Ғалотиён
5 Масеҳ моро барои чунин озодӣ озод кард, аз ин рӯ устувор бошед+ ва нагузоред, ки боз ба гардани шумо юғи* ғуломӣ гузоранд.+
2 Ман, Павлус, ба шумо мегӯям, ки, агар хатна шавед, аз Масеҳ ба шумо ҳеҷ фоидае нест.+ 3 Ба ҳар касе, ки хатна мекунад, ман бори дигар шаҳодат медиҳам, ки вай вазифадор аст тамоми Шариатро ба ҷо орад.+ 4 Шумо, ки мекӯшед ба воситаи шариат росткор дониста шавед,+ аз Масеҳ ҷудо гаштаед, шумо аз лутфу марҳамати ӯ дур шудаед. 5 Мо бошем, ба воситаи рӯҳ ва дар асоси имон бесаброна интизорем, ки дар назари Худо росткор гардем. 6 Агар бо Исои Масеҳ якдил бошем, на хатна арзиш дораду на бехатнагӣ,+ балки имон, ки ба воситаи муҳаббат амал мекунад.
7 Шумо нағз медавидед,+ кӣ шуморо аз итоат ба ростӣ боздошт? 8 Чунин андешаронӣ аз ҷониби Даъватгари шумо нест. 9 Андак хамиртуруш тамоми хамирро туруш мекунад.+ 10 Ман дилпурам, ки шумо, ки бо Ҳазратамон якдилед,+ бо ман ҳамфикр мешавед. Вале касе, ки дар байни шумо душвориҳоро ба миён меорад,+ ҳар кӣ ҳам бошад, мувофиқи рафтораш сазо мегирад. 11 Эй бародарон, агар ман то ҳол хатнаро эълон мекарда бошам, пас, барои чӣ гирифтори озорам? Дар он сурат сутуни азоб* дигар барои ҳеҷ кас монеа намешуд.+ 12 Онҳое, ки аз пайи гумроҳ сохтани шумоянд, худро ахта кунанд* ҳам, мешавад.
13 Эй бародарон, шумо ба озодӣ даъват шудаед, фақат ки ин озодиро барои қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм истифода набаред,+ балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.+ 14 Тамоми Шариат дар амри зерин ҷамъбаст шудааст: «Ёри худро мисли худ дӯст дор».+ 15 Вале, агар якдигарро газида мехӯрда бошед,+ эҳтиёт шавед, ки аз дасти якдигар нобуд нашавед.+
16 Ман ба шумо мегӯям: аз рӯйи рӯҳ рафтор кунед,+ он гоҳ ягон хоҳиши ҷисмро иҷро намекунед.+ 17 Ҷисм аз сабаби хоҳишҳояш муқобили рӯҳ аст, рӯҳ бошад, муқобили ҷисм. Онҳо ба якдигар муқобиланд, бинобар ин шумо он чиро, ки мехоҳед, карда наметавонед.+ 18 Лекин, агар роҳнамоятон рӯҳ бошад, шумо тобеи шариат нестед.
19 Корҳои ҷисм маълуманд, ки инҳоянд: зино*,+ нопокӣ, беҳаёгӣ*,+ 20 бутпарастӣ, сеҳру ҷоду*,+ душманӣ, ҷанҷол, рашк, қаҳру ғазаб, баҳсу кашокаш, ҷудоиҳо, пайравӣ ба таълимоти инсонӣ, 21 ҳасад, бадмастӣ,+ айшу нӯш ва монанди инҳо.+ Шуморо пешакӣ аз ин чизҳо огоҳ мекунам, чи тавре ки аллакай огоҳ карда будам — кунандагони чунин корҳо Подшоҳии Худоро мерос намегиранд.+
22 Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некуӣ,+ имон, 23 нармдилӣ* ва худдорӣ.+ Бар зидди ин гуна хислатҳо қонуне нест. 24 Беш аз ин, онҳое, ки аз они Исои Масеҳанд, ҷисми худро бо майлу ҳавасҳояш ба сутун мехкӯб кардаанд.+
25 Агар рӯҳ роҳнамои мо бошад, пас, биёед аз рӯйи ҳидояти он рафтор кунем.+ 26 Биёед худпараст нашавем,+ якдигарро ба рақобат тела надиҳем+ ва ба ҳамдигар ҳасад набарем.