Ибриён
11 Имон боварии қавӣ ба иҷро шудани чизҳоест, ки ба онҳо умед мебандем,+ ва далели вуҷуд доштани чизҳоест, ки ба чашм аён нестанд. 2 Ба воситаи он ба одамони қадим* шаҳодат дода шуд, ки онҳо ба Худо писанданд.
3 Бо имон мо дарк мекунем, ки замонҳо* ба амри Худо тартиб ёфтаанд, ба тавре ки чизҳои намоён аз чизҳои нонамоён ба вуҷуд омадаанд.
4 Бо имон Ҳобил ба Худо назар ба Қобил+ қурбонии пурарзиштаре овард ва ба воситаи имон ба ӯ шаҳодат дода шуд, ки росткор аст, зеро Худо аз ҳадияи ӯ розӣ буд+ ва, гарчанде ки ӯ мурдааст, то ҳол ба воситаи имонаш сухан мегӯяд.+
5 Бо имон Ҳанӯх+ тавре гирифта шуд, ки маргро надид ва ӯро дар ҳеҷ ҷо наёфтанд, зеро Худо ӯро гирифта буд+ ва, пеш аз он ки ин тавр шавад, ба ӯ шаҳодат дода шуд, ки ба Худо писанд аст. 6 Аммо бе имон ба Худо писанд омадан номумкин аст, зеро ҳар кӣ ба Худо наздик мешавад, бояд бовар дошта бошад, ки ӯ ҳаст ва ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад.+
7 Бо имон Нӯҳ,+ пас аз он ки Худо ӯро дар бораи чизҳои ҳанӯз ба чашм нонамоён огоҳ кард,+ худотарсона рафтор намуда, барои наҷоти хонаводааш киштӣ сохт.+ Ӯ бо имон ҷаҳонро ҳукм кард+ ва вориси росткорие гашт, ки натиҷаи имон аст.
8 Бо имон Иброҳим,+ вақте даъват шуд, итоат намуд ва ба ҷое рафт, ки бояд онро мерос мегирифт. Ӯ аз сарзамини худ берун омад, гарчанд намедонист, ки ба куҷо меравад.+ 9 Бо имон вай мисли мусофир дар замини ваъдашуда чун дар замини бегона+ умр ба сар мебурд ва бо Исҳоқу Яъқуб, ки чун ӯ ворисони ҳамон ваъда буданд,+ дар хаймаҳо зиндагӣ мекард,+ 10 зеро вай интизори шаҳре буд, ки таҳкурсии ҳақиқӣ дораду меъмору бинокораш Худост.+
11 Бо имон Соро низ, синну солаш рафта бошад ҳам, қувват пайдо карда, ҳомиладор шуд,+ зеро медонист, ки Ваъдадиҳанда ба ваъдааш вафо мекунад. 12 Аз ин сабаб аз як мард, ки ӯ ҳам мисли мурда буд,+ фарзандони чунон зиёде ба дунё омаданд,+ ки чун ситораҳои осмон бисёр ва чун реги лаби баҳр беҳисоб буданд.+
13 Ҳамаи онҳо, гарчанд ба замони иҷро шудани ваъдаҳо нарасиданд,+ имони худро то дами марг нигоҳ доштанд.+ Онҳо ваъдаҳоро аз дурӣ дида шод шуданд ва дар пеши ҳама эълон карданд, ки дар он замин ғарибу мусофиранд. 14 Охир, касоне, ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар пайи ёфтани макони худ ҳастанд. 15 Агар онҳо заминеро, ки аз он баромада буданд, доимо ба хотир меоварданд,+ метавонистанд ба он ҷо баргарданд. 16 Аммо акнун онҳо аз пайи макони беҳтаре ҳастанд, маконе, ки ба осмон тааллуқ дорад. Бинобар ин Худо ор намекунад, ки Худои онҳо номида шавад,+ чунки барояшон шаҳре тайёр кардааст.+
17 Бо имон Иброҳим, вақте санҷида шуд,+ қариб буд Исҳоқро қурбон кунад; бале, шахсе, ки бо хурсандӣ соҳиби ваъдаҳо гашт, писари ягонаи худро қурбон карданӣ шуд,+ 18 гарчанд ба ӯ чунин гуфта шуда буд: «Насле, ки ман ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ ба дунё меояд».+ 19 Иброҳим чунин фикр дошт, ки Худо Исҳоқро ҳатто аз мурдагон зинда карда метавонад, ва чун намуна писараш ба ӯ аз марг баргардонида шуд.+
20 Бо имон Исҳоқ низ барои Яъқуб+ ва Эсов+ баракат хоста, гуфт, ки дар оянда чӣ мешавад.
21 Бо имон Яъқуб пеш аз мурданаш+ барои ҳар ду писари Юсуф баракат хост+ ва ба асояш такя намуда ба Худо саҷда кард.+
22 Бо имон Юсуф, вақте умраш ба охир мерасид, дар бораи аз Миср баромадани исроилиён сухан гуфт ва дар бораи устухонҳояш* васият кард.+
23 Бо имон падару модари Мӯсо пас аз таваллуд шуданаш ӯро се моҳ пинҳон карданд,+ зеро диданд, ки кӯдак хушрӯй аст,+ ва аз амри подшоҳ натарсиданд.+ 24 Бо имон Мӯсо, вақте калон шуд,+ нахост, ки писари духтари фиръавн номида шавад,+ 25 ва ба ҷойи аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ гирифтан бо халқи Худо азоб кашиданро интихоб кард. 26 Ӯ чун Масеҳ хорӣ диданро аз ганҷҳои Миср сарвати бузургтар ҳисобид, чунки ба мукофот назар медӯхт. 27 Вай на аз тарси подшоҳ,+ балки бо имон Мисрро тарк кард,+ зеро, мисли он ки Нонамоёнро медида бошад, устувор буд.+ 28 Бо имон Мӯсо Иди Раҳоиро ҷашн гирифт ва хун пошид, то нобудгар ба нахустзодагони онҳо даст нарасонад.+
29 Бо имон онҳо аз баҳри Сурх чун аз хушкӣ гузаштанд,+ лекин, вақте мисриён низ гузаштан хостанд, ғарқ шуданд.+
30 Бо имон деворҳои Ериҳӯ, баъд аз он ки исроилиён ҳафт рӯз гирдашро давр заданд, фурӯ ғалтиданд.+ 31 Бо имон Роҳоби фоҳиша ҳамроҳи беитоатон ба ҳалокат нарасид, зеро ҷосусонро нағз қабул кард.+
32 Боз чӣ гӯям? Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъӯн,+ Бороқ,+ Шимшӯн,+ Ифтоҳ,+ Довуд+ ва ҳамчунин Самуилу+ дигар пайғамбарон нақл кунам. 33 Бо имон онҳо бар подшоҳон ғолиб омаданд,+ росткориро ба амал оварданд, соҳиби ваъдаҳо гаштанд,+ даҳони шеронро бастанд,+ 34 аз оташи пурзӯр зарар надиданд,+ аз дами шамшер халос шуданд,+ дар сустӣ қувват пайдо карданд,+ дар ҷанг қавӣ гаштанд,+ лашкари душманро торумор сохтанд.+ 35 Занон мурдаҳои худро зинда ёфтанд,+ дигарон бошанд, барои он ки зиндашавии беҳтареро ба даст оранд, озодиеро, ки ба онҳо пешкаш шуд, қабул накарданд, балки азобу шиканҷа кашиданд. 36 Баъзеи дигарро масхараву қамчинкорӣ карданд ва ҳатто занҷирбанд намуда+ ба зиндон андохтанд.+ 37 Онҳо сангсор шуданд,+ бо озмоишҳо рӯ ба рӯ гаштанд, бо арра дупора шуданд, аз дами шамшер ҳалок гаштанд,+ пӯсти бузу гӯсфанд дар тан+ сарсону саргардон шуда, муҳтоҷӣ кашиданд, азобҳо диданд+ ва озор дода шуданд.+ 38 Онҳое, ки ҷаҳон сазоворашон набуд, дар кӯҳу биёбон овора буданд ва дар ғорҳову+ чуқуриҳо паноҳ мебурданд.
39 Ҳамаи онҳо, гарчанд ба воситаи имонашон шаҳодати хуб гирифтанд, иҷро шудани ваъдаро надиданд, 40 зеро Худо барои мо чизи беҳтареро пешбинӣ карда буд,+ то онҳо бе мо комил нагарданд.