Юҳанно
7 Баъд аз ин Исо дар ҳудуди Ҷалил сафар карданро давом дод. Ӯ ба Яҳудия рафтан намехост, зеро яҳудиён қасди куштанашро доштанд.+ 2 Вақте яке аз идҳои яҳудиён, Иди Хаймаҳо,+ наздик мешуд, 3 бародарони Исо+ ба ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав, то шогирдонат низ корҳоеро, ки ту ба амал меорӣ, бубинанд. 4 Охир, касе, ки машҳур шудан мехоҳад, пинҳонӣ амал намекунад. Ту ки чунин корҳо мекунӣ, худатро ба ҷаҳон маълум соз». 5 Дар асл, бародаронаш ба ӯ имон надоштанд.+ 6 Исо ба онҳо гуфт: «Вақти ман ҳоло нарасидааст,+ барои шумо бошад, ҳар вақт муносиб аст. 7 Ҷаҳон барои бадбинии шумо сабабе надорад, лекин маро бад мебинад, зеро аз корҳои бадаш шаҳодат медиҳам.+ 8 Шумо рафтан гиред, вале ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақтам ҳанӯз нарасидааст».+ 9 Инро гуфта, ӯ дар Ҷалил монд.
10 Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, вай низ ба он ҷо рафт, вале на ошкоро, балки пинҳонӣ. 11 Яҳудиён бошанд, ӯро дар ид ҷустуҷӯ карда, мегуфтанд: «Он одам дар куҷост?» 12 Дар бораи ӯ дар миёни мардум гап-гапи бисёре мерафт. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ одами хуб аст», дигарон бошанд: «Не, ӯ мардумро гумроҳ мекунад».+ 13 Вале аз тарси яҳудиён ҳеҷ кас дар бораи ӯ ошкоро гап намезад.+
14 Вақте ки нисфи ид гузашта буд, Исо ба ибодатгоҳ омад ва таълим доданро сар кард. 15 Яҳудиён ба ҳайрат омада гуфтанд: «Чӣ тавр ин одам, ки дар мактабҳои динӣ нахондааст,+ Навиштаҳоро ин қадар хуб медонад?»+ 16 Исо бошад, ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Он чӣ ман таълим медиҳам, аз они ман нест, балки аз они Фиристандаи ман аст.+ 17 Агар касе хости ӯро ба ҷо овардан хоҳад, мефаҳмад, ки ин таълим аз ҷониби Худост+ ё ман аз пеши худ сухан мегӯям. 18 Ҳар кӣ аз пеши худ сухан мегӯяд, худро ҷалол додан мехоҳад, вале ҳар кӣ Фиристандаашро ҷалол додан мехоҳад,+ ростқавл аст ва дар ӯ ҳеҷ каҷкорие нест. 19 Оё Мӯсо ба шумо Шариатро+ надодааст? Вале ҳеҷ кадоми шумо ба Шариат итоат намекунед. Барои чӣ шумо маро куштан мехоҳед?»+ 20 Мардум ба ӯ гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ туро куштанӣ аст?» 21 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман дар рӯзи шанбе фақат як кор кардам ва ҳамаи шумо аз ин ба ҳайрат омадед. 22 Як фикр кунед: Мӯсо ба шумо фармуд, ки хатна кунед+ — ҳарчанд он на аз Мӯсо, балки аз бобоёнамон омадааст+ — ва шумо дар рӯзи шанбе хатна мекунед. 23 Модоме ки шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед, то Тавроти* Мӯсоро вайрон насозед, чаро, аз он ки ман касеро дар рӯзи шанбе+ сиҳату саломат кардам, ин қадар ба хашм меоед? 24 Аз рӯйи он чӣ мебинед, доварӣ накунед*, балки аз рӯйи адлу инсоф доварӣ кунед*».+
25 Он гоҳ баъзе сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар ин ҳамон касе нест, ки ӯро куштан мехоҳанд?+ 26 Бубинед, ӯ дар пеши ҳама сухан гуфта истодааст ва ҳеҷ кас ба ӯ чизе намегӯяд. Ё роҳбарон, дар ҳақиқат, фикр мекунанд, ки ӯ Масеҳ аст? 27 Охир, мо аз куҷо будани ин одамро медонем,+ лекин, вақте Масеҳ меояд, ҳеҷ кас нахоҳад донист, ки ӯ аз куҷост». 28 Он гоҳ Исо, ки дар ибодатгоҳ таълим медод, бо овози баланд гуфт: «Шумо маро мешиносед ва аз куҷо буданамро медонед. Ман аз пеши худ наомадаам;+ Фиристандаи ман, дар ҳақиқат, вуҷуд дорад, вале шумо ӯро намешиносед.+ 29 Ман бошам, ӯро мешиносам,+ чунки аз пеши ӯ омадаам ва ӯ маро фиристодааст». 30 Пас аз ин онҳо аз пайи дастгир кардани Исо шуданд,+ лекин ҳеҷ кас ин корро намекард, зеро вақту соати ӯ ҳанӯз нарасида буд.+ 31 Вале бисёриҳо аз байни мардум ба ӯ имон оварда,+ мегуфтанд: «Вақте Масеҳ биёяд, наход аз ин одам бештар муъҷиза кунад?»
32 Вақте фарисиён суханони мардумро дар бораи Исо шуниданд, онҳо ва коҳинони калон* посбононро барои дастгир кардани ӯ фиристоданд. 33 Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме бо шумо мемонам ва баъд назди Фиристандаи худ меравам.+ 34 Маро мекобед, вале намеёбед ва, ба он ҷое ки ман меравам, шумо омада наметавонед».+ 35 Аз ин рӯ яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ба куҷо рафтанӣ аст, ки мо ӯро намеёфтаем? Оё мехоҳад ба назди яҳудиёне, ки дар байни юнониҳо пароканда шудаанд, рафта, юнониҳоро таълим диҳад? 36 “Маро мекобед, вале намеёбед ва, ба он ҷое ки ман меравам, шумо омада наметавонед” гуфтани ӯ чӣ маъно дорад?»
37 Дар рӯзи охирин ва бузургтарини ид+ Исо бархоста, бо овози баланд гуфт: «Касе ташна аст, пеши ман биёяду бинӯшад.+ 38 Ҳар кӣ ба ман имон орад, чуноне ки Навиштаҳо мегӯянд, “аз ӯ дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд”».+ 39 Исо бо ин суханон рӯҳро дар назар дошт, рӯҳеро, ки бояд бар касоне, ки ба ӯ имон меоранд, фурӯ рехта мешуд. То ин дам онҳо рӯҳро нагирифта буданд,+ чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.+ 40 Ин суханонро шунида баъзе касон аз байни мардум гуфтанд: «Ин одам, дар ҳақиқат, ҳамон пайғамбарест, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд».+ 41 Дигарон бошанд, чунин мегуфтанд: «Ӯ Масеҳ аст».+ Вале баъзеҳо мегуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?+ 42 Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ бояд аз насли Довуд,+ дар деҳаи Байт-Лаҳм,+ ки ӯ аз он ҷо буд, ба дунё ояд?»+ 43 Бинобар ин аз боиси ӯ дар байни онҳо ҷудоӣ ба миён омад. 44 Баъзеи онҳо мехостанд ӯро дастгир кунанд, вале ҳеҷ кас ин корро намекард.
45 Вақте ки посбонон баргаштанд, коҳинони калон ва фарисиён аз онҳо пурсиданд: «Барои чӣ ӯро наовардед?» 46 Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст».+ 47 Он гоҳ фарисиён гуфтанд: «Наход шумо ҳам гумроҳ шуда бошед? 48 Магар касе аз роҳбарон ё фарисиён ба ӯ имон овардааст?+ 49 Вале ин мардуми худозада* Тавротро намедонад». 50 Ниқӯдимус ном фарисие, ки пештар назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт: 51 «Оё аз рӯйи Шариати мо сухани касро нашунидаву корҳояшро нафаҳмида, ӯро ҳукм намудан дуруст аст?!»+ 52 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ту ҳам ҷалилӣ ҳастӣ? Навиштаҳоро як бор варақ зан, он гоҳ мебинӣ, ки аз Ҷалил ягон пайғамбар баромада наметавонад»*.