем. Мисли Абишой баъзеҳо шояд моро ҳатто барангезанд, ки дар ин ё он маврид оиди хости Худо мулоҳиза наронда, амал кунем. Аз ин рӯ, барои устувор мондан ба мо лозим аст, ки нуқтаи назари Яҳуваро оиди ин ё он масъала нағз дар хотир нигоҳ дорем ва ба таври қатъӣ қарор кунем, ки мувофиқи он чи ки Яҳува мехоҳад, амал намоем.
11. Мо аз он ки иродаи Худо барои Довуд хеле муҳим буд, чӣ меомӯзем?
11 Довуд дар дуо ба Яҳува гуфт: «Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам». (Забур 142:5, 8, 10–ро бихонед.) Довуд ба ақидаи худ ва дигарон такя намекард, балки мехост, ки аз Яҳува таълим гирад. Ӯ оиди ҳамаи корҳои Яҳува мулоҳиза меронд ва дар бораи амали дастҳои Худо фикру хаёл мекард. Агар мо Навиштаҳоро чуқур омӯзем ва оиди он ки Яҳува одамонро дар гузашта чӣ гуна роҳнамоӣ мекард, мулоҳиза ронем, он гоҳ иродаи Худоро фаҳмида метавонем.
ДОВУД ДАР ПАСИ ҚОНУН ПРИНСИПҲОРО МЕДИД
12, 13. Чаро Довуд обро, ки се ҷанговараш барои ӯ оварданд, ба замин рехт?
12 Боз як воқеаи дигаре аз ҳаёти Довуд нишон медиҳад, ки тарзи рафтори ӯ сазовори пайравӣ аст. Довуд принсипҳои дар Қонун инъикосёфтаро қадр мекард ва мехост мувофиқи он принсипҳо зиндагӣ кунад. Ин аз рӯйдоди зерин аён мегардад. Боре Довуд изҳори орзу намуд, ки аз чоҳи назди дарвозаи Байт–Лаҳм об бинӯшад. Се ҷанговари Довуд ба Байт–Лаҳм, ки он вақт дар дасти фалиштиён буд, зада даромаданд ва барои Довуд аз чоҳ об оварданд. Лекин Довуд «нахост, ки онро бинӯшад, ва онро ҳамчун ҳадияи рехтанӣ барои Худованд рехт». Чаро? Ӯ фаҳмонд: «Ҳошо аз тарси Худоям, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни ин касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузоштаанд?» (1 Вақ. 11:15–19).
13 Довуд аз рӯи Қонун медонист, ки хунро хӯрдан мумкин нест ва онро пеши Яҳува рехтан лозим аст. Ӯ ҳамчунин мефаҳмид, ки чаро чунин кардан даркор аст. Довуд медонист, ки «ҷони ҷисм дар хун аст». Вале он об буд, на ин ки хун. Пас чаро Довуд обро нанӯшид? Чунки ӯ дар паси қонун оиди хун принсипро медид. Барои Довуд арзиши об бо хуни он се мард баробар буд. Аз ин сабаб ӯ нӯшидани обро барои худ раво надонист. Ӯ ба хулоса омад, ки обро бояд ба замин резад (Ибд. 17:11; Такр. Ш. 12:23, 24).
14. Чӣ ба Довуд кӯмак кард, ки ба ин ё он масъала аз нуқтаи назари Яҳува нигарад?
14 Довуд мекӯшид, ки диққаташро пурра ба қонуни Худо равона созад. Ӯ чунин сароид: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Довуд қонуни Худоро меомӯхт ва бар он чуқур мулоҳиза меронд. Вай ба хиради Яҳува, ки дар аҳкомҳояш дида мешуд, таваккал мекард. Ҳамин тавр Довуд хоҳиши сахт дошт, ки на танҳо ҳарфи Шариат, балки рӯҳияи онро низ дарк кунад. Вақте ки мо Китоби Муқаддасро меомӯзем, бояд бар чизи хондаамон мулоҳиза ронем ва онро дар дили худ нигоҳ дорем, то дар ин ё он маврид қарорҳое барорем, ки писанди Яҳува гарданд.
15. Аз кадом ҷиҳат Сулаймон нисбати Қонуни Худо беҳурматӣ зоҳир кард?
15 Писари Довуд, Сулаймон, ба Худо хеле мақбул буд. Лекин бо мурури замон Сулаймон Қонуни Худоро эҳтиром намекардагӣ шуд. Ӯ ба аҳкоми Яҳува, ки шоҳи Исроил бояд «занонро барои худ афзун нанамояд», беэътиноӣ кард (Такр. Ш. 17:17). Дар ҳақиқат, Сулаймон бо бисёр занони ғайрияҳудӣ издивоҷ кард. Дар пиронсолии Сулаймон «занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд». Новобаста аз он ки вай барои худро сафед кардан чӣ гуна далелҳо оварда метавонист, ӯ «дар назари Худованд кори бад карда, мисли падараш Довуд Худовандро пурра пайравӣ нанамуд» (3 Подш. 11:1–6). То чӣ андоза муҳим аст, ки мо қонуну принсипҳои дар Каломи Худо омадаро риоя кунем! Масалан, ин ҳамон вақт муҳим аст, ки мо оиди издивоҷ намудан фикр мекунем.
16. Чӣ тавр фаҳмиши рӯҳияи аҳкоми «фақат дар Худованд» бояд издивоҷ намуд, ба онҳое ки оиладор шудан мехоҳанд, таъсир хоҳад кард?
16 Агар шахси ҳамимоннабуда ба мо таваҷҷӯҳи ошиқона зоҳир кунад, мо чӣ гуна муносибат менамоем? Оё мисли Довуд хоҳем буд, ки дар вазъиятҳои гуногун мувофиқи нуқтаи назари Яҳува рафтор кардан мехост? Ё мисли Сулаймон, ки ба аҳкомҳои Яҳува беэътиноӣ менамуд? Ба ходимони ҳақиқии Худо гуфта мешавад, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд (1 Қӯр. 7:39). Агар масеҳӣ издивоҷ карданӣ бошад, вай бояд аз байни ҳамимонон зан ё шавҳар гирад. Агар мо рӯҳияи талаботи Навиштаҳоро дарк намуда бошем, мо на танҳо бо шахси ҳамимоннабуда издивоҷ намекунем, балки аз қабул кардани ҳамагуна таваҷҷӯҳи ошиқонаи чунин шахсон худдорӣ хоҳем кард.
17. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба доми порнография наафтем?
17 Ҳамчунин дар бораи он мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр намунаи Довуд дар мавриди боисрор ҷустани роҳнамоии Худо, барои муқобилат кардан ба васвасаи тамошои порнография ба мо ёрӣ дода метавонад. Оятҳои навбатиро хонда, оиди принсипҳое, ки дар онҳо ҳастанд, фикр кунед ва бикӯшед, ки нуқтаи назари Яҳуваро дар мавриди порнография дарк намоед. (Забур 118:37; Матто 5:28, 29; Қӯлассиён 3:5–ро бихонед.) Мулоҳиза оиди меъёрҳои баланди Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба доми порнография наафтем.
НУҚТАИ НАЗАРИ ЯҲУВАРО ДОИМО ДАР ХОТИР НИГОҲ ДОРЕД
18, 19. а) Гарчанд Довуд нокомил буд, чӣ ба ӯ кӯмак расонд, ки ба Худо писанд бошад? б) Шумо ба чӣ қарор омадед?
18 Гарчанд Довуд аз бисёр ҷиҳатҳо намунаи ибрат гузошт, ӯ ба якчанд гуноҳи ҷиддӣ роҳ дод (2 Подш. 11:2–4, 14, 15, 22–27; 1 Вақ. 21:1, 7). Вале Довуд ҳамеша аз гуноҳаш пушаймон мешуд. Ӯ дар назди Худо «бо дили соф» рафтор менамуд (3 Подш. 9:4). Чаро мо ин тавр гуфта метавонем? Зеро Довуд мекӯшид, ки мувофиқи иродаи Яҳува амал намояд.
19 Ба нокомилиамон нигоҳ накарда мо илтифоти Яҳуваро нигоҳ дошта метавонем. Ин мақсадро дар хотир дошта, биёед, Каломи Худоро боғайратона омӯзем, оиди чизҳои омӯхтаамон чуқур мулоҳиза ронем ва мувофиқи онҳо боқатъият амал кунем. Ва он гоҳ мо мисли забурнавис хоҳем буд, ки аз Яҳува дар дуо бо фурӯтанӣ чунин хоҳиш намуд: «Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам».
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Вақте ки Довуд имконияти куштани Шоулро дошт, чӣ ӯро аз ин кор боздошт?
[Тасвир дар саҳифаи 6]
Аз он ки Довуд нӯшидани оби овардаи ҷанговаронашро рад кард, мо чӣ меомӯзем?