Луқо
8 Чанде пас Исо шаҳр ба шаҳр ва қишлоқ ба қишлоқ гашта, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон кардан гирифт.+ Дувоздаҳ расулаш низ бо ӯ буданд. 2 Ӯро ҳамчунин заноне ҳамроҳӣ мекарданд, ки аз банди рӯҳҳои нопок раҳо шуда, аз касалиҳои худ шифо ёфта буданд: Марям, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз ӯ ҳафт дев берун омада буд, 3 Юҳона,+ ки шавҳараш Кузо ном дошту дар хонаи Ҳиродус сардори хизматгорон буд, Сусан ва бисёр занони дигар, ки бо дороии худ ӯву расулонашро дастгирӣ мекарданд.+
4 Вақте ки мардуми бисёр ва ҳамчунин касоне, ки аз шаҳрҳои гуногун омада буданд, дар гирди Исо ҷамъ шуданд, ӯ суханашро сар карда, чунин мисол овард:+ 5 «Деҳқоне ба киштукор баромад. Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, як қисмаш ба канори роҳ афтода, поймол шуд ва парандаҳои осмон омада, онҳоро хӯрданд.+ 6 Баъзе донаҳо ба санглох афтоданд ва пас аз сабзидан аз беобӣ хушк шуданд.+ 7 Қисми дигаре дар байни хорҳо афтод ва хорҳо, ки баробари онҳо қад кашиданд, майсаи навсабзидаро пахш карданд.+ 8 Баъзеи донаҳо бошанд, ба замини нағз афтоданд ва сабзида, 100 баробар ҳосил доданд».+ Пас аз овардани ин мисол Исо бо овози баланд гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».+
9 Шогирдон аз вай пурсиданд, ки ин мисол чӣ маъно дорад.+ 10 Ӯ гуфт: «Ба шумо фаҳмидани сирру асрори муқаддаси Подшоҳии Худо ато шудааст, лекин ба дигарон он бо мисолҳо+ гуфта мешавад, то онҳо нигоҳ кунанду набинанд, бишнаванду сарфаҳм нараванд.+ 11 Маънои он мисол бошад, чунин аст: тухмӣ каломи Худост.+ 12 Донаҳои ба канори роҳ афтода онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале баъд Иблис меояд ва каломро аз дилашон мебарад, то онҳо имон наоранд ва наҷот наёбанд.+ 13 Ба санглох афтодагон бошанд, касоне ҳастанд, ки каломро мешунаванд ва бо хурсандӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд. Онҳо ба муддате имон меоранд, вале дар вақти озмоишҳо имони худро аз даст медиҳанд.+ 14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтоданд, одамоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, аммо ба ташвишҳои зиндагӣ, пулу мол+ ва кайфу сафои ҳаёти имрӯза+ дода мешаванду калом дар онҳо пурра пахш мегардад ва онҳо ҳосил намеоранд.+ 15 Донаҳои ба замини нағз афтода бошанд, касонеанд, ки каломро бо дили самимиву нек шунида,+ онро нигоҳ медоранд ва бо истодагӣ ҳосил меоранд.+
16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, бо зарфе намепӯшонад ё дар таги кат намемонад, балки онро дар рӯйи чароғпоя мегузорад, то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро бубинанд.+ 17 Охир, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки аён нагардад, ва ҳеҷ чизи ноошкоре нест, ки ошкор нашавад ва фош нагардад.+ 18 Бинобар ин ба он аҳамият диҳед, ки чӣ тавр гӯш медиҳед, чунки ҳар кӣ дорад, ба вай боз ҳам зиёдтар дода мешавад,+ вале ҳар кӣ надорад, ҳатто он чизе, ки гумон мекунад, ки дорад, аз вай гирифта мешавад».+
19 Ҳамин вақт модар ва бародарони Исо+ назди ӯ омаданд, вале аз сабаби бисёр будани мардум ба вай наздик шуда натавонистанд.+ 20 Он гоҳ ба ӯ хабар доданд: «Модару бародаронат дар берун истодаанд ва туро дидан мехоҳанд». 21 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Модару бародарони ман онҳое мебошанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд».+
22 Рӯзе ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ нишасту ба онҳо гуфт: «Биёед ба соҳили дигари кӯл гузарем», ва онҳо қаиқ ронда сӯйи он соҳил равона шуданд.+ 23 Вақте онҳо дар роҳ буданд, хоби Исо бурд. Он вақт дар кӯл тӯфони сахте бархост, ба тавре ки қаиқи онҳо аз об пур шудан гирифт ва ҷонашон дар хатар буд.+ 24 Онҳо назди Исо омаданд ва ӯро бедор карда, гуфтанд: «Устод! Устод! Мо ҳозир мемурем!» Он гоҳ ӯ аз ҷояш хеста, шамол ва мавҷҳои пурталотумро ором* кард ва онҳо паст шуданд ва ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.+ 25 Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Вале онҳо ба тарсу ҳарос афтоданд ва ба ҳайрат омада, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба шамолу обҳо амр мефармояд ва онҳо ба ӯ итоат мекунанд?»+
26 Онҳо ба соҳил, ба сарзамини ҷарҷасиён,+ ки дар муқобили Ҷалил ҷойгир буд, расиданд. 27 Вақте Исо ба соҳил фаромад, бо марде рӯ ба рӯ шуд, ки аз аҳли он шаҳр буд ва дар банди дев қарор дошт. Муддати зиёде шуда буд, ки ӯ либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар байни қабрҳо зиндагӣ мекард.+ 28 Ҳамин ки он мард Исоро дид, фарёд зада пеши пойҳои ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои* Таоло, ту ба ман чӣ кор дорӣ? Илтиҷо мекунам, маро азоб надеҳ».+ 29 (Рӯҳи нопок аз он сабаб чунин гуфт, ки Исо якчанд бор ба вай амр дода буд, ки аз мард берун ояд. Он рӯҳ борҳои зиёд ба мард ҳамла карда буд*+ ва, ҳарчанд одамон на як бор он мардро бо занҷиру завлона баста, посбонӣ мекарданд, ӯ занҷирҳоро меканд ва рӯҳи нопок ӯро ба ҷойҳои беодам мебурд.) 30 Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Қӯшун*», зеро девҳои бисёре ба вай даромада буданд. 31 Девҳо аз Исо бисёр илтимос карданд, ки онҳоро бо амри худ ба чоҳи бетаг нафиристад.+ 32 Он ҷо, дар болои кӯҳ, галаи калони хукҳо+ мечарид ва девҳо аз Исо илтиҷо карданд, ки ба хукҳо дароянд, ва ӯ ба онҳо иҷозат дод.+ 33 Рӯҳҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва галаи хукон яку якбора худро аз ҷарӣ ба кӯл партофта, ғарқ шуд. 34 Хукбонон инро дида гурехтанд ва дар шаҳру қишлоқҳо ин воқеаро нақл карданд.
35 Он гоҳ одамон берун омаданд, то бубинанд, ки чӣ воқеа рӯй додааст. Онҳо пеши Исо омада, мардеро, ки девҳо аз ӯ берун омада буданд, дар тан либос ва бо ақли солим дар пеши пойи Исо нишаста диданд ва аз ин ба тарсу ҳарос афтоданд. 36 Шоҳидони воқеа чӣ тавр шифо ёфтани он мардро ба онҳо нақл карданд. 37 Баъд аз ин мардуми бисёре аз сарзамини ҷарҷасиён омада, аз Исо хоҳиш карданд, ки аз назди онҳо равад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифт. Он гоҳ ӯ ба қаиқ савор шуд, то аз он ҷо равад. 38 Марде, ки пештар дев дошт, аз Исо бисёр илтиҷо кард, ки ӯро ҳамроҳаш гирад, вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт:+ 39 «Ба хонаат баргард ва он чиро, ки Худо бароят кардааст, ба ҳама нақл кун». Он мард рафта, кореро, ки Исо барояш кард, дар тамоми шаҳр эълон намуд.
40 Вақте ки Исо ба Ҷалил баргашт, мардум ӯро гарму ҷӯшон қабул карданд, зеро ҳама дар интизори ӯ буданд.+ 41 Он гоҳ марде, ки Ёир ном дошт ва нозири ибодатхона буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз ӯ илтимос кард, ки ба хонааш биёяд,+ 42 зеро духтари ягонааш, ки тақрибан 12-сола буд, дар дами марг буд.
Вақте Исо дар роҳ буд, мардум ӯро фишор медоданд. 43 Дар он ҷо зане буд, ки 12 сол боз гирифтори хунравӣ+ буд ва касе ӯро шифо дода наметавонист.+ 44 Он зан аз ақиб ба ӯ наздик шуда, ба домани либосаш+ даст расонд ва ҳамон дам хунравияш бозмонд. 45 Он гоҳ Исо гуфт: «Кӣ ба ман даст расонд?» Вақте касе иқрор нашуд, Петрус гуфт: «Устод, мардум туро иҳота карда, фишор дода истодааст».+ 46 Вале Исо гуфт: «Касе ба ман даст расонд, зеро ман ҳис кардам, ки қуввае+ аз ман берун шуд». 47 Вақте он зан фаҳмид, ки пинҳон монда натавонист, ларзон ба Исо наздик шуда, пеши пойи ӯ афтод ва дар назди ҳама иқрор шуд, ки барои чӣ ба ӯ даст расонд ва чӣ тавр ҳамон лаҳза шифо ёфт. 48 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Духтарам, имонат туро шифо дод. Бирав ва дар амони Худо бош!»+
49 Вақте ки ӯ ҳанӯз гап мезад, касе аз хонаи нозири ибодатхона омада, хабар дод: «Духтарат аллакай мурд. Дигар Устодро ташвиш надеҳ».+ 50 Исо инро шунида гуфт: «Ғам нахӯр, фақат имон дошта бош ва ӯ наҷот меёбад».+ 51 Вақте Исо ба хонаи Ёир расид, ғайр аз Петрус, Юҳанно, Яъқуб ва падару модари духтар ба каси дигар иҷозат надод, ки бо ӯ ба хона дароянд. 52 Тамоми мардум бошанд, гиря мекарданд ва аз ғаму андуҳ ба сина мезаданд. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Гиря накунед,+ ӯ намурдааст, балки хоб аст».+ 53 Инро шунида одамон ба ӯ писханд заданд, зеро медонистанд, ки ӯ мурдааст. 54 Лекин Исо дасти ӯро гирифта, нидо кард: «Эй духтарак, бархез!»+ 55 Духтар зинда шуда*,+ ҳамон лаҳза аз ҷой бархост+ ва Исо фармуд, ки ба ӯ хӯроке диҳанд. 56 Падару модари духтар ҳайратзадаву лол монданд, вале Исо ба онҳо фармуд, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас нақл накунанд.+