Матто
9 Он гоҳ Исо ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар шино карда, ба шаҳри худ омад.+ 2 Дар он ҷо одамон ба назди ӯ марди шалеро оварданд, ки дар бистар хоб буд. Имони онҳоро дида Исо ба он мард гуфт: «Ғам нахӯр, эй писарам! Гуноҳҳоят бахшида шуд».+ 3 Он вақт баъзе аз шариатдонон ба якдигар гуфтанд: «Ин мард куфр мегӯяд». 4 Исо фикру андешаҳои онҳоро фаҳмида гуфт: «Барои чӣ гумони бад мебаред?+ 5 Чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуд” ё “Аз ҷоят хеста, роҳ гард”?+ 6 Лекин, то шумо бидонед, ки Фарзанди одам дар замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...» Он гоҳ ӯ ба марди шал рӯ оварда, гуфт: «Аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, ба хонаат бирав».+ 7 Он мард аз ҷой хеста, ба хонааш рафт. 8 Инро дида мардум ба тарсу ҳарос афтоданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрат ато кардааст, ҷалол доданд.
9 Сипас, вақте Исо роҳи худро давом дод, чашмаш ба Матто ном марде афтод, ки дар боҷхона* нишаста буд. Исо ба ӯ гуфт: «Биёву маро пайравӣ кун». Ҳамон дам он мард аз ҷой хеста, аз пайи Исо равона шуд.+ 10 Баъдтар, вақте ки Исо ва шогирдонаш дар хонаи Матто меҳмон буданд, бисёре аз ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон омада, ҳамроҳи онҳо дар сари дастархон нишастанд.+ 11 Аммо фарисиён инро дида ба шогирдони ӯ чунин гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?»+ 12 Исо инро шунида гуфт: «На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд.+ 13 Пас, биравед ва маънои ин суханонро бифаҳмед: “Раҳму шафқат мехоҳам, на қурбонӣ”.+ Охир, ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам».
14 Баъди ин шогирдони Яҳё ба назди Исо омада, аз ӯ пурсиданд: «Чаро мо ва фарисиён рӯза мегирему шогирдони ту не?»+ 15 Исо ба онҳо гуфт: «Магар дӯстони домод,+ ҳангоме ки ӯ бо онҳост, мотам мегиранд? Лекин вақте мерасад, ки домод аз онҳо гирифта мешавад,+ ва он гоҳ онҳо рӯза мегиранд. 16 Ҳеҷ кас матои навро ба либоси куҳна дарбеҳ* намекунад, зеро баъди шустан матои нав ба об даромада, аз либоси куҳна канда мешавад ва ҷойи даридаи он аз пештарааш дида калонтар мегардад.+ 17 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навро ба машки* куҳна намерезад, вагарна машк медарад ва ҳам шароб мерезаду ҳам машк корношоям мегардад. Лекин шароби навро ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб ҳайф мешаваду на машк».
18 Вақте ки Исо ин суханҳоро мегуфт, ҳокимиятдоре назди ӯ омад ва таъзим карда, чунин гуфт: «Шояд, духтари ман аллакай мурда бошад, лекин омада, бар ӯ даст гузор ва ӯ зинда мешавад».+
19 Он гоҳ Исо аз ҷой хеста, ҳамроҳи шогирдонаш аз паси он мард равона шуд. 20 Дар роҳ зане, ки 12 сол боз аз хунравӣ+ азоб мекашид, аз ақиб ба ӯ наздик шуда, ба домани либосаш даст расонд,+ 21 зеро дар дил мегуфт: «Агар ақаллан ба либоси ӯ даст расонам, сиҳат мешавам». 22 Исо ба қафо нигоҳ кард ва занро дида гуфт: «Натарс, духтарам! Имонат туро шифо дод».+ Ҳамон лаҳза зан аз дарди худ шифо ёфт.+
23 Исо ба хонаи он ҳокимиятдор омада, найнавозон ва мардумро дид, ки гиряву нола мекарданд.+ 24 Исо ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед, зеро духтар намурдааст, балки хоб аст».+ Инро шунида одамон ба ӯ писханд заданд. 25 Ҳамин ки онҳо берун баромаданд, Исо ба назди духтар даромада, дасташро гирифт+ ва ӯ аз ҷояш хест.+ 26 Овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.
27 Вақте Исо роҳашро давом дод, ду марди кӯре+ аз пасаш равона шуданд ва фарёд зада гуфтан гирифтанд: «Эй Писари Довуд, ба мо раҳм кун!» 28 Вақте Исо ба хона даромад, он ду мард наздаш омаданд ва ӯ аз онҳо пурсид: «Оё имон доред, ки ман шуморо шифо дода метавонам?»+ Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Бале, Ҳазрат, имон дорем». 29 Исо ба чашмони онҳо даст расонда,+ гуфт: «Бигзор аз рӯйи имонатон шавад». 30 Он гоҳ чашмони онҳо бино шуд. Исо бошад, онҳоро огоҳ карда гуфт: «Бохабар бошед, ки касе дар ин бора нафаҳмад».+ 31 Лекин онҳо аз он ҷо баромада, овозаи ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.
32 Вақте ки онҳо баромада мерафтанд, ба назди Исо гунгеро оварданд, ки дар банди дев буд.+ 33 Баъд аз он ки Исо девро аз он марди гунг берун кард, ӯ ба гап даромад.+ Мардум аз ин дар ҳайрат монда гуфтанд: «Дар Исроил ҳеҷ кас чизи ба ин монандро надидааст».+ 34 Лекин фарисиён чунин мегуфтанд: «Ӯ девҳоро бо ёрии ҳокими девҳо берун мекунад».+
35 Исо ба ҳамаи шаҳру деҳаҳо рафта, дар ибодатхонаҳои онҳо таълим медод ва хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард. Ӯ ҳамчунин одамонро аз ҳар гуна дарду беморӣ шифо медод.+ 36 Вақте Исо мардумро медид, дилаш ба онҳо месӯхт,+ зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд.+ 37 Он гоҳ ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам.+ 38 Барои ҳамин аз Нозири дарав илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад».+