Матто
5 Вақте Исо одамони бисёрро дид, ба кӯҳ баромада нишаст ва шогирдонаш назди ӯ омаданд. 2 Он гоҳ ӯ таълим додани онҳоро сар карда гуфт:
3 «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд*,+ чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост.
4 Хушбахтанд мотамзадагон, чунки тасаллӣ меёбанд.+
5 Хушбахтанд нармдилон*,+ чунки заминро мерос мегиранд.+
6 Хушбахтанд гушнагону ташнагони+ адолат, чунки сер мешаванд.+
7 Хушбахтанд раҳмдилон,+ чунки ба онҳо раҳм карда мешавад.
8 Хушбахтанд покдилон,+ чунки Худоро мебинанд.
9 Хушбахтанд сулҳҷӯён*,+ чунки фарзандони* Худо номида мешаванд.
10 Хушбахтанд касоне, ки аз барои росткорӣ озор дидаанд,+ чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост.
11 Хушбахтед шумо, вақте ба хотири ман одамон шуморо паст мезананд,+ озор медиҳанд+ ва ҳар хел туҳмат мекунанд.+ 12 Шоду хурсанд бошед,+ чунки мукофоти+ шумо дар осмон бузург аст. Охир, пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр озор медоданд.+
13 Шумо намаки+ ҷаҳон ҳастед, лекин, агар намак таъми худро гум кунад, бо чӣ шӯрии онро баргардонидан мумкин аст? Он дигар ба ҳеҷ чиз кор намеояд, ғайр аз он ки ба берун, ба таги пойи одамон, партофта шавад.+
14 Шумо нури ҷаҳон ҳастед.+ Шаҳре, ки бар кӯҳ ҷойгир аст, аз чашм пинҳон намемонад. 15 Вақте одамон чароғро дармегиронанд, онро на дар таги сабад, балки дар рӯйи чароғпоя мегузоранд ва он бар ҳамаи онҳое, ки дар хонаанд, нур мепошад.+ 16 Мисли ин, бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад,+ то онҳо корҳои некатонро дида+ Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҷалол диҳанд.+
17 Гумон накунед, ки ман барои бекор кардани Таврот ё Навиштаҳои пайғамбарон омадаам. Ман на барои бекор кардан, балки барои иҷро намудани онҳо омадаам.+ 18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: замину осмон нест шавад ҳам, ҳеҷ як ҳарфи хурдтарин ё нуқтае аз Таврот нест намешавад, балки ҳамааш ба амал меояд.+ 19 Аз ин рӯ ҳар кӣ яке аз амрҳои хурдтаринро вайрон карда, ба дигарон ҳам инро таълим диҳад, ба Подшоҳии осмон намедарояд*. Лекин ҳар кӣ ин амрҳоро иҷро кунад ва онҳоро ба дигарон таълим диҳад, ба Подшоҳии осмон дохил мешавад*. 20 Ба шумо мегӯям, ки, агар аз шариатдонон ва фарисиён росткортар набошед,+ ҳаргиз ба Подшоҳии осмон намедароед.+
21 Шумо шунидаед, ки дар замонҳои қадим чунин гуфта шуда буд: “Одам накуш;+ ҳар кӣ одам кушад, дар пеши додгоҳ ҷавоб медиҳад”.+ 22 Лекин ман ба шумо мегӯям: касе, ки аз бародараш хашмгин шаваду ғазабашро дар дил нигоҳ дорад,+ дар пеши додгоҳ ҷавоб медиҳад. Ҳамчунин ҳар кӣ ба бародараш сухани нораво гӯяду ӯро паст занад, дар пеши додгоҳи олӣ ҷавоб медиҳад. Аммо касе, ки бародари худро “Аҳмақи нокас!” гӯяд, ба оташи водии Ҳиннӯм* партофта мешавад.+
23 Пас, агар вақти назди қурбонгоҳ овардани ҳадия+ ба хотират ояд, ки бародарат аз ту хафа аст, 24 ҳадияатро он ҷо мону аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав ва баъд баргашта, ҳадияатро пешкаш намо.+
25 Ҳанӯз ки бо даъвогари худ ба додгоҳ равонаӣ, мушкилиеро, ки байни шумо сар задааст, зудтар ҳал кун, то даъвогарат туро ба дасти довар ва довар туро ба посбон насупораду туро ба зиндон напартоянд.+ 26 Ба ростӣ ба ту мегӯям: то даме ки қарзатро то тини* охирин адо накунӣ, аз он ҷо намебароӣ.
27 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ба ҳамсарат хиёнат накун”.+ 28 Аммо ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кардан гирад,+ аллакай дар дили худ бо вай зино кардааст*.+ 29 Пас, агар чашми ростат туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро канда парто,+ зеро беҳтар аст, ки аз як узват маҳрум шавию тамоми баданат ба водии Ҳиннӯм* партофта нашавад.+ 30 Ҳамчунин, агар дасти ростат туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро бурида парто,+ зеро беҳтар аст, ки аз як узват маҳрум шавию тамоми баданат ба водии Ҳиннӯм* партофта нашавад.+
31 Ғайр аз ин, гуфта шудааст: “Касе, ки аз зани худ ҷудо мешавад, бигзор ба ӯ талоқнома диҳад”.+ 32 Аммо ман ба шумо мегӯям: касе, ки аз зани худ ғайр аз сабаби зино* ҷудо шавад, ӯро ба хиёнат тела медиҳад ва касе, ки бо зани ҷудошуда оиладор шавад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад.+
33 Боз шумо шунидаед, ки дар замонҳои қадим гуфта шуда буд: “Қасами худро нашикан,+ балки назратро* пеши Яҳува ба ҷо ор”.+ 34 Аммо ман ба шумо мегӯям: тамоман қасам нахӯред,+ на ба осмон, зеро он тахти Худост, 35 на ба замин, чунки он қадамгоҳи* Худост,+ ва на ба Ерусалим, чунки он шаҳри Подшоҳи бузург аст.+ 36 Ба сари худ низ қасам нахӯред, зеро ҳатто як тори мӯятонро сафед ё сиёҳ карда наметавонед, 37 балки “ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”,+ он чӣ зиёда аз ин аст, аз Шайтон* аст.+
38 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашм дар ивази чашм ва дандон дар ивази дандон”.+ 39 Лекин ман ба шумо мегӯям: ба бадкор муқобилат накун, балки, агар касе ба як тарафи рӯят шапалоқ занад, тарафи дигари рӯятро низ ба ӯ гардон.+ 40 Рафту касе туро ба додгоҳ кашиданӣ шуда, куртаатро гирифтанӣ бошад, ҷомаатро низ ба ӯ бидеҳ.+ 41 Агар ҳокимиятдоре туро маҷбур кунад, ки бо ӯ як чақрим* роҳро тай кунӣ, бо ӯ ду чақрим роҳ рав. 42 Ба касе, ки аз ту чизе бипурсад, бидеҳ ва аз касе, ки аз ту қарз гирифтан хоҳад*, рӯй нагардон.+
43 Шумо шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёри худро дӯст дор+ ва аз душманат нафрат кун”. 44 Аммо ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред+ ва дар ҳаққи озордеҳони худ дуо гӯед,+ 45 то фарзандони* Падари осмониятон гардед,+ зеро ӯ офтобро ҳам ба бадону ҳам ба некон метобонад ва боронро ҳам ба росткорону ҳам ба бадкорон меборонад.+ 46 Охир, агар шумо танҳо дӯстдорони худро дӯст доред, чӣ мукофоте мегиред?+ Магар ҷамъоварони андоз низ ҳамин тавр намекунанд? 47 Агар шумо танҳо ба бародарони худ салом диҳед, чӣ кори ғайриодие мекунед? Магар халқҳои дигар низ ҳамин тавр намекунанд? 48 Пас, комил бошед, чуноне ки Падари осмониятон комил аст.+