Румиён
5 Барои ҳамин, ҳоло ки мо аз рӯйи имонамон росткор дониста шудаем,+ биёед сулҳу осоиштагиеро, ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ байни мову Худост, нигоҳ дорем.+ 2 Ба воситаи имон ба ӯ мо метавонем ба Худо наздик оем ва аз лутфи Худо баҳра барем.+ Биёед шодӣ кунем, зеро умед дорем, ки Худо моро соҳиби ҷалол мегардонад. 3 Ғайр аз ин, биёед дар азобҳоямон шодӣ кунем,+ зеро медонем, ки дар азобҳо истодагиро инкишоф медиҳем,+ 4 бо истодагӣ ризои Худоро ба даст меорем,+ ризои Худо бошад, ба мо умед мебахшад+ 5 ва ин умед моро ноумед намекунад,+ зеро Худо ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки ба мо додааст, дилҳоямонро лабрези муҳаббаташ кардааст.+
6 Вақте ҳанӯз суст будем,+ Масеҳ дар вақти муқарраршуда барои гунаҳкорон мурд. 7 Ба гумон аст, ки касе барои росткоре бимирад, вале барои одами некукор, шояд, касе ба мурдан ҷуръат кунад. 8 Лекин Худо муҳаббаташро ба мо бо он нишон дод, ки, ҳанӯз вақте гунаҳкор будем, Масеҳ бароямон мурд.+ 9 Азбаски ҳоло мо дар асоси хуни ӯ росткор дониста шудаем,+ боварии боз ҳам бештар дошта метавонем, ки ба воситаи ӯ аз хашми Худо наҷот меёбем.+ 10 Агар Худо ҳанӯз ҳангоми душмани ӯ буданамон ба воситаи марги Писараш бо мо оштӣ шуда бошад,+ пас ҳоло, вақте ки дӯсти ӯ шудаем, то чӣ андоза боварии бештар дошта метавонем, ки ба воситаи ҳаёти Масеҳ наҷот меёбем. 11 Беш аз ин, он чӣ Худо ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ кард, моро шод мекунад, зеро маҳз ба воситаи ӯ Худо бо мо оштӣ шудааст.+
12 Пас, ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад.+ Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд.+ 13 Гуноҳ пеш аз Шариат ҳам дар ҷаҳон вуҷуд дошт, лекин, агар шариат набошад, ҳеҷ кас гуноҳкор дониста намешавад.+ 14 Бо вуҷуди ин аз Одам то Мӯсо марг бар инсоният, ҳатто бар онҳое, ки мисли Одам гуноҳ накарда буданд, ҳукмронӣ мекард. Одам бошад, ба шахсе, ки бояд меомад, монанд буд.+
15 Лекин атои Худо аз гуноҳи Одам фарқ мекунад, зеро, агар гуноҳи як кас бисёриҳоро гирифтори марг карда бошад, лутфу марҳамат ва атои Худо, ки ба воситаи лутфи каси дигар+ — Исои Масеҳ, аён гашт, ба бисёриҳо баракатҳои фаровон овард.+ 16 Ҳамчунин натиҷаи атои Худо ва гуноҳи як нафар гуногунанд, зеро аз пушти як гуноҳ одамизод айбдор дониста шуд,+ лекин атои Худо, ки пас аз гуноҳҳои зиёд ба миён омад,+ ба росткор дониста шудани одамон роҳ кушод.+ 17 Агар ба воситаи гуноҳи як одам марг ҳукмрон шуда бошад,+ пас, боз ҳам бештар дилпур буда метавонем, ки ба воситаи як одам — Исои Масеҳ,+ онҳое, ки аз лутфу марҳамат ва атои росткорӣ баҳра мебаранд,+ соҳиби ҳаёт мегарданд ва ҳукмронӣ мекунанд.+
18 Пас, чи тавре ки дар натиҷаи як гуноҳ ҳар гуна одамон айбдор дониста шуданд,+ ҳамин тавр дар натиҷаи як рафтори одилона ҳар гуна одамон+ росткор дониста мешаванд ва соҳиби ҳаёт мегарданд.+ 19 Чи тавре ки ба воситаи беитоатии як кас одамони зиёд гунаҳкор шуданд,+ ҳамин тавр ба воситаи итоаткории як кас бисёриҳо росткор мешаванд.+ 20 Шариат ба миён омад, то нишон диҳад, ки одамон чӣ қадар гунаҳкоранд.+ Лекин, вақте ки гуноҳ зиёд шуд, лутфу марҳамати Худо боз ҳам бештар гардид. 21 Бо кадом мақсад? То ки, чи тавре гуноҳу марг бар инсоният ҳукмронӣ мекард,+ лутфу марҳамат низ дар росткорӣ ҳукмронӣ кунад ва одамонро ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ барад.+