1 Мӯсо
6 Вақте дар рӯйи замин одамизод зиёд шудан гирифт ва онҳо духтарон ба дунё оварданд, 2 писарони Худо*+ диданд, ки духтарони одамизод зебоянд. Барои ҳамин онҳо ҳар кадомеро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд. 3 Он гоҳ Яҳува гуфт: «Ман одамизодро беохир тоқат намекунам,+ чунки ӯ инсони хокист*. Пас, бигзор ӯ 120 соли дигар зиндагӣ кунаду халос».+
4 Дар он рӯзҳо ва баъд аз он дар рӯйи замин бузургҷуссагон* буданд. Он вақт писарони Худо бо духтарони одамизод ҳамхоб мешуданд ва онҳо барояшон писарон таваллуд мекарданд. Онҳо паҳлавонони номдори замони қадим буданд.
5 Яҳува дид, ки замин аз бадкории одамизод пур шудааст ва фикру андешаҳои дили инсон фақат бад аст.+ 6 Аз ин рӯ Яҳува афсӯс хӯрд*, ки одамизодро дар рӯйи замин офарид ва дилаш ғамгин* шуд.+ 7 Пас Яҳува гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯйи замин нест мекунам, ҳам одамон, ҳам ҳайвоноти хонагӣ, ҳам хазандагон ва ҳам парандаҳои осмонро, чунки ман пушаймонам, ки онҳоро офаридам». 8 Лекин Нӯҳ дар назари Яҳува писанд буд.
9 Ин аст таърихи Нӯҳ:
Нӯҳ росткор буд.+ Ӯ дар байни ҳамзамононаш марди беайб буд. Нӯҳ бо Худо роҳ мерафт.+ 10 Нӯҳ се писар ба дунё овард: Сом, Ҳом ва Ёфат.+ 11 Лекин замин дар назари Худо расво шуда буд ва он аз зулму ситам пур буд. 12 Худо бар замин назар кард ва дид, ки он расво шудааст;+ тамоми одамизод дар рӯйи замин бо роҳи бад мерафт.+
13 Он вақт Худо ба Нӯҳ гуфт: «Ман тамоми одамизодро несту нобуд мекунам, зеро аз дасти онҳо замин пур аз зулму ситам гаштааст. Барои ҳамин ман онҳоро ҳамроҳи замин нест мекунам.+ 14 Аз чӯби дарахти ҷӯфар* барои худ киштӣ бисоз.+ Дар он ҳуҷраҳо бисоз ва онро аз даруну берун қатрон*+ бимол. 15 Онро ин тавр бисоз: дарозиаш бояд 300 газ* бошад, бараш — 50 ва баландиаш — 30 газ. 16 Як газ поён аз шифти киштӣ тирезае* бисоз, то ба киштӣ равшанӣ дарояд, ва дар як тарафи он даромадгоҳе бисоз.+ Киштӣ бояд аз қабати якум, дуюм ва сеюм иборат бошад.
17 Ман бошам, бар замин тӯфони об+ меорам, то тамоми ҷонзодро,* ки нафаси* ҳаёт дорад, аз зери осмон несту нобуд кунам. Ҳар чӣ дар рӯйи замин аст, хоҳад мурд.+ 18 Аммо бо ту ман аҳд мебандам, ки туро наҷот медиҳам. Ту бояд ҳамроҳи писаронат, занат ва занони писаронат ба киштӣ дароӣ.+ 19 Аз ҳар гуна ҷонвар+ дутоӣ ба киштӣ дарор, то бо ту зинда бимонанд; онҳо бояд нар ва мода бошанд.+ 20 Аз ҷонварони болдор мувофиқи ҷинсашон, аз ҳайвонҳои хонагӣ мувофиқи ҷинсашон, аз тамоми ҳайвоноте, ки бар замин мехазанд, мувофиқи ҷинсашон, аз ҳар кадоме дутоӣ бо худ дарор, то ки зинда бимонанд.+ 21 Аз ҳар гуна озуқае, ки хӯрда мешавад, захира кун,+ то барои худат ва ҷонварон хӯрок бошад».
22 Нӯҳ тамоми гуфтаҳои Худоро ба ҷо овард. Ӯ айнан ҳамин тавр кард.+