Дониёл
4 «Ин аст хабари подшоҳ Набукаднесар ба ҳама одамони рӯйи замин, аз тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо: сулҳу осоиштагии шумо афзун бод! 2 Мехоҳам ҳамаи аломатҳо ва муъҷизаҳоеро, ки Худои Таоло нисбати ман ба амал овард, ба шумо эълон намоям. 3 Чӣ бузурганд аломатҳо ва чӣ аҷоибанд муъҷизаҳои ӯ! Подшоҳии ӯ подшоҳии ҷовидонист ва ҳукмронии ӯ аз насл ба насл аст.+
4 Ман, Набукаднесар, дар хонаи худ зиндагии тинҷу осуда доштам ва дар қасри худ бароҳат умр ба сар мебурдам. 5 Ман хобе дидам, ки маро ба тарс овард. Вақте бар бистари худ хоб будам, тасвирҳо ва рӯъёҳои сарам маро ба ҳарос оварданд.+ 6 Аз ин рӯ амр фармудам, ки тамоми донишмандони Бобилро назди ман оранд, то онҳо таъбири хобамро бигӯянд.+
7 Он вақт коҳинони ҷодугар, афсунгарон, калдониён* ва толеъбинон+ омаданд. Вақте ман хобамро ба онҳо нақл кардам, онҳо таъбири онро гуфта натавонистанд.+ 8 Ниҳоят Дониёл, ки ба хотири худои ман+ Балтшасар+ номида шудаасту рӯҳи худоёни муқаддас бар ӯст,+ омад ва ман хобро ба ӯ нақл карда гуфтам:
9 “Эй Балтшасар, ки сардори коҳинони ҷодугар ҳастӣ,+ ман нағз медонам, ки рӯҳи худоёни муқаддас бар туст+ ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор карданаш бароят душвор бошад.+ Пас, рӯъёҳоеро, ки дар хоб дидам, ба ман бифаҳмон ва таъбири онро ба ман бигӯ.
10 Дар рӯъёҳои сарам, бар бистари худ, ман дарахтеро+ дар байни замин дидам, ки қадаш хеле ва хеле баланд буд.+ 11 Ин дарахт калону бақувват шуд ва сари он ба осмон расид ва он аз гӯшаву канори замин намоён буд. 12 Баргҳои он зебо ва мевааш фаровон буд ва он барои ҳама ғизо медод. Ҷонварони саҳро дар сояи он паноҳ меёфтанд ва парандагони осмон дар шохаҳояш лона месохтанд ва тамоми ҷонзод аз он ғизо мегирифт.
13 Вақте бар бистари худ ин рӯъёҳоро медидам, дидбонеро, хабаррасони муқаддасеро, дидам, ки аз осмон мефаромад.+ 14 Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт: “Ин дарахтро бурида партоед,+ шохаҳояшро буред, баргҳояшро афшонед ва меваашро чош диҳед! Бигзор ҷонварони саҳро аз зери он гурезанд ва парандагон аз шохаҳояш дур шаванд. 15 Аммо кундаашро бо решаҳояш дар замин бимонед ва онро бо бандҳои оҳанину мисин миёни алафи саҳро бибандед. Бигзор он аз шабнами осмон тар шавад ва ҳиссааш бо ҳайвонҳо байни алафи замин бошад.+ 16 Бигзор ақли* инсонии ӯ ба ақли ҳайвонӣ табдил дода шавад ва бигзор ҳафт замон+ бар ӯ гузарад.+ 17 Ин мувофиқи фармони дидбонон+ ва талаби хабаррасонҳои муқаддас аст, то зиндагон бидонанд, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст+ ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад ва бар он ҳатто шахси камтаринро таъйин карда метавонад”.
18 Ин аст хобе, ки ман, подшоҳ Набукаднесар, дидам. Акнун ту, эй Балтшасар, таъбири онро ба ман бигӯ, зеро ягон донишманди подшоҳии ман таъбири хобро ба ман гуфта натавонист.+ Ту бошӣ, ин корро карда метавонӣ, зеро рӯҳи худоёни муқаддас бар туст”.
19 Он вақт Дониёл, ки Балтшасар+ ном дорад, лаҳзае ба ташвиш афтод ва фикрҳояш ӯро ба тарс оварданд.
Подшоҳ гуфт: “Эй Балтшасар, бигзор хоб ва таъбири он туро ба тарсу ҳарос наандозад”.
Балтшасар дар ҷавоб гуфт: “Эй хоҷаам, кош ин хоб ба бадхоҳонат ва таъбираш ба душманонат дахл медошт.
20 Дарахте, ки дар хоб дидӣ, дарахте, ки калону бақувват шуд ва сараш ба осмон расиду аз гӯшаву канори замин намоён буд,+ 21 дарахте, ки баргҳои зебову меваи фаровон дошт ва барои ҳама ғизо медод ва ҷонварони саҳро зери он паноҳ меёфтанду парандагони осмон дар шохаҳояш лона месохтанд,+ 22 туӣ, эй подшоҳ. Ту бузургу пурзӯр шудаӣ ва шукӯҳу ҷалолат зиёд гашта, то ба осмон расидааст+ ва подшоҳиат то гӯшаву канори замин аст.+
23 Подшоҳ дидбонеро, хабаррасони муқаддасеро,+ дид, ки аз осмон фаромада, мегуфт: “Ин дарахтро бурида нобуд созед, аммо кундаашро бо решаҳояш дар замин бимонед ва онро бо бандҳои оҳанин ва мисин миёни алафи саҳро бибандед. Бигзор он аз шабнами осмон тар шавад ва ҳиссааш бо ҷонварони саҳро бошад, то даме ки ҳафт замон бар ӯ бигзарад”.+ 24 Ин аст таъбири хоб, эй подшоҳ: фармони Худои Таоло чунин аст, ки ин чиз бояд бар сари хоҷаам подшоҳ биёяд. 25 Ту аз назди одамон ронда мешавӣ ва дар миёни ҷонварони саҳро зиндагӣ мекунӣ, хӯрокат мисли хӯроки буққаҳо алаф мешавад. Туро шабнами осмон тар мекунад+ ва ҳафт замон+ бар ту мегузарад,+ то даме тан гирӣ, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад.+
26 Аммо онҳо гуфтанд, ки кунда ва решаҳои дарахт бояд дар замин бимонад,+ аз ин рӯ, вақте тан гирӣ, ки Худо аз осмон ҳукмронӣ мекунад, подшоҳиат ба ту баргардонида мешавад. 27 Пас, эй подшоҳ, бигзор маслиҳати ман ба ту писанд ояд. Аз гуноҳҳоят гашта, ба росткорӣ рӯ ор ва бадкориро аз худ дур карда, ба камбағал раҳму шафқат кун. Агар ин тавр кунӣ, шояд ки, некуаҳволиат давом ёбад”».+
28 Ҳамаи ин бо подшоҳ Набукаднесар рӯй дод.
29 Дувоздаҳ моҳ пас подшоҳ дар Бобил, бар боми қасри шоҳонаи худ, гаштугузор карда, 30 чунин мегуфт: «Оё ин Бобили бузург нест, ки ман онро бо қуввату тавоноии худ бино намудаам, то зеби хонаи шоҳӣ ва ҷалоли шукӯҳу шавкати ман бошад?!»
31 Ҳанӯз подшоҳ гапашро тамом накарда, садое аз осмон баромад: «Ба ту, эй подшоҳ Набукаднесар, чунин гуфта мешавад: “Подшоҳӣ аз ту гирифта мешавад+ 32 ва ту аз миёни одамон ронда мешавӣ. Ту бо ҷонварони саҳро зиндагӣ мекунӣ ва хӯрокат мисли хӯроки буққа алаф мешавад ва ҳафт замон бар ту мегузарад, то даме тан бигирӣ, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад”».+
33 Ҳамон лаҳза ин суханон иҷро шуданд. Подшоҳ Набукаднесар аз миёни одамон ронда шуд. Ӯ мисли буққаҳо алаф мехӯрд ва шабнами осмон бадани ӯро тар мекард, то даме ки мӯйҳояш мисли болҳои уқоб дароз ва нохунҳояш мисли чанголи парандагон калон шуданд.+
34 «Дар охири он вақт+ ман, Набукаднесар, чашмонамро сӯйи осмон бардоштам ва ақлам ба ман баргашт. Ман Худои Таолоро васфу ситоиш кардам ва Худои абадиро ҳамд хонда ҷалол додам, зеро ҳукмронии ӯ ҷовидонист ва подшоҳии ӯ аз насл ба насл аст.+ 35 Тамоми сокинони замин дар назари ӯ ҳеҷанд. Ӯ дар миёни лашкари осмон ва сокинони замин аз рӯйи хости худ амал мекунад ва касе нест, ки пеши роҳи ӯро бигирад+ ё ба ӯ бигӯяд: “Ин чӣ коре буд, ки кардӣ?”+
36 Он вақт ақлам ба ман баргашт ва ҷалоли подшоҳиам, бузургӣ ва шукӯҳам ба ман баргардонида шуд.+ Амалдорон ва калоншавандагонам боз аз ман маслиҳат пурсидан гирифтанд ва ман аз нав бар подшоҳии худ ҳукмрон шудам ва бузургиям боз ҳам бештар гашт.
37 Акнун ман, Набукаднесар, Подшоҳи осмонро болобардор мекунам ва васфу ситоиш менамоям,+ зеро тамоми корҳои ӯ ҳаққанд ва роҳҳояш одилонаанд+ ва ӯ метавонад касонеро, ки ҳавобаландона роҳ мераванд, паст кунад».+