Ишаъё
40 «Тасаллӣ диҳед, халқи маро тасаллӣ диҳед,— мегӯяд Худои шумо.+—
2 Ерусалимро дилбардорӣ кунед,
Ба ӯ бигӯед, ки хизмати маҷбурияш ба охир расидааст
Ва ӯ музди гуноҳашро пардохтааст.+
Ӯ барои тамоми гуноҳҳояш аз дасти Яҳува сазои пурра* гирифтааст».+
3 Касе дар биёбон нидо мекунад:
«Роҳро барои Яҳува тайёр* кунед!+
Барои Худои мо дар дашт шоҳроҳи+ росту ҳамворе бисозед.+
4 Бигзор ҳар дара пур шавад
Ва ҳар кӯҳу теппа паст гардад.
Замини каҷу килеб рост шавад
Ва ҷойи пурнишебу фароз водии ҳамвор гардад.+
6 Гӯш деҳ! Як кас мегӯяд: «Эълон намо!»
Дигаре мепурсад: «Чиро эълон намоям?»
«Одамизод мисли алаф аст,
Меҳру вафояш мисли гули саҳрост.+
Бешак, одамизод алаф аст.
9 Ба кӯҳи баланд баро,
Эй зане, ки ба Сион хабари хуш мерасонӣ.+
Бо тамоми овоз фарёд зан,
Эй зане, ки ба Ерусалим паёми шодӣ меорӣ.
Натарс, овозатро баланд намо,
Ба шаҳрҳои Яҳудо эълон кун: «Ана Худои шумо!»+
Мукофот дар дасташ аст
Ва музде, ки ӯ медиҳад, пеши ӯст.+
11 Ӯ мисли чӯпон ба рамаи худ ғамхорӣ хоҳад кард,+
Бо дасташ баррагонро ҷамъ оварда,
Онҳоро ба оғӯш хоҳад гирифт.
Ӯ бо меҳрубонӣ мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд.+
12 Кӣ оби баҳрҳоро бо кафи даст чен кардааст+
Ва кӣ осмонро бо ваҷаб андоза намудааст?
13 Кӣ рӯҳи Яҳуваро чен кардааст*?
Кӣ маслиҳатгари ӯ шудааст ва ӯро таълим додааст?+
14 Бо кӣ ӯ маслиҳат кардааст, то бофаҳм шавад?
Кӣ роҳи адлу инсофро ба ӯ таълим додааст?
Кӣ ба ӯ дониш омӯзондааст
Ва роҳи фаҳму даркро ба ӯ нишон додааст?+
15 Охир, халқҳо дар назари ӯ қатрае аз сатил
Ва чанге бар тарозуянд.+
Ана, ӯ ҷазираҳоро чун ғубор мебардорад.
16 Ҳатто дарахтони Лубнон барои нигоҳ доштани оташ* камӣ мекунанд
Ва ҳайвонҳои он барои қурбонии сӯхтанӣ кофӣ нестанд.
20 Кас барои ҳадияи худ дарахте интихоб мекунад,+
Дарахтеро, ки намепӯсад,
Ва устои моҳиреро меҷӯяд,
То буте битарошад, ки чаппа намешавад.+
21 Магар намедонед?
Магар нашунидаед?
Магар ба шумо инро аз аввал нагуфтаанд
Ва аз бунёди замин инро нафаҳмидаед?+
Ӯ осмонро чун матои нафис паҳн кардааст,
Чун хаймае барои зист боз намудааст.+
23 Ӯ сарваронро ночиз мегардонад,
Доварони* заминро ҳеҷу пуч месозад.
24 Ҳанӯз онҳо шинонда нашуда,
Ҳанӯз кошта нашуда
Ва ҳанӯз дар замин реша надавонда,
Бод мевазаду онҳоро хушк мекунад
Ва шамол онҳоро мисли коҳ мебарад.+
25 «Маро ба кӣ монанд мекунед ва ба кӣ баробар месозед? — мегӯяд Худои Пок.—
26 Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед:
Кӣ ҳамаи инро офаридааст?+
Ҳамоне, ки лашкари онҳоро як ба як шумурда, берун меоварад,
Ӯ ҳамаи онҳоро ба номашон мехонад.+
Азбаски тавоноияш бепоён ва қувваташ бузург аст,+
Ҳамаи онҳо дар ҷойи худ ҳастанд.
27 Эй Яъқуб, чаро чунин мегӯӣ ва, эй Исроил, чаро чунин сухан меронӣ:
“Роҳи ман аз назари Яҳува пинҳон аст
Ва Худо ба ман адлу инсоф намекунад”?+
28 Магар намедонӣ? Магар нашунидаӣ?
Яҳува, Офаридгори гӯшаву канори замин, Худои ҷовид аст.+
Ӯ ҳаргиз монда намешавад ва бемаҷол намегардад.+
Фаҳму хиради ӯ ақлнорас аст.+
30 Бачагон монда мешаванд ва бемаҷол мегарданд,
Ҷавонон пешпо мехӯранд ва меғалтанд,
31 Аммо онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд.
Онҳо чун уқоб дар баландиҳо парвоз мекунанд.+
Онҳо медаванд ва бемаҷол намешаванд,
Роҳ мераванд ва хаста намегарданд».+