Чашмонатонро аз дидани чизҳои ношоям нигоҳ доред!
«Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо; дар тариқи Худ маро зинда гардон» (ЗАБ. 118:37).
1. Чашмон то чӣ андоза атои бебаҳоянд?
ТО ЧӢ АНДОЗА атои бебаҳоянд чашмони мо! Ба туфайли онҳо мо дарҳол муайян карда метавонем, ки чизҳои гирду атрофамон чӣ ҳаҷму чӣ ранг доранд. Чашмонамон ба мо имконият медиҳанд, ки дӯстонамонро бубинем ва инчунин аз хавфу хатар дурӣ ҷӯем. Тавассути чашмон мо аз зебогӣ ҳаловат мебарем, аҷоиботи олами гирду атрофро мушоҳида мекунем, далелҳои мавҷудияти Худоро мебинем ва аз ҷалоли Ӯ ба ваҷд меоем (Заб. 8:4, 5; 18:1−3; 103:24; Рум. 1:20). Ғайр аз ин, чашмон, ки воситаи муҳими қабули ахборот мебошанд, барои гирифтани дониш дар бораи Яҳува ва имон овардан ба Ӯ нақши бузург мебозанд (Еҳ. 1:8; Заб. 1:2, 3).
2. Чаро мо бояд нисбати чизҳое, ки назарамон ба онҳо меафтанд, ҳушёр бошем ва дар ин маврид мо аз забурнавис чӣ меомӯзем?
2 Вале он чизе ки мо мебинем, ба мо зарар низ расонда метавонад. Аз дидани чизе дар дили мо метавонад хоҳише пайдо шавад ё он пурзӯр гардад. Ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем фосид аст ва ба қонеъ кардани хоҳишҳои нафсонӣ тела медиҳад; инчунин ҳокими он Шайтон Иблис мебошад (1 Юҳ. 5:19). Аз ин рӯ, мо ҳар рӯз зери таъсири тасвиру наворҳо ва маълумоте қарор мегирем, ки моро ба осонӣ гумроҳ карда метавонанд, ҳатто агар ба онҳо як назар кунем ҳам. Пас тааҷҷубовар нест, ки забурнавис аз Худо илтиҷо мекард: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо; дар тариқи Худ маро зинда гардон» (Заб. 118:37).
Чӣ тавр чашмон моро гумроҳ карда метавонанд
3–5. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки аз паи ҳаваси чашмон шудан хатарнок аст?
3 Биёед ба хотир орем, ки бо зани нахустин, Ҳавво, чӣ рӯй дод. Шайтон Ҳавворо эътимод бахшид, ки агар аз меваи дарахти маърифати «неку бад» бихӯрад, чашмонаш «воз хоҳад шуд». Фикри «воз» шудани чашмон аз афташ ба Ҳавво хеле ҷолиб тофт. Ва вақте «зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост», хоҳиши чашидани меваи дарахти манъшуда дар дилаш пурзӯр гашт. Ҳавво ҳарисона ба дарахт нигарист ва ин ӯро ба вайрон кардани амри Худо барангехт. Шавҳари ӯ Одам низ чунин беитоатӣ кард, ки ин барои тамоми инсоният оқибатҳои фалокатовар дошт (Ҳас. 2:17; 3:2–6; Рум. 5:12; Яъқ. 1:14, 15).
4 Дар рӯзҳои Нӯҳ ба баъзе фариштагон низ чизе ки онҳо ба он нигаристанд, таъсир кард. Дар бораи ин фариштагон дар Ҳастӣ 6:2 гуфта мешавад: «Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд». Аз нигоҳи шаҳватомез ба духтарони одамизод дар ин фариштагони исёнкор хоҳиши ғайритабиие пайдо шуд, ки бо одамон алоқаи ҷинсӣ кунанд. Дар натиҷа, аз онҳо насли золим ба дунё омад. Он вақт бадкирдории одамизод ба он оварда расонд, ки Худо ғайр аз Нӯҳ ва оилаи ӯ тамоми инсониятро нобуд кард (Ҳас. 6:4–7, 11, 12).
5 Чанд садсола пас, исроилие бо номи Охон баъзе чизҳои аз забти Ериҳӯ ба даст омадаро дид ва онҳоро дуздид. Худо амр дода буд, ки исроилиён дар он шаҳр ғайр аз чизҳое, ки бояд ба хазинаи Яҳува супорида мешуданд, ҳама чизҳои дигарро нобуд кунанд. Ба онҳо огоҳӣ дода шуда буд, ки аз чизҳое, ки бояд нобуд карда мешуданд, дур шаванд, то мабодо дар онҳо хоҳиши гирифтани чизе пайдо нашавад. Вақте ки Охон ба ин амр беитоатӣ кард, исроилиён назди шаҳри Ой мағлуб шуданд ва баъзеи онҳо ҳалок гаштанд. Охон ба дуздиаш иқрор нашуд, то даме ки Яҳува онро ошкор накард. «Вақте ки [ман баъзе чизҳоро]... дидам,— гуфт Охон,— онҳоро тамаъ намуда, гирифтам». Ҳаваси чашмон ба он оварда расонд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамаи чизҳои доштааш нобуд карда шуд (Еҳ. 6:17, 18; 7:1–26). Охон хост, ки чизҳои манъкардашударо ба даст орад.
Худдорӣ муҳим аст
6, 7. Барои гумроҳ кардани мо Шайтон аксар вақт чиро ба кор мебарад ва чӣ тавр инро тайёркунандагони реклама истифода мебаранд?
6 Дар рӯзҳои мо Шайтон инсониятро бо ҳамон роҳе, ки Ҳавво, фариштагони исёнкор ва Охонро фирефта карда буд, ба васваса меандозад. Аз ҳамаи тарзҳое, ки Шайтон барои гумроҳ кардани одамон истифода мебарад, таъсирбахштаринаш — ин бедор кардани «ҳаваси чашмон» аст (2 Қӯр. 2:11; 1 Юҳ. 2:16). Имрӯз тайёркунандагони реклама хуб медонанд, ки чизе, ки одам мебинад, ба ӯ сахт таъсир мекунад. «Чашмон назар ба дигар узвҳои ҳис ба шуури инсон аз ҳама сахт таъсир мекунанд,— мегӯяд як мутахассиси пешқадами аврупоии соҳаи маркетинг.— Одатан эҳсосоте, ки аз дидани чизе пайдо мешавад, бар дигар эҳсосот ғолиб омада, касро ба кардани коре, ки аз мантиқ берун аст, маҷбур менамояд».
7 Тааҷҷубовар нест, ки тайёркунандагони реклама ҳар гуна тасвиру наворҳоро моҳирона истифода мебаранд, то ҳаваси чашмони моро оранд ва дар мо хоҳиши харидани молашон ё истифодаи хизматрасониашонро қавӣ гардонанд. Як муҳаққиқе аз ИМА, ки чӣ гуна ба одамон таъсир кардани рекламаро омӯхт, чунин мегӯяд: «Мақсади реклама... на фақат маълумотдиҳӣ аст; аз ҳама муҳимаш он бояд дар инсон эҳсосоти муайянро бедор кунад ва ӯро ба амали мувофиқ водор намояд». Барои ин, аксар вақт тасвиру наворҳои шаҳватангез истифода бурда мешаванд. Пас, то чи андоза мо бояд дар мавриди он ки ба чӣ менигарем ва чиро ба ақлу дили худ роҳ медиҳем, эҳтиёткор бошем.
8. Чӣ тавр Китоби Муқаддас таъкид мекунад, ки мо бояд чашмонамонро аз дидани чизҳои бадахлоқона муҳофизат намоем?
8 Масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҳавасҳои чашм ва хоҳишҳои ҷисм эмин нестанд. Аз ин рӯ, Каломи Худо моро бармеангезад, ки нисбати ба чӣ нигаристану чиро хостан худдорӣ зоҳир намоем (1 Қӯр. 9:25, 27; 1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед). Айюби одил хуб мефаҳмид, ки байни он чи ки мо мебинем ва он чи ки мо мехоҳем алоқамандии зич вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам» (Айюб 31:1). Айюб на танҳо қарор дод, ки ба зан ба таври ношоиста даст намерасонад, ӯ ҳатто фикри инро ба сараш роҳ намедод. Исо таъкид намуд, ки мо бояд ақли худро аз фикрҳои бадахлоқона пок нигоҳ дорем. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Мат. 5:28).
Чизҳои ношояме, ки аз диданашон мо бояд худдорӣ кунем
9. а) Чаро дар истифодаи Интернет мо бояд хусусан эҳтиёткор бошем? б) Ҳатто як назар ба тасвири порнографӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
9 Имрӯз тамошои порнография торафт як чизи муқаррарӣ шуда истодааст, хусусан дар Интернет. Ба ҷустуҷӯи чунин сайтҳо ҳоҷате нест — онҳо худашон моро меёбанд! Чӣ тавр? Дар экрани компютер шояд нохост рекламае бо тасвири ҷолиб пайдо шавад. Ё шояд ҳангоми кушодани номаи электроние, ки безарар метобад, тасвири порнографие пайдо шавад, ки онро дарҳол маҳкам кардан мушкил аст (чунки ин гуна файлҳо аксар вақт маҳз ҳамин тавр сохта шудаанд). Агар пеш аз нест кардани чунин тасвирҳо кас ба онҳо ақаллан як назар кунад, онҳо аллакай дар хотираш нақш мебанданд. Ҳатто як нигоҳ ба тасвири порнографӣ оқибатҳои бад дошта метавонад. Виҷдони шахс метавонад ӯро азоб диҳад ва ба ӯ аз хотир баровардани он тасвирҳои бадахлоқона душвор мегардад. Вале оқибатҳо аз ин ҳам бадтар хоҳанд буд, агар шахс дидаву дониста тамошои порнографияро давом диҳад. Ӯ бояд ин хоҳишҳои нопокашро «бикушад» (Эфсӯсиён 5:3, 4, 12−ро бихонед; Қӯл. 3:5, 6).
10. а) Чаро порнография хусусан ба кӯдакон хатарнок аст? б) Тамошои порнография ба кӯдакон чӣ таъсири манфӣ расонида метавонад?
10 Кӯдакон аз сабаби табиатан кунҷков буданашон шояд ба тамошои порнография даст зананд, ки ин оқибат метавонад муайян кунад, ки онҳо дар оянда ба алоқаи ҷинсӣ чӣ назаре хоҳанд дошт. Чӣ тавре ки дар ҳисоботе қайд шудааст, оқибатҳои тамошои порнография гуногун буда метавонанд: аз тасаввуроти нодуруст оиди меъёрҳои ахлоқи ҷинсӣ то «мушкилиҳо дар нигоҳ доштани муносибатҳои солим ва пурмуҳаббат; муносибати нодуруст ба занон; пайдошавии одати тамошои порнография, ки он ба мактабхонӣ, дӯстӣ ва муносибат дар оила халал мерасонанд». Оқибатҳои аз ин ҳам бади он дертар, ҳангоми барпо кардани оила, зоҳир шуда метавонанд.
11. Мисоле оред, ки зараровар будани тамошои порнографияро нишон медиҳад.
11 «Аз ҳамаи одатҳои баде, ки тарк карданашон бароям душвор буд,— ин тамошои порнография буд,— мегӯяд бародари масеҳие.— То ба ҳол ин тасвирҳо пеши назарам меоянд. Ба димоғам расидани ягон бӯй, шунидани садои ин ё он мусиқӣ, дидани чизе, ё ҳатто фикри ногаҳон аз дилам гузашта метавонанд онҳоро ба ёдам оранд. Ман бо ин ҳар рӯз ва пайваста мубориза мебарам». Бародари дигаре, дар бачагиаш ҳангоми дар хона набудани волидон маҷаллаҳои порнографии падарашро, ки Шоҳиди Яҳува набуд, тамошо мекард. Ӯ менависад: «Чӣ таъсири даҳшатноке расонданд он расмҳо ба шуури кӯдаконаи ман! Ҳатто ҳоло, баъди 25 сол, баъзе аз он расмҳо аз ёди ман набаромадаанд. Чӣ қадаре ки кӯшиш накунам, онҳо фаромӯш намешаванд. Аз ин сабаб виҷдонам маро азоб медиҳад, ҳарчанд мекӯшам, ки дар бораи онҳо фикр накунам». То чӣ андоза оқилона аст, ки ба чизҳои ношоиста нигоҳ накунем, то худро аз ин гуна эҳсосоти фишоровар муҳофизат намоем! Барои ин мо бояд бикӯшем, ки ҳар «фикрро ба итоати Масеҳ асир» кунем (2 Қӯр. 10:5).
12, 13. Аз тамошои кадом чизҳои ношоям масеҳиён бояд худдорӣ кунанд ва чаро?
12 Чизҳои дигари «қабеҳ» ё ношояме, ки аз онҳо худдорӣ бояд кард,— ин вақтхушиҳоеанд, ки ба чизпарастӣ ташвиқ мекунанд, ё дар онҳо сеҳру ҷоду, зӯроварӣ ва куштору хунрезӣ як чизи муқаррарӣ мебошанд. (Забур 100:3−ро бихонед.) Волидони масеҳӣ дар мавриди он ки тамошои чиро ба кӯдаконашон иҷозат диҳанду чиро не, назди Яҳува масъулият доранд. Албатта ягон масеҳии ҳақиқӣ дидаву дониста бо сеҳру ҷоду машғул намешавад. Лекин волидон бояд донанд, ки баъзе филмҳо, сериалҳо, бозиҳои компютерӣ ва ҳатто барномаву адабиётҳои ҳаҷвӣ ва китобҳои бачагона бо сеҳру ҷоду алоқаманданд (Мас. 22:5).
13 Хоҳ мо ҷавон бошем, хоҳ пир, чашмонамон набояд аз бозиҳои компютерӣ ва филмҳое, ки дар онҳо зӯроварӣ ва хунрезиву куштор нишон дода мешаванд, ҳаловат баранд. (Забур 10:5−ро бихонед.) Диққати мо набояд ба чизҳое, ки Яҳува онҳоро маҳкум мекунад, равона бошад. Дар хотир бояд дошт, ки Шайтон «афкори» моро фасод кардан мехоҳад (2 Қӯр. 11:3). Ҳатто агар мо ба вақтхушиҳое, ки ба принсипҳои Китоби Муқаддас зид нестанд, вақти зиёд сарф кунем, ин метавонад вақтеро, ки барои ибодати оилавӣ, хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас ва тайёрӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад сарф кардан лозим аст, бидуздад (Фил. 1:9, 10).
Ба намунаи Исо пайравӣ кунед
14, 15. Дар васвасаи сеюме, ки Шайтон нисбати Масеҳ ба кор бурд, чӣ ҷолиби диққат аст ва чаро Исо ба он муқобилат карда тавонист?
14 Мутаассифона, дар ин ҷаҳони шарир чашмони мо хоҳу нохоҳ ба чизҳои ношоям меафтанд. Ҳатто Исо аз ин эмин набуд. Вақте ки Шайтон бори сеюм Исоро аз иҷрои иродаи Худо боздоштанӣ шуд, «иблис Ӯро ба кӯҳи бисёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод» (Мат. 4:8). Чаро Шайтон ин тавр кард? Бешубҳа, ӯ медонист, ки дидани чизе ба кас сахт таъсир карда метавонад ва ӯ инро истифода бурданӣ буд. Иблис фикр мекард, ки агар Исо бузургиву ҳашамати салтанатҳои ҷаҳонро бинад, дар ӯ хоҳиши ба даст овардани шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо шуда метавонад. Лекин Исо чӣ тавр рафтор намуд?
15 Исо ин таклифи ҷолибро мавриди диққат қарор надод. Ӯ нагузошт, ки ба дилаш хоҳишҳои нодуруст роҳ ёбанд. Исо дар бораи қабул кардан ё накардани таклифи Иблис ҳатто фикр ҳам накард ва онро дарҳол рад намуд. Ӯ гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон» (Мат. 4:10). Барои Исо аз ҳама чизи муҳим — муносибатҳояш бо Яҳува буданд ва дар ҷавоби ӯ маънои ҳаёташ, ки иҷро кардани иродаи Худо буд, инъикос ёфт (Ибр. 10:7). Исо тавонист нияти маккоронаи Шайтонро вайрон кунад.
16. Дар мавриди муқобилат кардан ба васвасаҳои Шайтон мо аз Исо чӣ меомӯзем?
16 Мо аз он чизҳое, ки бо Исо рӯй дод, бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Якум, ҳеҷ кас аз дасисаҳои Шайтон эмин нест (Мат. 24:24). Дуюм, чизе ки мо ба он менигарем, хоҳишҳои диламонро — хоҳ нек бошанд, хоҳ бад — пурзӯр карда метавонанд. Сеюм, Шайтон аз «ҳаваси чашмон» истифода бурда, ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ин ки моро гумроҳ созад (1 Пет. 5:8). Ва чорум, мо ҳам ба Шайтон муқобилат карда метавонем, хусусан агар бе таъхир амал кунем (Яъқ. 4:7; 1 Пет. 2:21).
Чашматонро «оддӣ» нигоҳ доред
17. Чаро мо бояд пешакӣ муайян кунем, ки ҳангоми дар пеши назарамон пайдо шудани чизҳои ношоям чӣ гуна рафтор менамоем?
17 Агар мо ҳаёти худро ба Яҳува бахшида бошем, мо набояд ба чизҳои ношоям нигоҳ кунем. Вақте ки мо ба Худо иҷро намудани иродаашро ваъда додем, мо гӯё ба суханони зерини забурнавис ҳамроҳ шудем: «Аз ҳар гуна роҳи бад пойҳоямро боздоштаам, то ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам» (Заб. 118:101). Мо бояд пешакӣ муайян намоем, ки ҳангоми дар пеши назарамон пайдо шудани чизҳои ношоям чӣ гуна рафтор мекунем. Мо хуб медонем, ки Навиштаҳо чиро маҳкум мекунанд. Мо чӣ гуна амал кардани Шайтонро низ медонем. Шайтон Исоро кай ба васваса андохта, ӯро водор кард, ки сангҳоро ба нон мубаддал намояд? — Баъди он ки Исо 40 шабонарӯз рӯза дошта, «гурусна монд» (Мат. 4:1–4). Шайтон муайян карда метавонад, ки кай мо заифем ва кай эҳтимолияти ба васваса дода шуданамон зиёд аст. Аз ин рӯ, мо бояд худи ҳозир муайян кунем, ки дар ин ё он ҳолат чӣ гуна рафтор мекунем. Биёед дар ин кор таъхир накунем! Агар мо ваъдаи ба Яҳува додаамонро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорем, мо бо азми қавӣ аз чизҳои ношоям дурӣ меҷӯем (Мас. 1:5; 19:20).
18, 19. а) Чашми «оддӣ» аз чашми «бад» бо чӣ фарқ мекунад? б) Чаро ҳамеша дар бораи чизҳои арзанда фикр кардан муҳим аст ва дар Филиппиён 4:8 дар ин бора чӣ маслиҳате дода шудааст?
18 Ҳар рӯз мо дар ҳама ҷо бо чизҳое дучор мешавем, ки барои чашм ҷолибанд ва ҳамзамон ҳуши моро парешон мекунанд. Ва шумораи чунин чизҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, маслиҳати Исо дар бораи «оддӣ» нигоҳ доштани чашм бароямон аҳамияти хосса дорад (Мат. 6:22, 23, ТДН). Нигоҳи чашми «оддӣ» танҳо ба як чиз — ба иҷроиши иродаи Худо равона карда шудааст. Вале чашми «бад» маккору ҳарис мебошад ва нигоҳаш ба чизҳои ношоям равона аст.
19 Фаромӯш насозед, ки он чи ки мо мебинем ба ақли мо таъсир мекунад, ақламон бошад, — ба дили мо. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки ҳамеша дар бораи чизҳои арзанда фикр намоем. (Филиппиён 4:8−ро бихонед.) Биёед минбаъд низ мисли забурнавис дуо гӯем: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо». Агар мувофиқи ин дуоямон амал намоем, мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува моро «дар тариқи Худ... зинда» нигоҳ медорад (Заб. 118:37; Ибр. 10:36).
Такрор
• Байни чашмон, ақл ва дил чӣ алоқамандие вуҷуд дорад?
• Чаро тамошои порнография хатарнок аст?
• Чаро «оддӣ» нигоҳ доштани чашм муҳим мебошад?