Луқо
10 Пас аз ин Ҳазрат 70 нафари дигарро интихоб карда, онҳоро дунафарӣ+ пешопеши худ ба ҳар шаҳр ва маҳалле, ки худаш рафтанӣ буд, фиристод. 2 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам. Барои ҳамин аз Нозири дарав илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад.+ 3 Пас, биравед! Ман шуморо чун барраҳо ба миёни гургон мефиристам.+ 4 Бо худ ҳамён, тӯшаи роҳ ё пойафзол нагиред+ ва дар роҳ бо ҳеҷ кас салому алейк накунед*. 5 Ба ҳар хонае, ки дароед, аввал чунин гӯед: “Сулҳу осоиштагӣ бод бар ин хонадон!”+ 6 Агар дар он ҷо одами сулҳҷӯе бошад, сулҳу осоиштагии шумо бар ӯ қарор мегирад. Вале, агар набошад, он сӯйи шумо бармегардад. 7 Дар он хона бимонед+ ва ҳар он чиро, ки ба шумо пешкаш мекунанд, бихӯреду бинӯшед,+ зеро коргар сазовори музди худ аст.+ Аз як хона ба хонаи дигар накӯчед.
8 Ҳамчунин, агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, чизеро, ки пеши шумо мемонанд, бихӯред 9 ва беморонро дар он шаҳр шифо дода, бигӯед: “Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”.+ 10 Вале, агар ба шаҳре дароеду шуморо дар он ҷо қабул накунанд, ба кӯчаҳои калони он баромада, гӯед: 11 “Ҳатто чанги шаҳратонро, ки ба пойҳои мо нишастааст, меафшонем*, то барои шумо шаҳодате шавад.+ Вале ҳаминро бидонед, ки Подшоҳии Худо наздик шудааст”. 12 Ба шумо мегӯям, ки дар он рӯз ҳоли Садӯм аз ҳоли он шаҳр сабуктар мешавад.+
13 Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Агар муъҷизаҳое, ки дар шумо нишон дода шуданд, дар Сӯру Сидӯн ба амал меомаданд, онҳо кайҳо тавба карда, палоспӯш* ва хокистарнишин мешуданд.+ 14 Бинобар ин ҳоли Сӯру Сидӯн дар вақти доварӣ аз ҳоли шумо сабуктар мешавад. 15 Ту низ, эй Кафарнаҳум, магар то ба осмон сарафроз мешавӣ? Ту ба гӯр* фурӯ меравӣ!
16 Ҳар кӣ ба шумо гӯш диҳад, ба ман гӯш медиҳад.+ Ҳар кӣ шуморо рад кунад, маро рад мекунад ва ҳар кӣ маро рад кунад, Фиристандаи маро рад мекунад».+
17 Пас аз чанде он 70 нафар шоду хурсанд баргашта, гуфтанд: «Ҳазрат, вақте номи туро ба забон мегирем, ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд».+ 18 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки Шайтон барқвор аз осмон афтод.+ 19 Инак, ман ба шумо ҳокимият додам, ки морҳову каждумҳоро поймол кунед, ва қудрат додам, ки бар тамоми қувваи душман ғолиб оед,+ ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар намерасонад. 20 Лекин аз он шодӣ накунед, ки рӯҳҳои нопок ба шумо итоат мекунанд, балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд».+ 21 Ҳамон соат ӯ аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур шуда гуфт: «Эй Падар, Худованди замину осмон, туро дар пеши ҳама васфу ситоиш мекунам, зеро ту ин чизҳоро аз оқилону донишмандон пинҳон доштӣ+ ва онҳоро ба кӯдакон кушодӣ. Оре, эй Падар, зеро ту инро маъқул донистӣ.+ 22 Падарам ҳама чизро ба ман супурдааст. Ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад, ки Писар кист. Ҳамчунин, ғайр аз Писар ва касе, ки Писар мехоҳад ба вай ошкор кунад,+ ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист».+
23 Он гоҳ ӯ дар танҳоӣ ба шогирдон рӯ оварда, гуфт: «Хушбахтанд онҳое, ки чизҳои дидаи шуморо мебинанд.+ 24 Ба шумо мегӯям: бисёр пайғамбарон ва подшоҳон дидани чизҳоеро, ки шумо мебинед, орзу мекарданд, вале надиданд+ ва чизҳоеро, ки шумо мешунавед, шунидан мехостанд, вале нашуниданд».
25 Боре як мард, ки донандаи Шариат буд, аз ҷой бархост ва ӯро санҷиданӣ шуда гуфт: «Устод, чӣ кор кунам, ки ҳаёти ҷовидониро мерос гирам?»+ 26 Исо пурсид: «Дар Шариат чӣ навишта шудааст? Ту онро чӣ тавр мефаҳмӣ?» 27 Он мард ҷавоб дод: «“Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми қувват ва бо тамоми ақли худ дӯст дор”+ ва ҳамчунин “ёри худро мисли худ дӯст дор”».+ 28 Исо ба ӯ гуфт: «Ту дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр рафтор кун ва соҳиби ҳаёт мешавӣ».+
29 Аммо он мард худро сафед карданӣ шуда+ ба Исо гуфт: «Лекин ёри ман кист?» 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт ва дар роҳ ба дасти роҳзанон афтод. Онҳо либосашро кашида гирифтанд, ӯро лату кӯб карданд ва ниммурда партофта рафтанд. 31 Чунин шуд, ки аз он роҳ коҳине мегузашт, вале, вақте ӯ он мардро дид, ба тарафи дигари роҳ гузашта, рафт. 32 Баъди ин аз он роҳ левизодае гузашт ва ӯ низ он мардро дида ба тарафи дигари роҳ гузашта, рафт. 33 Аммо як марди сомарӣ,+ ки аз он роҳ мегузашт, ба назди марди маҷрӯҳ расид ва ӯро дида дилаш сӯхт. 34 Ӯ наздик омад ва ба ҷароҳатҳои вай равғану шароб рехта, онҳоро баст. Баъд ӯро ба хараш савор карда, ба меҳмонхонае овард ва нигоҳубин кард. 35 Рӯзи дигар ӯ ду динорро* бароварда, ба соҳиби меҳмонхона доду гуфт: “Ин мардро нигоҳубин кун ва, агар аз ин зиёдтар сарф кунӣ, вақти баргаштанам ба ту медиҳам”. 36 Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар бо он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дид, чун ёр+ рафтор кард?» 37 Ӯ гуфт: «Ҳамоне, ки ба ӯ раҳм кард».+ Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Бирав ва ту низ чунин кун».+
38 Онҳо роҳи худро давом дода, ба қишлоқе даромаданд. Дар он ҷо Марто+ ном зане Исоро дар хонааш меҳмондорӣ кард. 39 Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойи Ҳазрат нишаста, ба суханони ӯ гӯш медод. 40 Марто бошад, бо ташвиши меҳмондорӣ сахт банд буд. Ӯ назди Исо омада, гуфт: «Ҳазрат, магар парвое надорӣ, ки хоҳарам ҳама корро ба каллаи ман партофтааст? Ба ӯ бигӯ, ки омада, ба ман ёрдам диҳад». 41 Ҳазрат ба ӯ гуфт: «Марто, Марто, ту дар бораи чизҳои бисёр ташвиш мекашиву ғам мехӯрӣ, 42 ҳол он ки чизҳои каме ё ҳатто як чиз лозим аст. Марям бошад, чизи беҳтарро интихоб кард+ ва ин аз ӯ гирифта намешавад».