1 Мӯсо
3 Мор+ аз ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии саҳро, ки Яҳува Худо офарида буд, ҳушёртар* буд. Вай ба зан гуфт: «Оё Худо дар ҳақиқат гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»+ 2 Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем.+ 3 Лекин дар бораи дарахте, ки дар миёнаҷойи боғ+ аст, Худо чунин гуфт: “Аз он нахӯред ва ба меваи он ҳатто даст нарасонед, мабодо бимиред”». 4 Он гоҳ мор ба зан гуфт: «Не, намемиред,+ 5 балки Худо медонад, ки, ҳамон рӯзе ки аз он бихӯред, чашмонатон кушода мешавад ва шумо монанди Худо донандаи неку бад мегардед».+
6 Он гоҳ зан дид, ки дарахт барои хӯрок хуб аст ва дилкашу ба чашми кас хушоянд аст. Вай меваи онро канд ва хӯрд.+ Пас аз ин, вақте ҳамроҳи шавҳараш буд, ба вай низ дод ва вай хӯрд.+ 7 Он гоҳ чашмони ҳар дуи онҳо кушода шуд ва онҳо дарк карданд, ки лучанд. Онҳо баргҳои анҷирро бо ҳам дӯхтанд, то бараҳнагии худро пӯшонанд.+
8 Баъдтар одаму занаш овози Яҳува Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ сайругашт мекард ва аз назари Яҳува Худо дар байни дарахтони боғ пинҳон шуданд. 9 Яҳува Худо якчанд бор одамро садо карда гуфт: «Ту дар куҷоӣ?» 10 Ниҳоят одам ҷавоб дод: «Ман овози туро дар боғ шунидам, лекин, луч ки будам, тарсида пинҳон шудам». 11 Худо дар ҷавоб гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки лучӣ?+ Оё аз меваи дарахте, ки “нахӯр” гуфта будам, хӯрдӣ?»+ 12 Он гоҳ одам гуфт: «Зане, ки ба ман додӣ, меваи он дарахтро ба ман дод ва ман хӯрдам». 13 Яҳува Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки кардӣ?» Зан ҷавоб дод: «Мор маро фиреб дод ва ман хӯрдам».+
14 Он гоҳ Яҳува Худо ба мор гуфт:+ «Барои ин корат дар байни ҳамаи ҳайвонҳои хонагӣ ва ҳайвонҳои ваҳшии саҳро лаънатӣ хоҳӣ буд. Тамоми умр бар шикамат хазида, хок мехӯрӣ. 15 Ман дар байни ту+ ва зан,+ дар байни насли ту+ ва насли вай+ душманӣ+ меандозам. Вай сари туро хоҳад кӯфт*+ ва ту пошнаи вайро хоҳӣ кӯфт».+
16 Сипас ӯ ба зан гуфт: «Ман азоби ҳомиладории туро зиёд мекунам ва ту бо дард фарзанд хоҳӣ зоид. Ту ба шавҳарат майлу рағбати сахт хоҳӣ дошт* ва ӯ бар ту ҳукмфармоӣ хоҳад кард».
17 Ба Одам бошад, чунин гуфт: «Азбаски ба гапи занат гӯш додӣ ва аз меваи дарахте, ки ман амр+ фармуда “Аз он нахӯр” гуфтам, хӯрдӣ, замин аз барои ту гирифтори лаънат гаштааст.+ Тамоми умрат аз ҳосили он бо ранҷу азоб хоҳӣ хӯрд.+ 18 Он бароят хору хас мерӯёнад ва ту алафи саҳроро мехӯрӣ. 19 Бо арақи ҷабинат* нон мехӯрӣ, то даме ки ба замин, ки аз он гирифта шудаӣ,+ баргардӣ, зеро ту хок ҳастӣ ва ба хок бармегардӣ».+
20 Баъд аз ин Одам номи занашро Ҳавво* монд, зеро ӯ бояд модари ҳамаи зиндаҳо мегашт.+ 21 Яҳува Худо барои Одаму занаш аз пӯст либоси дароз сохт ва онҳоро пӯшонид.+ 22 Яҳува Худо гуфт: «Инак, одам мисли яке аз мо донандаи неку бад шудааст.+ Акнун, барои он ки ба дарахти ҳаёт+ даст дароз накунаду аз он нахӯрад ва ҷовидона зиндагӣ накунад...» 23 Сипас Яҳува Худо одамро аз боғи Адан+ пеш кард, то заминеро, ки аз он гирифта шудааст,+ киштукор кунад. 24 Ӯ одамро пеш кард ва дар тарафи шарқии боғи Адан фариштагони каррубӣ*+ ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то роҳи дарахти ҳаётро посбонӣ кунанд.